Ҳайати эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин навбат ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафар намуда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии он шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассали роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ Саиди Ҳайдар маълумот оид ба дастовардҳои шарафмандони ноҳияи Панҷ дар нуҳ моҳи соли 2019 манзури хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардад.

Фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Панҷ ба таъмини волоияти Қонун, риояи талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона гардида, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳ кардани сатҳу сифати зиндагии мардум ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ медиҳад. Дар ин роҳ и.в. раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер собитқадам буда, кӯшиш мекунад, ки бо дастгирии мардуми меҳнатдӯсти ноҳия корҳои ободонӣ вусъати тоза бигиранд.

Вазъи иҷтимоию иқтисодӣ

Мувофиқи маълумоти Раёсати молия ва нозироти андоз, нақшаи даромади буҷети ноҳияи Панҷ дар нуҳ моҳи соли 2019 ба маблағи 20630,4 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, ба буҷет 19139,1 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки 93 фоизи нақша буда, нисбати нақшаи пешбинигардида 1491,2 сомонӣ кам ва нисбати ҳамин давраи соли 2018 бошад, 217,5 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия маблағҳои мақсаднок (субвенсия) 15372 ҳазор сомонӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои мақсадноки вилоятӣ ба маблағи 1718,5 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст, ки 87 фоизи нақша мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 92 фоиз иҷро карда шуда, нақшаи нуҳмоҳаи соли 2019-ум 38136,5 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 35089,7 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз он ҷумла, ба сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 88 фоиз, маориф 90 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 97 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 89 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 99 фоиз, фарҳанг 87 фоиз ва кишоварзӣ 83 фоизи нақша маблағгузорӣ гардидааст.

Бақияи қарзи андоз нисбат ба аввали сол 253286 сомонӣ кам карда шудааст.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Тибқи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тариқи «Равзанаи ягона» дар нуҳ моҳи соли 2019 дар миқёси ноҳия 6261 адад субъектҳои соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 148 адад зиёд гардидааст.

Тибқи маълумотҳо, дар нуҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба фаъолияти ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ва соҳибкорон 23705,2 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 1433,2 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 6,4 фоиз зиёд мебошад.

Инчунин, аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорон тариқи бонкҳо дар ин давра 18831,0 ҳазор доллари ИМА интиқол гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 431,0 ҳазор доллар зиёд мебошад.

Айни замон дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии азхудшудаи онҳо 5,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Соҳаи кишоварзӣ

Соҳаи кишоварзии ноҳия рушд ёфта, заҳматкашон дар ҳамаи бахшҳо нишондиҳандаҳои баландӣ истеҳсолӣ ба даст овардаанд. Дар давоми нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳо ба 455729,5 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 71,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра 2 хоҷагии ҷамоавӣ, 5015 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва 42 хоxагиҳои деҳқони ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар майдони 19264 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4036 гектар зиёд мебошад. Аз ин 7276 гектар ғалла ва лӯбиёгиҳо, аз ҷумла 5527 гектар гандум, 1104 гектар ҷав, 180 гектар лӯбиёгиҳо, ҷуворимаккаи дон бошад, дар 463 гектар кишт гузаронида шудааст. Инчунин, 6500 гектар пахта, 400 гектар полезиҳо, 1450 гектар картошка, 1244 гектар сабзавот ва 2139 гектар хӯроки чорво рост меояд. Нисбати соли гузашта кишти ғалладонагиҳо 69,6 фоиз, картошка 37,1 фоиз, сабзавот 27,3 фоиз афзоиш ёфта, кишти пахта баробари соли гузашта мебошад.

Аҳамияти соҳаи боғу токпарвариро мардуми ноҳия муҳим шуморида, барои амалӣ гаштани дастуру супоришҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Рахмон дар хусуси ҳарчи бештар тараққӣ додани он ҷидду ҷаҳд карда истодаанд. Боғҳои дар давоми амали Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар майдони 600 га бунёдкардашуда ва боғҳои пешин дар ҳолати хуби нашъунамо қарор доранд, ки истеҳсоли мева дар ин давра 9930 тоннаро ташкил дода, нисбати соли гузашта 720 тонна зиёд мебошад.

Корҳои муайяне оид ба беҳтар гардидани ҳолати мелиоративии заминҳои корам ба амал бароварда шуда истодаанд. Ҳамзамон, таъмиру барқарорсозии пойгоҳҳои обкашонӣ, тоза намудани шабакаҳои обдиҳии заҳкашҳо, инчунин барқарорсозии иншооти обтақсимкунӣ дар муҳлатҳои муайяншуда ба роҳ монда, давоми соли 2018 ва 9 моҳи соли 2019-ум 40 километр шабакаҳои обтақсимкунӣ, 12,3 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шудааст, ки дар натиҷа ҳолати мелиориативии майдони 102 гектар замин беҳтар гардида, кишоварзони ноҳия пурра бо оби полезӣ таъмин мебошанд.

Пешравиҳои назаррас дар соҳаи чорводорӣ ба даст омадааст. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 2965 тонна гӯшт, 16816 тонна шир, 3268,5 ҳазор донна тухм, 106 тонна пашм, 26 тонна пилла истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 101 то 128 фоиз зиёд аст.

Дар ноҳия 82 фоизи чорво ба хоҷагиҳои шахсӣ тааллуқ дошта, аз 455,7 миллион сомонӣ ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 106,3 миллион сомониашро ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,1 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра саршумори чорвои калон, асп ва моли майда дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ зиёд гардидааст. Аз он ҳайвони калони шохдор 42609 сар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 584 сар зиёд ва моли майда 93133 сар нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 815 сар зиёд гардидааст.

Бо мақсади хушзот гардонидани чорвои ҷамъиятию шахсӣ ва пешгирии бемориҳои ҳайвонот дар ин давра фаъолияти 6 нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ, 8 клиникаи бойторӣ дар ноҳия фаъолият намуда истодаанд.

Дар ҷамоати деҳоти Намуна аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Дарё” Иброҳимов А. барои хушзот намудани чорво фермаи чорводорӣ бо зотҳои Сементалии Олмонӣ ва Шведӣ, зиёда аз 80 сар чорвои калони шохдор, ташкил карда шудааст, ки дар рушду нумуи соҳаи чорводории ноҳия аҳамияти калон дорад.

Ҷиҳати татбиқи амалии Барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯри асалпарварӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.

Хоҷагии парандапарварии Панҷрӯд-5 бо истифода аз технологияҳои муосири пешрафта фаъолияти худро ба роҳ монда, айни замон бо парвариши 15000 сар мурғ дар давраи ҳисоботӣ 1050,0 ҳазор дона тухм ва 28 тонна гӯшти парҳезӣ истеҳсол намудааст.

Давоми нуҳ моҳи соли 2019 дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ саршумори паранда ба 80330 сар ва шумораи оилаҳои замбӯри асал ба 2300 оила расонида шудааст. Барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ноҳия 26 хоҷагии моҳипарварӣ дар майдони 32,9 гектар ташкил карда шудааст, ки давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 6 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст.

Рушди саноат ва энергетика

Бо дарназардошти он, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд, дар соҳаи саноати ноҳия низ соли сипаригардида як зумра корҳои назаррас дар доираи нақшаҳои таҳиягардида амалӣ шудаанд.

Корхонаҳои саноатии ноҳия бештар ба истеҳсоли равғани растанӣ, рег ва сангреза барои сохтмон, маҳсулоти ширӣ, хишти хом, орд ва коркарди нахи пахта машғуланд. Давоми нуҳ моҳи соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 53,8 млн сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,4 млн сомонӣ, ё ин ки 6,9 фоиз зиёд мебошад. Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия аз 7 адад ба 8 адад расонида шудааст.

Дар ноҳия айни замон як корхонаи калони пахтатозакунӣ, як корхонаи равғанбарорӣ, 2 адад коргоҳи шағалбарорӣ, 3 адад сехи наву замонавӣ барои тайёр намудани дару тирезаҳои пластикӣ, 4 адад сехҳои хурди истеҳсолкунии хишту сафолаки сементӣ ва 4 коргоҳи дӯзандагӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолият намуда, дар ин корхонаҳо зиёда аз 120 нафар истиқоматкунандагони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъминанд.

Сохтмон ва меъморӣ

Дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 ба соҳаи сохтмон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 9949,0 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки ҳаҷми ҳамаи маблағгузориҳо аз ҳисоби маблағҳои хусусӣ мебошанд.

Ба маблағи 15408,7 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои хусусӣ ба иситифода дода шудаанд.

Дар масоҳати 6253,0 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1874 метри мураббаъ зиёд мебошад.

Нақлиёт ва алоқа

Дар ноҳия 284,2 км роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла 45,1 км роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 239,1 км аҳамияти маҳаллӣ, 50 адад пулҳо бо дарозии 575 метри тӯлонӣ, 139 адад қубурҳои обгузар бо дарозии 1622,5 метри тӯлонӣ мавриди истифода қарор доранд.

Барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 453,5 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Айни ҳол дар ноҳия 5 адад механизми роҳсозӣ ва 3 нақлиёти автомобилӣ омодаи кор мебошанд. Таъмири 4,5 километр роҳ ба маблағи 535,4 ҳазор сомонӣ, мустаҳкамкунии канори роҳ дар ҳаҷми 6505 метри кубӣ бо маблағи 25338 сомонӣ, таъмири ҷорӣ, тахту ҳамвор намудани ду канори роҳ ба маблағи 34525 сомонӣ, таъмири 9 адад пул ба маблағи 6909 сомонӣ ва дигар корҳои барқарорсозии аломатҳои роҳ амалӣ карда шудаанд.

Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатманд ба маблағи 476 ҳазор сомонӣ 2,1 км роҳ мумфарш, 51,2 километр роҳҳо сангфарш гардидааст. Инчунин, 8 адад пул ба маблағи 91,4 ҳазор сомонӣ таъмиру навсозӣ карда шудаанд.

Хизматрасонии коммуналӣ ва обтаъминкунӣ

Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия дар ин давра ҳаҷми хизматрасонии пулакиро ба 81,7 ҳазор сомонӣ расонидааст. Дар ноҳия 19 адад партовгоҳҳои муваққатӣ таъмир карда шуда, партовҷамъкунӣ дар ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишин ташкил карда шудааст.

Корхонаи коммуналӣ дар ин давра 482 шартнома бо аҳолӣ, 252 шартнома бо мағоза ва 198 шартномаи дигар бо 32 ташкилоту муассисаҳо баста, ба онҳо хизмати коммуналӣ мерасонад.

Аз тарафи Корхонаи давлатии фаръии “Обу канализатсия”-и ноҳия бошад, дар ҳаҷми 557,9 ҳазор метри кубӣ оби нӯшокӣ истеҳсол карда шудааст, ки ин 97 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил мекунад. Корхонаи мазкур маблағи пешбининамудаи ҳаққи хизматрасонии обро 83 фоиз таъмин намудааст.

Таъмини оби ошомиданӣ ба аҳолии деҳаи Коммунизми ҷамоати деҳоти Намуна ба маблағи 8,8 милион сомонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Танзими бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ яке аз самтҳои муҳимтарину афзалиятноки сиёсати давлату ҳукумат маҳсуб мешавад. Дар давраи сипаригардида ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 1035 нафар шаҳрвандон доир ба масъалаи шуғл муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора 367 нафараш зан мебошанд. Дар нуҳ моҳи соли 2019 аз теъдоди умумии муроҷиаткунандагон 449 нафар корҷӯён бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд. Давоми нуҳ моҳи соли равон 11 маротиба доир ба масъалаи шуғл ярмакаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шудааст, ки дар ин ярмаркаҳо 140 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Инчунин, 70 нафари дигар бо корҳои мавсимӣ таъмин карда шудаанд. Ҳамзамон, дар ин давра 185 нафар ҷавонон ба омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, кафшергарӣ, қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ ва зардӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Барои рушди соҳибкорӣ ба 25 нафар шахсони бекор 95,9 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 334 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.

Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандони ноҳия 765,1 сомониро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 97,9 сомонӣ зиёд аст ва суръати афзоиш 114,7 фоизро ташкил медиҳад.

Қарзи музди меҳнат 36,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,1 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст. Қарзи музди меҳнат асосан аз ҳисоби идораи давлатии бехдошти замин ва обёрии ноҳия боқӣ мондааст.

Мувофиқи маълумотҳои бахши Хадамоти муҳоxирати ноҳия, муҳоҷирони меҳнатие, ки аз ноҳия дар хориҷа қарор доранд, ҳамагӣ 6769 нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1759 нафар кам мебошад. Аз он 6582 нафараш мард ва 187 нафар занҳо мебошанд.

Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ шумораи умумии нафақахӯрон дар ноҳия 9051 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 381 нафар зиёд гардида, аз он гирандаи нафақаи меҳнатӣ 7904 нафар ва гирандаи нафақаи иҷтимоӣ 1147 нафар мебошанд.

Талаботи нафақаи нафақахӯрон дар як моҳ 2,6 млн сомониро ташкил дода, дар давоми нуҳ моҳи соли равон ба 23,4 млн сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 млн сомонӣ зиёд буда, ҳисоби миёнаи нафақаи ноҳия дар як моҳ 273,54 сомониро ташкил медиҳад.

Соҳаи маориф ва илм

Дар 52 муассисаи таълимии ноҳия 26210 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 1904 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд. Аз ин шумора 1205 нафар зан, 1051 нафар бо маълумоти олӣ, 240 нафар олии нопурра, 515 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 98 нафар ғоибхони коллеҷҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолият доранд. Дар ноҳия ҳамчунин 6 муассисаи таҳсилоти томактабии мустақил ва 1 филиали муассисаи таълимии томактабии №3 фаъолият карда, шумораи тарбиятгирандагон дар ин муассисаҳои томактабӣ 692 нафар буда, дар 17 маркази инкишофи кӯдак 28 гуруҳ ташкил карда шуда, иловатан 321 нафар кӯдакон, ҷамъ 1013 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 1416 нафар хатмкунандагон ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд, ки 75,5%-и шумораи умумии хатмкунандагонро ташкил медиҳад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 950 ҷуфт мизу курсӣ, 36 адад тахтаи синф, 20 адад ҷевони китобмонӣ ва 20 адад мизи омӯзгорӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас гардидааст.

Тандурустӣ ва кор бо занон

Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ барои ҳифзи саломатии омма Беморхонаи марказии ноҳиявӣ бо 546 кат, маркази саломатии ноҳиявӣ бо 100 қабул дар як баст, 12 марказҳои саломатии деҳот бо 285 қабул дар як баст, 32 бунгоҳҳои тиббӣ, маркази ёрии таъҷилиӣ, 4 адад беморхонаҳои рақамӣ бо 160 кат, як маркази зидди бемориҳои сил бо 30 кат, солимии репродуктивӣ, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, ташаккули тарзи ҳаёти солим, эмтаъминкунӣ, мубориза алайҳи СПИД, Маркази назорати санитариву эпидемиологӣ, дармонгоҳи дандонпизишкӣ ва дорухонаи марказӣ фаъолият намуда истодаанд.

Шумораи умумумии кормандони соҳаи тиб дар ноҳия 896 нафарро ташкил дода, дар муассисаҳои тандурустӣ 155 нафар духтур, ки аз ин шумора 64 нафар бо категорияи олӣ ва 294 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд, ки ба 752 нафар аҳолӣ як духтур ва ба 405 нафар аҳолӣ як корманди миёнаи тиб рост меояд.

Дар ин давра ҳамагӣ 5 ҳазору 134 нафар бемор бистарӣ карда шудааст, ки аз ин шумора 3 ҳазору 128 бемор ҷавоб дода шудаанд. Шумораи умумии фавтидагон 37 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 33  нафар кӯдаки то синни 5-сола мебошанд.

Шумораи умумии занҳо дар ноҳия 58902 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 26520 нафарашон қувваи қобили меҳнат буда, 124 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият менамоянд.

Соҳаи фарҳанг

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 33 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 19 китобхонаи оммавӣ, 13 муассисаи клубӣ, 1 боғи фарҳангӣ, 1 мактаби мусиқии бачагона фаъолият намуда истодаанд. Муассисаҳои фарҳангии ноҳия 435 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузаронидаанд, ки дар онҳо зиёда аз 5100 нафар одамон иштирок карданд.

Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Шумораи умумии ҷавонон 43360 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 22750 нафар занону духтарони ҷавонанд. Теъдоди варзишгарон 2115 нафар аз рӯи 9 намуди варзиш буда, шумораи майдонҳои варзишӣ 154  адад, аз ҷумла майдонҳои футбол 22 адад, толорҳо 20 адад мебошанд.

Дар ноҳия 44 мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуданд, ки 7 нафар ғолибон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ 25 нафар иштирок намуданд. Тими футболбозони ноҳия дар Лигаи якуми ҷумҳурӣ ширкат намуда, дар байни дастаҳо ҷойи 3-юмро ишғол намуд.

Дар ноҳия чорабиниҳои “Дави миллӣ”, вохӯриҳо бо ҷавонони фаъол, ҳамоишҳо дар мавзуҳои “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, пешгирии нашъамандӣ, шомил нашудан ба гуруҳҳои ифротӣ гузаронида шуданд.

Дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Панҷ корҳои сохтмонӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳия, азнавсозӣ ва таъмини таҷҳизоти замонавӣ дар корхонаи шири ноҳия, сохтмони корхонаи обҳои ташнашикан, сохтмони хонаи истиқоматии панҷошёна, сохтмони бинои гузаргоҳ ва толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия идома дорад.

Муроҷиати шаҳрвандон

Дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 2541 шаҳрванд тариқи хаттӣ ва 696 нафар тариқи шифоҳӣ муроҷиат намудаанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 11-то  ба воситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва 16-то ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ ба 2532 нафар муроҷиат ҷавоб гардонида шуда, 9 муроҷиат дар арафаи баррасӣ қарор дорад.

Омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият

Бо мақсади омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва Нақша-чорабиниҳои он таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Тибқи Нақша-чорабиниҳо дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёду таъмири 192 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар давоми нуҳ моҳи соли 2019-ум 72 иншоот ё 37,5 фоизи онҳо сохта ба истифода дода шудаанд ва дар ин самт корҳо идома доранд.

Иҷроиши Нақша-чорабиниҳо ҳамагӣ дар давраи ҳисоботӣ 33 лоиҳаро ташкил медиҳад, ки баробари 24 фоизи ҳаҷми умумии иншооти дар нақша-чорабинӣ пешниҳодгардидаро дар бар мегирад. Аз ҷумла, шумораи биноҳои маъмурӣ 4адад, майдончаҳои варзишӣ 19 адад, сартарошхонаҳо 10 адад, сохтмони нуқтаи истеҳсоли айнакҳо, Маркази ташхисию табобатӣ ва бунгоҳои тиббӣ 14 адад, мактаб ва боғчаҳои бачагона 9 адад, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва дӯзандагӣ 4 адад, таъмири роҳҳо, пулҳо ва чароғонкунии кӯчаҳо 46 адад, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ 10 адад, бунёди гармхона ва фермаҳои чорводорӣ 4 адад ва таъмири пойгоҳҳои обрасонӣ, хати оби нӯшокӣ 5 ададро ташкил медиҳад.

Ноҳияи Панҷ, ки дар ҷануби кишвар яке аз ноҳияҳои дурдаст ба шумор меравад, маҳз ба туфайли ғамхориҳои ҳамешагӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аллакай симои худро куллан дигар карда, рӯз аз рӯз ободтару хуррамтар гардида истодааст.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here