Тавре маълум аст, тағйироти кадрӣ дар Ҳукумати кишвар идома дорад ва тибқи фармонҳои Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27-уми январ низ як қатор раисони шаҳру ноҳияҳо, вазоратхонаҳо ва муовинони вазирону раисони корхонаҳо иваз шуданд.

Чуноне ки хабар дода будем, вазири кишоварзии Тоҷикистон Сатторӣ Изатулло бар асоси як фармони Президент аз вазифа сабукдӯш гардид ва ба курсии вазирии ин ниҳод Салимзода Амонулло Файзулло, бародари вазири собиқи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Салимзода Нусратулло, ки алҳол ба ҳайси раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият дорад, такя зад. Дар фармон барканории Сатторӣ “бо сабаби ба вазифаи дигар гузаштан” гуфта мешавад, аммо то ҳол ба кадом симмат таъйин шудани ӯ маълум нест. Тибқи хабарҳо, синнаш ба нафақа расидааст ва эҳтимол дорад ба нафақа гуселаш карда бошанд. Вазири нави кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло тайи чанд соли охир ректории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Тибқи фармонҳои дигари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон рӯз, Саломзода Сиҷоуддин аз вазифаи раиси шаҳри Исфара, Сулаймонзода Акрам Раҳим (раиси ноҳияи Спитамен), Салимзода Комил (раиси н. Ҷаббор Расулов), Раҷабзода Муҳаммадҷобир (раиси н. Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд), Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз (раиси шаҳри Бохтар), Зоирзода Маърифат Оймаҳмад (раиси н. Балҷувони в. Хатлон) “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаҳо озод гардиданд ва Сулаймонзода Акрам Раҳим иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара, Нуъмонзода Темур и.в. раиси ноҳияи Спитамен, Қудратзода Тоҳир Толибӣ и.в. раиси н. Ҷаббор Расулов, Бобозода Хайрулло и.в. раиси н. Куҳистони Мастчоҳи в. Суғд, Саломзода Сиҷоуддин и.в. раиси шаҳри Бохтар, Ҷалилзода Шералӣ и.в. раиси н. Балҷувони в. Хатлон таъйин гардиданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабари барканории Саломзода Сиҷоуддинро, дар пайи боздошти раиси Дастгоҳи шаҳр Фирдавс Раҳимӣ, бо гумони узвият ба гуруҳи мамнуъи террористӣ-экстремистии “Ихвон-ул муслимин” (“Бародарони мусалмон”) рад мекунад. Ин дар ҳолест, ки аз фаъолияти Саломзода С. дар симмати Раиси шаҳри Исфара то имрӯз ду сол пур нашудааст. Ҳудуди шаҳри Исфара бо сабаби номуайянии хатти марз бо вилояти Бодканди Қирғизистон аз маҳалҳои муноқишахез ба шумор меравад. Чанде қабл сардори ШВКД дар шаҳри Исфара генерал-майор Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, маъруф бо лақаби Шоҳ Искандар низ барканор карда шуд. Искандарзода тайи чанд сол, замоне, ки муносибатҳо бо Ӯзбекистон ва вазъи сарҳад бо ин кишвари ҳамсоя чандон хуб набуд, сардори ШВКД дар шаҳри Турсунзода буд, вале ду сол қабл ӯро бо мақсади ба эътидол овардани вазъият дар минтақаи муноқишахез бо қирғизҳо сардори ШВКД-и Исфара таъйин карданд. Аммо тавре ба назар расид, сиёсати “Шоҳ Искандар” ба “ҷиянҳои хираамон” таъсир накард.

Масъулини шаҳр таъйину барканорсозии мансабдорони давлатиро салоҳияти роҳбарияти мамлакат медонанд. Саломзода Сиҷоуддин пас аз барканорияш аз раисии шаҳри Исфара бо фармони Президент ба вазифаи иҷрокунандаи Раиси шаҳри калонтарини вилояти Хатлон — Бохтар таъйин гардид.

Тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар аз вазифаи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуғаффорзода Нуъмон Абдуғаффор (раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ), Нозанинзода Нусратулло Бодом (муовини якуми Вазири кишоварзӣ), Мусоев Нусратулло ва Саидова Ҷамила (муовинони вазири кишоварзӣ), Амонзода Ширин Шодӣ (муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ), Матробиён Саодатшо Қосимзода (муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот) низ “бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон” озод шуда, Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амонзода Ширин Шодӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Каримзода Саъдӣ Ғаффор муовини якуми вазири кишоварзӣ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Муҳаммадёрзода Усмон Маъмур ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур таъйин гардиданд. Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз бошад, дар мувофиқа бо Президенти кишвар муовини якуми раиси вилояти Хатлон таъйин гардидааст.

Худи ҳамон рӯз Сарвари давлат бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазорату идораҳо, шаҳру навоҳӣ ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ таъин гардиданд, мулоқот карда, талаб намуданд, ки вазифаҳои хизматии ба зиммаашон гузошташударо дар чорчӯбаи Қонун ва талаботи замони муосир ба роҳ монанд, барои боз ҳам самараноку муассир гардидани фаъолияти роҳбариашон пайваста омӯзанд ва ҳамкориро бо вазорату идораҳои марбута зич ба роҳ монанд.

Дар ин миён ягона нафаре, ки симматашро барои 5 соли оянда дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҳифз карда тавонист, Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод буд. Номбурда рӯзи 28-уми январ дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ки “пеш аз ҳама ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои он барои боварии баланди онҳо барои таъйин намудани ман ба вазифаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос мекунам”.

Ҳамчунин, дар ин баробар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои иттилоотӣ низ иттилоъ дар мавриди барканории Ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин гардиданаш паҳн шуд. Аммо баъдан ин хабар тасдиқи худро наёфт ва Раҳмонзода ҳамчунин дар вазифаи қаблияш боқӣ монд. Ба курсии ректори ДМТ бошад, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт такя зад, ки як сол қабл ба ҳайси декани факултаи молия ва иқтисоди Донишгоҳи мазкур таъйин гардида буд. Ректори қаблии ДМТ Имомзода Муҳаммадюсуф ҳамчун вазир ба Вазорати маориф ва илми кишвар кӯчонида шуд.

Хушвахтзода Қобилҷони 38-сола ва ҳамакнун ректори ДМТ соли 2004 факултети баҳисобгирию иқтисодии донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси “баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит” бо дипломи “аъло” хатм кардааст.

Таъйин гардидани Хушвахтзода ба садри Раёсати Донишгоҳи миллӣ ва Нуриддин Саид, вазири собиқи маориф ва илми кишвар ба роҳбарии Кумитаи телевизион ва радио корбарони шабакаҳои иҷтимоиро нигарон ва баҳси гармеро барпо кард. Бисёриҳо аз ҷавонии Хушвахтзода ҳарф мезананд ва мегӯянд, барои таъйин шуданаш ба ин вазифаи пурмасъулият алҳол барвақт аст. Аз Нуриддин Саид, собиқ вазири маориф ва илми кишвар ва ҳамакнун Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ низ интиқоди зиёд аст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ишора ба он ки истилоҳи “маршировка”-и донишҷӯёни макотиби олии мамлакат маҳз дар замони роҳбарии ӯ рӯи кор омад, шӯхиомез мегӯянд, ки акнун журналистон ҳам ба “маршировка” ҷалб хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола қабл аз ҷаласаи солонаи ҳукумат ва пас аз он дар сохторҳои давлатӣ тағйиротҳои кадрӣ сурат мегиранд, аммо мунтақидон ҳамвора аз чунин ҷобаҷогузорӣ интиқод мекунанд. Ба назари онҳо, чунин тағйирот асосан аз ҷойивазкунии кадрҳои куҳна ва содиқ ба Ҳукумат иборат аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here