Ҳайати эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин навбат ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сафар намуда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии он шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассали роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ Саиди Ҳайдар маълумот оид ба дастовардҳои шарафмандони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 манзури хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардад.
— Фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба таъмини волоияти Қонун, риояи талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона гардида, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳ кардани сатҳу сифати зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи меҳнатию фароғатии мардум ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ медиҳад,- иброз намуд раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Саиди Ёқубзод дар оғози суҳбат ва афзуд:
— Баҳри ҳифзи некӯаҳволии мардум аз тарафи роҳбарияти саёсии кишвар, махсусан Пешвои муаззами миллат хизматҳои шоён анҷом дода шуда, ин талошу такопуҳои бунёдкоронаву созанда батадриҷ идома доранд. Гузашта аз ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сари ҳар қадам дастгириҳои бевоситаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбонбой Ҳакимзодаро эҳсос менамоянд, бинобар ин, мо низ талош ва самти фаъолияти худро ба он равона менамоем, то марҳила ба марҳила зиндагии шоистаро ба мардум муҳайё намоем.
Мутобиқи маълумоти омории пешниҳодгардида, дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2019 ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 3388 шаҳрванд (2967 нафар тариқи хаттӣ ва 421 нафар тариқи шифоҳӣ) муроҷиат намудаанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 4 муроҷиат ба тариқи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва 22 муроҷиат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ ба 2967 муроҷиат (96,5 фоиз) ҷавоб гардонида шуда, 104 муроҷиат дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.
Дар идома Саиди Ёқубзод бо пешниҳоди рақамҳои мушаххас аз бурду бохти соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъкид намуд, ки сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусии ноҳия дар нуҳмоҳаи соли равон як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд.
Иҷрои буҷет
Мувофиқи маълумоти Вазорати молия ва Кумитаи андоз, нақшаи қисми даромади буҷети ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар давраи ҳисоботии моҳҳои январ-сентябри соли 2019-ум 24,9 млн сомонӣ ворид гардидааст. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия ба маблағи 22,4 млн сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст.
Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 86 фоиз иҷро гардидааст. Нақшаи нуҳмоҳа 48,8 млн сомонӣ муқаррар гардида, аз ҳисоби буҷет 41,7 млн сомонӣ маблағгузорӣ карда шудаст. Аз ҷумла, сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 80,0 фоиз, маориф 84 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 91 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 84 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 100 фоиз, фарҳанг 83 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 66 фоиз маблағгузорӣ карда шудаст.
Ба ҳолати 1-уми августи соли 2019 қарзи корхонаю ташкилот аз ҳисоби андоз (бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 7,3 млн сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба 1-уми январи соли 2019 ба маблағи 914,5 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, тайи моҳҳои январ-сентябри соли 2019 аз тарафи бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ ба маблағи 24,2 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 1,7 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Ба ҳолати 1-уми октябри соли 2019 аз тарафи нозироти андоз 1238 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 337 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 1 млн 115,0 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷет ворид гардидааст. Дар ин давра 170 соҳибкор ба тариқи патент, 22 соҳибкор ба тариқи шаҳодатнома, 1 шахси ҳуқуқӣ ва 145 хоҷагии деҳқонӣ аз нав ба қайд гирифта шудаанд.
Дар ноҳия 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истода, маблағи истифодашуда 4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. То охири соли 2019 амалигардии 1 лоиҳа бо маблағи 125 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ гардидаст.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои солҳои 2015-2019-ум 147 лоиҳаро бо маблағи 261,4 млн сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 1-уми сентябри соли 2019-ум 79 лоиҳа бо маблағи 69,4 млн сомонӣ (26,6 фоиз) иҷро гардидааст.
Ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ бошад, аз ҳисоби сармояи мустақил 19392,5 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷалбшуда 11751,3 ҳазор сомонӣ ва сармояҳое, ки дар бахши хусусӣ ворид шудаанд, 38277,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Саноат
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 70 миллиону 608,0 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 1783,7 ҳазор сомонӣ, ё худ 100,6 фоиз зиёд гардидааст.
Ҳаҷми истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ 1545,6 тонна, гӯшт 671,1 тонна, маҳсулоти пластикӣ 2376 метри мураббаъ ва орд 12,2 фоиз зиёд гардида, истеҳсоли хишти сементӣ ба 1170,2 ҳазор дона расонида шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 25 ҳазор дона ё ин ки 2,2 фоиз афзун мебошад.
Маълумотҳои оморӣ гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки аз 19 корхонаи саноатӣ 15 корхона фаъолият дошта, мутаассифона 4 корхона аз фаъолият бозмондаанд.
Дар ҳамин ҳол, тайи моҳҳои январ-сентябри соли 2019 дар ноҳия 25 корхонаю коргоҳ ва иншооти хизматрасонӣ бо 125 ҷойи кории нав мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.
Сохтмон ва меъморӣ
Дар ин давра ҳаҷми маблағгузории асосӣ 26 миллиону 679,3 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 3,7 баробар зиёд мебошад. Ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҳисоби сектори хусусӣ ва аҳолӣ 3039,3 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Корҳои сохтмониву васлкунӣ ба маблағи 14 миллиону 827,6 ҳазор сомонӣ иҷро шудаанд. Аз ҳисоби сектори хусусӣ бо маблағи 2180,9 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудааст.
Дар баробари ин, ба масоҳати 1100 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ ва 60 ҷои нишсти талаба мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд.
Нақлиёт ва алоқа
Масофаи роҳҳои ноҳия 227,6 километрро ташкил медиҳанд, ки аз он аҳамияти ҷумҳуриявӣ 45,5 километр, аҳамияти маҳаллӣ 182,1 километр мебошанд. Барои таъмири роҳҳои аҳамияти ҷумҳуривӣ дошта 149,9 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, барои зимистонгузаронӣ 12,5 ҳазор сомонӣ ва барои таъмири асоси роҳҳо 90,1 ҳазор сомонӣ масраф шудааст.
Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар 9 моҳи соли 2019-ум 15,8 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта ҷудо гардида, 55 аломати роҳ бо сутунчаҳояш васл карда шудаст.
Аз ҳисоби соҳибкорон дар ин давра зиёда аз 30 километр роҳ бо маблағи 112,9 ҳазор сомонӣ сангфарш ва 1 пул дар ҳудуди деҳоти Дӯстӣ, 1 пул дар роҳи аҳамияти маҳаллидоштаи Ҷамоати деҳоти Қадриддин Ғиёсов ва 1 пул дар роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта дар масофаи 5 километр бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ таъмиру барқарор карда шудааст. Инчунин, тибқи нақша таъмиру тармими маркази шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ, кӯчаи Сомониён ва дигар кӯчаҳо ба масофаи 8 километр аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то ба имрӯз 1,2 километр аз таъмири асосӣ бароварда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Кишоварзӣ
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 388,9 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,5 млн сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 108,5 фоизро ташкил медиҳад.
Кишоварзони ноҳия ба ҳолати 1-уми октябри соли 2019 дар майдони 20086 гектар дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишти зироатҳои кишоварзиро анҷом додаанд, ки аз он ғалладона 7483 гектар, сабзавот 1292 гектар, полезӣ 333 гектар, картошка 576 гектар ва зироати хӯроки чорво 2208 гектар, кишти зироатҳои техникӣ 8165 гектар, аз он 8000 гектар кишти пахта гузаронидаанд.
Кишти такрорӣ мувофиқи маълумоти фаврии раёсати кишоварзӣ ба ҳолати 2-юми июли соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ мувофиқи дурнамо 6440 гектар ба нақша гирифта шуда, иҷро он ба 6335 гектар расонида шудааст, ки 98,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз он дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ мувофиқи нақша 3400 гектар, иҷро 3392 гектар, 99,8 фоиз дар бахши аҳолӣ нақша 3040 гектар, иҷро 2943 гектар, 96,8 фоизи нақшаи дурнамо расонида шуда, корҳо дар ин самт идома доранд. Ба ҳолати 09.10.2019 қабули пахта мувофиқи ВҚ-17 8179,3 тонна супорида шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 1895,2 тонна зиёд мебошад.
Ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи давлатии боғу токпарварӣ аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар майдони 19 гектар боғи нав бунёд карда шудааст. Дар маҷмуъ боғу токзори ноҳия 1242,8 гектарро ташкил намуда, аз он 5894 тонна мева ва 2514 ангур истеҳсол карда шудаст.
Дар ноҳия шудгор ва кишти тирамоҳӣ оғоз гардида, ба ҳолати 09.10.2019 дар 706 га замин шудгор гузаронида шудаааст, ки аз ин 83 га пиёз, 74 га сабзӣ, 44 га карам, 30 га сабзавоти гуногун, 179 га беда, 233 га гандум ва 22 га ҷав мебошад. Ташаббускориҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 40 ҳазору 342 сар, моли майда ба 66 ҳазору 690 сар, саршумори паранда ба 78 ҳазору 690 сар ва асп 2193 сар расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 саршумори чорвои калон 786 сар, моли майда 795 сар ва паранда 945 сар ва асп 5 сар афзудааст.
Бо мақсади беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо соли 2019 аз 607 километр заҳбуру заҳкашҳо 18,5 километр, бо харҷи 239,9 ҳазор сомонӣ ҳолати мелиоративии 244,1 гектар замин аз ҳисоби ҳаққи хизматрасонии об ва саҳми хоҷагиҳои деҳқонӣ беҳтар карда шудаст, ки баробари 85 фоизи нақша мебошад. Барои тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо айни замон дар ҳудуди ноҳия 7 экскватори гуногунтамға сафарбар гардидааст.
Шуғли аҳолӣ
Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 1299 нафар барои пайдо кардани ҷойи корӣ муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 584 нафар зан мебошанд. Аз теъдоди умумии муроҷиаткардагон 1285 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шудаанд. Бо ҷойҳои кории доимӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 600 нафар таъмин шудаанд.
Дар ин давра 11 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 705 ҷойи кории холӣ гузаронида шуда, дар он 49 корхона ва 405 корҷӯй иштирок намудаанд. Аз ин теъдод 130 нафар бо кор таъмин шуда, 215 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифта, 60 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар шудаанд. Барои рушди соҳибкории шахсони бекор ба 25 нафар ба маблағи 62560 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудаст.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2019 нақшаи таъсиси ҷойҳои кории нав ба 385 ё ба 102 фоиз расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 17 ҷойи кори нав зиёд мебошад.
Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандони ноҳия 896,26 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 144,05 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 119,2 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи ҳисоботи оморӣ 10580 нафар шаҳрванд дар ноҳия дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар мебошанд, ки аз ин теъдод 9755 нафар мард ва 825 нафар занро ташкил медиҳанд. Шумораи муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ дар ноҳия 11 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, шумораи ятимону толибилмони бепарастор 40 нафарро ташкил медиҳад. Дар нуҳ моҳи соли 2019 аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба онҳо ба маблағи умумии 1 миллиону 25,2 ҳазор сомонӣ, инчунин ба 55 оилаҳои ниёзманд, ба афсарони қисми низомии 87740-и дар ноҳия буда, собиқадорони ҷангу меҳнат ва маъюбон 170 ҳазору 340 сомонӣ кӯмакҳои молиявӣ ва моддӣ расонида шудааст.
Маориф ва илм
Дар 63 муассисаи таълимии ноҳия 41 ҳазору 506 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 2016 омӯзгор таълим медиҳанд. Аз ин шумора 853 зан, 1 ҳазору 107 нафар бо маълумоти олӣ, 14 нафар олии нопурра, 795 нафар бо маълумоти миёнаи махсус, 3 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ, аз он 29 нафар ғоибона дар муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолият доранд.
Дар 6 муассисаи томактабӣ 576 кӯдак дар 32 гуруҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар 13 муассисаи маркази инкишофи кӯдак 13 гуруҳ ташкил ёфта, иловатан 240 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Аз 2261 нафар хонандагони синфи 11-и мактабҳои ноҳия 1396 нафар хатмкунандагон дар Маркази миллии тестӣ ба қайд гирифта шуда буданд, ки 1101 нафарашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ шомил гардидаанд. Ҳамзамон 18 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ дохил гардидаанд.
Аз ҳисоби маблағҳои сарикасӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия 9 адад тахтаи электронӣ бо видеопроекторҳо ва 130 адад компютерҳо харидорӣ карда шудааст.
Айни ҳол сохтмони 50 синфхонаи иловагӣ дар 7 муассисаи таълими умумӣ идома дорад, ки дар муҳлатҳои наздик мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Фарҳанг
Дар ноҳия 33 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 4 хонаи фарҳангӣ, 8 клуб, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 1 китобхонаи шаҳрӣ, 12 китобхонаи деҳот, 1 боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ ва 1 мактаби санъати бачагона ба аҳолӣ мақсаднок хизмат расонида истодаанд. Ҳамчунин, дар ноҳия 15 китобхона фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 76 ҳазору 882 нусха китоб маҳфуз аст. Аз ин шумора 24 ҳазору 270 нусха китоб бо забони давлатӣ, 46 ҳазору 355 нусха китоб бо забони русӣ ва 6 ҳазору 257 нусха китоб бо дигар забонҳои хориҷӣ мавҷуд мебошад.
Дар ин давра муассисаҳои фарҳангии ноҳия 300 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузаронидаанд, ки дар он 54642 нафар иштирок кардаанд.
Варзиш
Шумораи ҷавонон дар ноҳия 60176 нафарро ташкил намуда, аз он 24340 нафар хонандагон мебошанд. Дар ноҳия 91 чорабинии варзишиву фарҳангӣ, 15 мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шудааст. Тариқи маблағгузории Барномаи маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои солҳои 2016-2018 то имрӯз 29500 сомонӣ ҷудо гардидааст.
Теъдоди умумии майдончаҳои варзишӣ 147 ва толорҳои варзишӣ 24 ададро ташкил медиҳад. Дар нуҳ моҳи соли 2019 дар ҳудуди ноҳия 4 майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст. Муассисаи мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳия фаъолияти худро аз рӯи 5 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 280 кӯдаку наврасони ноҳия ба тамрини гуногуни варзишӣ фаро гирифта шудаанд.
Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 14 медал, аз ҷумла 2 медали тилло, 6 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ гардидаанд.
Танзим
Дар ноҳия 1 комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, 8 комиссияи доимии маҳаллии доимоамалкунанда ва 154 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият дошта, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1367 тӯйи домодию арӯсӣ, 15 тӯйи домодию арӯсии хайриявӣ, 129 маросими чил, 90 маросими сол баргузор шудааст, ки дар маҷмуъ теъдоди умумии маъракаҳо 1592 ададро ташкил намуда, хароҷоти умумии он 5 миллиону 50 ҳазору 459 сомониро ташкил додааст. Маблағи мазкур ба сари ҳар маърака 4 ҳазору 200 сомонӣ рост меояд.
Давоми нуҳ моҳи соли 2019-ум 1 қонуншиканӣ ошкор шуда, аз рӯи тобеият ҷиҳати баррасӣ ба суди ноҳия пешниҳод ва аз тарафи суди ноҳия 1650 сомонӣ ҷаримабандӣ гардидааст. Аз тарафи бахш низ нисбати 6 нафар шаҳрванд ба маблағи 2205 сомонӣ барои риоя накардани моддаи 474-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаримабандӣ шудааст.
Феълан дар ноҳия 1 масҷиди марказӣ, 5 масҷиди ҷомеъ ва 66 масҷиди панҷвақта амал дошта, фаъолияти онҳо зери назорати сохтору мақомоти марбута қарор дорад.
Омодагӣ ба ҷашни пуршукуҳ
Бо мақсади омодагӣ ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои он таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёду таъмири 155 иншоот ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1-уми октябри соли 2019-ум 40 иншоот ё 26,2 фоизи онҳо сохта ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла, 6 муассисаи таълимӣ, 1 бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, 2 кӯдакистон, 8 майдончаи варзишӣ, 1 маркази ташхисию табобатӣ, 25 бунгоҳи тиббӣ, 5 маркази тиббӣ, 7 дорухона, 20 нуқтаи хатнакунии кӯдакон, 2 меҳмонхона, 14 сартарошхона, 14 кошонаи ҳусн, 7 ҳаммом, 2 сардхона, 1 корхонаи сементбарорӣ, 1 қасри фарҳанг, 1 дарвозаи даромадгоҳ, 1 корхонаи коркарди шир, 3 сехи дӯзандагӣ, 1 коргоҳи атласбофӣ, 1 коргоҳи адрасбофӣ, 1 коргоҳи қолинбофӣ, 2 коргоҳи дӯхти либосҳои мактабӣ ва 28 дӯкони ҳунарҳои мардумӣ то тантанаҳои ҷашнӣ бояд мавриди истифода қарор гиранд.
Тавре раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Саиди Ёқубзод дар фароварди суҳбат гуфт, “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, тамоми коллективҳои меҳнатии ноҳия баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаҳои тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия минбаъд низ тадбирҳои судманд андешида, онро бо ҷидду ҷаҳд амалӣ хоҳанд намуд. Дар ин раванд мо маҳз роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор ва фаъолиятамонро идома медиҳем ва барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, некӯаҳволии мардуми кишвар ҳамеша ҷаҳду талош менамоем”.
Cаиди ҲАЙДАР, МТЖТ