Ҳайати эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин навбат ба ноҳияи Зафаробод сафар карда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии он шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассали роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ Саиди Ҳайдар маълумот оид ба дастовардҳои шарафмандони ноҳияи Зафаробод дар нуҳ моҳи соли 2019 манзури хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод давоми нуҳ моҳи соли 2019 фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ривоҷу равнақ додани корҳои ободонию созандагӣ ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардум равона намуда, дар ин самт корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

Рушди иҷтимоиву иқтисодӣ

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Зафаробод барои солҳои 2016-2020 бо 106 лоиҳа тасдиқ гардидааст, ки маблағи умумии он 144,2 млн сомониро ташкил медиҳад. Давоми солҳои 2016-2018 ва нуҳ моҳи соли равон аз миқдори умумии лоиҳаҳо 23 лоиҳа иҷро гардида, амалигардонии 40 лоиҳа оғоз шудааст.

Ба санаи 1-уми октябри соли 2019 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 2282 адад аризаю шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон ворид гардида, 2200 адад аризаҳо фаҳмонида шуда, дар муҳлатҳои аз тарафи қонун муқарраркардашуда баррасӣ гардидаанд ва 82 адад муроҷиатҳое, ки муҳлати баррасиашон мавҷуд мебошад, таҳти баррасӣ қарор доранд. Аз рӯи моҳияту муҳтаво аризаю шикоятҳо ба масъалаҳои зерин марбутанд: оид ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 702 адад, таъмин гардидан бо сертификат — 266 адад, оид ба сохтмон — 113 адад, ташкили хоҷагии деҳқонӣ — 410 адад, ташкили хоҷагии ёрирасон — 32 адад, сафари ҳаҷ — 30 адад, расонидани кӯмаки моддӣ ва молиявӣ — 91 адад, қабули иншоот — 188 адад ва дигар масъалаҳо 452 адад.

Давоми нуҳ моҳи соли 2019 аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридгардида 379 адад қонеъ гардонида шуда, ба 21 адад ҷавоби рад гардонида, 1787 муроҷиат фаҳмонида дода шуда, 13 адад аз рӯи тобеият ирсол гардидааст. Инчунин, аз Дастгоҳи иҷроияи Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 адад муроҷиат ворид гардида, тибқи муҳлат баррасӣ карда шудаанд.

Давоми нуҳ моҳи соли 2019 аз тарафи раиси ноҳия 827 адад қарорҳо ба имзо расидаанд.

Даромад ва хароҷоти буҷет

Давоми нуҳ моҳи соли 2019 қисми даромади буҷети ноҳия бо назардошти андози иҷтимоӣ ба қадри 87 фоиз таъмин гардидааст. Нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ бошад, ба буҷети давлатӣ бе дарназардошти андози иҷтимоӣ 23 млн 625 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар ин давра 20 млн 178,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст, ки 85,4 фоизи дурнаморо ташкил намуда, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 85,8 фоиз иҷро шудааст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия ба маблағи 24 млн 335,6 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, ба 85,1 фоиз баробар мебошад. Дар ин давра пардохтҳои бандҳои ҳимояшаванда аз рӯи нақша бо пуррагӣ таъмин гардидааст.

Ба ҳолати 1-уми октябри соли 2019 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ 9 млн 997,3 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин нисбати аввали сол ба маблағи 721,5 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. Аз ин бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ 5 млн 462,1 ҳазор сомонӣ ва андозҳо 4 млн 535,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Музди миёнаи моҳонаи кормандони ноҳия 824,9 сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 84 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 111,3 фоизро ташкил менамояд. Тибқи маълумотҳои оморӣ, ба санаи 1-уми октябри соли 2019 қарзи музди маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ вуҷуд надорад.

Мусоидат ба рушди соҳибкорӣ

Ба санаи 1-уми октябри соли 2019 дар ноҳия 5738 нафар соҳибкорони хурду миёна фаъолият менамоянд. Аз он ҷумла, 286 адад шахсони ҳуқуқӣ, 5452 адад шахсони воқеӣ фаъолият доранд, ки 2413 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Соҳибкории истеҳсолӣ яке аз намудҳои афзалиятнок ба шумор рафта, дар ноҳия зиёда аз 20 адад корхонаҳои саноатии хурду калон ва сехҳои истеҳсолӣ аз тарафи соҳибкорони ноҳия ташкил карда шуда, дар соҳаҳои коркарди пахта, истеҳсоли равған, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти ширӣ, қаннодӣ кору фаъолият намуда, бобати ташкили корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, афшураҳои меваю сабзавот, хушк намудани пиёз, нигоҳдории меваю сабзавот, коркарди пӯсту пашм ва ташкили корхонаҳои парандапарварӣ имкониятҳои фаровон дошта, оид ба ташкили чунин корхонаҳо корбарӣ рафта истодааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давоми нуҳ моҳи соли соли 2019 ба 3809 нафар соҳибкорони хурду миёна, ки 1261 нафарашонро занҳо ва 698 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд, аз тарафи бонкҳо ва марказҳои қарздиҳӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба маблағи 34,7 млн сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат дода шудааст.

Рушди соҳаи саноат

Соҳаи саноати ноҳия асосан аз коркарди пахта ва маҳсулоти он вобаста буда, маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии ноҳия тибқи талаботи бозор буда, мунтазам дар бозорҳо харидори худро доранд. Дар соҳаи саноат ба маблағи 96 млн 423,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, нисбати соли гузашта 2 млн 098 ҳазор сомонӣ зиёд аст ва суръати афзоиши истеҳсолот 102,2 фоизро ташкил намудааст.

Тибқи нақшаи бунёди корхонаю коргоҳҳои саноатӣ дар соли 2019-ум 3 корхонаи нав ба нақша гирифта, давоми нуҳ моҳи соли 2019-ум 3 корхона бо таъсиси 22 адад ҷои нави корӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки 100 фоизи нақшаи солонаро дар бар мегирад.

Алҳол дар маркази ноҳия сохтмони корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ идома дошта, то охири соли равон ба истифода дода мешавад.

Дар ноҳия 4 адад коргоҳҳои хурди истеҳсоли сарулибоси мактабӣ ташкил карда шудааст, ки доир ба истеҳсол ва таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо сарулибоси мактабии истеҳсоли ватанӣ дар соли 2019 шартномаи ҳамкорӣ байни шуъбаи маорифи ноҳия барои истеҳсоли 7420 адад ба имзо расонида шудааст. Давоми соли 2018 аз тарафи коргоҳҳои дӯзандагии ноҳия ба миқдори 6190 адад ва дар 9 моҳи соли ҷорӣ бошад, ба миқдори 8054 адад либосҳои мактабӣ истеҳсол карда шудааст.

Ба санаи 1-уми октябри соли 2019 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 6 адад марказҳои таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофии дастӣ фаъолият намуда, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 600 метри мураббаъ қолин ва 7200 метри мураббаъ матои адрас истеҳсол гардидааст.

Дар ҳудуди ноҳия 20 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 1 адад фабрикаи нассоҷӣ, 13 адад корхонаи коркарди пахта, 5 адад корхонаи истеҳсоли равған, 1 адад корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ мавҷуд мебошад.

Рушди соҳаи кишоварзӣ

Соҳаи кишоварзӣ самти асосии пешбарандаи хоҷагии халқи ноҳия маҳсуб ёфта, дар нуҳ моҳи соли 2019 оид ба рушди соҳа корҳои мушаххас ба анҷом расонида шудааст. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 264 млн 903,6 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9 млн 485 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиш 103,7 фоизро ташкил додааст.

Дар соли 2019 ҷиҳати зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ алалхусус маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳамагӣ дар майдони 30639 га кишти зироатҳо гузаронида шудааст, ки аз он 5767 га ғаллагиҳо, 14354 га пахта, 1046 га дигар зироатҳои равғандеҳ, 235 га картошка, 567 га сабзавот, 1223 га полезӣ ва зироатҳои хӯроки чорво 7443 га кишт карда шуда, ғайр аз ин, дар майдони 1310 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст.

Давоми нуҳ моҳи соли 2019 майдони 163 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.

Соҳаи сохтмон ва меъморӣ

Тибқи нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия давоми нуҳ моҳи соли 2019 сохтмон ва ба истифода супоридани 20 адад биною иншоот ба нақша гирифта шуда, дар ин давра 16 адад иншоот мавриди истифода қарор гирифтаанд. Инчунин, дар ҳудуди ноҳия сохтмони 22 адад иншооти хизматрасонию маишӣ аз тарафи соҳибкорон идома дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 14 млн 046,3 ҳазор сомонӣ сармояи асосӣ аз ҳама манбаъҳои сармоягузорӣ ба соҳаи сохтмон ҷалб карда шудааст. Инчунин, иҷроиши корҳои сохтмону васлкунӣ 12 млн 561,3 ҳазор сомонӣ, иҷроиши ҳаҷми корҳои пудратӣ 664,4 ҳазор сомонӣ ва ба истифода додани фондҳои асосӣ 4 млн 090 ҳазор сомониро ташкил намудааст. Дар ин муддат ба миқдори 13850 метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст, ки ин ба 1,4 маротиба баробар мебошад.

Ба санаи 1-уми октябри соли 2019-ум дар ноҳия 768,1 ҳазор метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ мавҷуд мебошад, ки аз ин 474,4 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматиро ташкил намуда, ба ҳар сари аҳолӣ 10,3 метри мураббаъ манзил рост меояд, ки аз ин 6,4 метри мураббааш хонаи истиқоматӣ мебошад.

Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият

Баҳри иҷроиши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018 таҳти №АП-1059, бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амри раиси ноҳияи Зафаробод аз 18-уми июни соли 2018 таҳти №23 ба тасвиб расида, барои сазовор ва дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо дар ҳаҷми 380 банд бо маблағи 99 миллиону 652 ҳазор сомонӣ ва бо таъсиси 915 ҷойи корӣ тасдиқ карда шудааст.

Дар соли 2018 ва дар нуҳ моҳи соли 2019-ум 175 банди нақшаи чорабиниҳо доир ба ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 37 млн 335 ҳазор сомонӣ бо таъсиси 424 ҷойи нави корӣ корҳо ба анҷом расонида шудааст.

Соҳаи нақлиёт

Дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 376 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, аз он 7 км роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ дошта, 34,2 км аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, 164,2 км аҳамияти маҳаллӣ дошта, 27,4 км роҳҳои манзилию рифоҳӣ, 143,2 км роҳҳои байни хоҷагӣ аст.

Дар давраи ҳисоботӣ 88,9 км роҳҳо аз таъмир бароварда шудааст, ки аз ҷумла 53,8 км таъмири ҷорӣ ва 34 км шағалпӯш, 1,1 км таъмири асосиро ташкил медиҳад. Барои иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда 558,5 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар ин давра 670,4 ҳазор сомонӣ равона гаштааст. Маблағҳои азхудкардашуда асосан аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 135 ҳазор сомонӣ, аҳолӣ — 154,3 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон 51,2 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби ташкилоту корхонаҳо 44,48 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби буҷети вилоят 285,4 ҳазор сомонӣ хароҷот карда шудааст.

Муассисаҳои нақлиётии ноҳия ба миқдори 121 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқро кашонидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 2 ҳазор тонна зиёд ва суръати афзоиши он 101,7 фоиз мебошад.

Рушди маорифу фарҳанг

Дар назди 23 муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 47 гуруҳи маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 1051 нафар кӯдакон ташкил карда шудааст. Дар 5 муассисаи томактабӣ, ки дар онҳо 38 гуруҳ фаъолият мебарад, 904 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Моҳи августи соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави кӯдакистони хусусӣ дар маркази ноҳия ба истифода супорида шуд.

Дар ноҳия 25 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 литсей ва 1 гимназия мавҷуд буда, дар 25 муассисаҳои таълимии ноҳия 15482 нафар хонандагон (7573 нафар духтарон) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Теъдоди омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1009 нафар буда, аз он 575 нафар занҳо мебошанд.

Муассисаҳои таълимии ноҳия бо 478 адад компютер, 57 адад принтер, 9 адад видео-проэктор ва 9 тахтаи электронӣ таъмин буда, муассисаҳо пурра ба шабакаи интернет пайваст мебошанд.

Дар ноҳия 2 адад литсейҳои касбӣ-техникӣ, 1 адад коллеҷи политехникӣ ва 1 коллеҷи омӯзгорӣ фаъолият дошта, соли хониши 2018-2019-ум 384 нафар аз рӯи ихтисосҳои тракторчӣ, машинист, истеҳсолоти кишоварзӣ бо иловаи ронандаи дараҷаи С, системаи компютеркунонӣ ва интернет-технология, ҳисобдор бо донистани компютер, челонгар бо таъмири муҳаррики автомобилӣ, барқчӣ, дӯзанда ва 144 нафар омӯзгорӣ хатм намуданд, ки барои пешрафти ноҳия саҳми арзанда доранд.

Дар ноҳия 26 муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 6 хонаи фарҳанг, 3 муассисаҳои клубӣ, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагонаи ноҳиявӣ, 12 китобхона-филиалҳо, 1 мактаби мусиқии бачагона, 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, инчунин 1 осорхонаи таърихӣ ва 2 ансамбл ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Дар давраи ҳисоботӣ рушди соҳаҳои иҷтимоиёт ва фарҳанг босубот буда, чорабиниҳои муҳим, аз қабили ҷашни Сада, 26-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ, 73-солагии иди Ғалаба, Рӯзи ҷавонон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 400 адад чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ бо фарогирии 93451 нафар гузаронида шудааст.

Соҳаи тандурустӣ

Дар ноҳия барои хизматрасонии тиббиву табобатӣ ба аҳолӣ 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 1 беморхонаи марказӣ, 8 марказҳои саломатии деҳотӣ, 10 бунгоҳи тиббӣ, 1 маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ, 2 беморхонаи минтақавӣ, 6 марказҳои алоҳидаи соҳавӣ, аз ҷумла маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, маркази солимӣ-репродуктивӣ, маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, маркази эмтаъминкунӣ, маркази мубориза бар зиддии бемориҳои ВНМО, шуъбаи безараргардонӣ, 1 маркази ёрии таъҷилӣ ва 5 марказҳо ва ҳуҷраҳои хусусии табобатӣ фаъолият бурда истода, дар онҳо 69 нафар табибон ва 372 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд.

Дар нуҳмоҳаи соли 2019 фавти модар ба қайд гирифта нашудааст. Фавти кӯдакони то синни 1-сола 22 нафар мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 адад зиёд буда, ба ҳазор нафар зиндатаваллуд 16,9% рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 0,4% зиёд мебошад.

Дар ин давра 7 адад бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ба қайд гирифта шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 адад зиёд гардидааст.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Дар ҳудуди ноҳия барои маъюбон сатҳу сифати хизматрасонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, аз имтиёзҳои мавҷуда ҳамеша бархӯрдор мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз буҷети маҳаллӣ барои ҳифзи иҷтимоӣ 38020 сомонӣ пешбинӣ гардида, 39569 сомонӣ ҷудо шудааст, ки иҷроиши он 103 фоизро ташкил медиҳад.

Шумораи маъюбони дар қайди мақомот буда 967 нафарро ташкил намуда, аз ин миқдор 455 нафар мардҳо ва 512 нафар занҳо, кӯдакони маъюби то синни 18-сола 191 нафар буда, писарон 20 нафар ва духтарон 171 нафарро ташкил менамоянд. Инчунин, 2357 оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шудаанд.

Ба санаи 1-уми октябри соли 2019 шумораи умумии нафақагирон дар миқёси ноҳия 5368 нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи нафақахӯрони дар қайд буда 4269 нафар нафақаҳои меҳнатӣ, нафақаҳои иҷтимоӣ 1099 нафарро ташкил медиҳанд. Андозаи миёнаи нафақа дар як моҳ 271,46 сомониро ташкил намуда, он дар ҳамин давраи соли гузашта ба 236,64 сомонӣ баробар буд, ки ба андозаи 34,82 сомонӣ ё худ 14,7 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳаҷми маблағи талабот барои пардохти нафақа ва дигар кӯмакпулиҳо дар нуҳ моҳи соли 2019-ум 13 млн 599,9 ҳазор сомониро ташкил дода, ба санаи 1-уми ноябри соли 2019 қарзнокии нафақапулӣ мавҷуд намебошад.

Соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Шумораи ҷавонон дар ноҳия 25300 нафар буда, 34,1 фоизи аҳолии ноҳияро ташкил менамояд. Аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мунтазам бо ҷавонон вохӯриҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳо дар мавзӯи татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавонон ташкил ва баргузор карда мешавад.

Дар давраи ҳисоботӣ варзишгарони ноҳия дар 21 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, 74 медали тилло, 51 медали нуқра ва 123 медали биринҷӣ ба даст овардаанд. Давоми нуҳ моҳи соли 2019 бо мақсади оммавигардонии варзиш дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 70 маротиба мусобиқаҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида шудааст. Дар ноҳия 18 адад толорҳои варзишӣ, 48 адад майдончаҳои варзишӣ, 1 адад варзишгоҳи калон бо 2000 ҷои нишаст ва 1 адад варзишгоҳи хурд бо 750 ҷои нишаст фаъолият доранд.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади амалигардонии барномаҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш баҳри дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии насли ҷавон ҳамасола барои хонандагони аълохон ва варзишгарони беҳтарин 15 адад стипендияи раиси ноҳия ҷудо карда мешавад.

Рушди сайёҳӣ

Ҷиҳати таъмини иҷрои босамари “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо шуъбаи рушди сайёҳии вилоят дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Давоми нуҳ моҳи соли равон ба ноҳия 477 сайёҳон ташриф овардаанд, ки аз ин 93 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Оид ба таъсиси Марказҳои иттилоотии сайёҳӣ ва ширкати сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо бахши рушди сайёҳии шаҳри Истаравшан корҳо идома дошта, дар рӯзҳои наздик намояндагии ширкати сайёҳӣ дар ноҳия ташкил мегардад. Ҳамчунин, ҷиҳати ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ соли сипаришуда осорхонаи ноҳиявӣ ташкил карда шудааст.

Бо мақсади бунёд ва мавриди истифода қарор додани иншооти инфрасохтори сайёҳӣ моҳи апрели соли 2018 дар маркази ноҳия аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Маҳмудов Орифҷон меҳмонхонаи замонавии бо номи «Ситора» барои қабули 18 нафар меҳмонон дар як вақт сохта ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин, сохтмони боз як меҳмонхона дар маркази ноҳия идома дорад.

Вобаста ба насби маводҳои нави иттилоотии сайёҳӣ дар даромадгоҳҳои ноҳия оид ба минтақаҳои сайёҳӣ, аз ҷумла насби харитаҳои сайёҳӣ ва таъмини маводи иттилоотии сайёҳӣ дар истгоҳҳои нақлиётӣ ҷойҳои махсус ҷудо гардида, корҳо дар ин самт идома доранд. Бояд қайд кард, ки барои насби рекламаи осоишгоҳи «Баҳористон» дар даромадгоҳи ноҳия ҷой ҷудо гардидааст.

Имрӯз дар самти шоҳроҳи Зафаробод-Хуҷанд, ки тавассути роҳи мазкур аз сарҳад шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ташриф меоранд, дар 6 адад нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории дар қабати роҳ буда ташнобҳо ташкил карда шудааст, ки рафти фаъолияту ҳолатҳои санитарии онҳо зери назорати қатъӣ қарор дорад.

Дар бозори “Бадахшон”-и ноҳия дӯкони махсуси фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда, маҳсулот ва армуғонҳои дар хона истеҳсолшудаи ҳунармандон дар нуқтаи мазкур барои меҳмонону сайёҳон пешниҳод карда мешавад.

Баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонону наврасон хатсайрҳои саёҳат ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил карда шуда, барои дидан намудани осорхонаҳо ва ҷойҳои таърихӣ мунтазам сафарбар карда мешаванд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи шуғлнокӣ аз ҳисоби эҳёи касбҳои мардумӣ дар ин давра ҳунарҳои мардумии дастӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, бофандагӣ, кашидадӯзӣ, зардӯзӣ, чакандӯзӣ, дӯхтани либосҳои миллӣ ва пухтани таомҳои миллӣ бо ҷалби занону духтарони хонашин ба роҳ монда шуда, пас аз эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” корҳо дар ин самт вусъати тоза пайдо намудаанд.

Ба гуфтаи раиси ноҳия Ашӯрзода Раҷаб Рӯзӣ, “Зафаробод яке аз ҷавонтарин ноҳияҳои пахтакори кишвар буда, солҳои 70-80-уми асри гузашта дар биёбони ташналаб ташкил карда шудааст. Имрӯзҳо барои пахтакорон об пурра тариқи насосҳои пуриқтидор аз обанбори НБО-и “Фарҳод” ба баландиҳои 500 метр бароварда ва ба шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Зафаробод, Спитамен ва Деваштич равона карда мешавад. Маҳз ғамхориҳои падарона ва ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сол аз сол мо ба нишондиҳандаҳои хуби корӣ ноил гардида истодаем. Имсол мо беш аз 31 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, парчамбардори соҳа дар мамлакат гардидем. Гузашта аз ин, деҳқонони зафарободӣ ҷавобан ба даъвати Пешвои муаззами худ оид ба саҳм гузоштан дар амнияти озуқавории кишвар саҳми беандоза доранд. Як худи кушода шудани ду нуқтаи гузаргоҳи марзӣ бо давлати дӯст ва бародари Ӯзбекистон басанда аст, ки кулли сокинони ноҳия ва тамоми тоҷикон ба доҳии тоҷикони ҷаҳон арҷ гузоранд. Маҳз Пешвои миллат буданд, ки падару модарон ва ақрабои ду тарафи марз боз бо ҳам пайвастанд. Ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумат саноатикунонии кишвар мебошад, ки мо онро самимона ҷонибдорӣ менамоем. Аллакай зиёд соҳибкорони ноҳияи Зафаробод иқдомҳои ободкоронаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, аз пайи ободии Ватан гардида, ба бунёди корхонаҳо оғоз кардаанд. Хусусан Ҷумаев Раҳматулло, Нормаҳмадов Абдусамад ва роҳбарияти ҶДММ “Ҷаҳида” аллакай ба бисёр муваффақиятҳо ноил гардидаанд. Дар ин миён, махсус аз кӯмакҳои доимии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ёдоварӣ кардан лозим аст, ки ҳамеша дастгири сиёсатҳои Пешвои муаззами миллатанд”

— Зафаробод имрӯзҳо аз пештара дида ободу зебо гардида, мардумаш ҳама пешрафтҳои ин гӯшаи диёри азизамонро аз файзи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат медонанду ифтихор доранд. Мардуми меҳнатқарини ноҳия сиёсати хирадмандонаи дохилӣ ва берунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ намуда, баҳри расидан ба нишондиҳандаҳои боз ҳам баландтар ва рушди босуръати иқтисодиёту иҷтимоиёти ноҳия қадамҳои устувор мегузоранд,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here