Аз қадимулаём барои пешрафти дилхоҳ давлату давлатдорӣ ва нигаҳдории сохторҳои давлатӣ бо номҳои гуногун аз мардум андоз ҷамъ оварда мешуд. Дар сохторҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ин амал тариқи Вазорати молияи давлатҳои иттиҳод сурат мегирифт. Баъди аз ҳам пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар давлатҳои тозаистиқлол зарурати бехатарии молиявии давлатӣ ба миён омад, ки ҳар кадом аз ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол дар ҳайати ҳукуматҳои кишварҳои худ бо номҳои гуногун сохтори ваколатдор оид ба ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои давлатиро созмон доданд.
Гарчанде дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай аз соли 1991-ум як сохтор чун Сарраёсати андозҳо ташкил гардида бошад ҳам, он қариб ки ягон таъсире барои рушду нумӯи соҳибкорию хоҷагидорӣ надошт, алалхусус ба сохторҳои тоза ташкилшавандаи хоҷагиҳои деҳқонӣ, чунки асоси пешрафти ҷомеа аз сохторҳои аграрӣ вобастагии калон дошт. Зеро кишвари мо аграрӣ мебошад.
Дар давраи сарнавиштсозе барои миллату давлат намояндагони мардумии Шӯрои Олии кишвар дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба ҳам омада, дар сесияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардид, вазифаи раиси Шӯрои Олиро ба дасти Эмомалӣ Раҳмон доданд. Метавон гуфт, аз ҳамон рӯз таърихи навини давлату миллати тоҷик оғоз мегардад. Гарчанде аз он вақт то сулҳу салоҳ ва ваҳдати саросарию амнияти кулл хеле роҳ буд, аммо сухани аввали роҳбари ҷавони давлати тоҷикон — “ман ба шумо сулҳ меорам” ва қадамҳои устувори ӯ дар роҳи эҳёи давлати тоҷикон ва ташкилу ҷобаҷогузориҳои институтҳои давлатдорӣ мардумро дилгарм менамуду халқ низ ба ояндаи худ бо назари нек менигаристанд. Маҳз дар ҳамин давраи мушкилтарин Пешвои ҷавони тоҷикон тасмим гирифтанд, ки моҳи майи соли 1995 дар ҳайати Ҳукумати кишвар Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳуриро таъсис диҳанд. Яъне Пешвои муаззам Кумитаи андозро низ чун дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва зерсохторҳои Ҳукумати кишвар сифр бунёд намуданд, ки баъдан он ба яке аз зерсохторҳои пурқудрати Ҳукумати кишвар бо базаҳои моддиву техникӣ ва шароити хизматрасонии сатҳи ҷаҳонӣ табдил дода шуд.
Бояд гуфт, ки саҳми раиси ҳозираи Кумитаи андоз Давлатзода Н. М. дар баробари Пешвои муаззами миллат ва дастгириҳои беназири он кас басо калон мебошад. То ба вазифаи раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъин гардидани Давлатзода Н. М. ба ғайр аз худи кумита ва як-ду нозироти андоз ин зерсохтори Ҳукумати кишвар дар тамоми ҳудудҳои кишвар биноҳо, базаҳои моддӣ-техникӣ ва иншооти хизматрасонии худро надошт, куҷо расад ба хизматрасониҳои электронӣ ё онлайнӣ. Имрӯз аллакай дилхоҳ субекти хоҷагидор ё соҳибкор метавонад дар вақти барои вай муфид бевосита бо роҳбарияти Кумитаи андоз ва ё роҳбариятҳои сарраёсату раёсатҳои барои ӯ лозима дар тамос шуда, тариқи электронӣ ё онлайн масъалаҳои худро ҳаллу фасл намояд ё ҳисоботу эъломияҳои лозимаро ба мақомоти андоз пешниҳод намуда, дар як вақт навбатпоиҳои беохир ва вақти пурқиммати худро барои ташрифҳо ба мақомоти андоз сарфа намояд. Ҳатто дар дуртарин нуқтаҳои мамлакат дар ҳамаи нозиротҳои андоз кабинаҳои қабули электронии ҳисоботҳо ва эъломияҳои андоз ташкил шуда, кори онҳо муттамарказ аз раёсатҳои андози шаҳру вилоятҳо ва бевосита аз Кумитаи андоз назорат карда мешавад, ки ин басо тадбири ҷиддӣ дар барномаи зиддикорупсионии Ҳукумати кишвар низ ҳособида мешавад. Яъне корманди мақомоти андоз бо соҳибкору хоҷагидор вонахӯрда, дар папкаи электронии ӯ мутобиқ ба пешниҳоди электронӣ тағйирот ё ҳисоботи дахлдорро ворид намуда, худ ва соҳибкору хоҷагидорро аз амалҳои коррупсионӣ эмин нигоҳ медорад.
Дар самти ин пешравию таҳаввулоти беназир кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки иҷрокунандаи вазифаи сардори он Файзуллозода Хайрулло мебошанд, корҳои зиёди созандагиро ба сомон расонида, дар маҷмуъ нақшаи семоҳаи аввали соли 2020-умро ба андозаи 100,3% ба иҷро расонидаанд, ки ба ҷои 59 миллиону 302,6 ҳазор сомонии нақша ба буҷет 59 миллиону 466,9 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст. Ин аз нақша 164,3 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9 миллиону 944,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи кӯшишҳои пайвастаи нозироти андоз иҷроиши нақшаи тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ барои семоҳаи аввали соли 2020 пурра ва барзиёд таъмин гардида, нақшаи андозҳо дар ин давра ба андозаи 100,3 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 43 миллиону 866,8 ҳазор сомонӣ ба буҷет 44 миллиону 064,3 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 миллиону 927,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андози иҷтимоӣ 107,1 фоиз иҷро шуда, ба ҷои 15 миллиону 435,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет маблағи 16 миллиону 530,2 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 1 миллиону 094,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки аз он андози иҷтимоии буҷетӣ 94,8 фоиз ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 120,6 фоиз иҷро гардидааст.
Аз тарафи Нозироти андозсупорандагони калон нақшаи қисми даромади буҷет дар маҷмуъ ба андозаи 111,2 фоиз иҷро карда шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет маблағи 943,0 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид гардидааст. Аз тарафи нозироти андоз бошад, ба андозаи 100,0 фоиз иҷро карда шуда, нисбат ба нақша ба буҷет 21,0 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 миллиону 980,0 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид гардидааст.
Дар ин давра аз тарафи кормандони нозироти андоз бо андозсупорандагон бо 877 адад ё 69,8 фоизи шахсони ҳуқуқӣ, 1393 нафар ё 90,9 фоизи соҳибкорони инфиродӣ, 3379 нафар ё 71,4 фоиз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 2780 нафар ё 81,4 фоизи соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда, ҷамъ 8391 санадҳои муқоисавӣ ё бо 77,1 фоизи андозсупорандагон санадҳои муқоисавии дуҷониба тартиб дода шудааст. Дар натиҷаи тартиб додани санадҳои муқоисавӣ маблағи 3439,8 ҳазор сомонӣ бақияи қарзи беасос ва маблағи 2127,2 ҳазор сомонӣ изофапулиҳои беасос бартараф карда шудааст.
Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2020 мутобиқи маълумотҳои барномаи компютерии системаи иттилоотии андоз, дар қайди нозироти андоз 1202 адад андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ, 1532 нафар соҳибкорони инфиродӣ, 4731 нафар соҳибкорони инфиродӣ бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғулбуда ва 3415 нафар шахсони бо патент фаъолияткунанда арзи вуҷуд доранд.
Аз шумораи умумии шахсони ҳуқуқӣ 238 ададашон корхонаҳои буҷетӣ ва 114 ададашон иттиҳодияи ҷамъиятӣ мебошанд. Шумораи секторҳои ғайридавлатӣ 850 ададро ташкил менамоянд. Аз ин миқдори умумии корхонаю ташкилотҳои дар қайд буда 215 ададашон супорандагони андози арзиши иловашуда, 29 ададашон супорандаи андози ягона, 94 ададашон ҳамчун филиалу намояндагиҳо ва 864 супорандагони андозҳои маҳаллӣ мебошанд.
Қабули эъломияҳои андоз аз рӯи талаботи барномаи системаи иттилоотии андоз ба роҳ монда шудааст. Андозсупорандагони навтаъсис бо фармоиши сардори нозироти андоз барои ҳар моҳ ба нозирон вобаста карда мешаванд. Аз рӯи талаботи барномаи СИА (системаи иттиллоотии андоз) дар нозироти андоз 5990 андозсупоранда эъломияҳои андозро тариқи почта, 1150 андозсупоранда, аз ҷумла 823 шахсони ҳукуқӣ, 55 нафар хоҷагиҳои деҳқонӣ, 272 нафар соҳибкорони инфиродӣ тариқи электронӣ ирсол менамоянд.
Мутобиқи маълумотҳои барномаи системаи иттилоотии андоз, шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳои андозро пешниҳод намудаанд ва маълумотҳояшон дар барнома дарҷ гардидааст, дар гуруҳи шахсони ҳуқуқӣ 73,0 фоиз, гуруҳи соҳибкорони инфиродӣ 90,0 фоиз, бо ҳисоби миёна бошад, 90,2 фоизро ташкил менамояд.
Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бояд қайд намуд, ки ба ҳолати 1-уми апрели соли 2020 дар Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯдакӣ 11 адад нуқтаҳои хизматрасонии тӯю маросимҳо, 3 адад сарояндагон, навозандагону раққосон ва 20 нафар наворгирандагон ба қайд гирифта шудаанд.
Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯдакӣ, муҳтарам Файзуллозода Хайрулло, “андоз — ин пешравию тараққиёти давлат буда, дар мамлакати мо ташкилкунандаю бунёдгузораш Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз Пешвои муаззами миллат барои соҳибкорон ҳамасола зиёд сабукиҳо дода, онҳоро аз супоридани андозҳо ва дигар пардохтҳои давлатӣ озод менамоянд. Ҳоло дар ноҳияи Рӯдакӣ 1597 соҳибкори тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, 4771 хоҷагиҳои деҳқонӣ, 3455 соҳибкори бо патент фаъолияткунанда, дар маҷмуъ 9831 соҳибкор фаъолияти пурсамар дошта, нисбат ба аввали соли 2020 дар се моҳ 46 соҳибкор зиёд ба қайд гирифта шудаанд. Агар 997 шахсони ҳуқуқиро ҷамъ намоем, дар маҷмуъ 10834 субекти хоҷагидорию андозсупорандаро ташкил медиҳад”.
Тавре мавсуф зикр намуд, баҳри кам кардани бақияпулиҳои андоз ва зиёд нагардидани ин қарзҳо аз тарафи кормандони нозироти андоз ва прокуратураи ноҳия чораҳои мушаххас ба таври доимӣ дида мешаванд, ки танҳо давоми 3 моҳи аввали соли 2020 аз ҳисоби қарзи бақияпулиҳои гузаштаи андоз ба буҷа беш аз 646 ҳазор сомонӣ маблағҳо ворид карда шудаанд. Дар аввали соли 2020 қарзи бақияпулиҳои андоз 4 миллиону 146 ҳазор сомонӣ буда, ҳоло бошад, 3 миллиону 477 ҳазор сомонӣ аст. Аз ҳисоби корҳои назоратӣ бошад, 121 ҳазору 391 сомонӣ маблағҳо ворид карда шудааст. Аз ҳисоби протоколҳои маъмурӣ, ки шумораашон дар се моҳи аввали 2020-ум 220 ададро ташкил менамояд, маблағи 229 ҳазору 527 сомонӣ ба буҷаи кишвар ворид карда шудааст.
Ба гуфтаи муҳтарам Файзуллозода Хайрулло, “солҳои зиёд аст, ки тахтаи фахрии Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯдакиро номи корхона ва соҳибкорони фаъол, ки дар ғанӣ гардонидани буҷаи ноҳия ва кишвар ҳиссагузоранд, зеб медиҳад, ки инҳоянд: Кооперативи истеҳсолии “Хуршед”, ҶДММ “Улҷабой”, ҶСК “Фирдавсӣ- 1”, ҶДММ “Соро-ко”, ҶДММ “Эко и ойл”, ҶДММ “Қурбонбеки Эмомназар”, ҶДММ “Авто Камаз”, ҶДММ “Шоҳона”, ҶДММ “Ганҷ”, ҶДММ “Сафина” ва ғайраҳо. Инҳо ба худ аз рӯи виҷдон супоридани андозҳоро касб кардаанд, ки миннатдории аҳли кормандон ва шахсан худамро мерасонам. Байни кормандон бошад, ман аз фаъолияти хуби кории кормандоне чун Мамадяров Акмал, Қодиров Қобил, Ҳалимов Мирсаид, Каримова Руқия, Ҷамолова Мамлакат, Муминов Абдураҳмон, Оев Абдулвоҳид, Наимов Нуралӣ, Шарипов Саъдӣ, Мирзоев Илҳом ва дигарон розӣ буда, миннатдории худро баён медорам”.
— Ногуфта намонад, ки барои аҳли 40-нафараи кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯдаки аз тарафи раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, муҳтарам Давлатзода Н. М. тамоми шароити олии фаъолияти корӣ муҳайё карда шудааст ва раиси кумита аз ҳар яки мо содиқона хизмат намудан ба Ватан-Модарро доимо ёдрас намуда, ёдовар мегарданд, ки дар кор ва амали худ содиқона хизмат намуданро аз Пешвои муаззами худ омӯзем ва он касро ҳар яки мо дар зиндагӣ ва фаъолияти корӣ идеали худ шуморем. Воқеан, чунин ҳам ҳаст. Мо дар кору фаъолият ба Пешво ва давлату миллати худ содиқем. Пешвои муаззами миллат на танҳо идеали мо, балки идеал ва ифтихори кулли тоҷикистониён мебошанд,- афзуд ӯ.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ