Китоби таҳиякардаи Давлатҷон Муҳиддинов — «Пешвои миллат — абармарди арсаи сиёсат», ки бахшида ба 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ бо дастгирии раиси шаҳри Турсунзода ба чоп расидааст, имрӯзҳо хонандагони зиёдро ба худ ҷалб намудааст. Ба хотири бештар ошно сохтани хонандагон бо муҳтавои ин китоби арзишманд, тасмим гирифтем сарсухани онро ба нашр расонем.
Дар таърихи давлатдориҳои олам шахсиятҳои бузурги сиёсатмадор ва сарварони хирадманде маълуму машҳур ва маъруфанд, ки бо санъати идоракунии мамлакати худ ва бунёд намудани як ҷомеаи ободу амну пешрафта, ки ҳадафи ниҳоии он зиндагии шоиставу накӯ ва масарратомезу шукуфони мардум ба шумор меравад, нақши муассиру мондагор гузоштаанд. Ин гуна давлатдорон, ки ҳомии озодию рӯзгори хушу хуррамонаи мардуми хеш буданд, баҳри рушду тараққӣ ва пойдории мамлакати худ талошҳои хастанопазир ва ҷонбозиҳо кардаанд, ки таърихи башарият имрӯз онҳоро ба некӣ ёд мекунад.
Дар ин росто, дар охирҳои қарни XX ва ибтидои асри XXI дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дигаргуниҳою тағйироти комилан наву бузурге ба вуқуъ пайвастанд, ки самту сӯ ва гардиши чархи замони муосирро куллану ҷиддан дигар кардаанд. Ҷаҳон ба марҳилаи ҷадиду тасаввурнопазири таърихӣ ворид гардид. Ин воқеоту дигаргуниҳо бо зуҳури ногаҳонию ғайримунтазира ва шигифтиҳои худ иддае аз кишвару мамоликро бо кашмакашу муқовиматҳои сиёсӣ ва буҳронҳои иқтисодӣ рӯ ба рӯ намуд, ки аз ин жарфнои фалокатомезу хатарнок раҳоӣ ёфтани онҳоро мушкил гардонд.
Сухан сари фоҷеаи сиёсии бесобиқа дар таърихи кишвардории олам — фано ва завол ёфтани давлати абарқудрати Шӯравӣ, ки 70 сол арзи ҳастӣ намуда буд, меравад. Ин рӯйдоди ғулғулаафкану ҳангомасози аср чоҳи амиқеро пешорӯйи халқияту миллатҳои ин мамлакати замоне абарқудрату тавоно ва нерӯмандтарини ҷаҳон ба зуҳур овард, ки ҷаҳидаву гузаштан аз он заҳмати фаровони ақлию зеҳнӣ, донишу матонат, хираду дурандешӣ ва идораву азхудгузаштанҳоро аз сарварони собиқ ҷумҳуриҳои ба истилоҳ “сотсиалистӣ” талаб мекард. Навмедию руҳафтодагӣ, тарсу изтироб аз ояндаи кишварҳояшон миллатҳои як вақт ба ҳам дӯсту бародар ва дар оилаи ягона сабзидаву ба камол расидаро фаро гирифт. Табиист, ки аз ин тундбоди шубҳаву гумонҳо, ҳаросу ноумедиҳо ва сарафкандагию дар аъроф монданҳо миллати тоҷик низ дар канор намонд.
Падидаи муаззамтарин ва гаронарзиштарини таърихӣ дар радифи дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ба мардуми тоҷик насиб гардид, ки он ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мерафт. Аммо ғайричашмдошт ва интизориҳое, ки мардуми меҳнаткаш аз ин воқеаи бузурги замон доштанд, бо дасисаю иғвои неруҳои ҷудоихоҳи берунию дохилӣ кишвари кӯчаки Тоҷикистон ба ҷанг гирифтор шуд, ки пайомаду фалокат ва даҳшату фоҷеаҳои ба амал омадаи он солҳо ногуфтаю тасвирнокарда буданд!
Маҳз дар чунин як вазъи хатарбор, ки мамлакат дар моварои “будан” ё “набудан” қарор дошт, фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суккони давлатдориро ба даст гирифт. Вале сарварӣ дар он айёми печидаву мураккаб саҳлу осон набуд. Ҷонфидоӣ, матонат ва аз худ гузаштанро талаб мекард вазъияти пурхатару пуршиддати муборизаю муқовиматҳо! Ва Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдорию бақои кишвар на ҳамчун як сиёсатмадор, балки ба ҳайси фарзанди деҳқон, парвардаи обу хоки ин диёр, ба сифати инсони хоксору муқаррарӣ, ки тиннату ботини софу пок дошт, бо андешаи наҷоти кишвар ва фароҳам овардани шароити боамну рифоҳ баҳри зиндагии осудаҳолонаи мардум камари ҳиммат баста, ба қавле “дил ба дарё ва ҷон ба вартаи бало” зада, аз пайи таҳкиму сулҳу субот ва ба каф овардани ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии мамлакат талош варзиданд.
Мусаллам аст, ки масъалаи аввалиндараҷаю асосӣ ва ҳалкунанда, ки барои тараққиёти минбаъдаи мамлакат ва пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ҳалли мусбати онҳо нақши бузург мебозанд, ин ҳамоно мавҷуд будани шароити созгор, сулҳу оромӣ ва тинҷию амонӣ дар кишвар ба ҳисоб мерафт. Ва Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сараввал вазифаю рисолати инсонии хеш медонист, ки сулҳу амониро дар ҷумҳурӣ таъмин намояд, мардуми азияткашидаро аз гирдоби ҷанги “девонавори бунёдсӯз” (таъбири устод Лоиқ Шералӣ) берун кашида, онҳоеро, ки аз таҳдиду таъқиби яроқбадастони хуношом ба хоки Афғонистон фирорӣ шуда буданд, ба сарзамини аҷдодияшон баргардонад. Ва чунонки хирадмардони боҷасорат ва сиёсатмадори соҳибистеъдодро мебояд, муҳтарам Сарвари муаззами мамлакат ин рисолати таърихии хешро бо сари баланд иҷро намуд. Албатта, баҳри амалӣ намудани ин ҳадафҳои воқеан ҳам олӣ ва некбинона Сарвари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаҳои зиёди мадорову муросоро пушти сар намуда, борҳо бо сардорони гуруҳҳои мусаллаҳ ва мухолиф мулоқотҳои судманд анҷом дода, ба он комёб шуд, ки сулҳу ваҳдати сартосариро дар сарзамини ҷангзадаи мо пурра таъмин намояд.
Инак, бо гузашти солҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати пешрафтаю тараққикарда ва дар ҳама ҷабҳаҳои хоҷагии халқ ба комёбиҳои беназир ноилгардида табдил ёфтааст. Дар ҳамаи ин пешравиҳо нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу мондагор аст. Китобе, ки пешниҳоди хонандагони гиромӣ мегардад, маҳз корномаю мубориза ва заҳматҳои бешумори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бар мегирад. Дар мақола ва матолиби муаллифон паҳлуҳои гуногуни фаъолияти муассири Пешвои миллат воқеъбинона ва бо самимияти баланди ватандӯстона бозтоб ва инъикоси худро ёфтааст.
Дар воқеъ, хидматҳои арзандаю таърихии Сарвари муаззами мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиқи садҳо ҷилд китобу рисолаҳои пурмуҳтаво мебошанд.
Абдуқодир ВАЛИЗОДА, раиси шаҳри Турсунзода