Соли 2019 барои мардуми матинирода, сарбаланд ва баору нанги ноҳияи Муъминобод соли фатҳу зафар, комёбию муваффақият, арзишманду бобарор дар хотираҳо боқӣ хоҳад монд. Муҳиму фараҳбахш он буд, ки 10-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия сафари корӣ анҷом дода, як қатор иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ доштаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба иншооти дигари таъиноташон гуногунҷанба санги асос гузошта шуд.

— Ҳидоятҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди мулоқот бо намояндагони шаҳраку деҳоти ноҳия моро муваззаф месозад, ки дар пайгирӣ бо сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат, бо дарки баланди масъулият, эҳсоси гарми ватандорӣ пайи таъмини зиндагии шоистаи сокинони ноҳия нақшаҳои дурнамо ва ояндабинонаро, ки баҳри иҷро дар истеҳсолотанд, амалӣ намоем. Соли равон, ки дар интиҳои он қарор дорем, низоми идоракуниро ба ҳайси раиси ноҳия мутобиқ ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда, дастуру ҳидоятҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, раиси вилоят ва вазорату идораҳои амалкунанда ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, дар давраи ҳисобот тавонистем 3 Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро доир намуда, бо дастгирию ҷонибдории вакилон 29 санади дахлдор бо фарогирии самтҳои гуногунҷанбаи хоҷагидориро қабул ва ба иҷрокунандагон ирсол намоем. Дар доираи салоҳият ва ваколати Маҷлиси вакилон бо баргузор намудани иҷлосияҳо буҷети маҳаллиро қабул намуда, ба он тағйиру иловаҳо ворид сохта, ҳисоботи онро дар якҷоягӣ шунидем. Андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ, идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналии ҳудуди марзию маъмурӣ, барномаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, муносибатҳои вобаста ба истифодаи об, замин ва дигар сарватҳои табиӣ тибқи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шуд. Ҳисоботи комиссияҳои доимӣ ва вакилони алоҳида шунида ва фаъолияти онҳо баҳогузорӣ карда шуд,- мегӯяд раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур.

Иҷроиши буҷет

Дар 11 моҳи соли равон нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 100,2 фоиз таъмин гардидааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 16 ҳазору 773 сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 202 ҳазору 113 сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи андоз аз ҳисоби даромади шахсони воқеӣ 100,1 фоиз, андоз аз фоида 114 фоиз, арзиши иловашуда 110 фоиз, соҳибони воситаҳои нақлиёт 103,4 фоиз, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард 171 фоиз иҷро карда шудааст. Дар қисмати даромадии буҷети ноҳия саҳми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои алоҳида ва соҳибкорон назаррас аст. Ҷиҳати кам намудани бақияпулиҳои андоз ва сари вақт пардохт намудани андозҳо аз ҷониби нозироти андоз дар ҳамин давра 42 қарор, 1175 огоҳнома, 38 протоколи маъмурӣ ба маблағи 3 миллиону 870 ҳазору 777 сомонӣ қабул гардида, 3 миллиону 32 ҳазору 192 сомонӣ ворид шудааст, ки 78,3 фоизро ташкил менамояд.

Бақияпулиҳои андоз ва андози иҷтимоӣ ба маблағи 107 ҳазору 215 сомонӣ кам гардидааст. Ҳамзамон, ноҳияи Муъминобод ба зумраи он минтақаҳои ҷумҳуриявӣ шомил аст, ки кӯмакҳои молиявиро дар шакли ёрии молиявӣ аз дигар қисматҳои буҷет мегирад. Дар ҳамин давра қисми даромади буҷет бо дарназардошти ёрии молиявӣ (субвенсия) 95,3 фоиз таъмин гардидааст, ки нисбати нақшаи тасдиқшуда 1 миллиону 816 ҳазору 254 сомонӣ кам ба буҷети ноҳия ворид шуда, соҳаҳои буҷетӣ бошад, ба маблағи 45 миллиону 288 ҳазору 368 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз буҷети маҳаллӣ ба хароҷотҳое маблағгузорӣ карда мешавад, ки бештар хусусияти иҷтмоию иқтисодӣ доранд ва ҳаддалимкон маблағгузорӣ шудаанд.

Аз ҳисоби фонди захиравии раиси ноҳия дар ин давра ба маблағи 52 ҳазору 300 сомонӣ ба оилаҳои камбизоат кӯмаки яквақта расонида шудааст.

Гардиши молу маҳсулот

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши мол дар ҳамаи бахшҳо ба 70 миллиону 426 ҳазору 300 сомонӣ баробар карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 151,4 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба 40 миллиону 953 ҳазору 100 сомонӣ расонида шудааст, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 111 фоизро ташкил менамояд. Корхонаҳои саноатӣ дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 19 миллиону 19 ҳазору 600 сомонӣ расонидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,2 баробарро ташкил медиҳад.

Дар раванди амалисозии ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон — саноатикунонии босуръати мамлакат дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони муваффақ ва шарикони рушд корхонаи коркарди меваю сабзавот ва обҳои ташнагишикан дар деҳаи Шаҳринав бо иштироки Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки тавассути ин корхона имконият фароҳам омад, ки 90 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва 200 нафар бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин гарданд. Ин корхона дар давоми сол иқтидори коркарди 4-4,5 ҳазор тонна маҳсулоти ватаниро дорад.

Дар маҷмуъ, дар ноҳия 13 корхонаву коргоҳҳои самти саноатӣ фаъол буда, сохтмони 3 адад корхонаи саноатии самти истеҳсолиашон гуногун идома дорад, ки таъминкунандаи ҷойҳои нави корӣ мебошанд.

Роҳу нақлиёт

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия фаъолияташро дар асоси Нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда, дар ҳамин давра ба маблағи 238 ҳазору 700 сомонӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, 155 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби идораи минтақавӣ, ки дар маҷмуъ 417 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад, барои таъмиру тармими 35 км роҳҳои автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод ва Кӯлчашма-Шаҳрак масраф намудааст.

Инчунин, 60 адад аломатҳои бехатарии роҳҳо дар ҷойҳои лозимӣ насб гардида, 350 адад бех ниҳолҳо дар шафати роҳи автомобилгарди Муъминобод-Кӯлоб шинонида шудаанд.

Дар соли ҷорӣ дар 53,7 км роҳҳои кӯчаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия азнавсозӣ ва таъмири ҷорӣ аз тарафи соҳибкорон ва аҳолӣ бо тариқи ҳашар гузаронида шудааст. Дар ҳамин давра аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолӣ 6,4 км роҳҳои дохилии деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон, 4,8 км роҳҳои дохилии деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Балхобӣ, 7,3 км роҳҳои дохилии деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ, 5 км роҳҳои деҳаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳин, 17,7 км роҳҳои дохилии деҳаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров сангфарш карда шудаанд. Инчунин, дар Ҷамоати шаҳраки Муъминобод ба масофаи 4,1 км сангфарш ва 1,8 км мумфарш, дар Ҷамоати деҳоти Деҳибаланд 2 км сангфарш ва роҳи самти Шаҳринав-Тутқавул ба масофаи 7 км ба маблағи 6 миллиону 500 ҳазор сомонӣ мумфарш ва 12 км роҳҳо равшаннамоӣ карда шуда, мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.

Бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азнавсозии роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Муъминобод-Кӯлоб ба масофаи 35 километр ба маблағи 250 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, дар муҳлати 1 солу 3 моҳ сохта ба истифода дода мешавад.

Соҳаи кишоварзӣ

Дар ноҳия дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 460 миллиону 667 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки 102,7 фоизро ташкил дода, аз ҷумла 251 миллиону 671 ҳазору 400 сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ ва 208 миллиону 995 ҳазору 600 сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ рост меояд.

Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар масоҳати 10198 гектар кишти ғалладонагиҳо, 928 гектар зироатҳои техникӣ, 1242 гектар картошка, 642 гектар сабзавот, 133 гектар полезӣ, 1835 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт намудаанд. Дар ҳамин давра истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 23 ҳазору 443 тонна, картошка ба 20 ҳазору 625,4 тонна, сабзавот ба 15 ҳазору 614,4 тонна, полезиҳо ба 3 ҳазору 213,5 тонна, мевагиҳо ба 15 ҳазору 194,2 тонна ва ангур ба 6 ҳазору 457 тонна расонида шудааст. Дар ҳамин давра ба хориҷи кишвар 1461 тонна маҳсулот содирот карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 251 тонна зиёд аст.

Мувофиқи маълумотҳо ба 1-уми декабри соли 2019 дар масоҳати 5110 гектар кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Нуралишо Назаров 814 гектар, Деҳибаланд 820 гектар, Боғгаӣ 1006 гектар, Балхобӣ 1164 гектар, ба номи Шамсиддин Шоҳин 1034 гектар ва ба Чилдухтарон 270 гектар рост меояд.

Дар ноҳия 2915 гектар боғ ва 888 гектар ток мавҷуд аст. Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 125,1 гектар боғу токзор бунёд карда шудааст.

Чорводорӣ яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб рафта, таъмини амнияти озуқавории ноҳия ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз он вобастагии калон дорад. Чорводорони ноҳия баҳри иҷрои дурнамои соҳаи чорводорӣ аз ҳамаи захираю имкониятҳо истифода намуда, иҷрои нишондиҳандаҳои асосиро ба андозаи 105 фоиз иҷро намудаанд. Чорводорон дар ин давра саршумори ҳайвони калони шохдорро дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 35522 сар, аз он модагов ба 20178 сар, саршумори ҳайвони майдаи шохдор ба 125078 сар, саршумори асп ба 3396 сар, саршумори паранда ба 122809 сар ва оилаи занбӯри асал ба 7626 оила расонидаанд. Дар соли ҷорӣ ҶДММ «Мурғи Муъминобод» ба фаъолият шуруъ намуда, истеҳсоли гӯшти мурғро ба 372 тонна расонидаанд ва дар ин самт корҳо идома доранд.

Маориф ва фарҳанг

Солҳои таҳсили 2019-2020-ро кормандони соҳаи маориф дар ноҳия бо натиҷаҳои қаноатбахш оғоз намудаанд. Дар соли ҳисоботӣ ба муассисаҳои таълимӣ 20 ҳазору 121 нафар толибилмон ҷалб гардида, ба онҳо 1616 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд, ки аз онҳо 671 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон ва китобу дигар ашёву маводҳои таълимӣ нисбат ба солҳои қаблӣ хеле пеш рафтааст. Соли равон 69 нафар омӯзгорони ҷавони фанҳои алоҳида бо роҳхат ба кор омада, ҳамаи онҳо бо кори доимӣ аз рӯи ихтисос таъмин гардидаанд.

Аз шумораи умумии хатмкардагони соли ҷорӣ 710 нафар ба донишгоҳҳо ва донишкадаҳои олии кишвар ва 6 нафар дар хориҷи кишвар дохил шуда, 352 нафар ба коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббӣ ҷалб гардида, 52 нафар аз курсҳои касбомӯзӣ гузаронида шудаанд. Соли ҷорӣ 19 нафар тибқи квотаи Президентӣ шомили мактабҳои олии кишвар гардидаанд.

Айни ҳол дар ноҳия 64 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 41 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 14 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 2 гимназияи давлатӣ фаъолият доранд. Ҳамзамон, дар ноҳия интернати ятимон ва бепарасторон, филиали коллеҷи тиббии давлатӣ бо фарогирии 70 нафар донишҷӯён, 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 1 муассисаи томактабии хусусӣ бо фарогирии 201 нафар, 1 боғчаи бачагона бо фарогирии 142 нафар кӯдакон ва 55 адад марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабӣ бо фарогирии 1098 нафар хонанда амал карда истодаанд.

Хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар ин давра дар олимпиадаҳои вилоятӣ фаъолона иштирок намуда, 3 нафар бо медали тилло, 6 нафар бо медали нуқра ва 35 нафар бо медали биринҷӣ сазовор гардидаанд.

Дар давоми сол аз ҷониби муассисаҳои клубӣ 428 чорабинӣ ва аз ҷониби китобхонаҳои оммавӣ 666 чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор карда шудаанд. Чорабиниҳо бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028, «Соли ҷавонон», «Аз Паём то Паём», ҷашнҳои тақвимии Наврӯз, Меҳргон, Сада, Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва даҳҳо чорабиниҳои дигар барои муттаҳидсозии мардум ва хештаншиносӣ заминаҳои воқеӣ гузоштаанд.

Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ

Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ноҳия яке аз соҳаҳои рӯ ба афзоиш буда, талабу ниёзҳои мардум ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ сол аз сол меафзояд. Ба аҳолии ноҳия айни замон 69 нафар духтурон (6,9 нафар ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ), 663 нафар кормандони миёнаи тиб (66,7 нафар ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ) дар хизмати сифатноку саривақтии аҳолӣ қарор доранд. Ба ин соҳа 258 нафар кормандони хурди тиб ва 105 нафар дигар кормандон ба кор ҷалб гардидаанд.

Барои нигоҳдорӣ ва анҷоми хизматрасониҳои тиббӣ дар соли ҷорӣ 12 миллиону 978 ҳазору 460 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2018      1 миллиону 843 ҳазору 220 сомонӣ зиёд аст. Яъне хизматрасониҳои тиббӣ батадриҷ хубтару беҳтар мегардад. Барои пур кардани норасоии мутахассисони соҳа 112 нафар дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, 70 нафар дар гуруҳи мақсадноки филиали Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дар ноҳия таҳсил доранд, ки ояндаи наздик мушкилоти кадрӣ бартараф хоҳад шуд.

Дар ин давра ба бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба миқдори 2500 адад парвандаҳои кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар асоси боварихат ба воситаи мутахассис-коргузор ба бахш ворид шуда, ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин рақам 2000 нафар ба ҷамоатҳо тақсимбандӣ гардида, 2500 нафар сокинони ноҳия ҳамчун камбизоат эътироф гардида, 346 нафар сокинон бинобар мутобиқат накардан ба талаботҳои Барнома бо тартиб додани ҳуҷҷатҳои расмӣ рад гардидаанд. Дар давраи ҳисоботӣ ба 2500 нафар эҳтиёҷмандон ба маблағи 526200 сомонӣ ҷудо гардида, аз ҷониби Амонатбонк пардохти маблағ анҷом дода шудааст.

Соли равон дар маҷмуъ ба 6 нафар аробачаи маъюбӣ, ба 30 нафар асобағал ҳамчун эҳтиёҷманд кӯмак карда шуда, 5 нафар нафақагирони хизматҳои махсус ба нафақа мунтазам таъминанд. Гузашта аз ин, ба 101 нафар шаҳрвандони ба кӯмакҳои иҷтимоӣ ниёздошта хизматҳои ройгони хонагӣ ба роҳ монда шуда, ба ин табақаи ниёзмандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Дар ноҳия Маркази таълимии касбомӯзӣ фаъолият менамояд, ки айни ҳол дар ин марказ 104 нафар ҷавонон ба курсҳои омӯзишӣ аз рӯи 4 ихтисос ҷалб карда шудаанд.

Барои тақвият, дастгирӣ ва ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ барои бунёди майдончаҳои хурду бузурги варзишӣ-солимгардонӣ 13,7 гектар замин ҷудо гардида, дар 3 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия 4 адад майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Соли равон варзишгарон дар 14 чорабиниҳои варзишии гуногунсамт ширкат намуда, соҳиби 9 медали тилло, 43 нуқра, 28 медали биринҷӣ ва 14 адад Ҷом гардидаанд, ки дастовардҳои бадастомада нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 медал зиёд мебошад.

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия 4 маротиба бо иштироки ҷавонони ҳунарманд намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудааст. Тӯли як соли сипаришуда 19311 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ноҳия ташриф овардаанд, ки аз ин шумора 18691 нафар сайёҳи дохилӣ ва 620 нафар сайёҳи хориҷиро ташкил медиҳанд. Барои рушди бемайлони самтҳои мазкур дар ноҳия заминаҳои асосноку воқеӣ мавҷуданд.

Баррасии муроҷиату ҳуҷҷатҳо

Аз рӯи тобеият ба ҳолати имрӯза 63 Барнома, 10 Консепсия, 14 Стратегия, 3 Нақшаи миллӣ, 1 Нақшаи амал, 3 Нақшаи стратегӣ, 9 Нақшаи чорабиниҳо, 1 Дурнамо ба мақомоти намояндагӣ ва иҷроия ворид гардида, дар мавриди иҷрои ҳар кадом ҳуҷҷати воридшуда санади дахлдор ба имзо расонида шуда, тибқи муқаррарот дар асоси ҳуҷҷатҳои таҳияшуда ва хотимаи муҳлат корбаст гардида, 17 қарор аз қайди назоратӣ бароварда шудаст.

Бояд зикр намуд, ки дар ёздаҳ моҳи соли равон ба мақомоти намояндагӣ ва иҷроия 1827 адад ҳуҷҷатҳои гуногунмазмун ворид гардида, аз рӯйи салоҳият ба Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, прокуратура, суд, вазорату кумитаҳо, раёсатҳо, агентиҳо ва идораҳои зертобеи онҳо 1032 адад ҳуҷҷатҳо аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроия ирсол гардидааст.

Барои амалисозии мушкилотҳои ҷойдошта, пайдо кардани робитаҳои доимӣ ва мутақобилаи судманд миёни мақомоти амалкунанда, ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолии қаламрав мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардида, дар ин давра ба 1699 муроҷиатҳои хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷавобҳои мускат дода ва 1069 муроҷиатҳо аз рӯи салоҳияти иҷроишашон ба унвонии ваколатдорон ирсол карда шудааст.

Дар рӯзҳои қабул, ки ҳафтае ду маротиба муқаррар гардидааст, аз ҷониби раис, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия 1087 муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон қабул гардида, ба 583 нафар шаҳрвандони муроҷиатнамуда ҷавобҳои мусбат дода шуда, муроҷиати 504 нафар вобаста ба тартиби ҳалли муроҷиатҳояшон бо назардошти талаботҳои меъёрӣ маслиҳатҳои танзимкунандаи ҳуқуқӣ дода шудааст.

Вохӯрӣ ва қабули шаҳрвандон имкон фароҳам овардааст, ки робита бо ҷомеа қавитар гардида, сатҳу сифати коргузорӣ, тартиби муроҷиат ва ободкориҳою истифодаи оқилонаи замин, бахусус заминҳои обӣ, такрористеҳсолкунӣ қадамҳои боварибахшу воқеӣ гузошта шудааст.

Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият

Оид ба иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018, №АП-1059 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳия дар давраи солҳои 2018-2021 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳия гардида, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 25-уми июни соли 2018, №259 тасдиқ гардидааст. Қобили зикр аст, ки бо қарори раиси ноҳия аз 13-уми июни соли 2018, №449 гуруҳҳои корӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар ҳайати 46 нафар таъсис дода шуда, як қатор корҳо ба сомон расонида шудааст.

Нақшаи чорабиниҳои болозикр аз 238 банд иборат буда, 17 банди он барои гузаронидани чорабиниҳои оммафаҳмонӣ нигаронида шуда, 221 банди дигар ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рост меояд. Дар давраи татбиқи Нақшаи чорабиниҳо сохтмони 22 бунгоҳҳои тиббӣ, 1 Маркази саломатӣ, 23 адад ҳаммом, 18 адад сартарошхона, 31 адад сохтмону таъмири муассисаҳои таълимӣ, таъмири синфхонаҳо ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, 3 адад корхонаи коркарди шир, 3 адад корхонаи коркарди пашм, 13 адад коргоҳи дӯзандагӣ, 1 адад коргоҳи дӯхти либоси мактабӣ, 2 адад корхонаи коркарди қуму шағал, сохтмони биноҳои маъмурии прокуратура, бахши бойгонӣ, таъмири роҳҳо, сохтмони хати оби нӯшокӣ ва иваз намудани симчӯбҳои муҳлаташон гузашта дар назар дошта шудааст.

Қобили зикр аст, ки аз 221 банди ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мансуб буда дар 58 банд ва 3 зербанд корҳо ба итмом расида, дар 54 бандҳо корҳои сохтмону васлгарӣ идома доранд. Дар 21 банд корҳои лоиҳакашию ҳуҷҷатгузорӣ идома дошта, дар 85 банди боқимонда фаъолиятҳо оғоз нагардидаанд ва боварӣ ҳаст, ки аз рӯи имкониятҳо ҳалли мусбати худро меёбанд.

Ба гуфтаи раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур, «давоми 4-5 соли охир ноҳияи Муъминобод дар тамоми самтҳои фаъолият ба натиҷаҳои беназир ноил гардидааст, ки ин ҳамагӣ аз файзу баракат ва дастгирии доимии Доҳии тоҷикони ҷаҳон, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар баробари он кас метавон аз хизматҳои арзандаи намояндаи Ҳукумати кишвар оид ба 30-солагии Истиқлолият дар ноҳияи Муъминобод, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон Аҳмадзод ёдовар шуд. Зеро, дар муддати басо кӯтоҳ онқадар корҳои ободонӣ сурат гирифт, ки назираш дар гузаштаи ноҳия набуд. Аз ин лиҳоз, кулли мардуми сарбаланди ноҳия аз Пешвои муаззам ва Прокурори генералӣ розиянду ифтихор доранд».

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here