Нозироти андоз дар ноҳияи Шаҳринав дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринавро сармашқи кори худ қарор дода, кӯшиш намудааст, ки дар соли 2019 вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо доир ба пурра ва барзиёд иҷро намудани нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” таъмин созад.

Дар соли 2019 нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетии ба ноҳия вобастагардида (бо назардошти котингент) дар маҷмуъ 101,1% таъмин карда шудааст, ки ба ҷои 34 миллиону 790180  сомонӣ ба буҷа 35 миллиону 156110 сомонӣ ворид гардида, нисбат ба нақшаи пешбинигардида (34790180 — 35156110) 365929 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Иҷроиши нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмии пешбинишуда бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетие, ки қисмати Нозироти андоз бояд иҷро мекард, дар  соли 2019 ба андозаи 101,6% таъмин гардида, ба ҷои 31 миллиону 592545 сомонӣ ба буҷа 32 миллиону 083 ҳазору 282 сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ (31592545 — 32083282) 490736 сомонӣ зиёд мебошад.

Бақияи қарзи андоз дар Нозироти андоз дар ноҳияи Шаҳринав ба ҳолати 1-уми декабри соли 2019 маблағи 1 миллиону 794000  сомониро ташкил дода, ин нишондод ба ҳолати 01.01.2019 ба маблағи 3 миллиону 058000 сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ ба маблағи 1 миллиону 264000 ҳазор сомонӣ кам шудааст.

Бо мақсади таъсиррасонӣ ва кам намудани бақияи қарзи андозҳо нисбати андозсупорандагони қарздор дар соли 2019 тибқи муқаррароти қисми 3-и моддаи 72-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 178 андозсупорандагони қарздор огоҳиномаҳо ба маблағи умумии 2 миллиону 189103 сомонӣ ирсол гардида, аз ин ҳисоб ба буҷет маблағи 1 миллиону 264000 сомонӣ ворид карда шудааст, ки 55,7%-и маблағи огоҳиномаҳои ирсолгардидаро ташкил медиҳад.

Бо мақсади татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонунгузории андоз дар самти маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо тибқи тартиби ғайрисудӣ дар соли сипаригардида 8 адад қарор нисбати 8 андозсупорандагони қарздор ба маблағи умумии 744 ҳазору 101 сомонӣ қабул гардида, то имрӯз 5 адад қарор ба пуррагӣ иҷро шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет маблағи 352 ҳазору 500 сомонӣ ворид гардидааст, ки 49,1%-и маблағи умумии қарорҳои қабулгардидаро ташкил медиҳад.

Инчунин, аз ҳисоби қарорҳои дар соли 2018 қабулгардида, ки иҷроиши онҳо ба соли 2019 гузаронида шудаанд, дар соли 2019 ба маблағи 933000  сомонӣ ба буҷет ворид гардида, 3 адад қарор ба пуррагӣ иҷро карда шуда, корҳо дар самти рӯёнидани маблағи қарзи андозҳо ва қарорҳо идома доранд.

Бо мақсади ошкор ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соли 2019, нисбати 121 ҳуқуқвайронкунанда протоколҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба маблағи умумии 288 ҳазору 500 сомонӣ татбиқ карда шудааст. Аз ин ҳисоб маблағи 163 ҳазору 600 сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст, ки 57 фоизи маблағи татбиқгардидаро ташкил намуда, дар ин самт низ чораҳои таъсиррасонӣ идома доранд.

Шумораи андозсупорандагони ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ фаъолиятдошта дар давраи ҳисоботии соли 2019-ум 426 ададро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 11 адад зиёд буда, хизматрасонии онро гуруҳи хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ба уҳда дорад. Тибқи махзани маълумотҳо, маблағҳои ҳисобшудаи андозҳо дар соли 2019 аз ҳисоби андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ маблағи 16 миллиону 287 ҳазору 800 сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 (1417500) ба маблағи 2 миллиону 112 ҳазору 500 сомонӣ зиёд гардидааст.

Рафти омӯзиши ҳисоботҳои андоз нишон медиҳад, ки сабаби камшавии андозҳо агар аз як тараф таъсири буҳрони иқтисодии молиявӣ ва коҳиш ёфтани фаъолияти андозсупорандагон бошад, сабаби дигар ин аст, ки ширкатҳое, ки ба ба хариду фурӯш, сохтмони иншоот ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ машғуланд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз сабаби бо пуррагӣ фаъолият накардан маблағҳои ҳисобшудаи ин андозсупорандагон коҳиш ёфтаанд. Аз он ҷумла, дар ҶДММ “Ҳафтситора” ба маблағи 575400 сомонӣ, ҶДММ “Ланит” — ба маблағи 269000 сомонӣ, ҶДММ “Ҳоҷиқурбон” — ба маблағи 523200 сомонӣ, ҶДММ “Муслим-2013” — ба маблағи 191500 сомонӣ, ҶДММ “Султон” — ба маблағи 44200 сомонӣ, ҶДММ “Манорасохтмон” — ба маблағи 585000 сомонӣ, ҶДММ “Капитал” — 129700 сомонӣ, ҶДММ “Аҳорун-2” — ба маблағи 26400 сомонӣ, КТ “Наврӯз” — ба маблағи 68400 сомонӣ ва КТ “Меликмуродов” — ба маблағи 70520 сомонӣ. Дар маҷмуъ, аз ҳисоби корхона ва дигар ширкатҳо маблағи ҳисобишуда 3 миллиону 431 ҳазору 400 сомонӣ кам гардидааст.

Маблағҳои воридгардидаи андозҳо дар давраи ҳисоботии соли 2019 аз ҳисоби андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ маблағи 19 миллиону 109000 сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 (17255000) ба маблағи 1 миллиону 853 ҳазору 800 сомонӣ зиёд аст.

Рафти омӯзиши барномаи системаи иттилоотии мақомоти андоз нишон медиҳад, ки даромади умумии дар шакли музди меҳнат дар соли 2019-ум 14 миллиону 069000 сомониро ташкил намуда, нисбат ба даромади умумии ҳамин давраи соли 2018 (12995000) 1 миллиону 073 ҳазору 200 сомонӣ зиёд мебошад.

Шумораи соҳибкорони инфиродие, ки тавассути шаҳодатнома фаъолият доранд, дар давраи ҳисоботӣ 1791 нафарро ташкил дода, нисбатан 56 нафар зиёд гардидааст, ки аз ин 7 нафар соҳибкори инфиродӣ ва 49 нафар хоҷагии деҳқонии инфиродӣ мебошад.

Дар давраи ҳисоботии соли гузашта аз тарафи соҳибкорони инфиродие, ки тавассути шаҳодатнома фаъолият менамоянд, ба буҷет ба маблағи 4 миллиону 750000 сомонӣ андозҳо ворид карда шудааст.

Маблағи миёнаи пардохти андозҳо ба ҳар як соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 619 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 202 (417) сомонӣ  ё 67,3 % зиёд гардидааст. Инчунин, дар ин давра даромади умумии соҳибкорони инфиродӣ 18 миллиону 381 ҳазору 216 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати соли қаблӣ (13129683 сомонӣ) 5251532 сомонӣ ё 69,7% зиёд гардидааст. Маблағҳои андози низоми соддакардашуда соли 2019 ба таври умумӣ 1102873 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 315092 (1102873-787781) ҳазор сомонӣ ё 69,7 фоиз зиёд мебошад. Тибқи махзани маълумотҳо, маблағҳои ҳисобшудаи андозҳо дар соли 2019 аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ маблағи 2002180 сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли 2018 (1382649) ба маблағи 619531  сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ шумораи коргарони кирояи аз ҳисоби шаҳодатнома фаъолияткунанда 128 нафар ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра аз ҳисоби коргарони кироя даромади умумӣ дар шакли музди меҳнат 101000 сомонӣ ва андози иҷтимоӣ ба маблағи 38380 сомонӣ ҳисобу ба буҷет пардохт карда шудааст. Ҳамзамон, дар ин давра фонди музди меҳнат ба як коргари кироя 1000 сомониро ташкил менамояд.

Соҳибкорони инфиродие, ки тавассути патент фаъолият менамоянд, дар нозироти андоз дар соли 2019-ум 522 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати соли 2018-ум 18 нафар (504) зиёд мебошад. Нақшаи пешбинишудаи ҷамъоварии маблағи андозҳо аз ҳисоби соҳибкороне, ки тавассути патент фаъолият доранд, дар соли 2019 ба андозаи 93 фоиз таъмин гардида, ба даромади буҷет аз ин ҳисоб ба ҷойи 1062000 сомонӣ 994600 сомонӣ андозҳо ворид гардидаанд.

Дар нозироти андоз маблағи миёнаи моҳонаи андозҳои пардохтгардида аз ҳисоби патент дар соли 2019 ба ҳар як соҳибкор 150,8 сомонӣ рост омада, ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 12,5 сомонӣ (150,8-138,3) зиёд гардидааст. Бақияи қарзи патент (бо назардошти изофапулӣ) ба санаи 01.01.2020-ум 114700 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 01.01.2019 (96300 сомонӣ) 18400 сомонӣ зиёд гардидааст. Ба ҳолати 01.01.2019 шумораи қарздорон 88 нафар ба маблағи 96300 сомониро ташкил намуда (бо назардошти изофапулиҳо), ин нишондод ба 01.01.2020 ба 125 нафар расида, маблағи он 114700 сомониро ташкил менамояд. Огоҳиномаҳои додашуда дар  соли 2019-ум 607 адад ба маблағи 481400 сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 37 адад, ба маблағи 154700 сомонӣ зиёд мебошад.

Бахши ташкили андозбандии шахсони воқеӣ дар соли 2019 нақшаи пешбинишуда андозҳо ва дигар пардохтҳоро 103% таъмин намуда, ба ҷои 4454100 сомонии нақшаи пешбинигардида ба буҷет 4574229 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 120129 сомонӣ зиёд мебошад. Аз 4 намуди нақшаи андозҳои ба шуъба вобасташуда 4 намуди он иҷро шудааст. Андоз аз молу мулки ғайри манқул 108 фоиз ба маблағи 131602 сомонӣ, андози замин 100% ба маблағи 1181, андоз аз воситаҳои нақлиёт 100 фоиз ба маблағи 3429 сомонӣ ва андоз аз даромад 100,2% ба маблағи 3917 ҳазор сомонӣ зиёд ворид гардидааст. Шумораи умумии молу мулки ба иҷора додашуда дар давраи ҳисоботӣ, яъне ба 01.01.2019 ҳамагӣ 112 адад буда, 110 нафари онҳо эъломияҳои андоз аз даромадашонро барои давраи ҳисоботӣ пешниҳод намудаанд, ки 98%-ро ташкил намуда, андози даромади ҳисобшудаи онҳо дар соли 2019-ум 180000 сомонӣ ва маблағхои воридшуда бошад, 183917 сомониро ташкил медиҳад, ки ба 100,2% рост меояд.

Тибқи Фармоиши раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.02.2019, №64 с/х, бо мақсади пурра аз нав ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани баҳисобгирии (инвентаризатсияи) объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замин ва воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дохил намудани маълумотҳо ба барномаи компютерӣ ва инчунин ислоҳи камбудиҳои дар барнома буда тибқи Фармоиши раиси Кумитаи андоз аз 28.04.2017, №192 «Оиди баҳисобгирии (инвентаризатсия) объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъахои замин ва воситаҳои нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ» гуруҳи кории бахш ин чорабиниро амалӣ намуда истодааст.

Мувофиқи маълумотҳои дар Нозироти андоз мавҷудбуда, дар ҳудуди ноҳия ба ҳолати 01.01.2019 шумораи андозсупорандагон (обектҳои ғайриманқул) 14233 ададро ташкил намуда, аз тарафи кормандони бахш ба санаи 01.01.2020 нисбати 15408 адади он чорабинии азнавбаҳисобгирӣ гузаронида шудааст, ки 108 фоизро ташкил намуда, маълумотҳо пурра ба барномаи СИА ворид гардидаанд.

Бояд қайд кард, ки то давраи баҳисобгирӣ масоҳати ба сифати манзили истиқоматӣ истифодабарандашаванда ба андозаи 1275315 м/м, масоҳати биноҳои ёрирасон 334515 м/м, обектҳои ғайриманқул оид ба амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ, дигар намуди хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо истифодашаванда 101862 м/м, қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ 1660446 м/м-ро ташкил менамуд. Раванди азнавбаҳисобгирӣ муайян намудааст, ки масоҳати манзили истиқоматии таҳти баҳисобгирӣ қарордодашуда 1554602 м/м (фарқият 279287 м/м), масоҳати биноиҳои ёрирасон 446243 м/м (фарқият 101628 м/м), масоҳат оид ба амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ, дигар намуди хизматрасониҳо ва иҷрои корҳои истифодашаванда 164139 м/м (фарқият 62277 м/м), масоҳати қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ 17096198 м/м (фарқият 491737 м/м)-ро ташкил намудааст.

Ҳамин тариқ, аз тарафи кормандони бахш дар 15408 обектҳои ғайриманқули ноҳия пурра азнавбаҳисобгирӣ гузаронида шуда, дар ин раванд 1175 обектҳои беқайд ошкор гардида, ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамзамон, дар маҷмуъ аз ҳисоби ин чорабинӣ маблағи андози ба таври иловагӣ 419669 сомонӣ ҳисоб гардида, пардохти 419669 сомонӣ ба буҷет таъмин гардидааст.

Яке аз масъалаҳои муҳиму ҳалталаби рӯз барои мақомоти андоз гузаронидани санадҳои муқоисавӣ байни андозсупорандагон  ва мақомоти ҳудудии андоз маҳсуб меёбад. Зеро танҳо дар сурати  тартиб додани санадҳои муқоисавӣ фаъолияти андозсупорандагонро бобати сари вақт пардохт намудани маблағҳои андоз муайян кардан мумкин аст. Тайи ин давра дар нозироти андоз аз ҳисоби 379 адад шахсони ҳуқуқии дар қайд буда нисбати 302 андозсупорандагон ё 79,6 % ва аз ҳисоби 288 нафар соҳибкори инфиродии табқи шаҳодатнома фаъолияткунанда нисбати 235 нафар ё 81,5 %, хоҷагиҳои деҳқонӣ аз 1503 нисбати 1388 нафар ё 92,3 ва аз 522 нафар соҳибкорони тибқи патент фаъолияткунанда нисбати 425 адад ё 81% санади муқоисавӣ тартиб дода шудааст. Баъди тартиб додани санади муқоисавӣ аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ бақияи қарз ба маблағи 815000 сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои изофапулӣ 162000 сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият доранд, аз ҳисоби бақия қарз 51500 сомонӣ ва маблағи изофапулӣ 7800 сомонӣ, аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, бақияи қарз 37800 сомонӣ ва маблағи изофапулӣ 40500 сомонӣ, дар маҷмуъ аз ҳисоби бақияи қарз 905000 ҳазор сомонӣ ва изофапулӣ 210400 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.

Иҷрои талаботи моддаи 90-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рамзи 14.00.00. Стандартҳои ягонаи давлатии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ яке аз рукнҳои асосии баланд бардоштани фарҳанги андозсупорандагон маҳсуб меёбад. Маҳз бо ҳамин мақсад соли 2019 дар асоси нақшаи тартибдодашуда баҳри баланд бардоштани фарҳанги андозсупорандагон дар марказҳои калони савдо, бозорҳо ва корхонаю ташкилотҳо беш аз 37 маротиба  бо ҷалби зиёда аз 1246 нафар андозсупорандагон семинару вохӯриҳо баргузор карда шудааст, ки андозсупорандагон ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтаанд.

Тибқи маълумотҳои барномаи компютерии системаи иттилоотии андоз СИА “Баҳисобгирии ҳисоботҳои андозҳо аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки тавассути шаҳодатнома фаъолият менамоянд”, дар нозироти андоз 2583 адад андозсупорандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 270  нафар шахсони ҳуқуқӣ, 288 нафар соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома, 1503 нафар хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва 522 нафар соҳибкори тариқи патент фаъолияткунандаанд.

Дар самти татбиқи муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз ҷониби Нозироти андоз дар ноҳияи Шаҳринав соли 2019 нисбати 121 ҳуқуқвайронкунанда ба маблағи 288545 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин 163638 сомонӣ ба буҷет рӯёнида шудааст.

Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супориши Кумитаи андоз китоби тақсимоти огоҳиномаҳо ташкил карда шуда, ба 30 адад ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 56871 сомонӣ огоҳиномаҳо оид ба пардохти маблағи ҷаримаҳо ирсол гардида, нисбати боқимонда маблағи бақияи ҷаримаҳо огоҳиномаҳо дар марҳилаи омодагӣ қарор доранд.

Аз аввали соли 2019 то имрӯз нисбати 178 адад андозсупорандагони қарздор тибқи сархати 3-и моддаи 72-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2189000 сомонӣ огоҳиномаҳо оид ба пардохти маблағи қарзи андоз ирсол гардида, аз ин ҳисоб маблағи 1264000 сомонӣ ё худ 55,7% маблағи огоҳиномаҳо ба буҷет пардохт карда шудааст.

Тибқи ҳисоботҳо, дар Нозироти андоз мувофиқи нақшаи тасдиқшуда дар соли 2019 ба таври умумӣ 36 адад МНХ-и дорои хотираи фискалӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин 44 адад мошинаи назоратии хазинавии дорои хотираи фискалӣ васл карда шуда, 122% ё нисбат ба нақшаи пешбинишуда 8 адад зиёд мебошад. Дар ин муддат нисбати 11 нафар андозсупорандагон барои таъмин накардани нигоҳдории ҳуҷҷатҳо вобаста ба истифодаи МНХ-и хотираи фискалӣ ва риоя накардани тартиби истифодаи он ва баҳисобгирии хазина тибқи талаботи моддаҳои 614-615-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” ба маблағи 91400 ҳазор сомонӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, маблағҳо пурра ба буҷет ворид карда шудаанд.

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти нозироти андоз гузаронидани назоратҳои камералӣ мебошад. Дар соли 2019 дар нозироти андоз 149 адад назорати камералӣ ба маблағи 2212364 сомонӣ гузаронида шуда, андозҳои иловагӣ ошкор карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 657590 сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб баъди ирсол гардидани огоҳиномаҳои дахлдор ба маблағи 1805070 сомонӣ эъломияҳои иловагӣ ва аз ҳисоби ҳақдорӣ то баровардани қарор ба буҷет пардохт карда шудааст.

Дар самти хариди назоратӣ Нозироти андоз дар соли 2019 ҳамагӣ 11 адад протоколҳои ҳуқуқвойронкунии маъмурӣ ба маблағи 91400 ҳазор сомонӣ тартиб додааст, ки нисбати соли 2018 маблағи ҷаримаи протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 20200 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар рафти санҷишҳои амалиётӣ фаъолияти 130 нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ таҳти санҷиш қарор гирифтааст, ки 36 адади онҳо ба шахсони ҳуқуқӣ, 71 адад ба соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ дошта, 23 адади дигар бидуни қайд дар мақомоти андоз фаъолият доштаанд. Аз шаҳрвандони бидуни қайд фаъолиятдошта дар рафти санҷиш 5 нафар бо шаҳодатномаи соҳибкори инфиродӣ ва 24 нафар бо патент таъмин карда шудаанд. Ғайр аз ин, дар рафти санҷишҳои амалиётӣ 10 нафар коргарони кироя, 2 ҳолати иҷораи молу мулки ғайриманқул ба маблағи 6400 сомонӣ камбудӣ ошкор ва ба қайд гирифта шуда, инчунин 2 адад шахсони ҳуқуқӣ ва 11 адад соҳибкорони инфиродӣ бо МНХ таъмин карда шудаанд.

Дар соли 2019 дар нозироти андоз дар фаъолияти 9 андозсупоранда муоинаҳои хронометражӣ гузаронида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 1 адад зиёд мебошад ва даромади умумии ин андозсупорандагон нисбати давраи пеш аз муоинаи хронометражӣ ба маблағи 20800 сомонӣ зиёд карда шудааст.

Андозсупорандагоне, ки барои қатъи фаъолият ба Нозироти андоз пешниҳод кардаанд, дар соли 2019-ум 106 нафар мебошанд, ки аз ин шахсони ҳуқуқӣ 21 адад ва аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ бошад, 85 ададро ташкил медиҳад.

Сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Шаҳринав, муҳтарам Ниёззода Искандар Ҷума мегӯяд, ки “тӯли таърихи миллати тоҷику давлатдории он барои мо касе хизмати Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро накардааст ва нахоҳад кард. Маҳз он кас буданд, ки тамоми институтҳои давлатдориро дар мушкилтарин замон барои миллату давлат ташкил доданд ва ташкили Кумитаи андоз дар ҳайати Ҳукумати кишвар ва фазои озод барои ҳаракати соҳибкорию тиҷоратӣ низ меваи даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд. Агар ҳиссаи соҳибкорон дар иҷрои нақшаҳои андоз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ як-ду фоизро ташкил намояд, ин рақам дар охири соли 2019 ба 70% иҷроиши нақшаҳои буҷетӣ расонида шуд ва сол аз сол ҳиссаи бахши хусусӣ зиёд мегардад, ки ин гувоҳ аз озод будани соҳибкорон аз ҳар гуна монеагиҳои сунъӣ ва зиёд имтиёзҳо барои соҳибкорони истеҳсолӣ мебошад. Инро дар мисоли ду соли охир дар Нозироти андоз дар ноҳияи Шаҳринав мушоҳида карда метавонем. Яъне, шумораи соҳибкорони бо патент фаъолияткунанда дар соли 2019-ум 504 нафар буда, дар соли 2020 ба 522 нафар расидаанд. Соҳибкорони бо шаҳодатнома фаъолиятбаранда дар соли 2019-ум 285 нафар буданд ва дар соли 2020 ба 298 нафар расиданд. Хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ дар соли 2019-ум 1440 адад буданд, ки соли 2020 шумораашон ба 1503 расид. Шахсони ҳуқуқи дар соли 2019-ум 263 адад буданд, ки соли 2020 ба 278 адад расиданд.

Танҳо давоми як соли охир 109 адад субъектҳои хоҷагидорию соҳибкорӣ дар ноҳияи Шаҳринав зиёд гардидаанд, ки ин гувоҳ аз хизмати арзандаи коллективи 31-нафараи кормандони Нозироти андоз дар ноҳия Шаҳринав мебошад. Гузашта аз ин, маҳз талаботҳои саривақтии роҳбарияти Кумитаи андоз, алалхусус раиси муҳтарам Давлатзода Н. М. ва раиси ноҳия муҳтарам Аюбзода Н. Н. буд, ки нозироти андоз нақшаҳои буҷети соли 2019 ва январи соли 2020-ро бо сарбаландӣ ба иҷро расонида, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар асоси нақша-чорабиниҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ минбаъд низ супориш ва фармонҳои раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати кишварро дар вақташ ба иҷро расонида, сазовори боварии эшон бошем”.

— Дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дастуру супоришҳои Сардори давлат, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд ва таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои дар асоси онҳо қабулшуда моро водор менамояд, ки бе халалдор намудани низоми фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, аз манбаъҳо ва захираҳои воқеан мавҷуда бо касбияти баланд ва самаранок истифода намуда, уҳдадориҳои мансабии худро доир ба иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади Буҷети давлатӣ таъмин сохта, ба боварии Сардори давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор бошем. Нозироти андоз дар ноҳияи Шаҳринав ва кормандони он тамоми таҷриба ва кӯшишу ғайрати худро барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда равона сохта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки нақшаҳоро дар соли 2020 пурраву барзиёд иҷро намоянд, афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here