Таърихи ҳар халқу миллат ва давлатҳо қаҳрамонҳое дорад, ки тамоми буду набуди худро барои рушди кишварҳояшон сарф мекунанд. Вобаста ба ин, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки суҳбатҳои ихтисосиро бо арбобони давлатӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону олимони маъруф ва дигар ашхоси барҷаста ташкил намояд. Суҳбати навбатии мо бо раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Муқимӣ Раҳимҷон Набизода доир гардид, ки инак, мухтасари посухҳои эшонро ба нашр мерасонем.

Агар мо ба саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик назар афканем, дар ҳама давру замонҳо шахсиятҳои барҷастаеро модари ин миллати заҳматкаш ба дунё овардааст, ки барои худшиносиву худогоҳӣ, барои ному нанги миллӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд ва натанҳо барои ҳамқавмҳои хеш, балки ба кулли башарият хизмати шоиста намудаанд. Чунин фарзандон шуҳрати миллати тоҷикро то ба гардунҳо расонидаанд. Бо фидокорӣ номи худро то ҷовидон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфи заррин сабт намудаанд.

Ҳанӯз аз даврони ҳуҷуми аҷнабиён ба сарзамини Хуросон фидокории фарзандони тоҷикро медонем. Фарзандони диловари тоҷик Спитамен, Рафеъ ибни Лайс, Муқаннаъ, Шерак, Темурмалик, Восеъ, Усмон, Қаландаршо ва боз садҳо нафари дигарро метавон ёдовар шуд, ки дар муқобили душманони тавоно ба хотири Ватан ва халқи бузургвори худ аз ҷони ширин гузашта, мардона мубориза бурдаанд. Онҳо дар ҳақиқат қаҳрамонони халқи тоҷик буданд. Қаҳрамониҳои бемислу монанди эшон як мактаби олии тарбияи ватандӯстӣ барои ҷавонони имрӯза буда метавонад.

Даврони таъсиси давлати Шӯравӣ фарзандони сарсупурдаи миллат Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов, Абдулқодир Муҳиддинов, А. Ҳоҷибоев, устод Садриддин Айнӣ, Алӣ Хуш ва чандин нафари дигар барои таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош намудаанд. Фарзанди барӯманди миллат Бобоҷон Ғафуров дар баробари роҳбарии оқилона бо навиштани асари безаволаш “Тоҷикон” тавонист симои миллати бузурги хешро барои дирӯзу имрӯз ва фардо муаррифӣ намояд.

Агар мо дар бораи пешво андеша намоем, пеш аз ҳама симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар ҷилвагар мегардад. Албатта, дар қарнҳои гузашта пешвоёни бузург ва ҷонфидо буданд, вале корҳое, ки дар пеши чашми мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом додаанд, коре буд, ки на ҳар пешво карда метавонист. Маҳз ӯ тавонист Пешвои ҳақиқии миллате гардад, ки тӯли ҳазор сол ормони соҳибдавлатӣ ва истиқлолиятро дар сина мепарварид. Мехостам дар ин маврид як нуктаро ёдовар шавам. Пешвои муаззами миллат дар замоне сари қудрат омад, ки Тоҷикистон шабеҳ ба як киштии шикаста ва дар ҳолати маҳвшавӣ буд. Касе ба ояндаи миллату давлати тоҷикон бовар надошт. Замоне буд, ки нафаре аз сиёсатмадорони тоҷик ҷуръати ба даст гирифтани сукуни давлатро намекард. Зиндагии осударо авло медонистанд. Бо ҷуръати баҳодурона ба сари кор омад. Тоҷикистони сӯхтаро обод сохт ва миллати парокандаро ба ҳам овард. Натанҳо давлат сохт, балки онро дар як муддати кӯтоҳ ба қатори давлатҳои тараққикардаистода ворид намуд. Маҳз бо кӯшиши пайвастаи фарзонамарди миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номи фарзандони сарсупурдаи миллат дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат зиндаву ҷовид гардид. Ба чанд нафари онҳо унвонии олии мамлакат — “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд. Барои ман дар тӯли ҳазорсоли охир Пешвои ҳақиқӣ ва қаҳрамон маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, зеро аз ҳеҷ ҳар чӣ сохта тавонист. Албатта, нисбати гузаштаҳо сухани баде гуфтанӣ нестам, онҳоро эҳтиром менамоям ва ифтихор мекунам, вале мақому мартабаи ӯ аз ҳама болост. Ин бахти миллат аст, ки чунин фарзандро модари тоҷик ба дунё овард.

Агар мо дар бораи минтақаи Рашт (Қаротегин) суҳбат кардан хоҳем, як нуктаро набояд фаромӯш кунем, ки ин сарзамини қадима дар ҳама давру замон ба тоҷикон мутааллиқ буду ҳаст. Гулшании Бухорӣ (1861-1910) дар асари машҳури худ — «Таърихи ҳумоюн» дар бораи Қаротегин навиштааст: «Аҳолии ин марзу бум бағоят қавиюбуния ва ҷасиму захим меоянд. Ин аз хушҳавоии мамлакат аст… Ба санъати оҳангарӣ низ маҳорат доранд, аслиҳаву олоти ҳарб аъмол менамоянд ба хубиву марғубӣ… Вилояти мазкур бағоят мамлакати касирулманфиъат аст… Аҳолии ин мамлакат… ҳама мардуми қавиҳайкалу қавибунияанд, ба заковату фаросат ва имтиёзи сухан машҳуранд. Ба касби илм иштиғоли тамом доранд ва олимони мутабаҳҳир (яъне аллома) дар ин вилоят бисёранд. Ва талабаи он низ фаровон аст. Аксари онҳо ба Бухорои Шариф омада, касби улуми мутадовилаи байналъуламоро намуда, ба ватани худ рафтаанд. Аз ин қабил асҳоби фазлу арбоби дониш бисёр дорад…» .

Асрҳои гузашта чун ин гӯшаи диёри тоҷикон аз марказҳои калони маданӣ дур буд, бо вуҷуди меҳнатдӯстии сокинони он ва зиёд будани мардони соҳибсавод пешравиҳои зиёд ба назар намерасид. Ҳатто маркази Рашт — шаҳри Ғарм низ чандон ба шаҳрҳои калон монанд набуд. Олими маъруф Логофет, ки соли 1910 ба Раштонзамин омада буд, дар бораи шаҳри Ғарм чунин навиштааст: “Мо саҳари солеҳон аз хоб хеста, ба тамошои шаҳр ва бозор рафтем. Шаҳр ба деҳаи калоне монанд буд, ки ягон бинои куҳна ва макони таърихӣ надошт. Ғайр аз қалъа дар ҳеҷ куҷо нишонае аз ҳаёти гузашта дида намешуд. Бозор ҳарчанд серодам буд, аммо шумораи дӯконҳояш бениҳоят кам буд. Аксари молҳо дар рӯйи замин ба фурӯш гузошта мешуданд. Қатори дарози оҳангархона ва дӯконҳои маҳсулоти оҳанини маҳаллӣ диққати моро ба худ ҷалб намуд, зеро дар ин ҷо оҳан на ба воситаи дастгоҳ, балки дастӣ коркард мешуд. Мо дар назди яке аз ҳамин гуна дӯконҳо истодем. Садҳо каҷкорд, теғ, шамшер, досу испор дар девори дӯконҳо ба таври мутаносиб овезон карда шуда буданд…”.

Сокинони Рашт танҳо ба кишоварзию чорводорӣ машғул буданд. Дар куҳистон, ки заминҳои тахту ҳамвор хеле кам буд, шаҳрҳои бузург сохта намешуд. Заминҳои будагиро танҳо барои киштукор истифода мебурданд.

Инқилоби Октябр имконият фароҳам овард, ки навоҳии дурдаст ободу зебо гардад. Даҳҳо биноҳои зебову муҳташам дар ҷойи хонаҳои гилини бобоӣ қад афрохтанд. Нахустин колхозҳо соли 1930 ташкил ёфтанд. Баъди барқарории Ҳукумати Шӯравӣ  мактабҳои зиёд таъсис ёфтанд. Аввалин мактаби ибтидоӣ дар шаҳраки Ғарм моҳи сентябри соли 1925 кушода шуд. Баъди ду сол таълими саросарӣ авҷ гирифт.

Соли 1931 ҳангоми таъсиси ноҳия он чанд нафар духтуроне, ки дар хидмати мардум буданд, аз дигар гӯшаву канорҳо ба ин ҷо фиристода шуда буданд. Аз мардуми маҳаллӣ ихтисосмандон пайдо кардан мумкин набуд. Ҳоло дар ноҳияи Рашт ҳамаи духтурҳои соҳибмаълумоту соҳибтаҷриба фарзандони ин маҳал мебошанд.

Ноҳияи Рашт ноҳияи аграрист. Дар ин ҷо чорводорӣ, картошкапарварӣ, боғдорӣ, занбӯри асалпарварӣ, пиллакорӣ, ғаллакорӣ ва парвариши зироатҳои хӯроки чорво тараққӣ кардааст.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон душманони миллат бо мақсади амалӣ гардондани ҳадафҳои нопоки худ Раштро ба вартаи даргириҳои дохилӣ кашонданд. Хушбахтона, бо талошу кӯшишҳои пайгиронаи фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани тоҷикон сулҳу оромӣ пойдор гашт. Баъди барқарории сулҳи саросарии кишвар бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат аз нав ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия рӯ ба пешравӣ овард.

Бо дастгирии Президенти мамлакат ва саъю талоши роҳбарияти ноҳия солҳои охир соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва нигоҳдории роҳҳо дар қаламрави ноҳия рушду нумуъ ёфта, биноҳои гуногуни таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла биноҳои маъмурии шаҳрак ва ҷамоатҳо, синфхонаҳои иловагиву мактабҳои нав бо таҷҳизоти замонавӣ, бунгоҳҳои тиббиву марказҳои саломатӣ сохта ба истифода дода шуд. Мутобиқи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2012-2016» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия сохтмони бисёр иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шуд. Ин барнома барои рушди устувори иқтисодии ноҳия, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронида ва татбиқи саривақтии он боиси ташкили ҷойҳои нави корӣ ва боз ҳам баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинони ноҳия шуд.

Сокинони ноҳияи Рашт сиёсати давлат ва Президенти мамлакатро пурра ҷонибдорӣ намуда, истиқлолияти кишвари хешро чун гавҳараки чашм азиз медоранд. Агар симои имрӯзаи ноҳияро ба симои 29 сол пеши он муқоиса намоем, дигаргуниҳои куллие, ки дар ҳама ҷабҳаҳо ба вуҷуд омадаанд ва ба ноҳия зебу зиннати тоза зам намудаанд, пурра ва бараъло ба чашм мерасанд.

Тоҷикистон имрӯз аз зумраи давлатҳое мебошад, ки аз лиҳози амну осоиштагӣ дар дунё яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд. Аз ҷумла инро метавон дар мисоли ноҳияи Рашт гуфт. Ҳамаи ин ба осонӣ муяссар нагардидааст. Маҳз талошу кӯшишҳои беохири Пешвои муаззами миллат буд, ки чунин бахту саодат насиби мардуми мо гардид. Оромии вазъ барои сокинони ноҳия осудагиро насиб гардонд ва умеди онҳоро ба оянда мустаҳкам кард. Агар меҳмонон ба ноҳияи Рашт биёянд, дар баробари дастовардҳо ва корҳои ободонии ноҳия шоҳиди он мегарданд, ки имрӯз Рашт яке аз минтақаҳои амнтарин ба шумор меравад ва мардум танҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ машғул буда, барои дар ҳаёт татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат содиқонаву самимона заҳмат мекашанд.

Ваҳдати миллӣ бузургтарин неъмат барои миллат аст. Ваҳдат муқаддастарин вожа аст, ки сокинони кишвари мо баъди дидани ҳама даҳшату бесомониҳо дарк кардаанд. Маҳз ваҳдат метавонад барои инсонҳо дастовардҳои бузургро насиб гардонад. Ваҳдат — ин ба ҳам омаданҳо, аз қатра ба дарё табдил ёфтанҳо, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ, таъмини умри дарози истиқлолият ва пойдории давлат аст. Ва мо ҳар яке муваззаф ҳастем, то барои ваҳдати миллӣ ба қадри тавон кореро анҷом диҳем.

Сулҳ ҳамранги баҳор аст ва барои ҳар хонадон таровату ҳаловати тозае инъом менамояд. Сулҳ барои ҳар фарди диёри мо шодию хурсандӣ меорад. Сулҳ ба кишвар қадам мегузораду хандаи беғамонаи тифлакони дунёбехабар хонаҳоро пур мекунад. Пас ҳар кадоми мо муваззаф ҳастем, ки барои пойдории сулҳ дар кишварамон саҳме гузошта бошем.

Аммо имрӯз ҳам каҷназарон, ҳасудон ва бегонапарварон бар онанд, ки Пешвои миллат ва дигар фарзандони миллатдӯсти кишвар барои халқ кореро анҷом надодаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ барои бадном кардани фарзандони фарзонаи миллат дурӯғпароканӣ мекунанд. Бо суханҳои таҳқиромез мехоҳанд ба дигарон таъсир расонанд. Он хонашерони майдонғариб намедонанд, ки Тоҷикистон дар тӯли бистунуҳ соли сипаригардида чунон рушд ёфтааст, ки таърих чунин пешравиро дар ягон мамолики олам ёд надорад. Натанҳо маркази мамлакати тоҷикон, балки ба кадом гӯшаи ин кишвар наравем, нишони пешравӣ ва дастовардҳоро мебинем. Дар мамлакат сулҳу оромӣ ҳукмфармост. Сокинони мамлакат осудаҳолона пайи дар ҳаёт татбиқ намудани Барномаҳои пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон софдилонаву самимона заҳмат мекашанд. Тамоми мардум аз зиндагии осудаву ором розӣ буда, Пешвои миллатро дӯст медоранд.

Масъалаи сохтмони силсиланерӯгоҳҳо дар дарёи Вахш яке аз масъалаҳои муҳим мебошад, ки маҳз бо талошҳои Пешвои муаззами миллат амалӣ шуда истодааст. Пӯшида нест, ки баъди соҳиб гардидан ба истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар мушкилот норасоии нерӯи барқ дар кишвари мо хеле хуб эҳсос карда мешуд. Ҳатто муддате дар давоми сол таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ғайриимкон гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ақлу хиради худододаш тавонист роҳи аз байн бурдани ин мушкилотро низ пайдо намояд. Яъне сохтмони чанд нерӯгоҳи хурду бузург имконият фароҳам меоварад, ки чандин масъала дар як вақт ҳал гардад. Пеш аз ҳама таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ дар тамоми фаслҳои сол, ташкил намудани ҷойҳои нави доимии корӣ барои сокинони мамлакат, ба низом овардани саноаткунонии мамлакат, ғанӣ гардонидани буҷаи мамлакат аз фурӯши барқи зиёдатӣ ва ғайра.

Мову шумо шоҳид будем, ки танҳо ба истифода додани ду чархаи нерӯгоҳи “Роғун” то ҷое мушкилоти мавҷударо аз байн бурд. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки ба анҷом расонидани сохтмони НБО-и “Роғун” барои тезонидани дигар сохтмонҳо имконият фароҳам меорад, зеро дар сохтмони мазкур садҳо мутахассисон обутоб ёфта, ба воя мерасанд ва онҳо минбаъд метавонанд чун мутахассисони таҷрибаандӯхта дар бунёди нерӯгоҳҳои дигар саҳми сазовор гузоранд.

Дар ноҳияи Рашт дар масъалаи ҷоннок намудани кор дар самти сайёҳӣ  чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Бо мақсади таблиғи имкониятҳои сайёҳӣ сомонаи ноҳия таҳия гардида, маводҳои иттилоотии сайёҳӣ тавассути он пайваста нашр карда мешаванд. Дар баробари ин, таблиғи мавзеъҳои сайёҳии ноҳия тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Инчунин бо мақсади рушди минбаъдаи соҳа ва муайян намудани имкониятҳои сайёҳӣ бо қарори раиси ноҳия аз 1-уми июни соли 2018, №365 “Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2018-2020” қабул гардидааст. Ҷиҳати иҷрои банди 3-и Нақша-чорабиниҳо бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми марти соли 2019, №АП-1170 тасдиқ гардидааст, харитаи сайёҳии ноҳия омода карда шуда, дар яке аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳия — “Чашмаи шоирон” воқеъ дар даромадгоҳи ноҳия насб карда шуд. Айни замон дар ноҳия 3 меҳмонхона, 2 ҳомстей, 1 хостел, 1 маркази итилоотӣ, 2 осорхона, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 боғи ботаникӣ ва 1 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки дар рушди сайёҳӣ заминаи мусоид мегузоранд. Барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ пеш аз ҳама лозим омад, ки мавзеъҳои сайёҳии ноҳияро муаррифӣ намоем. Роликҳои рекламавӣ тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар ба намоиш гузошта шуда, барномаҳои махсуси сайёҳӣ аз тарафи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон таҳия ва намоиш дода шуданд.

Дар ноҳияи Рашт мавзеъҳои нодир кам нестанд. Дараҳои хушманзари Камароб, Тагоба, Қалъанак, Ҷафр, Ҳиҷборак, Ясман, Ҳоит ва даҳҳои дигар бо манзараҳои дилфиреб, гиёҳҳои шифобахш, рӯду кӯлҳои мусаффо, мардуми меҳмоннавоз ва дигар хусусиятҳояшон шуҳратёб гардида, ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ аз ин мавзеъҳо дидан менамоянд. Ҳамасола аз дараи овозадори Камароб сайёҳони зиёд дидан менамоянд. Манзараҳои дилфиреб, шаршараҳо, оби шифобахши Пингон, шикоргоҳҳо, кони ангишти Кафтархона, дарахтони гуногуни табиӣ, ҳайвонҳои ваҳшӣ ва парандагони гуногун диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд.

Парваришгоҳи давлатии “Камароб” соли 1960 дар назди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия таъсис дода шудааст, ки ҳудуди он зиёда аз 10 ҳазору 500 гектарро ташкил медиҳад. Мақсади асосии фаъолияти он парвариши гулмоҳӣ, хирси малла ва бузи куҳӣ мебошад. Парваришгоҳ дорои зиёда аз 23 намуди паранда ва 350 намуди гиёҳҳои шифобахш мебошад.

Дар ҳудуди деҳоти Ҳоит сайёҳон бо нишонаҳои заминларзаи бузурги соли 1949, ки ноҳияи Ҳоитро батамом нест намуд, шинос мешаванд. Ошноӣ бо оромгоҳи аввалин муаллимаҳо ва дигар поягузорони давлати Шӯравӣ дар Ҳоит низ аз мадди назар дур нестанд. Дараҳои Ясманд, Назарайлоқ ва Шавр ҷойҳои тамошобоб ва шикоргоҳҳои мувофиқанд. Дараи Шавр, ки аз саргаҳ то охираш бисту як километрро ташкил менамояд, бо анвои растаниву дарахтони гуногуни мевадиҳандаю бесамар аз гузаштаҳо мерос монда, Оби сафед, ки аз ин мавзеъ мегузарад, макони гулмоҳии зебои Рашт мебошад. Дар ин мавзеъ канданиҳои зиёди фоиданок дар синаи куҳе, ки дар дараи Пиёзӣ ҷойгир аст, нуҳуфтаанд. Тибқи нишондоди мутахассисон, шумораи канданиҳои фоиданоки дараи Пиёзӣ на кам аз 24 намуд мебошанд. Ба хотири шаҳидони заминларза дар даромадгоҳи Ҳоит ёдгории таърихии муҷассамаи “Модар” сохта шудааст.

Дар ҳудуди деҳоти Тагоба дараи хушманзари Хуҷашамсиддин воқеъ аст, ки дорои шумораи ҳайвоноти зиёд буда, макони беҳтарин барои шикор аст. Дар ин мавзеъ барои қабули сайёҳон бошишгоҳи замонавӣ сохта шудааст. Дараи Хуничи деҳоти Қалъанак бо таърихи худ барои сайёҳон ҷолиб аст. То заминларзаи 1949 дар ин мавзеъ 13 деҳа буд ва мардуми зиёд кору зиндагӣ мекарданд. Ин дара имрӯз як шикоргоҳ ва тамошогаҳи дилпазир аст. Дараи Ҷафр яке аз мавзеъҳои зебоманзари ноҳияи Рашт ба шумор рафта, ҳамасола аз маконҳои фарҳангию фароғатӣ ва табиати дилфиреби он сайёҳон дидан менамоянд. Дар ин мавзеъ бо ташаббуси деҳқони асил Мирзошоҳи Акобир ҳанӯз соли 1988 боғи ботаникӣ-фарҳангии «Кӯҳсори Аҷам»ташкил карда шудааст. Дар боғи мазкур осорхонаи кишваршиносӣ, маркази ҳунармандӣ, меҳмонхонаи миллӣ, бахши замбӯрпарварӣ таъсис дода шудааст, ки сайёҳон бо таъриху фарҳанги мардуми куҳистон шинос шуда, аз маҳсулоти дастии ҳунармандон, гиёҳҳои шифобахш, асали тозаи гиёҳҳои куҳистон харидорӣ менамоянд. Дар заминаи боғи ботаникӣ дар дараи Ҷафр “Парки себ” бунёд гардидааст, ки хело ҷолиб ва беназир буда, барои сайругашти сайёҳон муносиб мебошад.

Ҳунармандони ноҳия дар ҳама давру замон бо санъати хеш машҳур буданд. Дар ин диёри куҳсор ҳунарҳои гулдӯзӣ, оҳангарӣ, бофандагӣ, заргарӣ, табақтарошӣ, кулолгарӣ, намадмолӣ, дуредгарӣ ва ғайра шуҳрат доранд. Кадбонуҳои раштӣ ҳунари хуб дошта, ғизоҳоеро тайёр менамоянд, ки хоси ин мардум мебошанд. Талқон, далда, оши борик, оши тупа, умочи бо дӯғ, умочи бо шир, кочӣ, умочи бо ров, кашки сабз, кашки бо сару поча, шакароб, қурутоб, фатирмаска, се намуди суманак, ширкаду, кадуи тагаловӣ, кадушӯрбо, карамшӯрбо, наскпиёба, нахӯдпиёба, тухмпиёба, қорчбирён, моҳибирён, зардолушӯрбо, ҳалвои сурхак, ҳалвои сафедак, нашоиста, ширбат, туршак, рӯғанбат, ордбирён, моделова ва ғайра аз ҷумлаи ғизоҳое мебошанд, ки тӯли асрҳо дар ин водӣ сокинонаш тайёр менамоянд. Нонпазӣ низ аз ҳунарҳои маъмули занҳои раштонзамин мебошад. Гирдача, кулча ва чапотии ин диёр ба куллӣ аз дигар нонҳои мардуми Тоҷикистон тафовут доранд ва калонҳаҷму болаззат мебошанд.

Дар Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми кишварро саноаткунонии босуръати мамлакат эълон намуданд. Дар ин замина, дар Рашт низ барои рушди соҳаи саноат кор идома дорад. Дар соли сипаригардида ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатии ноҳия 50 миллиону 322,5 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21 миллиону 684,4 ҳазор сомонӣ ё 75,7 фоиз зиёд мебошад.

Чунон ки болотар гуфтам, дар давоми соҳибистиқлолии Тоҷикистон ноҳияи Рашт ба дастовардҳои беназир соҳиб шуд. Комёбиҳо он қадар зиёданд, ки агар соатҳо дар атрофи онҳо сухан гӯем, суҳбатамон анҷом намеёбад. Танҳо ҳаминро зикр мекунам, ки комёбиҳои мо дар муқоиса бо ҳафтод соли давлатдории Ҳукумати Шӯравӣ бештару хубтаранд.

Дар соли сипаригардида нақшаи даромади буҷети ноҳия бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 68 миллиону 119 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, 67 миллиону 860 ҳазор сомонӣ ё 99, 6 фоиз иҷро гардид, ки нисбат ба нишондоди соли 2018 ба маблағи 8 миллиону 419,8 ҳазор сомонӣ ё 14,1 фоиз зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади худии буҷети маҳаллии ноҳия дар соли 2019-ум 103 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 23 миллиону 300 ҳазор сомонии ба нақша гирифташуда ба буҷети маҳаллӣ 23 миллиону 935 ҳазору 503 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 635,5 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба соли 2018-ум 5 миллиону 895 ҳазору 355 сомонӣ зиёд мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо соҳибкорон таъкид карданд: “Ман ба қобилияти соҳибкорони имрӯза дар самти васеъ намудани истеҳсолоти саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат, зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти ниҳоӣ ва бо ҷалби технология­ҳои пешқадам ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии истеҳсолот итминон дорам ва бори дигар изҳор менамоям, ки Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузоронро ҳамеша дастгирӣ мекунад”. Дар ноҳияи Рашт аз ин суханони Пешвои муаззами миллат илҳом гирифта, ба масъалаи рушди соҳибкорӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Айни ҳол шумораи соҳибкорони хурду миёна ба 4007 нафар расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 255 нафар ё 4,8 фоиз зиёд мебошад. Аз ин шумора 527 нафар соҳибкорзанҳо мебошанд.

Соли гузашта аз ҳисоби соҳибкорон ва бахши хусусӣ дар 87 иншоот зиёда аз 25 миллиону 450 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шуда, аз ин ҳисоб 78 иншоот ба истифода дода шудааст. Ба воситаи филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳияи Рашт ташкил намудани курсҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ дар ҳама ҷамоатҳои шараку деҳот ба нақша гирифта шуда, курсҳои омӯзиши ҳунарҳои адрасбофӣ, қаннодӣ ва қуроқдӯзӣ ташкил карда шудаанд.

Мехостам як нуктаро ёдовар шавам, ки дар ноҳия соҳибкорони ҷавонмарду саховатманд сол то сол зиёд мешаванд. Боиси ифтихор ва хурсандист, ки Пешвои муаззами миллат номи яке аз соҳибкорони номдори ноҳияи моро, ки дар корҳои ободонӣ ҳамроҳи фарзандонаш саҳми сазовор мегузорад, дар Паёми навбатиашон ёдрас шуданд: “Масалан, Бобоҷонов Муҳиб — сокини 80-солаи ноҳияи Рашт якҷо бо фарзандонаш соли гузашта 42 километр ва имсол 16 километр роҳро азнавсозӣ карда, толори варзиш, пул, чоҳҳои обкашӣ ва чор хонаи истиқоматӣ барои маъюбон ва оилаҳои камбизоат сохта, ҳоло ба масофаи 10 километр хати оби нӯшокӣ кашида истодааст ва мақсад дорад, ки дар шаҳри Душанбе як корхонаи бузурги нассоҷӣ бунёд намояд”.

Ин қадрдонии Пешвои муаззами миллат дигар соҳибкорони ноҳияи моро водор менамояд, ки дар пайравӣ ба Сарвари давлат дар корҳои созандагию ободонӣ бештар аз пештар саҳм гузоранд.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба пешвози ҷашни сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2019-2020 дар ҳудуди ноҳия сохта ба истифода додани 12 адад корхонаи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло корхонаҳои мебелбарорӣ, истеҳсоли хишти пухта, масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли макарон ва хӯроки чорво, дӯзандагӣ дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд.

“Барномаи рушди иҷтимою иқтисодии ноҳия дар соли 2017-2020” 95 лоиҳаро дар бар мегирад ва маблағи умумии лоиҳаҳои мазкур 240,3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла 30 лоиҳа ба маблағи 50,2 миллион сомонӣ ба соҳаҳои иқтисодӣ, 28 лоиҳа ба маблағи 137,9 сомонӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, 4 лоиҳа ба маблағи 5,3 миллион сомонӣ ба соҳаҳои ҳифзи муҳити зист ва ҳолати фавқулодда, 24 лоиҳа ба маблағи 45,2 миллион сомонӣ ба соҳаҳои инфрасохтор ва 9 лоиҳа ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ ба бахши таъминоти захиравӣ рост меояд. Дар марҳилаи амалишавӣ тибқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар 32 иншоот корҳои сохтмониву барқарорсозӣ идома ёфта, дар ҳаҷми зиёда аз 83 миллион сомонӣ корҳо иҷро карда шудаанд.

Бо боварӣ гуфта метавонам, ки дар ояндаи наздик бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар Раштонзамин бунёди корхонаҳои саноатӣ ба роҳ монда мешавад. Бунёди силсиланерӯгоҳҳо дар ин минтақа шароит фароҳам меорад, ки бо мақсади коркарди захираҳои табии хоми дар синаи куҳҳо хобида корхонаҳои саноатӣ бунёд шаванд.

Айни ҳол ҷиҳати таъмини иҷрои барномаҳои қабулгардидаи соҳаи саноат аз ҷониби аъзои Шӯрои машваратӣ оид ба тартиби таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ семинару вохӯриҳо ташкил карда мешаванд. Тибқи нақшаи тасдиқшуда то соли 2025 дар ҳудуди ноҳия ташкил намудани зиёда аз 22 корхонаву коргоҳҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Инсон дар зиндагӣ ҳамеша барои худ идеал дорад ва барояш он муқаддасу азиз аст. Аз таҷрибаи андӯхта хуб медонам, ки идеали мардуми Раштонзамин зиндагиномаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Сокинони шарифи Рашт мардуми заҳматкашу ватандӯстанд. Барои онҳо вожаи “Ватан” дар ҳама давру замонҳо муқаддас буду ҳаст. Маҳз Пешвои муаззами миллат тавонист барои онҳо зиндагии шоиста, кишвару ободу зебо ва сулҳу амониро муҳайё намояд. Бузургтарин неъмат вазъи орому осудагии мамлакат аст ва раштиён барои ба даст овардани он шабу рӯз шукрона мекунанд ва барои ободонии мамлакат дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззам зиндагӣ мекунанд.

Ҳамин тариқ гуфта метавонам, ки дигар идеалҳои ин мардум дӯстӣ, бародарӣ, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу амонӣ, ваҳдат, худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, Тоҷикистон ва ғайра мебошад.

Ман итминони комил дорам, ки дар ояндаи наздик зиндагии мардуми Раштон боз ҳам хубтар мегардад. Сохтмони силсиланерӯгоҳҳо имконият медиҳанд, ки корҳои ободонӣ дар ин гӯшаи Тоҷикистони азиз рушд ёбанд.

Таҳияи Саидмурод САИДОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here