Монеаҳои қонунӣ вуҷуд надоранд

Дар моҳи январи соли 2015 ба дунболи нашри навбатии Таҳқиқоти “Шарикони тавзеҳи шаффофияти буҷет” Департаменти хориҷии ИМА дар Ҳисоботи солонаи худ, ки моҳи январи соли 2015 нашр гардид, изҳор дошт, ки буҷаи Тоҷикистон ба талаботҳои ҳадди ақали шаффофият ҷавобгӯ нест. Дар ин санад, ки “Ҳисобот доир ба шаффофияти буҷа” ном дорад, ба фаъолияти наздики 150 кишвари ҷаҳон дар ин масъала баҳогузорӣ карда мешавад.

Дар ин рейтинги дуюме, ки Тоҷикистон ширкат кард, кишвари мо ба қатори 50 кишваре дохил шуд, ки буҷаашон ба талаботи минималии шаффофият ҷавобгӯ нест, ҳарчанд кишвари мо 25 хол гирифт. ЪЪЪЪДар Ҳисоботи Департаменти давлатии ИМА ҳамчунин қайд мешавад, ки ҳуҷҷати мазкур имкон медиҳад дарк карда шавад, ки “оё ин ё он кишвар, ки аз Амрико кумак мегирад, ба талаботи минималии шаффофияти буҷа посухгӯ ҳастанд ё не?” (Бюджет Таджикистана не отвечает требованиям прозрачности Госдепа США. http://news.tj/ru/news/byudzhet-tadzhikistana-ne-otvechaet-trebovaniyam-prozrachnosti-gosdepa-ssha).

Аммо Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи парлумони Тоҷикистон рӯзи 15-уми январи ҳамон сол дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» Ҳисоботи Департаменти давлатии Амрикоро нодуруст шуморида, гуфт, ки раванди таҳия ва иҷрои буҷа дар Тоҷикистон ба қадри кофӣ баланд аст.

“Шаффофият ҳаст. Буҷаи мо ягон сирр ҳам надорад ва ҳар касе бихоҳад, муроҷиат кунад, тамоми маълумотро дар ихтиёраш мегузорем. Дар таҳияи он вакилон ҳам иштирок мекунанд ва намояндагои ҷомеа ҳам. Гузашта аз ин, буҷаи соли 2015 аз сӯи ҳукумат танҳо баъди арзёбии Палатаи ҳисоб барои муҳокима ба порлумон фиристода шуд. Палатаи ҳисоб аз пеш тарҳи буҷаро аудит кард ва бар асоси арзёбии ин Палата хеле дигаргунӣ ҳам дароварданд дар он. Танҳо баъди ин мо буҷаро муҳокима ва қабул кардем”,- изҳор медорад ӯ дар ин мусоҳиба (Пули буҷаи Тоҷикистон куҷо меравад? Нигоҳе аз Амрико) –(https://www.ozodi.org/a/us-state-dep-assesses-tajik-state-budjet-as-untransparent/26794873.html?fbclid=IwAR15UazrdZTuNGw1UEF08wBRwh2pSBDQDU4Vb-Byx2TSff3o0wXyT31ex38).

Аммо коршиноси иқтисодӣ Константин Бондаренко дар ин робита менависад, ки қонунгузории Тоҷикистон бевосита дастрасӣ ба иттилооти буҷавиро манъ намекунад, аммо нофаҳмиҳои мавҷуда имкон намедиҳанд, ки ин гуна маълумот ба ҷомеа пешниҳод карда шаванд. Аз ҷониби дигар, мегӯяд ӯ, дар қонунгузории Тоҷикистон протседураи иттилоърасонии аҳолӣ, раванд ва натиҷаҳои сиёсати молиявӣ ва буҷаи давлатӣ пешбинӣ намешавад, бинобар ин, он ҳаҷми иттилооте, ки дар дастрасӣ қарор дорад, бештар аз ҳусни нияти сохторҳое вобастагӣ дорад, ки онҳоро пешниҳод мекунанд. Дар баробари ин, К. Бондаренко меафзояд, ки дар сайти Вазорати молия номгӯи ҳуҷҷатҳои барои ҷомеа дастрас афзудааст, аммо фаврияти пешниҳод кардани иттилоот ва сифати он беҳбудӣ мехоҳад (К. Бондаренко. Подводные камни бюджета…).

Чунон ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар солҳои баъдӣ низ норасоиҳои аслие, ки дар ду рейтинги қаблӣ зикр гардида буданд, бетағйир монданд. Масалан, дар Буҷаи давлатии соли 2016 маблағгузории палатаҳои поёниву болоии парламент, Суди Олӣ, КМИР доир ба интихобот ва референдумҳо, вазоратҳову ташкилотҳои алоҳида инъикос нашуданд, аз ин рӯ, барои шаҳрвандон дастнорас боқӣ монданд. Ҳамчунин, мисли солҳои қабл соҳаҳои гуногуни халқ (аз рӯи дахлу харҷ) дар як банди маблағгузорӣ муттаҳид гардонида шудаанд, ҳол он ки, сухан дар бораи даҳҳо ва ҳатто садҳо миллион сомонӣ мерафт.

Дар Буҷаи давлатии солҳои 2017 ва 2018 маълумотҳо доир ба маблағгузории истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок ва саноати куҳӣ махфӣ гардонида шуданд.

Дар маҷмуъ, 22 банди хароҷоти буҷаи кишвар аз қонуни нашршуда гирифта шуданд, ҳол он ки, солҳои пеш ҳамаи ин маълумот ошкор буданд. Дар таҳқиқоти соли 2019 Индекси шаффофияти буҷаи кишвар 17 хол гирифт ва чунон ки гуфта мешавад, Вазорати молияи кишвар натавонист ҳуҷҷатҳои буҷаро сари вақт дар сайти расмии худ нашр кунад. Аммо сатҳи ширкати ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамагӣ 7 холро ташкил дод, ки ин нишондиҳандаи хеле паст аст.

Таҳқиқот ҳамчунин сатҳи нокифояи рушди механизмҳои ширкати ҷомеаро дар раванди буҷа нишон дод, аммо сатҳи назорати парламентӣ беҳтар буд.

Ӯ. Ҷумъаев дар иртибот ба натиҷаҳои рейтинги мазкур иброз дошт, ки раванди таҳия ва иҷрои буҷа дар кишвар шаффоф нест ва ин ду сабаб дорад:

  1. Шаҳрвандон баъди қабули Қонун дар бораи буҷа хабар меёбанд.
  2. Онҳо наметавонанд раванди иҷрои буҷаро назорат кунанд.

Дар ин иртибот номбурда таъкид мекунад, ки барои ислоҳи вазъи мавҷуда дар назди Ҳукумати Тоҷикистон 4 вазифа гузошта шудааст:

  1. Нашр кардани ҳисоботи иҷрои буҷа дар ҳар як нимсола.
  2. Ба ҷомеа пешниҳод кардани ҳамаи иттилооте, ки дар буҷаи ҳарсола ҷой дода мешаванд, то замони қабули қонун аз ҷониби парламент.
  3. Тақвият додани фишангҳои ҳамкорӣ дар миёни сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ.
  4. Омода будани сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаи мазкур. (https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20180212/chto-skrivaet-tadzhikskii-byudzhet).

Ҳафтаномаи мазкур менависад, ки дар Қонун “Дар бораи буҷети давлатӣ” ва “Буҷети шаҳрвандӣ” барои соли 2020, ки дар сайти Вазорати молия интишор шудаанд, мисли солҳои қаблӣ як қатор маълумоти барои ҷомеа зарур инъикос нашудаанд. Ишора дар мавриди он ки “барои чоп нест”, дар ин ҳуҷҷат 7 бор такрор шудааст.

Дар соли 2020 моддаи 15 — “имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ барои корхонаҳои алоҳида” васеътар мешавад ва дар қатори 10 ташкилот боз корхонаҳои дигар низ соҳиби имтиёз мегарданд. Ба қатори имтиёзгирандагон 5 мактаби русӣ, ки бояд дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб ва Турсунзода аз ҷониби Федератсияи Русия сохта шаванд, ворид гардиданд (asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20200206/byudzhet-2020-na-chto-tratyatsya-millioni-skritie-v-gosbyudzhete-tadzhikistana).

Дар Стратегияи идораи молияи давлатӣ, ки рӯзи 31-уми январи соли 2020 қабул гардид, ҳукумати кишвар шаффоф набудани буҷаи кишварро расман эътироф кард. То соли 2030 то яке аз авлавиятҳо баланд бардоштани сатҳи шаффофият эълон гардидааст. Дар ин ҳуҷҷат таъкид мешавад, ки мавҷуд набудан ва ё дастрасӣ надоштан ба шарҳҳои доимӣ ва ҳисоботи аудиторӣ сабаби баҳои паст гирифтани Тоҷикистон дар Индекси буҷети ошкор гардид.

Тоҷикистон бо 30 хол аз 100 холи имконпазир дар миёни 102 кишвари ҷаҳон ҷои 81-умро гирифт.

Дар Стратегияи мазкур гуфта мешавад, ки ҷомеа ба раванди буҷетӣ ба таври кофӣ ҷалб нашудааст.

Роҳи беҳбуд кадом аст?

В. Қосимбекова, ки солҳо боз ба масъалаи инъикоси масъалаи буҷа ва шаффофияти он машғул аст, мегӯяд, ӯ ҳеҷ гуна монеаҳои объективиро барои пурра инъикос намудани буҷаи давлатӣ намебинад ва ҳоло сайтҳои зиёде вуҷуд доранд, ки қонунҳоро дар бораи буҷа чоп мекунанд.

Қарор дар бораи ҳаддалимкон коҳиш додани маълумот қарори вазоратҳои дахлдор мебошад.

Номбурда дар ин иртибот мегӯяд, ки мушкилот дар маҳдуд будани маълумот ва номумкин будани баъзе маълумотҳои иловагӣ аст ва чунин маълумотҳоро ҳатто тавассути дархости хаттӣ дастрас кардан мушкил аст.

Ӯ ҳамчунин меафзояд, ки ширкати Вазорати молия дар барномаҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба шаффофияти буҷа ба беҳтар шудани вазъ дар ин соҳа мусоидат мекунад. Масалан, чанд сол боз дар сайти Вазорати молия Буҷаи шаҳрвандӣ чоп мешавад, аммо маълумотҳое, ки барои ҷомеа муҳиманд, дар он вуҷуд надорад. Аммо барои ислоҳи вазъи мавҷуда чӣ бояд кард?

Дар ин иртибот Ӯ. Ҷумъаев, масъули баргузории рейтингҳои буҷаи ошкор мегӯяд, ки бояд як қатор чораҳо амалӣ шаванд, аз ҷумла:

— сатҳи нокифояи дастрасии саривақтӣ ба иттилоот дар бахши буҷа бартараф шавад;

— масъулияти нокифояи мақомоти иҷроия, ки барои нашри саривақтӣ масъуланд, баланд бардошта шавад;

— механизмҳои ташкилӣ-институтсионалӣ, ки сари вақт ва пурра гузоштани ҳуҷҷатҳоро дар сайт таъмин мекунанд, ба роҳ монда шаванд;

— сатҳи нокифояи саводнокии аҳолӣ дар масъалаи буҷа рафъ карда шавад;

— сатҳи потенсиали таҳлилии созмонҳои ҷамъиятӣ дар масъалаи таҳлили буҷа беҳтар гардонида шавад;

— ҷомеа барои ширкат дар раванди буҷа манфиатдор карда шавад ва ғ.

Бояд гуфт, ки масъалаи шаффофияти буҷа аз замони пайдошавии парламентаризм дар Аврупо пайдо шудааст. Дар замони мо се субъекте вуҷуд доранд, ки ҳуқуқи ташаббусро барои таъмини ин раванд доранд, аз ҷумла институтҳои байналмилалии молиявӣ (мақсади инҳо таъмини шаффофияти буҷа аст), ҳукуматҳои миллӣ ва маҳаллӣ (мақсад — баланд бардоштани шаффофият дар рафти ислоҳоти буҷетӣ мебошад) ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (мақсад — баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва ҷоннок гардондани раванди иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди буҷетӣ).

Аслан раванди мазкур дар Тоҷикистон бо ташаббуси созмонҳои байналмилалии молиявӣ шуруъ шуд ва ҷониби ҳукумат ҳам ҳозир шуд, ки ҳамкорӣ кунад. Чунон ки қаблан зикр кардем, то ҷое бо дастгирии як қатор созмонҳои байналмилалӣ намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам ба ин раванд ҷалб шуданд, алалхусус дар масъалаи иштироки сокинон дар раванди буҷетӣ дар маҳалҳо.

Лоиҳа дар мавриди ҷалби ширкати шаҳрвандон ба раванди буҷетӣ ҳоло ҳам идома дорад ва он аз ҷониби Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди Мадади Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад. Ҳоло татбиқи лоиҳаи мазкур дар 4 ноҳияи кишвар идома дорад.

Нуралӣ ДАВЛАТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here