Ҳайати эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин навбат ба ноҳияи Дарвоз сафар карда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии он шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассали роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ Саиди Ҳайдар маълумот оид ба дастовардҳои шарафмандони ноҳияи Дарвоз дар давоми соли 2019 манзури хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз давоми соли 2019 фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ривоҷу равнақ додани корҳои ободонию созандагӣ ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардум равона намуда, дар ин самт корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

Рушди иҷтимоию иқтисодӣ

Дар ноҳияи Дарвоз 4 ҷамоати деҳот ва 52 деҳа мавҷуд буда, ҷамоатҳои деҳот тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ва Низомнома кору фаъолият карда истодаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2015-2019 тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуда, Барномаи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати асосии ноҳия, афзалият ва самтҳои умумии сиёсати ноҳия ва рушду нумуи онро муайян менамояд ва он барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодии ноҳия, дастрасии осони аҳолӣ ба хизматрасониҳои заминавии иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронида шудааст, ки корҳои назаррасеро ба сомон расонидааст.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дарвоз дар маҷмуъ бо дар бар гирифтани 217 лоиҳа бо маблағи 196,38 миллион сомонӣ, ки аз ин 84 лоиҳа бо маблағи 110,46 миллион сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 49 лоиҳа бо маблағи 27,92 миллион сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 59 лоиҳа бо маблағи 52,25 миллион сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 10 лоиҳа ба маблағи 3,23 миллион сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳти зист, 7 лоиҳа ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ ба бахши ҳолатҳои фавқулодда, 9 лоиҳа ба маблағи 1,21 миллион сомонӣ ба бахши таъминоти захиравӣ рост меояд, амалӣ шуда истодааст.

Бояд зикр намуд, ки тибқи гуруҳбандии барнома аз буҷети ҷумҳуриявӣ 32,03 миллион сомонӣ, буҷети вилоятӣ ва маҳаллӣ 6,52 миллион сомонӣ, маблағҳои худии ташкилоту корхонаҳо 14,1 миллион сомонӣ, сармояи дохилию хориҷӣ 84,6 миллион сомонӣ, соҳибкорон 40,3 миллион сомонӣ ва маблағҳои номуайян бошад, 18,8 миллион сомониро дар бар мегиранд.

Дар ин давра 89 лоиҳа ба маблағи 118 миллиону 498,0 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки ин 60,3 фоизи барномаи мазкурро дар бар гирифтаааст.

Бояд тазаккур дод, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро барои солҳои 2020-2025” таҳия намуда, дар барномаи мазкур масъалаҳои афзалиятноки рушди ноҳия ба нақша гирифта шудааст. Дар “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дарвоз барои солҳои 2020-2025” 108 банд ба маблағи 405,3 млн сомониро дар бар гирфта, айни замон дар мувофиқакунонии мақомоти вилоятӣ қарор дорад.

Пардохти андозҳо

Ҷиҳати ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ ва ташаккули он пардохти андозҳо дар ин давом аз 10 сарчашмаҳои даромади худӣ пурра иҷро гардидааст. Андоз аз даромад ба андозаи 3044523 (2652778) сомонӣ, ё ин ки 105,0 (106,0) фоиз, андоз аз фоида 1503313 (442169) сомонӣ, ё ин ки 188,0 (200,0) фоиз, андози ғайриманқул 189248 (158365) сомонӣ, 107,0 (114,0) фоиз, андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 326739 (372126) сомонӣ, ё ин ки 125,0 (286,2) фоиз, андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба андозаи 128444050 сомонӣ, ё ин ки 127 фоиз, андози низомҳои махсуси андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкорӣ ба маблағи 935030 (945068) сомонӣ, 119,0 (138,0) фоиз, андоз аз соҳибони воситаи нақлиёт ба андозаи 325766 (243772) сомонӣ, ё ин ки 125,0 (110,0) фоиз, боҷи давлатӣ ба маблағи 130135 (125440) сомонӣ, ё ин ки 137,0 (132,0) фоиз, андоз аз истифодаи қаръи замин ба маблағи 3457904 (2370091) сомонӣ, ё ин ки 149,0 (105,0) фоиз иҷро гардидааст, ки дар маҷмуъ, дурнамои нақшаҳои андоз дар соли 2019-ум 146% иҷро гардидааст, ки яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарини на ин ки вилоят, балки ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Мусоидат ба рушди соҳибкорӣ

Фаъолияти соҳибкорӣ яке аз манбаҳои асосии зиёд намудани даромаднокии буҷет ба шумор рафта, ба ҳолати 31-уми декабри соли 2019 дар нозироти андоз 219 (245) нафар соҳибкорони инфиродӣ бо патент ва 73 (68) соҳибкорон бо шаҳодатнома ва 285 (245) хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби онҳо маблағи 684352 (656661) сомонӣ ба буҷет ворид гардидаст, ки нисбати соли 2018-ум 27,7 ҳазор сомонӣ зиёдтар буда, 104,2 фоизро ташкил медиҳад.

Яке аз масалаҳои муҳиме, ки диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳияро ҷалб намудааст, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд мебошад. Дар давоми соли 2019 аз тарафи шарикони рушд, аз ҷумла, ташкилотҳои ғайридавлатии “Миссияи Шарқ” ва БҶМИИК-и Хазинаи Оғохон як қатор иншооти аҳамияти иҷтимоӣ дошта сохта ба истифода дода шудаанд. Ёдовар мешавем, ки дар соли 2019 аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии “Миссияи Шарқ” дар доираи “Таъмини оби тозаи ошомиданӣ ва тақвияти меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар маҳаллаҳои осебпазири наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон” бунёди 6 адад ташнобҳо дар шоҳроҳи байналмилалии Дарвоз-Хоруғ ва Дарвоз-Сангвор ба маблағи 252,0 ҳазор сомонӣ оғоз гардида, то ин давра аксарашон сохта ба истифода дода шудаанд. Ҳамзамон, аз тарафи ташкилоти мазкур таъмири ҷории муассисаҳои таълимии №22-и деҳаи Ширговад ба маблағи 135,5 ҳазор сомонӣ ва таъмири муассисаи таълимии деҳаи Жаг ба маблағи 355,8 ҳазор сомонӣ бомаром идома дошта, таъмири ҷории муассисаи таълимии деҳаи Жаг дар рӯзҳои наздик ба анҷом расонида мешавад.

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори раиси ноҳия ба тасвиб расонида шуда, зери назорат қарор дорад. Дар ин давом бо соҳибкорон суҳбату вохӯриҳо баргузор шуда, вобаста ба мушкилот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ корҳо бурда шудаанд.

Рушди соҳаи саноат

Дар соли 2019-ум 8 адад корхонаҳои истеҳсолӣ ба таври расмӣ дар ноҳия мавҷуд буданд. Инчунин, 8 адад коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ тариқи шаҳодатнома ба қайд гирифта шуда, коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ ба истеҳсоли хишти сементӣ машғул буда, дар ин давом ба маблағи 280820 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Ба ҳолати 1-уми декабри соли 2019 корхона ва коргоҳҳои саноатии ноҳия ба маблағи 71737,1 (34594,1) млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 37,1 млн сомонӣ зиёд буда, 123,8 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар давоми соли 2019-ум 4 адад субъектҳои хурду миёнаро, ки дар самти истеҳсолот фаъолият менамоянд, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва худӣ ба қайд гирифтааст. Аз ҷумла, ҶДММ “Джун Тун”, ҶДММ “Х-шун”, ҶДММ “Гулчанг” ва ҶДММ “Усто Идӣ” ба қайд гирифта шудаанд, ки дар оянда барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия мусоидат мекунанд.

Ба масъалаи маҳсулоти воридотивазкунанда диқкати доимӣ дода шуда, корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ “Кохи бонувон” либосҳои мактабӣ ва намудҳои гуногуни либосҳоро барои корхонаҳои саноатӣ истеҳсол намуда истодаанд. Дар баробари ин, дар ноҳия ҶДММ “Карон-мрамор” ба истеҳсоли санги мармар машғул буда, ба ҳолати 1-уми декабри соли 2019 ба маблағи 100,7 (253) ҳазор сомонӣ ё ин ки 152,3 ҳазор сомонӣ дар таносуб ба ҳамин давраи соли 2018 камтар маҳсулот истеҳсол намудааст, ки 39,8 фоизро ташкил медиҳад, ки маҳз аз сабаби нообод будани қисмати роҳи Дарвоз-Шӯробод сабаби муваққатан фаъол нагардидани ин корхона мебошад.

Таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф

Шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ноҳия 48 адад, аз ҷумла 26 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 адад муассисаи таҳсилоти асосии умумӣ ва 15 адад муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ мебошад.

Дар давоми соли 2019 сохтмони биноҳои муассисаҳои таҳсилоти умумии №47-и деҳаи Гушуни ҷамоати деҳоти Қалъаихум ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ, таъмири ҷории 7 синфхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и деҳаи Ҷорфи ҷамоати деҳоти Вишхарв ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ, сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи Дуробак ба маблағи 3221,9 ҳазор сомонӣ аз тарафи Сафорати ИМА сохта ба истифода дода шудааст.

Айни замон таъмири ҷории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и деҳаи Жак ба маблағи 355,8 ҳазор сомонӣ ва муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии №22-и деҳаи Ширговад ба маблағи 135,5 ҳазор сомнӣ аз  тарафи ташкилоти ғайридавлатии «Миссияи Шарқ» бомаром идома дошта, дар рӯзҳои наздик ба истифода дода мешаванд. Инчунин, аз тарафи ташкилоти мазкур сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии №49-и деҳаи Умарак ба маблагӣ 1400,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, сохтмонаш дар соли 2020 оғоз мегардад.

Дар соли 2019 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 26 ададро ташкил додаааст, ки ҳамаи онҳо дар биноҳои муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд. Дар ин муассисаҳо 570 нафар тифлакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба онҳо 34 нафар мураббиён, ки 4 нафар дорои маълумоти олӣ, 2 нафар маълумоти олии нопурра, 17 нафар маълумоти миёнаи касбӣ ва 11 нафар бо маълумоти миёна мебошанд, таълим медиҳанд. Инчунин, дар ноҳия 1 боғчаи бачагона бо фарогирии 92 нафар тифлакон фаъолият дорад, ки бо таҷҳизот пурра таъмин мебошад.

Соҳаи тандурустӣ

Солимии ҷомеа ва тандурустӣ яке аз омилҳои инъикоскунандаи сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ташаккули маънавии давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ҷиҳати андешидани чораҳои амалӣ бобати таъмиру таҷдид, бо воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ ва таҷҳизоти наву замонвӣ таъмин намудани муассисаҳои табобатии ноҳия бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ғайридавлатии Фонди Хазинаи “Оғохон” ва шарикони рушд ҳамкории доимӣ дошта, дар самти соҳаи тандурустӣ сифати хизматрасониву натиҷаҳо беҳтар гардидааст. Бо дастгирии шарикони рушд, аз ҷумла, Фонди Хазинаи “Оғохон” барои шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳия ба маблағи 43101 сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ барои модару кӯдак таъмин карда шудааст.

Тибқи супоришҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари кориашон ба ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳия таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 29651 сомонӣ ва як мошини ёрии таъҷилии УАЗ-452 ба маблағи 219300 сомонӣ аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардидааст.

Инчунин, бунгоҳи саломатии деҳаи Дуробак аз таъмири асосӣ ба маблағи 144000 сомонӣ ва сохтмони бунгоҳҳои тиббии деҳаи Рузвай ба маблағи 263800 сомонӣ ва деҳаи Чухкак ба маблағи 262000 сомонӣ аз тарафи БҶИИМК-и Хазинаи Оғохон сохта ба истифода дода шудааст.

Ба солимии аҳолӣ диққати зарурӣ дода шуда, дар давоми солҳои 2016-2019 аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 297192 сомонӣ ва аз ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ ба маблағи 343367 сомонӣ беморхонаи марказии ноҳия бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шудааст.

Рушди соҳаи кишоварзӣ

Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар соҳаи растанипарварӣ ва чорводорӣ дар ноҳия ба ҳолати дар соли 2019 маблағи 42183,0 (58189,0) ҳазор сомониро ташкил додааст, ки дар соҳаи растанипарварӣ 22797,0 (24973,0) ҳазор сомонӣ ва дар соҳаи чорводорӣ 19386,0 (33216,0) ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Соли 2019 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ва соҳаи растанипарварӣ ба сари ҳар як аҳолӣ 1850 (2252) ҳазор сомонӣ рост меояд.

Ҷиҳати рушд додани соҳаи чорводорӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, тибқи маълумотҳои  оморӣ, дар соли  2019  дар ноҳия 8860 (10296)  сар ҳайвони шохдори калон, 29310 (32,54) сар бузу гӯсфанд, 14640 (19865)  сар паранда, 169 (199) сар асп, 4330 (4096) оилаи занбӯри асал парвариш ёфтааст. Наслгирӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагиҳои ноҳия, аз ҷумла, насли барраю буз 17257 (17258) ва насли гӯсола 2978 (2936) сарро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми истҳсоли гӯшт бо вазни зинда 431 (421) тонна, шир 2479 (2476) тонна, пашм 23 (27) тонна, асал 65 (64) тонна, тухм 501 (994) ҳазор донаро ташкил медиҳад.

Давоми соли 2019 аз ҳисоби истеҳсоли картошкаи барвақтӣ ба бозорҳои шаҳри Хоруғ 100 тонна картошка ва 25 тонна мева ва дигар намуди сабзавот 10 тонна содирот гардида, кишоварзони ноҳия ҳамасола кӯшиш ба он равона менамоянд, ки талабтои бозори дохилӣ ва беруниро таъмин намоянд.

Вазъи соҳаи фарҳанг

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ҷиҳати бунёд, таҷдид ва азнавсозии муассисаҳои соҳаи фарҳанг чораҳои зарурӣ андешида, дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди як адад китобхона дар деҳаи Зиғари ҷамоати деҳоти Нулванд ба маблағи 70,0 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкор Муллоёров Аюбхон ба нақша грифта шудааст, ки сохтмони китобхона бомаром идома дошта, соли 2020 пурра ба истифода дода мешавад. Инчунин, таъмири ҷории клуби деҳаи Курговади ҷамоати деҳоти Вишхарв низ таъмири ҷорияш ба нақша гирифта шуда, бо таҷҳизот таъмин карда мешавад. Соли 2019 гирду атрофи бинои қасри фарҳанги ноҳия ба маблағи 4000 ҳазор сомонӣ пурра таъмир карда шуда, хонаи фарҳанги деҳаи Рузвай ба маблағи 600 сомонӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст.

Ҳоло дар бахши фарҳанги ноҳия 1 қасри фарҳанг, 6 хонаи фарҳангӣ, 8 клуб, 23 адад китобхонаҳо, як мактаби мусиқӣ ва Ансамбли тарона ва рақс амал карда истодаанд.

Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Шумораи умумии ҷавонони ноҳия 9525 нафарро ташкил дода, 4595 нафарашонро ҷавондухтарон дар бар гирифта, дар тамоми чорабиниҳои фарҳангию  сиёсӣ ҷиҳати баланд бардоштани нерӯи зеҳнии онҳо чораҳо андешида мешавад.

Дар ноҳия 2 варзишгоҳ бо 1200 ҷойи нишаст, 1 клуби варзишӣ бо фарогирии 250 ҷойи нишаст аз тарафи соҳибкорон аз солҳои 2011 то 2016 сохта шуда, мавриди истифодабарӣ қарор доранд. Инчунин, 24 майдончаи варзишӣ ва 10 толори варзишӣ дар тавозуни муассисаҳои таълимии ноҳия буда, барои варзишгарон ва ҷавонон хизмат расонида истодаанд. Баҳри баланд бардоштани оммавигардонии варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим зиёда аз 1655 нафар ҷавонон ба машқҳои пагоҳирӯзӣ дар варзишгоҳи “Авесто-арена” ҷалб гардидаанд.

Ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ дар ноҳия чораҳои зарурӣ андешида шуда, шароит ва имкониятҳо барои ҷалби сайёҳон бештар гардидааст. Ба ҳолати имрӯза дар ноҳияи Дарвоз 8 адад меҳмонхона, 1 адад тарабхона, 1 истироҳатгоҳ, 1 адад минтақаи шикор, 2 ширкати сайёҳӣ — ҶДММ “М-Сайёд” ва ҶДММ “Амир-Тур”, 1 адад мавзеи таърихию фарҳангӣ, 25 адад мавзеъҳои зиёратӣ, 5 адад мавзеи саёҳати экологӣ, 128 адад нуқтаи умумӣ (мағоза ва ошхона), 16 адад ташнобҳои сарироҳӣ, 3 адад автомати пардохти маблағ, 4 адад нуқтаи хизматрасонии бонкӣ, 4 адад бонкамат, 1 беморхонаи марказӣ, 7 маркази саломатии деҳотӣ, 2 адад беморхонаи минтақавӣ, 25 адад бунгоҳи тиббӣ, 3 адад ҳаммом, 1 адад сартарошхона, 4 адад нуқтаи таъмири автомобил, 15 адад нуқтаи фурӯши сӯзишвории автомабилӣ, 3 адад нуқтаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомобил ва 4 адад нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият доранд.

Ноҳияи Дарвоз яке аз ноҳияҳои нодири сайёҳии ВМКБ ба шумор рафта, шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ аз мавзеъҳо ва ҷойҳои фарҳангии ноҳия дидан менамоянд.

Рушди сохтмон ва нақлиёт

Соли 2019 дар қаламрави ноҳия бо ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ 28 адад ишооти гуногуни аҳамияти иҷтимоию иқтисодидошта ба маблағи 31,7 млн.сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то охири соли 2019-ум дар 13 адад иншоот ба маблағи 7,6 млн сомонӣ корҳои сохтмонӣ пурра иҷро гардидаанд, ки 24 фоизи маблағҳои пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар 15 адад иншооти дигар бошад, корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ ба маблағи 24,1 млн сомонӣ идома дошта, дар соли 2020 ба истифода дода мешаванд.

Мувофиқи нақшаи пешбинишуда барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои ноҳия  дар ин давом бо назардошти маблағгузории мутамарказ ва нигоҳдории кормандони муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард маблағи 1156742 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, иҷроиши корҳои таъмир ва нигоҳдорӣ дар ин давра маблағи 292747 сомониро ташкил дода, маблағи 818995 сомонӣ барои зимистонгузаронӣ, нигоҳдорӣ ва ғайраҳо равона гардидааст.

Дар доираи андешидани чораҳои зарурӣ оид ба дастрасии аҳолии ноҳия бо нақлиёти ҷамъиятӣ ва хусусӣ ҶДММ “Дилшод” кору фаъолият дошта, корхонаи мазкур ба ҳамлу нақли мусофирон машғул мебошад.

Мактубу муроҷиатҳо

Дар соли 2019-ум 298 адад мактуб, 38 адад барқия аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 429 адад мактубу дархостҳо аз МИҲД-и ВМКБ, 97 адад барқияҳо аз мақомот ва воҳидҳои сохтории ВМКБ, 144 адад қарорҳои раиси ВМКБ, 716 адад қарорҳои раиси ноҳия, 871 адад мактубу дархостҳо ва пешниҳодҳо аз ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ дохил шуда, ба вазорату идораҳо 180 адад, ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ 364 адад ва ба идораю муассисаҳои ноҳиявӣ 302 адад мактубу дархост ва маълумотномаҳо фиристонида шудааст.

Дар соли 2019-ум 215 (188) адад ариза оид ба масъалаи ҷудо намудани замин ворид гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018-ум 27 адад зиёдтар ворид гардида, 114,3 фоизро ташкил дода, муроҷиати шаҳрвандон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар доираи қонунҳои амалкунанда баррасӣ карда шудаанд.

Омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ҷиҳати амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018, № АП-1059 ва банди 15-и нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12-уми майи соли 2018 баён доштанд, чораҳои дахлдор андешида, корҳои назаррасро ба иҷро расонидааст. Вобаста ба ин, қарори раиси ноҳия аз 5-уми июни соли 2018, №309 «Дар бораи таъсиси гуруҳҳои корӣ оид ба омодагӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, дар асоси қарори мазкур гуруҳҳои корӣ таъсис дода шудааст.

Дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳия зиёда аз 96 адад иншооти аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 01.11.2019 дар ҷамоати деҳоти Қалъаихум 35 адад, ҷамоати деҳоти Нулванд 20 адад, ҷамоати деҳоти Вишхарв 18 адад ва ҷамоати деҳоти Сағирдашт 25 адад иншоотро ташкил медод.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон, “ноҳияи Дарвоз дарвозаи Бадахшони Тоҷикистон ба шумор рафта, аз аввал то охири ин ноҳияи зебову дилрабо аз тариқи ганҷинаи Осиё — дарёи Панҷ бо давлати Афғонистон ҳамсарҳад мебошад. Мардуми орифу бузурги Дарвоз, ки худ зиёд солҳо шоҳиди кашмакашҳои гуруҳӣ ва ҷангҳои бемаънии ҳамсоякишваранд, ифтихор аз амнияти кулли кишвари Тоҷикистон ва ваҳдату саодатмандии мардуми тоҷик намуда, тамоми мардум сарфарозиву миннатдорӣ аз Пешвои муаззами худ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар намуда, ифтихор аз он доранд, ки дар давлати амнтарини сайёра умр ба сар мебаранд. Ноҳия дар тамоми самтҳои фаъолият на ин ки дар вилоят, балки дар ҷумҳурӣ низ пешсаф ба шумор рафта, барои мо ободкорӣ шиори зиндагӣ гардидааст. Имрӯзҳо, ки бо иқдоми Роҳбари давлат сохтмони роҳ аз Ёгед то Қалъаи Хум оғоз гардида, корҳои омодагӣ барои сохтмони роҳи Дарвоз-Ванҷ гирифта шудааст, моро ба ояндаи басо неку пешрафта умедвор менамояд. Ногуфта намонад, ки маҳз хизматҳои арзандаи Пешвои муаззами миллат буданд, ки Бадахшони Тоҷикистон давоми даврони соҳибистиқлолии кишвар то он андоза рушду нумуъ намудааст, ки мо онро дар гузашта ҳатто орзу карда наметавонистем. Инро дар мисоли зеботарин ноҳияи кишвар — Дарвоз ман бо сарбаландӣ изҳор менамоям. Ҳазорон ҳазор мисолҳо ҳаст, ки исбот менамоянд рушду нумуи Дарвозро. Имрӯз ҳар меҳмону роҳгузар ва сайёҳе, ки аз ин минтақа дидан менамояд, ҳатман хоҳони истироҳату фароғат дар Дарвоз аст. Ин ҳама ободиву пешрафтҳо ва амният хизмати Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мардум аз он кас басо сипосгузоранд”.

Саиди ҲАЙДАР,

МТЖТ, Душанбе — Дарвоз — Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here