Нозироти андоз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору фармоишҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба роҳбарӣ гирифта, ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷет ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон як қатор корҳоро анҷом додааст.

 Иҷроиши нақшаи буҷет

Дар соли 2019 иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷет аз рӯи контингенти умумӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 100,9 фоиз таъмин карда шуда, ба ҷойи 1 млрд 324,7 млн сомонии пешбинигардида ба буҷет 1 млрд 336,3 млн сомонӣ ворид карда шудааст, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 11,5 млн сомонӣ ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2018 воқеан ҷамъоваригардида 84,8 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷет дар ин давра бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 100,1 фоиз таъмин карда шуда, ба ҷойи 1 млрд 67,6 млн сомонии пешбинигардида ба буҷет 1 млрд 68,6 млн сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 1,0 млн сомонӣ ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2018 воқеан ҷамъоваригардида 71,4 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 104,1 фоиз таъмин карда шуда, ба ҷойи 257,2 млн сомонии пешбинишуда ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 267,7 млн сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 10,4 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ

Шумораи умумии андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ 1677 ададро ташкил менамояд, ки аз ин 216 корхонаҳои буҷетӣ, 144 андозсупорандагони бо рамзи бақайдгирӣ фаъолиятдошта, 134 ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва 1183 андозсупорандагони бо намудҳои гуногун фаъолият доранд.

Мутобиқи эъломияҳои пешниҳоднамудаи андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ, даромади умумии онҳо дар соли 2019 ҳамагӣ 122,0 миллион сомонӣ ва андози низоми соддакардашудаи ҳисобишуда 7 миллиону 320,0 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки нисбати соли 2018 даромади умумӣ 23700,0 ҳазор сомонӣ ва 1 миллиону 422,0 ҳазор сомонӣ андози низоми соддакардашуда зиёд мебошад.

Таҳлилу омӯзиши нишондиҳандаҳои эъломияҳои андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳисобкунии андозҳо аз ҳисоби андозсупорандагони шахсонӣ ҳуқуқӣ дар маҷмуъ нисбати соли 2018-ум 10 миллиону 850,3 ҳазор сомонӣ зиёд шуда бошад ҳам, аз ҳисоби 259 андозсупорандагон ҳисобкунии андозҳо ба маблағи умуми 1817,3 ҳазор сомонӣ кам шудааст.

Таҳлили нишондиҳандаҳои эъломияҳои андозсупорандагон оид ба шумораи кормандон ва фонди музди меҳнат дар давраи ҳисоботӣ муайян намудааст, ки дар маҷмуъ шумораи кормандон 330 нафар ва фонди музди меҳнат 4891,3 ҳазор сомонӣ зиёд шуда бошад ҳам, дар алоҳидагӣ аз ҳисоби 187 андозсупорандагон 265 кормандони кироя ба маблағи 11 миллиону 506,8 ҳазор сомонӣ фонди музди меҳнат кам шудааст.

 

Маълумот дар бораи маблағҳои ҳисобшуда ва пардохтшуда (бе назардошти дигар пардохтҳои буҷети ҷумҳуриявӣ)

 

Ному насаби

нозири андоз

01.01.18 — 31.12.18 01.01.19 31.12.19    Афзоиш     Тафовут
Ҳисоб Пардохт Ҳисоб Пардохт Ҳисоб Пардохт Ҳисоб Пардохт
Бозоров З. 11668,2 12242,1 15077,3 17457,8 129,2 142,6 3409,1 5215,7
Кароматов Ф. 17744,4 19630,1 20892,5 22232,3 117,7 113,3 3148,1 2602,2
Некрӯзи А. 6374,7 7482,7 9199,9 8036,9 144,3 107,4 2825,3 554,2
Раҳимов С. 7802,9 7868,7 8152,3 8201,9 104,5 104,2 349,4 333,1
Саидов О. 39976,2 39477,1 43627,6 43146,6 109,1 109,3 3651,4 3669,5
Турақулов Р. 8639,0 8454,3 8230,2 8298,7 95,3 98,2 -408,9 -155,5
Шарипов Ф. 15396,9 12134,5 13539,3 12296,8 87,9 101,3 -1857,7 162,3
   Ҳамагӣ 107851,4 107514,5 118718,6 119671,0 110,1 111,3 10867,2 12156,5

 

Соҳибкорони инфиродӣ

Шумораи соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 2240 ва соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 3102 адад ба қайд гирифта шудааст. Аз соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 63 фоизашон амалкунанда мебошанд.

Маблағҳои ҳисобшудаи соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда дар давраи ҳисоботӣ бе назардошти андози иҷтимоии буҷетӣ ва дигар пардохтҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 19 миллиону 725,2 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 4222,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Маълумот дар бораи маблағҳои ҳисобшуда ва пардохтшуда

Ному насаби

нозири андоз

01.01.18 — 31.12.18 01.01.19 31.12.19    Афзоиш     Тафовут
Ҳисоб Пардохт Ҳисоб Пардохт Ҳисоб Пардохт Ҳисоб Пардохт
Давлатов А. 623,8 663,5 817,8 816,5 131,1 121,1 193,9 152,9
Маҷидов С. 955,6 1000,2 1168,5 1139,7 122,3 113,9 212,9 139,4
Мудинов З. 1323,5 1345,6 1856,0 1844,6 140,2 137,1 532,5 499,0
Ҳасанов Ф. 1624,8 1739,7 2037,6 2118,3 125,4 121,8 412,8 378,6
Сафархонов М. 2373,0 2460,6 2775,0 3245,4 116,9 131,9 402,0 784,7
Азизов П. 2429,1 2385,4 2825,9 2925,6 116,3 122,6 396,9 540,2
Мирзоев И. 2575,6 2619,6 2926,9 3013,9 113,6 115,1 351,2 394,3
Гулов Б. 3508,8 3687,8 5227,4 5410,5 149,0 146,7 1718,5 1722,7
Ҳамагӣ 15435,5 15929,0 19658,0 20534,9 127,4 128,9 4222,5 4605,9

 

Ташкили андозбандӣ аз шахсони воқеӣ

Аз тарафи шуъба дар давраи ҳисоботӣ андози амволи ғайриманқул 11 миллиону 497,5 ҳазор сомонӣ, андози замин аз шахсони воқеӣ 862,0 ҳазор сомонӣ, андоз аз воситаҳои нақлиёт 5 миллиону 185,8 ҳазор сомонӣ, боҷи давлат 10 миллиону 517,2 ҳазор сомонӣ, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ 885,0 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 мутаносибан андози амволи ғайриманқул 1 миллиону 504,0 ҳазор сомонӣ, андози замин 307,7 ҳазор сомонӣ, андоз аз воситаҳои нақлиёт 14,0 ҳазор сомонӣ зиёд шудаааст.

Дар ҳамин давра аз ҳисоби иҷораи амволи ғайриманқул 10 миллиону 729,6 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 2904,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Аз тарафи шуъба баҳри иҷроиши талаботи фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми апрели соли 2017 таҳти №192 “Оиди баҳисобгирии (инвентаризатсияи) объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замин ва воситаҳои нақлиёти шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ” дар фаъолияти 26887 нафар андозсупорандагон баҳисобгирӣ гузаронида шуда, маълумотҳои инвентаризатсия нисбати 26887 андозсупоранда ба махзани барномаи компютерӣ гузаронида шудааст. Дар натиҷаи инвентаризатсия аз ҳисоби 1560 нафар андозсупорандагони молу мулки шахсони воқеии аз нав ба қайд гирифташуда 13542 метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ, 4329 метри мураббаъ биноҳои ёрирасон, 5125 метри мураббаъ биноҳои тиҷоратӣ ва 33423 метри мураббаъ қитъаҳои замин иловагӣ дарёфт гардидааст. Маблағи дар рафти азнавбақайдгирӣ иловатан ҳисобишуда 358,3 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки аз ин 346,8 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст.

Баҳисобгирии даромадҳо

Аз тарафи шуъбаи баҳисобгирии даромадҳо дар давраи ҳисоботӣ нисбати 992 шахсони ҳуқуқӣ, 1019 соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ва 1691 нафар соҳтибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда санадҳои муқоисавӣ тартиб дода шудааст, ки нисбати шахсони ҳуқуқӣ 63,2 фоиз, соҳибкорони инфиродӣ 51,2 фоиз ва нисбати соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 63,9 фоизро ташкил менамояд. Дар натиҷаи тартиб додани санадҳои муқоисавӣ бо андозсупорандагон бақияпулиҳо ба маблағи 1158,7 ҳазор сомонӣ ва изофапулиҳо 6825,3 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.

Инчунин, аз тарафи шуъба дар давраи ҳисоботӣ бо дархости 207 шахсони ҳуқуқӣ, 89 соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда мактубҳои ахборотӣ барои кушодани суратҳисобҳо, ба 534 шахсони ҳуқуқӣ, 345 соҳибкори инфиродӣ маълумотнома оиди дар назди буҷет қарздор набудан ирсол гардидааст. Дар ҳамин давра 1152 эъломияи хизматчии давлатӣ баррасӣ карда шуда, маълумотнома манзур гардидааст. Дар асоси дархости шаҳрвандон нисбати дар қайд будан ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба 3210 нафар шахсони воқеӣ маълумотнома ва 5845 нафар шаҳрвандон бо рақами мушаххаси андозсупоранда таъмин гардидаанд.

Мутобиқи талаботи моддаи 69-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон 87 хулоса барои ба ҳисоб гирифтани маблағҳои барзиёдатӣ пардохташуда тартиб дода, ба раёсати молия пешниҳод гардидааст.

Фаъолияти бахши ситонидани қарзи андозҳо

Бақияи қарзи андозҳо ба 1-уми январи соли 2019 ҳамагӣ 5 миллиону 375,1 ҳазор сомониро ташкил менамуд, ки ин нишондод  ба 1-уми январи соли ҷорӣ 2 583,8 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Вобаста ба кам намудани бақияи қарзи андоз, дар давраи ҳисоботӣ тибқи муқаррароти қисми 3-и моддаи 72-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати андозсупорандагони қарздор 1 531 огоҳинома ба маблағи 11 991,7 ҳазор сомонӣ ирсол гардидааст, ки аз ин маблағи 5 миллиону 669,6 ҳазор сомонӣ ворид шудааст ё 47,3 фоизи маблағи умумиро ташкил медиҳад.

Дар самти маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо 181 адад қарорҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 137 андозсупоранда, ба маблағи 4 миллиону 265,8 ҳазор сомонӣ қабул карда шудааст, ки аз он 3 миллиону 733,5 ҳазор сомонӣ ё 87,5 % ворид карда шудааст.

Ҳамзамон, аз ҳисоби 82 адад қарорҳои соли 2018, ки дар соли 2019 мавриди иҷроиш қарор доштаанд, иҷроиши 16 адад қарор нисбати 13 андозсупоранда ба пуррагӣ таъмин гардида, 766,9 ҳазор сомонӣ дар соли 2019 ба буҷет пардохт шудааст.

Аз тарафи нозирони Нозироти андоз дар давраи ҳисоботӣ нисбати 746 ҳуқуқвайронкунандагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, 1015,8 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар гардида, аз он 557,8 ҳазор сомонӣ ва ё 54,9 фоиз то санаи 1-уми январи соли ҷорӣ ситонида шудааст. Ҳамзамон, бо мақсади роҳ надодан ба афзоиши қарзи андози иҷтимоӣ, дар ин давра 26 адад протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, 83,9 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар гардидааст.

Назорату санҷишҳо

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Нозироти андоз нисбати фаъолияти 187 андозсупорандагон (шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорон) санҷиши маҷмуии барҳамдиҳии қонунгузории андоз гузаронида шудааст. Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо ба маблағи 181815 ҳазор сомонӣ кам ҳисоб намудан ва пинҳонкунии андозҳо бо назардошти ҷарима ва фоизҳо ошкор гардида, ба пуррагӣ ба буҷет ворид гардидааст.

Ҳамзамон, дар ҳамин давра нисбати 385 андозсупоранда ба маблағи 16786,0 ҳазор сомонӣ назорати камералӣ гузаронида, огоҳинома ирсол карда шудааст. Аз тарафи андозсупорандагон бошад, ба маблағи 5521,1 ҳазор сомонӣ эъломияҳои тавзеҳотӣ пешниҳод гардидааст.

То санаи 1-уми январи соли ҷорӣ аз ҳисоби корҳои назорати камериалӣ 3228,3 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардида, 1453,8 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ҳақдорӣ пӯшонида шудааст, ки 28,0 фоизро ташкил менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ 7 маротиба санҷиши амалиётии андоз дар ҳудуди ноҳия гузаронида, дар натиҷа 233,7 ҳазор сомонӣ мабалағҳои иловагӣ ошкор ва ба буҷет пурра таъмин карда шудааст. 366 нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ таҳти санҷиш қарор дошта, 117 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 271,7 ҳазор сомонӣ тартиб додаву ба 44 андозсупоранда патенти нав ва ба 17 нафар шаҳодатномаи соҳибкорӣ кушода шудааст.

Дар ҳамин давра нисбати 38 андозсупорандагон муоинаи хронометражӣ гузаронида шудааст. Бо ҳар яки онҳо шартнома тартиб дода, даромади умумиашон дар як моҳ ба ҷои 543,8 ҳазор сомонӣ 1074,9 ҳазор сомонӣ муайян гардидааст, ки афзоиши даромад дар натиҷаи хронометраж 97,6 фоизро ташкил намудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар фаъолияти 82 андозсупоранда хариди назоратӣ гузаронида, барои риоя нагардидани қонунгузории андоз 82 протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, 308,5 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар карда шудааст, ки то санаи 1-уми январи соли ҷорӣ 166,8 ҳазор сомонӣ аз ин ҳисоб ба буҷет пардохт гардидааст.

Тибқи талаботи моддаи 38-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи нақшаи тасдиқшудаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 379 нафар андозсупорандагон бо мошинаи назорати хазинавӣ таъмин карда шудаанд.

Яке аз корхонаҳои калонтарини тиҷоративу истеҳсолии пойтахт ҶСШК «Континент-Инвест» (маркази савдои «Садбарг») мебошад, ки аллакай зиёд солҳо номи ифтихории Нозироти андоз дар ноҳияи Шоҳмансурро зеб медиҳад.

Бояд гуфт, ки ҶСШК «Континент-Инвест» (маркази савдои «Садбарг») яке аз андозсупорандагони фаъол дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад, ки дар асоси собиқ хонаи маишии «Садбарг» аз соли 1998 таъсис ёфта, то ин ҷониб фаъолият карда истодааст. Дар ҷамъият чунин намудҳои хизматрасонии маишӣ ба роҳ монда шудаанд: таъмири пойафзол, дӯхтани либосҳои миллӣ, таъмири маҳсулоти чармӣ, хушкашӯӣ, сабти навор ва садо, сартарошхона, кошонаи ҳусн, рангубори маҳсулоти чармин, таъмири техникаи рӯзгор, таъмири молҳои заргарӣ, таъмири телефонҳои мобилӣ, боғчаи кӯдакона ва ғайра.

Даромади умумии таҳвили хизматрасониҳо дар соли 2005-ум 798,8 ҳазор сомонӣ, соли 2010-ум 3016 ҳазор сомонӣ, соли 2017 бошад, 4954 ҳазор сомониро ташкил дода, дар давоми 12 сол 6,2 маротиба афзудааст. Инчунин, андозҳо дар соли 2005-ум 38,6 ҳазор сомонӣ, соли 2010-ум 323,5 ҳазор сомонӣ ва соли 2017-ум 1470 ҳазор сомонӣ, яъне дар 12 соли охир 38,1 маротиба афзудаанд. Ба ғайр аз ин, соҳибкорон ба маблағи зиёда аз се миллион сомонӣ солона андоз месупоранд.

Даромади умумии таҳвили хизматрасониҳо дар соли 2018-ум 6526,8 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбати соли 2017-ум 132% афзудааст. Инчунин, андозҳо дар давоми соли 2018-ум 2185,5 сомонӣ ҳисоб карда шуда, маблағи пардохти андозҳо бошад, 2354,7 сомониро ташкил дода, нисбати соли 2017-ум 160 % теъдоди болоравиро дар бар гирифтааст.

Даромади умумии таҳвили хизматрасониҳо дар семоҳаи 1-уми соли 2019-ум 1536,2 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2018, ки 1407,8 ҳазор сомониро ташкил медод, ба андозаи 109 % афзудааст. Инчунин, андозҳо дар семоҳаи 1-уми соли 2019-ум 389,9 ҳазор сомонӣ ҳисоб карда шуда, маблағи пардохти андозҳо бошад, 728,8 сомониро ташкил додааст.

Дар ин давра шумораи ҷойҳои корӣ ду баробар зиёд шудааст. То ин ҷониб дар ҳудуди ҷамъият зиёда аз 730 нафар соҳибкорон кор мекунанд, ки 70 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Ғайр аз ин, ҷамъият дар корҳои ободикунонии шаҳр, чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва башардӯстонае, ки аз тарафи МИҲД-и шаҳр ва ноҳия пешниҳод шудаанд, иштирок мекунад.

Айни ҳол роҳбарии ҷамъияти мазкурро шахси кордону меҳандӯст Шарипов Сафаралӣ Шарипович бар уҳда доранд.

ҶСШП-и «Садбарг» дар пойгоҳи Хонаи маишии «Садбарг», ки аз соли 1975 фаъолияти худро оғоз намудааст, аз нав ташкил карда шудааст. Дар моҳи апрели соли 1998 Хонаи маишии «Садбарг» ба ҷамъияти саҳомӣ табдил дода шуд, ки дар Идораи асосии давлатӣ таҳти рақами 21Р-27 аз 24-уми апрели соли 1998 ба қайд гирифта шудааст. Муассисони асосии ҶСШК «Садбарг» Кумитаи давлатӣ оид ба идоракунии моликияти давлатӣ, ки дороии 90% саҳмияҳоро ба уҳда дошт ва аъзои кормандони худи Хонаи маишии «Садбарг», ки 10% боқимондаи саҳмияҳоро ба уҳда доштанд, ба ҳисоб мерафтанд.

Моҳи августи соли 1998-ум 90% саҳмияҳоеро, ки ба Кумитаи моликияти давлатӣ тааллуқ доштанд, корхони «Планета» харидорӣ намуд. Дар айни ҳол дар Маркази савдои «Садбарг» ё ин ки ҶСШК «Континент-инвест» 50 нафар кормандони доимӣ фаъолият доранд, дар роҳбарият 9 нафар, 6 нафар дар ОГМ, 35 нафар дар Шуъбаи маъмурӣ-хоҷагидорӣ. Инчунин, беш аз 500 нафар соҳибкорон ва иҷорагироне, ки ба сафи кормандони доимӣ дохил нестанд, фаъолият карда истодаанд.

Дар шаҳри Душанбе маркази савдои «Садбарг» ягона корхонаест, ки намуди хизматрасонии худро аз байн набурдааст ва якчанд намуди хизматрасониро ба аҳолӣ пешкаш менамояд. Масъулин дар ин замина аз таваҷҷуҳи раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба соҳибкориву дастгирии соҳибкорон ёдовар шуда, арзи миннатдорӣ менамоянд.

Маркази савдои «Садбарг» ҳамчун маркази комплекси тиҷоратӣ айни замон шаклҳои гуногуни хизматрасонӣ ва истеҳсолотро дар бар мегирад, ки тамоми усул ва принсипҳои бозорӣ дар низоми амалии он истифода мешавад. Фаъолияти асосии ин корхона расонидани хизмати маишӣ ба аҳолӣ буд ва мемонад. Дар солҳои тӯлонии фаъолият баъзе аз намудҳои хизматрасонии маишӣ аз сабаби нарасидани молу ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёр аз байн рафтанд. Лекин, айни замон намудҳои зерини хизматрасониҳо ба аҳолӣ пешкаш карда мешаванд:

— хизматрасонии кошонаҳои ҳусни ҳам мардона ва ҳам занона;

— хизматрасониҳои аксбардорӣ;

— хушкашӯӣ;

— шустушӯи либосҳо ва дигар лавозимоти рӯзгор;

— дӯхтани либосҳои мардона ва занона;

— дӯхтани либосҳо барои кӯдакон;

— таъмири таҷҳизоти дӯзандагӣ;

— духтудӯз аз матои чармӣ ва ранг намудани чарм;

— таъмири пойафзол;

— таъмири соатҳо;

— кандакорӣ;

— таъмири лавозимоти чармӣ;

— таъмири лавозимоти оҳанин;

— таъмири лавозимоти заргарӣ;

— таъмири лавозимоти барқӣ;

— таъмири телефонҳои мобилӣ;

— бахшҳои омӯзиши забони англисӣ;

— ба иҷора додани лавозимоти зарурӣ;

— сабт ва иҷораи фиттаҳо.

Ҳамзамон, ба гуфтаи масъулин, бо мақсади аз байн нарафтани ин намудҳои хизматрасонӣ ва аз ҳисоби худ пардохт намудани хароҷоти ҷорӣ, аз сабаби баландшавии нархҳо барои пешниҳоди чунин хизматрасониҳо зарурияти азнавбарқароркунӣ ва васеъ намудани майдонҳои истеҳсолӣ, намуди нави хизматрасониҳои пулӣ, ба монанди ба иҷора додани майдонҳои холӣ ба сохторҳои тиҷоратӣ ба миён омад.

Таҳлили динамикаи истеҳсолӣ дар маркази савдои «Садбарг» дар муддати 15-20 соли охир нишон додааст, ки меъёри рақобатнокии он муътадил аст. Бо вуҷуди он, ки намуди зоҳирии маркази савдои «Садбарг» ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ аст, масъулин бар ин назаранд, ки чорабиниҳои зеринро барои беҳтар гардонидани сатҳи хизматрасониҳо бояд гузаронид:

— таъмири хоначаҳои либосченкунӣ дар сехҳои дӯзандагӣ;

— такмили ихтисоси кадрҳо дар сехҳои дӯзандагӣ;

— таъмини сехҳо ва толорҳои савдо бо таҷҳизот барои паст кардани овоз.

Ғайр аз ин, масъулин дар андешаи онанд, ки сехҳои дӯзандагӣ ба ошёнаҳои поёнӣ гузаронида шаванд, то барои мизоҷон мувофиқ бошад. Гуфта мешавад, ки шартҳои дар боло зикргардида ба омода намудани ташкили Шуъбаи маркетингӣ тамоюл мебахшанд, зеро ба омӯзиши беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳо, баланд бардоштани сатҳи маданӣ ва ташкили намудҳои нави хизматрасонӣ, таъмини графики корӣ ба аҳолии муносиби корхона, дастрас будани ҳама намудҳои хизматрасонӣ ба аҳолии ниёзманд ва асосан ба шахсони даромадашон на он қадар зиёд, ба маъюбон, ятимон ва ғайра мусоидат менамоянд. Дар амал татбиқ намудани ин шарту шароитҳо обрӯи корхонаро боз ҳам баланд бардошта, метавонад рақобатнокӣ, самаранокӣ ва истеҳсоли онро беҳтар гардонад.

Коргузорӣ ва интизоми меҳнат

Фаъолияти кории Нозироти андоз дар асоси нақшаи корӣ ва дастурамали мансабӣ ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ ба унвони Нозироти андоз 2764 адад мактубҳо ворид гардидаанд, ки 1033 ададашон мактубҳои барои иҷро ва 1731 ададашон барои корбарӣ мебошад. Талаботи мактубҳои воридгардида дар доираи ваколатҳои Нозироти андоз баррасӣ шудааст. Шумораи умумии мактубҳои содиротӣ 1686 ададро ташкил менамояд.

Дар Нозироти андоз аз рӯи басти корӣ 36 нафар ва бо тариқи шартномавӣ 3 нафар кормандон адои вазифа доранд, ки ҳамаи онҳо дорои маълумоти олӣ мебошанд. Як адад басти кории холӣ дар гуруҳи хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ҷой дорад. Музди меҳнати кормандон дар давраи ҳисоботӣ ба пуррагӣ пардохт гардидааст.

Ба гуфтаи сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, муҳтарам Аҳлиддин Давлатзода, “интизоми меҳнат яке аз омилҳои устувори пешрафт ва самаранокии фаъолияти кормандон ба ҳисоб меравад, ки таҳти назорати доимии роҳбарият қарор дошта, дар ин самт мунтазам корҳои назоратӣ, фаҳмондадиҳӣ ва тарбиявӣ ба роҳ монда шудааст. Барои баланд бардоштани савияи дониши кормандон, таъмини бақайдгирии саривақтии субъектҳои хоҷагидор ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ, инчунин таъмини шафофияти фаъолияти корӣ дар Нозироти андоз дарсҳои тахассусӣ ҷорӣ карда шудааст”.

— Кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар соли 2020 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 26-уми декабри соли 2019 сармашқи кори ҳаррӯзаи худ намуда, минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, кам намудани бақияи қарзи андозҳо, беҳтар намудани сифати корҳои назоратӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тамоми донишу малакаи худро истифода намуда, иҷрои нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020”-ро таъмин менамояд, афзуд ӯ.

Бояд гуфт, дар ду моҳи аввали соли 2020 нақшаи ҷамъи андозҳову пардохтҳои давлатӣ 212 миллиону 787 ҳазору 064 сомонӣ муайян гардида буд, ки иҷроиши нақша 218 миллиону 096 ҳазору 435 сомонӣ таъмин гардида, 102 фоизи нақшаро ташкил менамояд.

Зимнан, директори Маркази савдои “Садбарг” муҳтарам Сафаралӣ Шарипов мегӯяд, ки “ман аз рӯи вазифа дар зиёд давлатҳо будам ва шоҳид гардидам, он пешрафту тараққиёте, ки дар Ватани мо вуҷуд дорад, аз бисёр кишварҳо кам нест. Ин ҳамагӣ аз хизматҳои арзандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар баробари хизматҳои арзандаи Сарвари давлат, барои пешрафти ҷумҳурӣ хизматҳои кормандони мақомоти андоз низ бесобиқа ҳисобида мешавад, зеро ташкили тамоми институтҳои давлатдорӣ, аз қабили соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва илм, мақомоти қудратӣ ва пардохти нафақаву идрорпулиҳову уҳдодадориҳои байналмилалии ҷумҳурӣ бе низоми таъмини буҷет иҷро намегардад. Ҳамкориҳои мо бо Нозироти андоз дар ноҳияи Шоҳмансур ба таври намунавӣ ба роҳ монда шудааст ва дар ин моҳи зебои баҳор иди Наврӯзро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ба кормандони мақомоти андоз сидқан табрик гуфта, ба онҳо сарбаландиву пешрафтҳо орзу дорам”.

Ба гуфтаи сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Шоҳмансур, муҳтарам Давлатзода Аҳлиддин, “дар пешрафту муваффақиятҳои мо хизматҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври доимӣ эҳсос карда мешавад. Барои кору фаъолият аз тарафи раиси Кумитаи андоз муҳтарам Давлатзода Н. М., муовинон ва сардори Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе пайваста назорат ва чораҷӯиҳо сурат мегиранд, ки ин кори моро осон мекунад. Ман аз кормандоне чун Мирзоев Ифтихор, Давлатов Алиҷон, Гулов Баҳромҷон, Кароматов Фахриддин, Сафархонов Манучеҳр, Азизов Парвиз, Сафаров Қурбоналиҷон, Абдуалимов Камолиддин, Мирзоев Фарҳод, Мираков Бахтиёр, Қурбонова Саломат, Ҳабибуллозода Акмал ва дигарон ифтихор дораму миннатдорам. Инчунин, ба соҳибкороне чун Меликов Дилшод, Қурбонова Кибриё, Салихова Санавбар, Ҳусейнова Дилафрӯз, Мирзоева Маърифат, Остонаев Бахтиёр, Қодиров Хайриддин, Рабиев Ҳайдар, Умарова Зарина аз Маркази савдои “Садбарг” ва соҳибкороне чун Пулотов Шамсибой, Гадоев Азизмад, Умаров Азизхон миннатдории аҳли кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Шоҳмансурро мерасонам ва бо ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, бурдбориҳо орзу дорам”.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here