Ҳайати эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин навбат ба ноҳияи Фархор сафар карда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии он шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассали роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ Саиди Ҳайдар маълумот оид ба дастовардҳои шарафмандони ноҳияи Фархор дар давоми соли 2019 ва ду моҳи аввали соли 2020 манзури хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор давоми соли 2019 ва ду моҳи аввали соли 2020 фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ривоҷу равнақ додани корҳои ободонию созандагӣ ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардум равона намуда, дар ин самт корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

 Иҷрои буҷет

Дар соли 2019 нақшаи андоз ва даромадҳои давлатии ноҳияи Фархор ба қадри 100,1% иҷро гардида, ба ҷои 32 миллиону 349 ҳазору 782 сомонӣ ба буҷаи маҳаллӣ 32 миллиону 375 ҳазору 832 сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 52 миллиону 47500 сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи ҷамъоварии андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, ки 40685503 сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ба андозаи 40 миллиону 686 ҳазору 098 сомонӣ иҷро гардида, баробари 100,1% мебошад. Аз 10 намуди андозҳо ҳамаи он сифатан иҷро гардида, андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба ҷои 8 миллиону 308 ҳазору 721 сомонии пешбинишуда 8 миллиону 310 ҳазору 266 сомонӣ иҷро шудааст, ки 100,0%-ро ташкил медиҳад. Дар моҳҳои январу феврали соли 2020 нақшаи андоз дар маҷмуъ 104,9 фоиз иҷро шудааст. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба санаи 1-уми январи соли 2020 ба ҷои 70110671 сомонӣ 66 миллиону 199 ҳазору 525 сомониро ташкил додааст, ки баробари 94,4 фоизи нақша аст.

Дар соли 2019 аз тарафи филиалҳои бонкии дар ноҳия фаъолияткунанда ба 1850 нафар мизоҷон барои кори кишоварзӣ, тиҷорат ва дигар мақсадҳо ба маблағи 10 миллиону 737 ҳазору 082 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми гардиши савдои чакана дар соҳаҳои савдо бо нархҳои муқоисавӣ 216790,4 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018-ум 168,7%-ро ташкил медиҳад. Хизматрасонии пулакӣ дар соли 2019-ум 84023 ҳазор сомониро ташкил дода, дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 ба 112,4% баробар аст.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Дар ноҳия 6303 адад субъектҳои андозсупоранда ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 1224 нафар шахсони ҳуқуқӣ, 3921 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд ва дар баробари ин, 883 субъект бо патент ва 275 субъект бо шаҳодатнома фаъолият карда истодаанд.

Дар соли 2019 аз рӯи шартномаҳои иҷоравӣ бо 20 нафар соҳибкорон шартнома баста шуда, ба маблағи 28590 сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст. Дар ноҳия 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истода, маблағи истифодашуда 9,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Рушди кишоварзӣ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ бо нархҳои муқоисавӣ давоми соли 2019 ба 8 миллиону 38702,6 ҳазор сомонӣ расидааст, ки 110,4%-ро ташкил медиҳад. Дар ин давра дар майдони 28789,0 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба 100,4% баробар аст. Кишти ғалладонагиҳо дар майдони 12762,0 гектар гузаронида шудааст, ки аз он 11046,0 гектараш гандум ва 936,0 гектараш ҷав мебошанд. Зироатҳои техникӣ 10618,0 гектар баробар ба 97,6 фоиз кишт шудааст. Ҳамчунин, дар ноҳия дар майдони 562,0 гектар картошка, дар 710,0 гектар полезиҳои озуқаворӣ, дар 1305 гектар зироатҳои хӯроки чорво ва дар 1838,0 гектар замин сабзавот кишт шудааст.

Давоми соли 2019 кишоварзони ноҳия 69033,5 тонна сабзавот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 6392 тонна зиёд мебошад. Пахта дар майдони 9614 гектар кишт карда шуда, ҷамъоварии ҳосил 19187,2 тоннаро ташкил додааст, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 ба 159,8% баробар аст. Дар ин давра 7971 тонна меваҷот (105%) истеҳсол шудааст, ки аз ин 2513 тоннаашро танҳо ангур (100,2%) ташкил медиҳад. Дар соли 2019 тибқи маълумоти оморӣ дар ноҳия 155 гектар боғҳои нав ва 2 гектар токзори нав дар заминҳои корами лалмӣ ва талу теппаҳо бунёд карда шудааст.

Дар ин давра чорводорон 10404,3 тонна гӯшт (103%) ва 22192,0 тонна шир (102,3%) истеҳсол намудаанд. Дар ноҳия 110,4 тонна гӯшти моҳӣ (116%), пашм – 191,6 тонна, пилла – 2,3 тонна, асал – 41 тонна ва 2370,0 ҳазор дона тухм (105,2%) истеҳсол шудааст.

Дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 55380 сар чорвои калон дар муқоиса баробар ба 104,9% ва 117252 сар гӯсфанду буз баробар ба 102,8% мавҷуданд.

Рушди саноат

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ давоми соли 2019 ба 136391,8 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбати ҳамин давраи соли 2018 баробари 102,2% аст.

Дар  ноҳия  22 корхонаи саноатӣ мавҷуд аст, ки аз он 5 адад корхонаҳои коркарди пахта, 5 адад коргоҳи хурди нассоҷӣ, 2 адад коргоҳи хурди коркарди шир, 1 адад коргоҳи хурди консервабарорӣ, 1 адад корхонаи хурди қаннодиву истеҳсоли нон, 1 адад корхонаи дӯзандагӣ, 3 адад корхонаи истеҳсоли блоки сементӣ, 1 адад корхонаи истеҳсоли қуму шағал, 3 адад оби нӯшокӣ ва обёрӣ мебошанд. Давоми соли 2019-ум 10 адад коргоҳи саноатӣ, аз ҷумла 1 адад коргоҳи истеҳсоли блоки сементии ҶДММ «Сабоҳ-2018», 1 адад коргоҳи дуредгарӣ, 3 адад коргоҳи дӯзандагӣ, 3 адад коргоҳи мевахушккунӣ, ҶДММ “Санг-реза”, фермаи мурғпарварӣ ва истеҳсоли гӯшти мурғ таъсис дода шудаанд.

Сохтмон ва меъморӣ

Дар соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ нишондоди маблағгузории асосии сохтмон ба 43 миллиону 336,6 ҳазор сомонӣ расонида шуд, нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 2 баробар зиёд аст. Корҳои сохтмону васлгарӣ бошад, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 39 миллиону 541,8 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 баробари 276,8% мебошад. Ҳаҷми корҳои пудратӣ ба воситаи корхонаҳои сохтмонии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ба 29 миллиону 674,0 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбати ҳамин давраи соли 2018, ки 22253,5 ҳазор сомониро ташкил медод, баробари 133,3% мебошад.

Нишондоди ба кор даровардани фондҳои асосӣ бошад, дар соли 2019 ба 28 миллиону 444,6 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбати ҳамин давраи соли 2018, ки 26 миллиону 963,9 ҳазор сомониро ташкил медод, баробари 105,5% мебошад. Дар ин давра аз ҳисоби аҳолии ноҳия 12081 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 баробари 164,8% мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 142 адад иншооти дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ ба истифода дода шудаанд.

Таъмири роҳҳои автомобилӣ

Дар мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 409,8 км роҳҳо, аз ҷумла 56,4 км роҳҳои байналмилалӣ, 39,0 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 314,4 км роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта мавҷуданд.

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия давоми соли 2019 ба ҷои 3 миллиону 39945 сомонии корҳои дар нақша буда ба маблағи 340007 сомонӣ корҳоро ба анҷом расонидааст, ки 100%-ро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, дар роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Бобосафол мумфаршкунии 0,93 км роҳ, дар роҳи автомобилгарди Фархор-Хуррамзамин-Дӯстӣ мумфаршкунии 1,0 км роҳ аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мумфаршкунии 2,0 км роҳ аз ҳисоби соҳибкорон ба ҷо оварда шудааст.

Бояд гуфт, ки бо дастгирии аҳолӣ ва шахсони саховатпеша дар 54 деҳаи ҷамоатҳои ноҳия зиёда аз 146,570 км роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи 4 миллиону 763 ҳазору 525 сомонӣ шағалпӯш карда шудаанд.

Таъминоти оби нӯшокӣ

Корхонаи давлатии фаръии “Гармидиҳӣ ва обу канализатсия”-и ноҳия дар соли 2019-ум 428,0 ҳазор метри мукааб об истеҳсол намудааст, ки аз ин миқдор ба аҳолӣ 233,3 ҳазор метри мукааб, ба ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 152,2 ҳазор метри мукааб ва ба идораҳои худмаблағгузор 22,9 ҳазор метри мукааб интиқол дода шудааст. Маблағи умумии оби истеҳсолшуда баробар ба 586953 сомонӣ мебошад. Корхона бо 1600 муштарӣ шартнома бастааст, ки аз ин миқдор 1568 адад бо аҳолӣ, 27 адад бо ташкилоту муассисаҳо ва 5 адад бо корхонаҳои худмаблағгузор рост меояд.

Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Дар соли 2019 дар маркази ноҳия 13 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 152 нафар шаҳрвандони бекори ноҳия бо ҷои кор таъмин шудаанд. Инчунин, 270 нафар ба курсҳои бозомӯзии касбҳои гуногун фаро гирифта шудаанд, ки 100,0%-и нақшаи солона мебошад.

Тибқи Барномаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва барқароршуда 1126 нафар ба нақша гирифта шуда, то инҷониб 1127 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки аз ин шумора 446 нафарро мардон, 681 нафарро занон ва 413 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ноҳия дар хориҷи кишвар 9228 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 9028 нафар мардон ва 200 нафарашон занҳоянд.

Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Баҳри татбиқи Барномаҳои давлатӣ, ки ба ҳифзи саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст, имрӯзҳо ба сокинони ноҳия 72 адад муассисаҳои тиббӣ хизмат мерасонанд. Шумораи умумии кормандони соҳа 1557 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи духтурон 175 нафар буда, бо корбарии онҳо давоми соли 2019-ум 10174 нафар бистарӣ гардида, 4738 таваллуд ба қайд гирифта шудааст. Давоми соли 2019-ум 5 нафар духтурон ва 78 нафар кормандони миёнаи тиб аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд.

Маркази байниноҳиявии барқароркунии саломатии «Насими Фархор» дорои 60 кат буда, ба аҳолии ноҳияҳои Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ хизмати тиббӣ мерасонад. Давоми соли 2019-ум 1461 нафар шаҳрвандон барои табобат гирифтан муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора 930 нафар аз ноҳияи Фархор ва 531 нафар аз дигар ноҳияҳо мебошанд. Дар марказ 5 нафар духтурони маълумоти олидор, 18 нафар духтурони маълумоти миёнаи тиббӣ дошта ва 28 нафар ҳамшираҳо ба табобатгирандагон хизмати тиббӣ мерасонанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба суратҳисоби қисме аз гирандагони кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба маблағи 1 миллиону 245000 сомонӣ ворид ва дастраси онҳо гардонида шудааст.

Рушди маориф

Дар ноҳия 66 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ, 2 литсей, 2 гимназия ва 1 адад хонаи бачагон фаъолият намуда, ба 37410 нафар хонандагон 2461 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд. Ба мактабҳои ноҳия давоми соли хониши 2019-2020-ум 124 нафар мутахассисони ҷавон тибқи роҳхат муроҷиат намуда, аз ин 81 нафарашон ба кори омӯзгорӣ ҷалб карда шудаанд. Дар ноҳия 10 адад муассисаҳои томактабӣ бо фарогирии 768 нафар тарбиятгиранда ва 102 адад гуруҳҳои Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 2732 нафар амал мекунанд. Шумораи хонандагон нисбати соли хониши 2018-2019 1334 нафар зиёд шудааст.

Аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли 2019-ум 2059 нафар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супорида, аз ин шумора 1444 нафар ба муассисаҳои дилхоҳи худ дохил шудаанд.

Дар муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ-техникии ноҳия 38 нафар омӯзгорони фаннӣ, 14 нафар устоҳои таълими истеҳсолӣ ва 20 нафар кормандони хурди техникӣ ба 225 нафар шогирдон аз рӯйи 6 намуди ихтисосҳо касбу ҳунар омӯзонидаанд.

Рушди соҳаи фарҳанг

Айни замон 42 адад муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 3 адад хонаи фарҳанг, 14 адад муассисаҳои клубӣ, 1 мактаби санъати бачагона, 21 адад китобхонаҳо, 1 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, 1 боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ ва 1 гуруҳи хизматрасонӣ дар хизмати аҳолӣ қарор дошта, дар онҳо 165 нафар кормандон кору фаъолият менамоянд. Давоми соли 2019 фарҳангчиён тибқи нақша дар умум беш аз 1821 адад чорабиниҳои оммавӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ ташкил ва роҳандозӣ намудаанд. Фонди китобии китобхонаи марказӣ 35021 нусха, китобхонаи бачагонаи шаҳрак 2497 нусха ва китобхонаҳои деҳотӣ 84114 нусха буда, дар маҷмуъ 121632 нусхаро ташкил медиҳанд.

Дар ноҳия фарогирии барномаҳои телевизионии “Тоҷикистон” 98,0%, «Сафина» 97,0%, “Ҷаҳоннамо” 94,0%, «Баҳористон» 95,0% буда, шабакаҳои барномаҳои якуму дуюми радиои Тоҷикистон (97,0%), шабакаи радиои «Фарҳанг» (94,0%), “Садои Душанбе” (96,0%) мавриди истифодаи аҳолии ноҳия қарор доранд. Инчунин, ҳама гуна шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ тариқи моҳвора баробар ба 100% таъмин гардидааст.

Варзиш ва ҷавонон

Шумораи умумии ҷавонони аз 14 то 30-сола дар ноҳия 55100 нафар буда, аз ин шумора 24795 нафарашон занону духтарон мебошанд.

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар давраи ҳисоботӣ дар байни наврасону ҷавонон 68 адад вохӯрию суҳбатҳо, 139 адад чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ, 10 адад семинарҳои омӯзишӣ, 17 адад озмунҳо, 5 адад фестивали бозиҳои варзишӣ ва ҳамоишҳо, 4 адад мизҳои мудаввар, 15 адад аксияи ҷавонон ва 10 адад корҳои ободонӣ ва хуррамгардониро ташкил ва роҳандозӣ намудааст.

Давоми соли 2019 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои байналмиллалию ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ иштирок намуда, 75 медали тилло, 55 медали нуқра ва 54 медали биринҷӣ, дар маҷмуъ 184 адад медал ба даст овардаанд.

Шумораи иншооти варзишӣ 212 ададро ташкил медиҳад. Барои фаъолияти дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳия давоми соли 2019 аз ҳисоби буҷаи вилоят 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Давоми соли 2019 бо корбарии масъулони шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оила, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, фарҳанг, САҲШ, ҷавонон ва варзиш вобаста ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» даҳҳо озмунҳои ноҳиявӣ таҳти унвони “Кадбонуи беҳтарин”, “Хӯриши беҳтарин”, “Сайри чакан”, “Сад ранги чакан”, “Тарроҳи беҳтарин”, “Нонпази беҳтарин”, “Бонуи ҳунарманд”, “Ҳунарманди беҳтарини сол”, “Беҳтарин оилаи ҳунарманд”, “Иншои беҳтарин”, “Расми беҳтарин” бо ҷалби бештари занону духтарон гузаронида шудааст. Тибқи нақша давоми таътили зимистона ва тобистонаи мактаббачагону кӯдакони муассисаҳои томактабӣ саёҳати дохилӣ дар шакли боздид аз Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия, Китобхонаи марказии ноҳия ва Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҷиҳати тарғиби бештари ҳунаромӯзӣ миёни ҷавондухтарон ва омодасозии онҳо ба зиндагӣ, рушди касбомӯзӣ давоми соли 2019-ум 270 нафар бонувон ба курсҳои кӯтоҳмуддат, аз қабили адрасбофӣ, қолинбофӣ, қӯроқдӯзӣ ва қаннодии назди шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии дар ноҳия буда ҷалб гардидаанд.

Бо мақсади рушди инфрасохтори туризм дар ноҳия 6 адад меҳмонхонаҳои давлатию хусусӣ фаъолият мекунанд, ки дар умум дорои 65 кати хоб, ҳаммом ва мебелу ҷиҳозҳои замонавӣ буда, барои қабули меҳмонони дохилию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар умум, ноҳияи Фархор ҷиҳати рушди соҳаи туризм шароиту имкониятҳои зиёдро доро буда, дар ҳудуди он 50 адад ёдгории таърихӣ, аз ҷумла «Аҳтам-саҳоба», «Кокул», «Қабристони Макони мор», «Қалъаи Пучқоқ», «Шаҳртеппа», шаҳракҳои «Золи Зар», «Сайёд», «Саксанохӯр», «Чоргултеппа», «Шӯртеппа» ба қайд гирифта шудаанд, ки баъзеи онҳо таърихи беш аз 4200 сола доранд.

Баррасии муроҷиатҳо

Аз мақомоти болоӣ 120 қарору фармонҳо, 2558 мактубу протоколҳо, 474 мактуб, пешниҳод, дархост ва гузоришҳо аз ҷамоатҳо, ташкилоту муассисаҳои ноҳия ворид гардидааст. Ҳамчунин, 1146 адад қарорҳо ва 223 адад амрҳои раиси ноҳия қабул гардида, 3168 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон ворид шудааст. 810 нафар шаҳрвандон ба қабули раиси ноҳия роҳ ёфта, 52 адад мактубу муроҷиатҳо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомот дохил гардидаанд.

Муроҷиати шаҳрвандон асосан ба масъалаҳои баҳси замин, ҷудо намудани саҳми замин, таъмин шудан бо манзили зист, расонидани кӯмаки молиявӣ вобаста буда, аз тарафи роҳбарияти ноҳия ҷиҳати ҳалли саривақтии онҳо тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият

Баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018, №АП-1059 бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори раиси ноҳияи Фархор аз 4-уми июни соли 2018, №258 «Дар бораи таъсис додани гуруҳҳои корӣ оид ба таҳия ва амалӣ намудани нақша-чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор» ба тасвиб расидааст. Дар робита ба ин, тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ дар ноҳия сохтмону азнавсозии 470 адад бинову иншоот, аз он ҷумла, дар соли 2018 сохтмону азнавсозии 50 адад, дар соли 2019 сохтмони 178 адад, дар соли 2020 сохтмони 204 адад ва дар соли 2021 бошад, сохтмони 38 адад бинову иншоот дар назар дошта шудааст. Аз ин шумора 88 адад ба ҷамоати шаҳраки Фархор, 35 адад ба ҷамоати деҳоти Фархор, 56 адад ба ҷамоати деҳоти Ватан, 47 адад ба ҷамоати деҳоти Ғайрат, 38 адад ба ҷамоати деҳоти Зафар, 52 адад ба  ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ, 53 адад ба ҷамоати деҳоти Гулшан, 22 адад ба ҷамоати деҳоти Дарқад, 46 адад ба ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва 33 адад ба ҷамоати деҳоти Ғалаба рост меояд.

Дар маҷмуъ, дар ноҳия аз моҳи июли соли 2018 то 20-уми январи соли 2020 сохтмони 202 адад бинову иншоот, аз ҷумла дар соли 2018-ум 50 адад, дар соли 2019 аз 178 адад бинову иншооти ба нақша гирифташуда 142 адад ва аз 204 адад иншооти дар соли 2020 ба нақша гирифташуда 11 иншооти гуногуни ҳаётан муҳим мавриди истифода қарор дода шуда, дар 75 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ва дар 118 иншооти дигар корҳои омодагӣ рафта истодааст.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Фархор, муҳтарам Раҳматзода Рустам Мирзо, “ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, барои ҳар фарди миллат бояд дар дараҷаи нангу номуси миллӣ қарор гирад. Маҳз ин иқдоми Пешвои миллат имкон медиҳад, ки дар тамоми мамлакат ба корҳои ободонӣ суръат бахшида шавад ва зиндагии шоистаро барои ҳар оила таъмин намоем. Эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ҳадафи чоруми стратегии давлат қарор додани саноатикунонии босуръат иқдомҳои саривақтии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо амалӣ гардидани ин ҳадафҳо, кишвари моро дар арсаи ҷаҳон чун кишвари пешрафтаву мутараққӣ хоҳанд шинохт”.

– Ноҳияи Фархор, ки дар ҷануби кишвар яке аз ноҳияҳои калону сарҳадӣ ба шумор меравад, омодагиҳои худро дар самти ҳамкориҳо дар бахши бунёди дилхоҳ иншоот иброз медорад. Мо хоҳони таъмини аҳолии ноҳия бо ҷойҳои нави корӣ ва зиндагии шоистаи онҳо ҳастем. Гузашта аз ин, ба хизматҳои арзандаи Пешвои миллат арҷ гузошта, кӯшиш менамоем, ки ба мардуми ноҳияи бостонии Фархор хизмати шоиста расонем. Гарчанде тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия бунёду азнавсозии 470 иншоот ба назар гирифта шудааст, мо тамоми чораҳои заруриро меандешем, то дар якҷоягӣ бо соҳибкорони ватандӯст шумораи иншоотро аз 500 адад гузаронида, баҳри гулгулшукуфии кишвари азизамон саҳмгузор бошем,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Добавить комментарий