Гарчанде мо ҷавонон ҷанги шаҳрвандӣ, азобу ранҷу машаққатҳо, сӯхтану сохтанҳо, ашкҳову нолаҳо, бераҳмию бекасӣ, одаму одамрабоии халқи хешро надида будем, вале дарк мекунем, ки замоне чӣ азобу парокандагие миллати моро фаро гирифта буд.

Миллати мо дар баробари Истиқлолият ба даст овардан, дар арсаи нестшавӣ ва нокомӣ қарор гирифта буд. Маҳз дар ин лаҳзаҳои бекасию нокомӣ Худованд ба мо наҷотбахшеро ато намуд, ки орзуву омоли халқи моро, кишварамонро, хандаҳои кӯдакон, орзуи садҳо модарон ва ҳазорҳо ғарибонро амалӣ гардонд. Маҳз бо шарофати марди хирад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи Тоҷикистон ва халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ дубора вирди забонҳо шуд ва парчами тоҷик дар давлатҳои бонуфузтарини ҷаҳон парафшонӣ кард.

Акнун Тоҷикистон макони пур аз ормонҳои мардуми азобкашида нест. Акнун маконест пур аз гулҳо ва обҳои ҷорӣ. Тоҷикистон акнун макони ҳамешагии сайругашти тамоми сайёҳони олам аст. Мо дар арафаи ҷашнгирии 30‑солагии Истиқлолияти давлатии худ қарор дорем. Дар тӯли 29 соли ободкорӣ, 29 соли пешравиҳо Тоҷикистон симои худро дигар намуд. Матонату қаҳрамонии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасад. Хусусан дастгирӣ намудани ҷавонони кишвар дар тамоми самтҳо.

Суханони танинандози Пешвои муаззами миллат то ҳол ҳар рӯз, ҳар дақиқаву сония вирди забони ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки гуфта буданд: “Ман ба шумо сулҳ меорам! Оташи ҷангро хомӯш мекунам!”.

Оташи ҷангро хомӯш намуданд ва солҳо пайи ҳам мегузаранду ҳамоно меҳру муҳаббат, садоқат ва боварии мардум, эътиқоди ҷавонон нисбаташон дучанд зиёд мешавад. Модарон бошанд, ҳамеша дуогӯйашон ҳастанд.

Миҷгона ШАРИФОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here