Ҳайати эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафар карда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии он шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассал маълумот оид ба дастовардҳои шарафмандони вилояти Суғд манзури хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Дар даври ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ вобаста ба таъсири омилҳои беруна, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таъсиси коргоҳҳои нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, фароҳам овардани ҷойҳои нави кории мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва барқарор намудани ҷойҳои кории барҳамдодашуда, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротии минтақа, рушди соҳаҳои сохтмон ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор кардани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои дастӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолият қарор дода шудааст.

Вазъи иҷрои буҷет

Дар ёздаҳ моҳи соли 2019 нақшаи даромади буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 94,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2071,1 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида (2189,8 миллион сомонӣ) 118,7 миллион сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин даври соли 2018 ба маблағи 150,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 1718,95 миллион сомонии дар нақша пешбинигардида 1630,84 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки аз нақша 5,1 фоиз ё ин ки 88,1 миллион сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин даври соли 2018 ба маблағи 69,24 миллион сомонӣ зиёд аст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ дар моҳҳои январ — ноябри соли 2019-ум 1746,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 1656,2 миллион сомонӣ таъмин карда шудааст, ки баробари 94,8 фоизи нақша мебошад.

Дар моҳҳои январ — ноябри соли 2019 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳамагӣ 682,6 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 45,6 миллион сомонӣ ё ин ки 6,3 фоиз кам мебошад. Бақияи қарзи андозҳо нисбат ба аввали сол 4,5 миллион сомонӣ коҳиш ёфта, ба санаи 1-уми ноябри соли 2019 ба 102,9 миллион сомонӣ баробар шудааст. Аз ҷумла, бақияи қарзи андози иҷтимоӣ дар ин давра 34,9 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали соли 2019-ум 2,0 миллион сомонӣ кам мебошад.

Талаботи нафақа дар ин давра 744,3 миллион сомонӣ ва шумораи умумии нафақагирон 226670 нафарро ташкил додааст. Андозаи миёнаи нафақа дар ин давра ба 291,77 сомонӣ баробар шудааст. Маблағгузории музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ сари вақт таъмин гардида, қарзи музди меҳнат дар давраи ҳисоботӣ вуҷуд надорад.

Савдои дохилӣ ва хориҷӣ

Дар давраи ҳисоботӣ барои беҳтар намудани таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои аввалиндараҷа, рушди бозори истеъмолӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ҳаҷми гардиши савдои яклухту чакана якҷоя бо таъмири автомобилҳо 10721,3 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ 3265,5 миллион сомониро ташкил дода, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 мутаносибан 100,5 фоиз ва 102,2 фоиз таъмин гардидааст.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли гузашта ба 1841,8 миллион доллари ИМА, аз ҷумла воридот 1432,5 миллион доллар ва содирот 409,3 миллион доллари ИМА баробар шудааст. Комёбии назаррас дар самти содирот бамаротиб афзудани содироти семент мебошад. Дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ба миқдори 676243 тонна семент ба маблағи 29,9 миллион доллари ИМА содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 мутаносибан 241204 тонна ва 9,8 миллион доллари ИМА зиёд мебошад.

Ҳаҷми содироти маъдан дар ёздаҳ моҳи соли гузашта ба 249,7 миллион доллари ИМА баробар шуда, дар маҷмуъ 264,1 ҳазор тонна маъдан ва консентрат ба содирот бароварда шудааст. Дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ба маблағи 9,7 миллион доллари ИМА маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст. Аз ҷумла, ба маблағи 5,04 миллион доллари ИМА ба миқдори 14338 тонна хушкмева ва ба маблағи 3,3 миллион доллари ИМА ба миқдори 53253 тонна пиёз ба бозорҳои беруна бароварда шудааст.

Ҳамзамон, воридоти намудҳои маҳсулоте, ки имконияти истеҳсолашон дар дохили кишвар мавҷуд мебошад, тадриҷан коҳиш ёфта истодааст. Аз ҷумла, воридоти семент нисбати ёздаҳ моҳи соли 2018-ум 12506 тонна кам шуда, дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ ба миқдори 14529 тонна семент ворид гардидааст. Ҳамзамон, дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” истеҳсоли семент дар дохили вилоят афзоиш ёфта истодааст.

Беҳбудии фазои сармоягузорӣ

Дар вилоят шумораи соҳибкорони инфиродӣ ба санаи 1-уми декабри соли 2019 аз аввали бақайдгирӣ 116980 нафарро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 3826 нафар зиёд шудааст. Аз ҷумла, шумораи соҳибкорони инфиродие, ки аз рӯи патент фаъолият мебаранд, ба 35594 нафар баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 1546 нафар зиёд мебошад. Шумораи субъектони бо шаҳодатнома фаъолиятбаранда 10914 ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 мутаносибан 208 адад афзудааст. Баҳри беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, дар моҳҳои январ — сентябри соли 2019 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 312 миллион доллари ИМА сармоягузориҳо, аз ҷумла 281,3 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва 30,7 миллион доллар сармояи дохилӣ ҷалб гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 1,1 баробар зиёд мебошад. Аз ҷумла, ба маблағи 132,3 миллион доллар сармояи мустақим ва ба маблағи 63,0 миллион доллар ҳар гуна сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилоят ҷалб карда шудаанд. Дар вилоят 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гашта истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда дар доираи ин лоиҳаҳо 207,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ — сентябри соли гузашта барои татбиқи лоиҳаҳо 82,4 миллион доллари ИМА ҷалб карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018-ум 1,3 баробар зиёд мебошад.

Баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар самти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ба ин васила таъмин намудани афзоиши иқтидори содиротии минтақа, чун анъана бо иштироки доираҳои соҳибкории ватанӣ, бахши молиявию қарзӣ, ташкилотҳои сайёҳӣ, шарикони рушди Тоҷикистон, бизнес — ассотсиатсияҳо ва намояндагони Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ ва роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ санаҳои 21-22-юми июни соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VI байналмилалии савдо «Суғд — 2019» баргузор карда шуд ва дар он зиёда аз 300 нафар меҳмони хориҷӣ аз 10 давлати дунё ширкат варзиданд.

Бо мақсади ҷалби бештари соҳибкорони бурунмарзӣ ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар маҳалҳо, аз ҷумла бунёди иншооти гуногуни истеҳсолию иҷтимоӣ, таҷдиди инфрасохтори мавҷуда ва бунёди инфрасохтори замонавӣ барои рушди бахши воқеӣ, таъсиси ҷойҳои нави кории мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми шаҳру деҳоти вилоят санаҳои 21-22-юми сентябри соли гузашта бо соҳибкорони бурунмарзии вилоят, ки муқими Федератсияи Россия мебошанд, дар шаҳри Москва вохӯрии Раиси вилоят доир карда шуд.

Рушди кишоварзӣ

Дар давраи ҳисоботии соли 2019 кишоварзони вилоят барои рушди соҳа тадбирҳои судманд андешидаанд, ки дар натиҷа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 7494,0 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 108,9 фоиз таъмин гардидааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи растанипарварӣ 5595,8 миллион сомонӣ ва дар соҳаи чорводорӣ 1898,2 миллион сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш мутаносибан ба 107,5 ва 113,3 фоиз баробар шудааст. Баҳри таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои кишт барои ҳосили соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 274807 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки аз он 230022,8 гектар ба корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 44784,2 гектар ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ майдони кишти ғалладонаи тирамоҳӣ 30527 гектар ва замини кишти зироатҳои баҳорӣ 182637 гектарро ташкил намуда, нақшаи дурнамои кишти баҳорӣ 101,2 фоиз иҷро гардидааст. Ҳамагӣ дар майдони 113362,1 гектар ғалладонагиҳо (бе ҷуворимаккаи дон) кишт гардидааст, ки аз он 46482,9 гектарро кишти гандум ташкил медиҳад. Дар ин давра дар майдони 58454,1 гектар пахта кишт карда шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 1260,5 гектар зиёд мебошад. Соли 2019 кишоварзони вилоят дар майдони 22450,6 гектар кишти картошка гузаронидаанд. Кишти асосии сабзавот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 15886,8 гектар гузаронида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 484,4 ҳазор тонна, картошка 450,3 ҳазор тонна, полезӣ 125,9 ҳазор тонна, мевагиҳо 147,3 ҳазор тонна, ангур 61,6 ҳазор тонна, гӯшт 41,6 ҳазор тонна, шир 238,8 ҳазор тонна, тухм 383,3 миллион дона, пашм 1513,2 тонна ва асал 1391,6 тоннаро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 сабзавот 24,4 ҳазор тонна кам, картошка 34,3 ҳазор тонна, полезӣ 13,7 ҳазор тонна, мевагиҳо 12,2 ҳазор тонна, ангур 0,4 ҳазор тонна, гӯшт 1,7 ҳазор тонна, шир 4,8 ҳазор тонна, тухм 189,3 миллион дона, пашм 1,5 тонна ва асал 30,9 тонна зиёд мебошад. Истеҳсоли ғалладонагиҳо 323,6 ҳазор тонна, аз ҷумла гандум 124 ҳазор тонна ба ҳисоб гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 мутаносибан 55 ҳазор тонна ва 17,3 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.

Дар вилоят нисбат ба рушди соҳаи пахтакорӣ аҳамияти махсус зоҳир мегардад. Дар мавсими ҳосилғундории соли 2019 дурнамои истеҳсоли пахта дар ҳаҷми 129050 тонна пешбинӣ гардида, пахтакорони вилоят дар ин давра ба миқдори 129302 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки баробари 100,2 фоизи дурнамои истеҳсоли пахта мебошад.

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2015, №793 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» бунёд намудани 5402 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла 4742 гектар боғи зардолу ба нақша гирифта шудааст. Дар ин замина қарори Раиси вилоят аз 8-уми феврали соли 2019, №70 “Оид ба “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020” ба тасвиб расидааст.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят саршумори чорвои калони шохдор 661492 сар, аз ҷумла модагов 353242 сар, гӯсфанду буз 1561245 сар, паранда 4162086 сар ва асп 8388 сарро ташкил намудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 мутаносибан чорвои калони шохдор 18129 сар, аз ҷумла модагов 5512 сар, гӯсфанду буз 23345 сар, паранда 1407448 сар зиёд шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ маҳсулнокии чорво, аз ҷумла ширҷӯшӣ аз 1 сар модагов ба ҳисоби миёна 1482-килограммиро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 аз ҳар сар модагов 39-килограммӣ зиёд гаштааст. Наслгирӣ аз 100 сар чорвои калон 59-сарӣ ва аз 100 сар гӯсфанду буз 92-сариро дар бар гирифта, дар қиёс ба сатҳи соли 2018 мутаносибан 5 ва 2-сарӣ зиёд шудааст.

Саноат ва энергетика

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии вилоят таъмин шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ — ноябри соли 2019 ба 11379,2 миллион сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо дарназардошти индекси нархҳо дар сатҳи 109,0 фоизи ҳамин давраи соли 2018 таъмин гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз 621 корхонаи саноатӣ 566 корхона ё ки 91,1 фоиз фаъолият намудаанд. Истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 барзиёд таъмин карда шудааст.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои муассир дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шудаанд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ — ноябри соли 2019 истеҳсоли орд ба 259,0 ҳазор тонна, равғани растанӣ ба 4178,6 тонна, нон ва маҳсулоти нонӣ ба 71,3 ҳазор тонна ва нӯшокиҳои беспирт ба 5,77 миллион декалитр расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 мутаносибан 30,3 ҳазор тонна, 786,8 тонна, 7,6 ҳазор тонна ва 1,07 миллион декалитр зиёд мебошад. Истеҳсоли либосҳои мактабӣ ба теъдоди 442472 адад таъмин гардида, нисбат ба соли 2018-ум 51707 адад зиёд мебошад. Дар самти истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, бахусус коркарди маҳсулоти кишоварзӣ пешравиҳо назаррас мебошанд. Аз ҷумла, истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот ба 19,5 миллион қуттии шартӣ баробар шуда, суръати афзоиш 114,3 фоиз таъмин гардидааст.

Истеҳсоли ангиштсанг нисбат ба соли 2018-ум 115,4 ҳазор тонна афзуда, дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ба 1,7 миллион тонна расонида шудааст. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 9000 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар соли 2019 ба истифода додани 100 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 1730 ҷойи нави корӣ дар назар дошта шуда, давоми 11 моҳ дар миқёси вилоят 102 корхонаву коргоҳи нав бо 1455 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шуруъ намудаанд.

Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ, дар 11 моҳи соли гузашта дар вилоят 3,87 миллиард кВт/соат нерӯи барқ ба маблағи 846,8 миллион сомонӣ истифода шуда, 737,7 миллион сомонӣ пардохт шудааст, ки 87,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 271,7 миллион сомонӣ барқ истифода шуда, пардохт 265,6 миллион сомонӣ ё 97,8 фоизро ташкил намудааст. Дар доираи иҷрои яке аз ҳадафҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия мунтазам корбарӣ карда шуда, маданияти истифодаи сарфакоронаи энергияи барқӣ пайваста тарғибу ташвиқ мегардад.

Сохтмон ва меъморӣ

Дар моҳҳои январ — ноябри соли гузашта дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 572,2 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ин давра дар ҳаҷми 1291 миллион сомонӣ иҷро гардидааст, ки мутаносибан баробари 109,8 ва 106,1 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2018 мебошад. Илова бар ин, корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 1126,5 миллион сомонӣ иҷро гардида, ба маблағи 425,2 миллион сомонӣ корҳои пудратӣ ба итмом расонида шудаанд. Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 436,5 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 дар сатҳи 101,7 фоиз таъмин гардидааст. Аз ҷумла, 1352 ҷой барои талабагон дар мактабҳо ва 740 ҷой барои кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ муҳайё карда шудааст. Дар давраи сипаришудаи соли 2019 ҷиҳати таҳкими корҳои ободониву созандагӣ аз тарафи Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин бо ҷалби сармояи ватанӣ якчанд иншооти ҷашнӣ бунёд гардида, ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ ва ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуданд.

Саҳми соҳибкорони вилоят низ дар раванди корҳои ободониву созандагӣ хеле назаррас мебошад. Ба муносибати ҷашни Наврӯз дар радифи иншооти давлатӣ бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ як қатор иншооти ҳозиразамон сохта, ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, дар соҳили дарёи Сир, дар шафати Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ Маҷмааи хизматрасонӣ ва тарабхонаи “Темурмалик” бо тарҳи замонавӣ қомат афрохта, аз болои дарё таноброҳа бунёд шуд, ки ду маркази таърихию фарҳангӣ, яъне Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомониро ба ҳам мепайвандад. Дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти корхонаи металлургии ҶДММ “Маҳмуд Ко” бо иқтидори солонаи истеҳсоли 72,0 ҳазор тонна арматура аз ҷониби Сарвари давлат ҳусни ифтитоҳ бахшида шуд. Дар шаҳри Бӯстон маркази хизматрасонии “Баҳор” бо ҷалби сармояи соҳибкори ватанӣ бунёд гардида, барои 30 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда шуд.

Ба истиқболи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси соҳибкорони вилоят якчанд иншооти истеҳсолию хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, корхонаҳои истеҳсоли равғани растании ҶДММ “Зирв Эко” ва коркарди санги хорою мармар “Хорои Хуҷанд” дар шаҳри Хуҷанд, корхонаи ресандагии ҶДММ “Органик Ян” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз” дар шаҳри Бӯстон бо иштироки Пешвои миллат ифтитоҳ ёфтанд.

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва баҳри бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ қарорҳои Раиси вилоят аз 21-уми феврали соли 2018, №51 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва аз 14-уми марти соли 2018, №89 “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва мавриди иҷро қарор дода шудаанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими 6969 иншоот, аз ҷумла 464 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 138 муассисаи томактабӣ, 64 қасри фарҳанг, 39 боғи фарҳангию фароғатӣ, 32 гулгашт, 63 китобхона, 59 беморхона, 163 бунгоҳи тиббӣ, 114 маркази тиббӣ, 18 таваллудхона, 153 нуқтаи хатнаи кӯдакон, 72 дорухона, 255 сартарошхона, 145 ҳаммом, 193 кошонаи ҳусн, 301 маркази савдо, 458 маркази хизматрасонӣ, 120 толор ва 331 майдончаи варзишӣ, 86 майдончаи бозии кӯдакон, 46 меҳмонхона, 209 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ва 3446 адад дигар иншоот пешбинӣ гардидаанд. Дар соли 2019 бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими 2471 иншоот пешбинӣ шуда, дар моҳҳои январ-ноябри соли 2019 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону саховатмандон, кумитаи падару модарони муассисаҳои соҳаи маориф, инчунин бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ 2293 иншооти таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки баробари 92,7 фоизи нақшаи солона мебошад. Бо бунёди иншооти гуногуни истеҳсолӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ қишрҳои осебпазири аҳолӣ, бахусус занону духтарони хонашин бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд ва ин тадбирҳо барои ҳалли проблемаҳои иҷтимоии деҳоти шаҳру ноҳияҳо мусоидат намуданд.

Нақлиёт ва коммуникатсия

Дар натиҷаи иҷрои саривақтии вазифаҳо ва истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда муяссар гардидааст, ки рушди бонизоми соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия таъмин карда шавад. Дар 11 моҳи соли 2019 тавассути маҷмӯи нақлиёт 25,7 миллион тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва 173,7 миллион нафар мусофир кашонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 мутаносибан 103,9 ва 105,4 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор тавассути нақлиёти автомобилӣ 22,5 миллион тонна бор ва 173,5 миллион нафар мусофир кашонида шуда, ҳиссаи он дар маҷмӯи бору мусофиркашонии вилоят мутаносибан ба 87,4 ва 99,9 фоиз расонида шудааст. Тавассути роҳи оҳан 3,2 миллион тонна бор ва 35,2 ҳазор мусофир интиқол дода, бо нақлиёти ҳавоӣ 145,7 ҳазор мусофир кашонида шудаанд.

Дарозии умумии роҳҳои вилоят 8179,9 километр буда, аз он 737,0 километр роҳи аҳамияти байналмилалӣ, 358,9 километр ҷумҳуриявӣ, 2343,5 километр маҳаллӣ, 594,5 километр роҳҳои тобеи хоҷагии манзилию рифоҳӣ ва 4098,8 километр роҳи байнихоҷагӣ мебошад. Дар соли 2019 таъмиру тармими 2166,8 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 169,4 километр таъмири асосӣ, 923,9 километр таъмири ҷорӣ ва 1073,5 километр шағалпӯш мебошанд. Барои ин мақсад аз ҳисоби Вазорати нақлиёт 2619,5 ҳазор сомонӣ, буҷети вилоят 57382,4 ҳазор сомонӣ, буҷети шаҳру ноҳияҳо 7744,9 ҳазор сомонӣ, ташкилоту корхонаҳо 3445,5 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон 16602,2 ҳазор сомонӣ ва аҳолӣ 9091,1 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Маблағи умумии барои иҷрои нақшаи соли 2019 пешбинигардида ба 96,9 миллион сомонӣ баробар аст. Ба ҳолати 6-уми декабри соли 2019 нақшаи таъмиру тармими роҳҳо 114,9 фоиз иҷро гардида, 2489,99 километр роҳ аз таъмир бароварда шудааст, ки аз он 196,49 километр таъмири асосӣ, 1006,0 километр таъмири ҷорӣ ва 1287,5 километр шағалпӯш мебошанд. Барои корҳои иҷрошуда ҳамагӣ 110415,1 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст. Аз ҳисоби буҷети вилоят 42346,7 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, 50,4 километр роҳ, аз ҷумла 46,3 километр аз таъмири асосӣ ва 4,1 километр аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст.

Барои таъмири роҳҳои вилоят аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19700 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Аз ҳисоби Вазорати нақлиёт 3717,9 ҳазор сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 8027,7 ҳазор сомонӣ, ташкилоту идораҳо 4305,5 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон 19315,7 ҳазор сомонӣ ва аҳолӣ 13001,8 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳо маблағгузорӣ шудааст.

Рушди соҳаи маориф

Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ба ин соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Соли таҳсили 2019-2020 дар вилоят 929 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 39 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 815 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 32 гимназия, 24 литсей, 1 мактаби Президентӣ, 4 мактаб барои хонандагони лаёқатманд, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дошта, дар онҳо 547925 нафар, аз ҷумла 267888 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2018-2019 шумораи муассисаҳои таълимӣ 1 адад (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ва шумораи хонандагон 14233 нафар зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ — ноябри соли 2019, мувофиқи маълумотҳои оморӣ, дар вилоят 272 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 203 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, 13 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 56 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият намуда, 44507 нафар кӯдаконро ба тарбия фаро гирифтаанд. Нисбат ба соли 2018 шумораи муассисаҳои томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 20 адад афзудааст.

Шумораи омӯзгорони вилоят 38714 нафар буда, аз онҳо 31558 нафар бо таҳсилоти олӣ, 2156 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 5000 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус фаъолият мебаранд. Илова бар ин, шумораи омӯзгорони маълумоти олидошта зиёд гардида, 81,5 фоизи шумораи умумии омӯзгоронро ташкил намудааст.

Дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми ноябри соли 2017, № 544 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» дар соли 2019 таъмин намудани муассисаҳои таълимии вилоят бо 38 адад кабинет ва озмоишгоҳи фанни физика, фанни химия — 40, фанни биология — 40, фанни география — 11, фанни математика — 14, фанни технологияи иттилоотӣ — 11, кабинети суруд ва мусиқӣ — 72 адад, дар умум 228 кабинети таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар амал давоми 11 моҳи соли гузашта 181 кабинети таълимӣ таъсис ёфтааст, ки баробари 79,4 фоизи нақша мебошад. Шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Хуҷанд нақшаи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020”-ро пурраву барзиёд иҷро намудаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят соли таҳсили 2019 — 2020 умуман 34951 нафар хатм намуда, тариқи Маркази миллии тестӣ 17814 нафар ба мактабҳои олию миёнаи касбӣ дохил шудаанд. Илова бар ин, ба муассисаҳои таълимии ИДМ 1473 нафар ва хориҷи дур 104 нафар дохил гардидаанд. Тибқи квота ҳамагӣ 352 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамагӣ 19743 нафар ҳуқуқи таҳсилро дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ватанию хориҷӣ соҳиб шудаанд, ки баробари 56,6 фоизи шумораи умумии хатмкунандагон мебошад.

Соҳаи тандурустӣ

Дар вилоят 936 муассисаи тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 132 муассисаи сохтори госпиталӣ, 649 муассисаи сохтори КАТС, 155 муассисаи махсусгардонидашуда ва 247 муассисаи тиббии хусусӣ, аз ҷумла 106 ҶДММ, 35 намояндагӣ ва 106 соҳибкори инфиродӣ фаъолият доранд. Ба аҳолии вилоят 5143 нафар табибон ва 17393 нафар кормандони миёнаи тиб хизмат расонида истодаанд.

Дар қайди Раёсати тандурустии вилоят ҳамагӣ 2758 нафар мубталоёни ВНМО қарор дошта, дар давраи ҳисоботӣ 368 нафар бо сирояти ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2018-ум 10 нафар зиёд мебошад. Асосан гирифторони мубталои ВНМО синну соли аз 30 то 49-соларо дар бар мегиранд.

Дар моҳҳои январ — ноябри соли гузашта 3062 ҳодисаи бемории зардпарвин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 508 ҳодиса зиёд мебошад. Бемории шадиди рӯдаю меъда ҳамагӣ 3446 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 490 ҳодиса кам мебошад. Ҳодисаҳои захмдоршавӣ аз газидани ҳайвонот нисбат ба 11 моҳи соли 2018 ба миқдори 265 адад зиёд гардида, ҳамагӣ 4579 ҳолати газидани ҳайвонот ба қайд гирифта шудааст. Баҳри пешгирии касалиҳои мазкур дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва лоиҳаҳои гуногун тамоми чораҳо андешида шуда истодаанд.

Рушди соҳаи фарҳанг

Дар муассисаҳои фарҳангии вилоят бахшида ба таҷлили ҷашнҳои 26-солагии Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳо, вохӯриву суҳбатҳо, баромади дастаҳои ҳаваскорони санъати бадеӣ, намоиши театрикунонида, мулоқоти атрофи мизи мудаввар, конфронсу семинарҳо, намоиши китобию матбуотӣ, асарҳои рассомон, барномаҳои консертӣ ташкил ва гузаронида шудаанд.

Дар вилоят “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» ва «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» татбиқ шуда истодаанд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Барномаҳои мазкур муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо марҳала ба марҳала таъмиру тармим гардида, бо таҷҳизоти техникӣ, сарулибоси саҳнавӣ, асбобҳои мусиқӣ, мизу курсӣ муҷаҳҳаз гардида истодаанд. Инчунин, ҷиҳати ҳифз ва барқароркунии ёдгориҳои таърихӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон корбарӣ ба роҳ монда, давоми солҳои охир якчанд ёдгориҳои таърихӣ таъмир ва барқарор карда шудаанд.

Соли гузашта низ таваҷҷуҳ ба рушди соҳа бештар гардида, дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қасри фарҳанг бо 400 ҷойи нишаст бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯзи ҳуҷастапай ифтитоҳ ёфт.

Кор бо ҷавонон ва варзиш

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд ва таъмиру тармими иншооти варзишӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин ба рушди соҳаи варзиш ва таъмини солимии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Айни ҳол дар миқёси вилоят 2634 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 45 варзишгоҳ, 1817 майдончаи варзишӣ, 558 толор, 33 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмааю иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд. Дар 11 моҳи соли гузашта дар маҷмуъ 116 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 17 толори варзишӣ, 97 майдончаи варзишӣ ва 2 ҳавзи шиноварӣ бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ба маблағи 13361 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 26650,6 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар миқёси вилоят дар давраи ҳисоботӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар сатҳи вилоят мусобиқаҳо бо фарогирии ҷавонон гузаронида шудаанд. Аз рӯйи натиҷаҳои мусобиқаҳои вилоятӣ дастаи варзишгарони вилоят барои иштирок дар мусобиқаҳои мухталифи ҷумҳуриявию байналмилалӣ таъсис дода шуда, онҳо дар 143 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, соҳиби 850 медали тилло, 668 медали нуқра ва 719 медали биринҷӣ гардидаанд.

Инчунин, ҳайати 537-нафараи варзишгарони вилоят, аз ҷумла 97 нафар бонувон дар 58 мусобиқоти байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 293 медал, аз ҷумла 103 медали тилло, 62 медали нуқра ва 128 медали биринҷӣ шудаанд.

Рушди соҳаи сайёҳӣ

Бо мақсади татбиқи самтҳои дахлдори “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” бо қарори Раиси вилоят аз 21-уми майи соли 2019, №192 нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” тасдиқ шуда, корбарӣ дар ин самт ҷараён дорад. Тибқи қарори мазкур, дар маҳал қарорҳои дахлдори раисони шаҳру ноҳияҳо ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шудаанд.

Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, омӯзиш ва таҳлили вазъи ҳуқуқию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, қарори Раиси вилоят аз 7-уми майи соли 2018, №178 «Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» ба тасвиб расида, то имрӯз масъалаҳои мубрами соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Ҳамчунин, Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ тасдиқ гардида, иҷрои он зери назорати доимӣ қарор дорад. Дар ин давра сомонаи сайёҳии вилоят бо 5 забон омода гардида, харитаи сайёҳӣ, китоби “Туризм и ремесло” ва роҳнамои сайёҳӣ дар ин сомона ҷойгир гардида, дар шабакаи интернет фаъол карда шудааст.

Илова бар ин, оид ба пешниҳод намудан ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ харитаи сайёҳӣ, китоби раҳнамои сайёҳии вилоят ва “Туризм и ремесло” (Северный Таджикистан) бо забонҳои хориҷӣ, маҷаллаи «Tajikistan`s Guide», фитта ва буклетҳо аз нав таҳия гардидаанд, ки имкониятҳои сайёҳиро муаррифӣ менамоянд.

Тадбирҳо бобати тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳӣ, пайдо намудани бозорҳои нави ҷаҳонии сайёҳӣ яке аз самтҳои фаъолияти рушди соҳа маҳсуб ёфта, муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ дар Федератсияи Россия, иштирок дар намоишгоҳи бонуфузи ҷаҳонии «IТВ Веrlin» (ай ти би Берлин), Ярмаркаи VI байналмилалии савдо «Суғд-2019», форумҳо, намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Тоҷикистон — 2019” ва инфотурҳо (хатсайри маълумотдиҳӣ) баргузор шуда, имкониятҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ гардидаанд.

Бахшида ба эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» лагери экологию сайёҳии “Артуч” фаъол гардида, зиёда аз 60 нафар омӯзгорон, коршиносон, донишҷӯёни факултаи забонҳои хориҷӣ ва риштаи сайёҳӣ, инчунин намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ҷалб карда шудаанд.

Дар доираи чорабинии мазкур хатсайри нави сайёҳӣ тавассути шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд — Истаравшан — Шаҳристон — Айнӣ — Панҷакент ба роҳ монда шудааст. Тибқи барнома, дар мавзӯи “Сайёҳӣ ва намудҳои он”, “Роҳбалад кист?” ва “Саёҳати экологӣ” аз ҷониби мутахассисони соҳаи сайёҳӣ семинарҳо гузаронида шудаанд.

Ҳамзамон, аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ бо сайёҳони хориҷӣ, ки зиёда аз 100 нафар аз кишварҳои Федератсияи Россия, Украина, Олмон ва дигар давлатҳо омада буданд, вохӯриҳо баргузор гардидаанд.

Дар натиҷаи роҳандозӣ гардидани фаъолияти босамар шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар вилоят ба 40 адад расонида шуда, илова бар ин, 2 ташкилоти ҷамъиятӣ — Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон ва Шӯрои рушди сайёҳӣ фаъолият бурда истодаанд.

Муроҷиати шаҳрвандон

Дар 11 моҳи соли 2019 ба унвонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар маҷмуъ 4428 муроҷиат ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 (6122) 1694 адад кам мебошад. Аз теъдоди умумии муроҷиатҳои воридгардида 2960 хаттӣ, 1274 шифоҳӣ, 47 муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин давра ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тавассути Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1052 муроҷиати шаҳрвандон ворид шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 98 адад кам мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар 11 моҳи соли гузашта муроҷиати дастаҷамъона 338 адад ба қайд гирифта шуда, нисбати соли 2018 (444 адад) 106 адад кам мебошад.

Ба гуфтаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, «имрӯз дар ҷомеа фазои созгори маънавӣ ҳукмфармо аст. Мардуми шукргузору сарбаланди вилоят бо қатъияти том сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дастгирӣ намуда, ба бунёдкориву созандагӣ машғул мебошанд. Кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки нисбати ҳама гуна зуҳуроту падидаҳои номатлуб муҳити оштинопазир фароҳам гардад ва дар ин замина тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар руҳияи ифтихор аз Ватани соҳибистиқлол ва худшиносии миллӣ густариш ёбад».

— Маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар вилоят густариши тоза пайдо намуд ва дар ин замина рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва вусъат бахшидани дастоварду комёбиҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ меандешад,- афзуд Раиси вилоят.

Таваҷҷуҳи Раиси вилоят ба гармхонаҳо

Бояд гуфт, ки талошҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баҳри ободониву рушди иқтисодӣ беназир аст. Масалан, дар самти фаъол намудани гармхонаҳо, ки барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон муҳим аст.

Лозим ба ёдоварист, ки 30-юми январи соли ҷорӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти як қатор гармхонаҳо шинос шуд. Раиси вилоят нахуст дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти гармхонаҳои соҳибкор ва гулпарвар Абдусалом Шодибековро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Тавре иттилоъ дода шуд, аз тарафи соҳибкор панҷ гармхона ташкил гардида, дар онҳо парвариши помидор, бодиринг, қулфинай ва гулҳои мавсимӣ ба роҳ монда шудааст. Дар гармхонаҳои ташкилнамудаи Абдусалом Шодибеков 40 нафар бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин буда, коргарон ҷиҳати таъмин намудани бозорҳои вилоят бо маҳсулоти тару тоза саҳми назаррас мегузоранд.

Дар шаҳри Хуҷанд Раиси вилоят бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти гармхонаҳо ва ҳолати нашъунамои ниҳолҳо аз КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ» боздид намуд. Дар аснои боздид иттилоъ дода шуд, ки дар КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд баҳри самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини муассиса, ки беш аз 8 гектарро ташкил медиҳад, аз тамоми василаҳо истифода бурда, дар самти кишти гулу ниҳолҳои ҳамешасабз тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Алҳол дар 5 гармхонаи муассисаи кабудизоркунӣ гулҳои навъи бахмалгул, марҷонгул кишт гардида, нашъунамои хуб доранд. Таъмиру ороиши биноҳои иҳотавии муассиса, буриши санитарии дарахтон ва нигоҳубини доимии ниҳолҳои шинонидашуда ба фаъолияти доимии корманадони муассиса табдил ёфтааст. Дар майдонҳои ҳудуди муассиса бошад, зиёда аз 500 000 бех қаламчаҳои гули садбарг шинонида шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки дар вилояти Суғд беш аз 440 гармхона мавҷуд буда, дар 272 гармхона парвариши сабзавот ва дар 176 гармхона парвариши лимӯ ва гулҳо ба роҳ монда шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гармхонаҳои вилояти Суғд баҳои баланд додаанд.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here