Ё розҳои нокушодаи Анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва таърихномаи ин ниҳод


Дӯсти донишмандам, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Ҷӯрабек Назрӣ дар ҳафтавори «Миллат» силсилаи мақолаҳоро ба табъ расонд. Гумон мерафт, ки ин навиштаҳо тезиси баромади ӯ дар съезди тоза ба вуқуъ пайвастаи Иттифоқи нависандагон бошад, зеро дар он анҷуман ба хоҳишмандон сухан кардан муяссар нагашт, чунки рӯйхати баромадкунандагон қаблан тартиб дода шуда буд.
Устод баъдтар ин мақолаҳоро дар шакли китоб аз нашр баровард. Нигоштаро пурра хонда, шахс эҳсос мекунад, ки он натанҳо аз тезисҳо иборат будааст. Шояд маърӯзаи алтернативӣ дар анҷуман буд, ё муаллиф ин маърӯзаашро ба анҷумани навбатӣ ё ғайринавбатии ин созмон пешниҳод карданӣ аст. Ба ҳар ҳол, асар ба илми идораи адабиёт бештар дахл дошта, бо тарафҳои нақди адабӣ, таҳлили порчаҳои шеъриву насрӣ, такмили андеша ва ғайраҳо сарукор гирифтааст.
Барои он идораи адабиёт гуфтем, ки дар ҳақиқат ҳам устод барои корбарӣ ва роҳбарӣ ба ин соҳа бетафовут нест. Аз таҷрибаи бобоӣ, ки садрнишинон аз ҳисоби мардумсолору маҳфилорову шахсони солдидаву дар гузашти рӯзгор пухта иборат мегашт, муаллиф худро бетафовут гирифта наметавонад. Адабиётсолорони имрӯза, шахсоне, ки дар роҳи адабиёт бемуболиға ҷоннисорӣ кардаанд, аз роҳбарӣ ба ин соҳа дур мондаанд. Дар раёсати Иттифоқи нависандагон барои падарсолори адабиёт Муъмин Қаноат ва Аскар Ҳакиму Меҳмон Бахтӣ, ки ҳар кадоме 10-15 соли умри худро бо роҳбарӣ дар ин соҳа сарф кардаанд, ҷой нарасид.
Ин бесобиқагиро натанҳо дар шикасти анъанаи аҷдодӣ мебинем, балки дар байни ҳамаи миллатҳои дигар ҳам ин рафтор аз одоб берун ҳисоб мешавад. Ин амал ҳам баробари панди горбачёвӣ буд, ки аз 35-сола боло наметавонад дар сатҳи роҳбарии ноҳия бошад, аз 40-сола боло дар зинаи роҳбарии вилоят. Ин андарзи ӯ ба чӣ анҷомид, аз ҳар як таърихдӯст бишнавед.
Китоби мазкур ҷамъи андешаву фикрронии ин шахси пажуҳишгари пуркору хушкор аст. Албатта, ҳар кас бардошту мулоҳизаҳои худро дорад, на ба ҳамаи хулосаву пешниҳодҳои он кас мувофиқ буда метавонад. Аз ҷумла мо низ наметавонем дар бораи баҳодиҳӣ ба зиндагинома ва эҷодиёти «шоирону нависандагони халқӣ» розӣ шуда тавонем. Баъзе олимони дигар аз устод «илҳом» гирифта, ҳатто пешниҳод мекунанд, ки «фаъолияти ин унвондорҳо бознигарӣ шавад, зеро онҳо бо дарёфти ин номҳо мавқеи иҷтимоӣ касб карданд». Мутаассифона, ин пешниҳодро онҳое мекунанд, ки дар бораи ваҳдату якпорчагӣ аз дигарон дида, бештар сухан мегӯянд. Мо бар он ақидаем, ки ин адибон дар шароити хоси таърихӣ соҳиби унвон гаштаанд. Фақат ҳаминро гуфтанием, ки қариб аксарияти онҳо замоне пеш-пеши сарнайзаи командирони саҳроии давр буданд. Бознигарии фаъолияти онҳо ревизияи аъмоли худи мост. Нашитобед, вақт ҳамаро дар ҷои худ мегузорад.
Дар умри тӯлонии худ дар даҳҳо съездҳо, аз ҷумла анҷуманҳои умумииттифоқии ташкилотҳои ҷамъиятии давраи советӣ — комсомолу ДОСААФ-у Ҷамъияти дӯстдорони китоб ва ғайра иштирок доштам. Роҳбарони ташкилотҳо иваз мешуданд, вале ягон раисро надида будам, ки мисли Меҳмон Бахтӣ баъди хондани маърӯза ба қатори дуюм гузарад ва дар бурдани маҷлис минбаъд иштирок надошта бошад. Зеро Съезд аз рӯи сенарияе мерафт, ки аъзои раёсат хабар надоштанд. Он ҳодиса ҳам, ки чанд саҳифаи аввали маърӯзаи ҳисоботӣ дар ҷояш набуд, ба фаъолияти муаллифони сенарияи анҷуман пайвастагӣ дорад. Меҳмон Бахтӣ гап ёфта, суханашро давом дода, аз мушкилӣ баромад, вале ҷавонмардиро аз даст надод, варақҳои маърӯзаро ба сари ҳамкорони масъули собиқаш напошид, онҳоро шарманда насохт.
Дигар лаҳзаи нозуке, ки дар хотир мондааст, рафти интихобот аст. Лоиҳаву рӯйхатҳо нохонда ба овоз гузошта шуданд. Мувофиқи талаботи моддаи 3.2 банди «б» «… аз тариқи райъдиҳии ниҳонӣ бо аксарияти овозҳо Раис, Садорат ва Комиссияи тафтишоти Ташкилотро интихоб мекунад». Вале ин тавр нашуд.
Тибқи моддаи 3.2, банди «г» аз ҳар 6 нафар аъзо як нафар узви садорат интихоб карда мешуд. Мақсад аз чӣ иборат буд, ки аз шумораи умумии 430 нафар аъзо ҳамагӣ 68 нафар интихоб шуд, на 71 кас? Нависандаи ба қавли Ғаффор Мирзо сахтсар — Абдурофеъ Рабизода пешниҳод кард, ки нависанда Маҷид Салим ба ҳайати Садорати Иттифоқ интихоб карда шавад. Раисикунанда ин таклифро ба овоз монд. Ҳама қабул карданд, вале ҳоло маълум мешавад, ки ӯ дар рӯйхат нест.
Китоби устодро варақ зада, рафти съезди охирини Иттифоқи нависандагонро боз пеши назар оварда, як саҳифаи таърих ба ёд меояд:
Соли 1934 Маҷлиси Шӯрои Комиссарони халқи СССР мегузашт. Лоиҳаи қарор дар бораи таъсиси Иттифоқи нависандагон муҳокима мегардид. Котиби КМ ВЛКСМ-и давр Александр Косарев (ҳамагӣ 24 сол дошт) лоиҳаро дастгирӣ, инчунин як даста коғазро ба раёсат пешниҳод карда, дар бораи таъсиси «Иттифоқи адибони ҷавон» сухан ронд. Вақте ки нишаст, аз пушт ба ӯ хатчае расонданд, ки каме калонтар аз қуттии гӯгирд буд: «Саша, фаромӯш накун, ки муҳити аз ҳама ҳасудбор ва душманигарӣ иҳотаи адибон аст. Шитоб накун. Горкии ту».
Таърихи ВЛКСМ гувоҳ аст, ки ин масъала дубора мавриди муҳокима қарор нагирифт. Он комиссияҳои корӣ доир ба фаъолияти эҷодкорони ҷавон, ки дар фаъолияти комсомол вуҷуд доштанд, салоҳияти итттиҳодияи махсусро нагирифтанд.
Таърихи Итифоқи нависандагони СССР гӯёст, ки чӣ қадар бетартибиву бесарусомонӣ дар дохили он сурат гирифтааст. Бо вуҷуди ҳамаи камбудиҳое, ки мо пӯё мешавем, боз таърихи умумии СССР шаҳодат медиҳад, ки раисшавҳову раискунҳои Иттифоқ он замон кам набуданд. Вале Сталин дар болои номи Максим Горкий ангушт гузошт. Медонист, ки ӯ панҷаи боистеъдоду майнаи тоза дорад. Ишон худаш аз онҳое буд, ки ташкили Инқилоби коргариро аз романи «Модар»-и Горкий омӯхта буд. Баъди сари Горкий дар миёни адибон чӣ ҳодисаҳое рух надоданд, онҳоро таърихнависон медонанд. Александр Блок, Владимир Маяковский, Сергей Есенин ва дигарон аз ҷабри ҳампешагон заҳроба нӯш карданд. Сарнавишти Александр Фадеев чун раиси Итттифоқ қобили омӯзиш аст. Михаил Шолохов ҳам аз нешҳои заҳррези рақибон кам зарба надидааст. Дар деҳаи худ ихтиёр кардани зиндагӣ бе асрор набуд. Ӯ нахост, ки ба шаҳр биёяду дар бораи Никита Хрушев китоб нависад.
Ҳамин гуна сардаргумиву фарозу шеб дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ буданд. Ҳодисаи ба сари Сотим Улуғзода омада, овозаву имзоҷамъкунӣ, ҳангомаҷӯӣ дар атрофи Бозор Собир мисолҳои равшанеанд дар солҳои охир. Дасисаҳое, ки ба сари Ҷумъа Одина, Ғаффор Мирзо бор шуда буданд, низ танҳо аз ҷониби дӯстони собиқ ва ҳамқаламони ин даргоҳ таҳия гардида буданд. Яъне, суханони Горкий ҳақ будаанд, муҳитро ноҳамвор худи адибон месозанд, на ҷомеа, на вазиру на кабир. Оре, Сталин ҷомеаи иҷтимоиро бо бозуву қалами адибони содиқ созонд, вале Михаил Горбачёв бо суханони адибони ҳарзагӯ онро нагун сохту пошонд. Яъне адиб созанда аст, сӯзанда ҳам метавонад бошад.
Барои он ки хонанда каме дам бигираду варзищи ақл кунад, як ҳикмати Ҳаким Фирдавсиро аз «Шоҳнома» оварданиам. Ин тамсилро ҳар муҳаққиқ ба таври худаш маънидод мекунад. Вале кӣ рад карда метавонад, ки бист — сӣ сол пештар Устоди ҳамосагӯ надимони Султон Маҳмудро нашинохта буд (ҳадди ақал Унсурӣ ва Манучеҳриро)? Онҳо боис буданд, ки даҳҳо ҷавонони донишманд аз наздикӣ ба доираҳои расмӣ дур мемонданд. Фирдавсӣ созанда монд ва онҳоро чун морони сари китфони Заҳҳок тасвир кард.
Акаи Ҷӯрабек дар бораи чопи китобҳо сухан меронад, ки гуфтаниҳояшон саҳеҳанд. Нашриётҳои давлатӣ, махсусан муассисаи «Адиб» дар навбати аввал асарҳои адибон — аъзои Иттифоқро чоп мекунанд, вале бояд бубинем, ки китобҳои кадом муаллифон бештар ба табъ мерасанд. Оё зарурати чопи асарҳои ҳамин адибон ҳаст? Боз аз ҳисоби сандуқи давлат, аз кисаи андозсупорандагон. Танҳо дар кишвари коммунистӣ чопи китоб чун масъалаи иҷтимоӣ ба нақша гирифта мешуд, ҳал мегардид. Мақсад тарбияи ҷавонон, тарбияи маънавии аҳли ҷомеа буд. Ҳоло ки мо дар пеш сохтмони ҷомеаи сармоядорӣ (яъне капиталистӣ)-ро дар нақша дорем, ҳама чиз бояд аз нигоҳи фоидаоварии иқтисодӣ баҳо дода шавад. Албатта, чопи асарҳои классикони адабиётамон ва нашри бори аввали асарҳои адибони ҷавон дар ҳаҷми чор — панҷ чузъи чопӣ истисност.
Дар ҷаҳон яке аз бизнесҳои муътадил нашри китоб аст. Мутаассифона, дар Тоҷикистон бананфурӯш обрӯ дорад, бологузар асту ноширу китобфурӯш паси дар! Агар китобсозиву китобфурӯшӣ дар маҷрои мантиқии худ роҳандозӣ гарданд, он вақт масъалаи додани унвонҳои «халқӣ» худ аз худ ҳал мешавад — китоби ҳар киро бештар хариданду ба буҷет аз ҳисоби андоз маблағи бештар ворид кард, ӯ соҳиби унвон мегардад. Дар он сурат Иттифоқ худгардонии молиявиро пеш гирифта метавонад, чи тавре ки Оинномаи созмон онро тақозо дорад.
Қобили андеша аст, ки баъзе кишварҳои аз Иттифоқи Советӣ монда, мавҷудияти ин созмонро зарур нашумориданд, ё онро аз подоши молиявӣ аз ҳисоби буҷет маҳрум карданд. Дар Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон 26 каси аъзоро аз созмон бо мактуби Раиси Ҷумҳури вақт хориҷ карда буданд. Сабаби асосии ин иқдом аз он иборат буд, ки ин нигорандагон дигаргуниҳои замони Истиқлолро фаҳмида натавонистанд. Онҳо бохтанд, зеро аз табобат дар шифохона ва дамгирӣ дар санатория маҳрум шуданд. Боз аз чанд имтиёзи дигар бебаҳра монданд.
Замоне ношир ду фоиз аз арзиши умумии китобро ба Хазинаи адабиёт мерехт. Ин маблағ барои таблиғи китоб ва дастгирии адибон дар сафарҳои эҷодӣ, вохӯрӣ бо мардум сарф мешуд. Он замон ин пешниҳодро аз ҳама бештар вазирони молия дастгирӣ мекарданд. Ҳоло дар ин бора ба онҳо гап ҳам намерасад…
Яке аз ташкилкунандагони таблиғи ҳаёти иҷтимоии ҷомеа телевизион аст. Бисёр мебинем, ки соҳибкоре бо як халта пиёз ё картошка дар экрани телевизорҳо пайдо мешавад, вале дастбахайре, ки садҳо китобро ба хонандагон расондааст (ҳарчанд дар ҳақиқат шумораашон ҳанӯз кам аст), ба наврасони маъюб туҳфа кардааст, ба дурбини телевизион намеафтад. Масалан, соҳибкор, олим Сангаҳмад Тиллоев бештар аз се ҳазор китобро ба музейи Ғойиб Сафарзода, дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ супорида, дар назди он библиотека кушод. Ӯ ба таблиғ ниёзу ҳавас надорад, вале ин амали ӯ барои як соҳибкори дигар метавонад намунаи ибрат гардад, ба пешравии ташаббус таконе диҳад.
Муаллифи асар чанд ҷумла дар бораи ҳайати Иттифоқи нависандагон рӯи саҳифа овардаанд. Ин андешаи он кас аст. Албатта дар бораи савияи ҳунару дониши аъзои Иттифоқ фикр кардан лозим аст, вале дар ҳар шоир ҷустани Ҳофизу дар ҳар ҷумла Носир Хисрави Қубодиёнӣ нашояд. Рӯдакиву Ҷомӣ, Соибу Аҳмади Дониш, Лоҳутиву Айнии дигар пайдо намешавад. Ҳар як адибро давру замон мувофиқи талаботи худ меёбад, меофарад. Адиби имрӯза ягон имтиёзеро ба фоидаи молиявияш касб намекунад, ҳатто китобашро бо пули худаш чоп мекунад, худаш ба хонандааш мерасонад. Пас Иттифоқ ба ӯ чӣ даркор? Адибе, ки як мухлис дорад, аллакай эътирофшуда ҳисоб меёбад. Абдулло Дӯст як байт дорад:
Пурсанд: Хоксорӣ кай шудӣ девона?
Гӯям: Рӯзе, ки тарк кард маро ҷонона!
Сухтаму пухтаме, ки дар бораи ишқ суруда мешавад, имрӯз куҳна шудааст. Агар асрҳо сӯхтани булбулро дар фироқи гул суруда бошанд, имрӯз бояд нолаи гулро дар фироқи булбул шунид, зеро дигар ин парандаи хушнаво нест, онҳоро майнаҳо хӯрдаанд ва имрӯз боғбони гулбоғҳо онҳоянд.
Ба фикри нигорандаи сатрҳои китоб бешак розиам. Адибӣ касб нест, завқ (хобби) аст. Барои тақвияти фикраш шоир Муштоқро мисол меорад, ки табъи баланди шоирӣ дорад, соҳибкори муваффақ аст, вале барои узвият ба Иттфоқ то ҳол фикре ҳам надоштааст. Устод барало медонад, ки Мавлонои Балх дӯкондори тикафурӯш (матоъ) буду Сайидо карбосбоф. Мавлоно Ҷомӣ ва Аҳмад Махдуми Дониш надимони шоҳ буданду ризқи ба даст овардаашонро бо аъзои маҳфилашон якҷо медиданд. Боз гап сари маҳфил омад, соҳибкорон дар гузашта маҳфилҳои адабиро сарпарастӣ мекарданд. Дар дарбор, дафтари пулдоре мирзоиву надимӣ мекарданд, бо даромади ночизашон асарҳои ҷолибро китобат мекарданд. Имрӯз чӣ?
Бурҳониддин Усмонов соҳибкор нест. Ӯ соли 1965 Донишгоҳи педагогии шаҳри Душанберо хатм карда, ба ноҳияи Фархор ба кор омад. Ҳамон сол ба идораи рӯзномаи «Гулистон» даъват шуда, каме баъдтар маҳфили адабие ташкил кард. Чанд бор ҷои кораш иваз, фаъолияташ дигар шуд, вале ҳар куҷо, ки мерафт, хӯрҷини маҳфил дар пушташ буд. Дар ин шабу рӯз ба ӯ утоқе ҷудо кардаанд, ки бо номи «Хонаи адибон» дар хидмати эҷодкорони ноҳия аст. Худи Бурҳониддин то имрӯз ҳафт китоб чоп кардааст, вале ҳеҷ гоҳ дар фикри узвият ба Иттифоқи нависандагон наафтодааст. Худаш замони донишҷӯӣ узви маҳфили адабии донишгоҳ буд ва хонандаи шеърҳои аввалини Ҳабибулло Файзулло, ҳамагӣ як синф аз Лоиқ Шералӣ ва Меҳмон Бахтӣ поин мехонд.
Дар ноҳияи Муъминобод, дар назди идораи газетаи ноҳиявӣ бист сол боз амал мекунад. Адибон Наср Бобои Сарфароз ва Хайрандеш фурсат ёфта, сари чанд вақт рафта дар нишастҳои он иштирок менамоянд. Ҳамин ҷо дар бораи маҳфили «Ҳамешабаҳор»-и Хайрандеш чанд сухан нагуфтан айб аст. Мо мехоҳем, намехоҳем, бештар аз сӣ сол боз амал мекунад. Моҳи сентябри соли ҷорӣ нишасти 1400-умини маҳфилаш доир мегардад. Аксарияти шоирони ҷавонони соҳибистеъдод аз мактаби ӯ мегузаранд, ба шоҳроҳи адабиёт дохил мешаванд.
Маҳфили адабии «Чилчанор» дар ноҳияи Ховалинг низ собиқаи тӯлонӣ дорад. Дар Истаравшан, Исфара, Мастчоҳи Куҳӣ низ ҳамин гуна маҳфилҳо амал мекунанд.
Ғайр аз шоир Муштоқ мо боз чанд эҷодкори дигар дорем, ки соҳибкоранд ва адибҳои шинохта. Ҳар кадоми онҳо метавонанд маҳфилеро ҳусни оро бахшанд.
Дар бораи сифати чопи китобҳо ҳаминро бояд қайд кард, ки мушкиле нест. Дар чопхонаҳо бе имзои муҳаррир китобро нашр накунанд, мабодо хатоҳои имлоӣ гузаранд, ё андешае носолим ва ифротгароёна, ҷудоиандозу иғвогарона дар он ҷо биёбад. Муаллиф қалами муҳаррирро қабул накард, худаш имзо гузораду дар сурати хатоӣ дар назди хонанда ва Қонун ҷавоб гӯяд.
Албатта, ин чанд ҷумла ибрози андеша ва бардоштҳои ин ҷонибанд. Шояд бародарони соҳибқалам андешаҳои дигар доранд? Зеро, яқин аст, устод аз дилсӯзӣ ин суханҳоро гуфтаанд. Мо инро дар таҷрибаи худ санҷида ва дидаем.
Пеш мақолае навишта будам бо номи «АкаДЕмия» (газетаи «Миллат», рақами 9, аз 27-уми октябри соли 2005). Рафтори ҳамонвақтаи роҳбарияти ин муассисаи муқаддасро таҳлил намуда, баъзе андешаҳои худро дар бораи ояндаи ин даргоҳ баён карда будам. Устод ҷавоб навишта, бандаро чанд тозиёнаи маънавӣ зада, як «гӯшмол» ҳам доданд. Маро ба ғаразгӯӣ ва нодидагирии фаъолияти Раиси ҳамонвақтаи Академияи илмҳо Мамадшо Илолов айбдор карда буданд. Мутаассифона, роҳбарияти ҳамонвақтаи Академия кореро анҷом дод, ки ба ҷои пеш рафтан, шаффоф шудани кори илм дар ин муассиса, торикӣ бар рушанӣ соя афканд. Наранҷидам, ба навиштаҳояшон бо мақолаи «Бозгашт ба АкаДЕмия» (газетаи «Миллат», рақами 17, аз 22-юми декабри соли 2005) ҷавоб гуфтам. Мақсад аз матлаби мо ин буд — Академия маркази идораи ҳамаи пажуҳишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ бошад. Имрӯз самти фаъолияти Академияро Вазорати маориф ва илм муайян мекунад. Аз ислоҳоте, ки Вазорати маориф ва илм рӯи кор гирифтааст, нақши муаллим ва сояи девор дар мактаб як аст, мабодо аҳволи олим ҳам то ин сатҳ бирасад.
Илм мол аст, нархаш тиллоӣ, онро ҳукумат бихараду бифурӯшад, мақоми ваколатдораш АИ ҶТ бошад. Оё вазири хоҷагии қишлоқ метавонад Академияи илмҳои кишоварзиро сарпарастӣ кунад, ё вазири маориф Академияи илмҳои педагогиро? Вақте ки илм мол аст, бояд тавлидкунанда ва харидор дошта бошад. Ҳамаи вазоратхонаву идораҳо харидори илманд, бояд онро аз тавлидкунанда — идораи илмӣ бихаранд. Як идора худаш ҳам фармоишгар, ҳам харидор буда наметавонад. Мақоми ваколатдори Ҳукумати Тоҷикистон доир ба хариду фурӯши илм бояд Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бошад, дар оянда ба он чӣ номе, ки наниҳанд.
Оре, барои он дилсӯзона гуфтам, ки Устод маро ба ғаразгирӣ, мабодо маҳалгароӣ ҳам бошад, шак бурда буданд. Имрӯз он кас дар таҳлили фаъолияти Идораи Иттифоқи нависандагон пешдастӣ карданд. Гуфтаҳову навиштаҳояш дилсӯзонаанд, беғаразона ва ба нияти беҳбудии кор. Бинобар ҳамин, бетафовут истода натавонистем.
Бале, месазад, ки ин андешаҳо мавзуи муҳокимаи съезди ғайринавбатии Иттифоқи нависандагон бошанд. Маъруза тайёр аст, китоби устод ин вазифаро иҷро карда метавонад.

Саидҷалол САИДЗОДА, публисист

P.S. Баъд аз нашри навиштаҳои мунаққид Мубашшири Акбарзод (ҳафтавори «Озодагон», №20, 21, 22) аз чопи мақола худдорӣ карданӣ будам, ки мабодо раис дар маҷлиси навбатии Садорати Иттифоқ рӯзи 30-юми июн истеъфо бидиҳад. Вале чун ин ҳодиса рух надод, маълум гашт, ки раис ҳоло ҳам аз аспи ҷаҳл нафаромадааст, ҳарчанд порикоб шудааст. Бо вуҷуди ин, дари Иттифоқ боз ба рӯи 4 каси дигар баста шуд, аз ҷумла Абдулвайси Азизи 80-сола, ки нисфи умраш дар Иттифоқ гузаштааст. Навигарии аз ҳама муҳим он аст, ки роҳбарон акнун фаҳмиданд, ки дар Иттифоқ аксаран беадабон мондаанд, бинобар ҳамин, «Комиссияи одоби Иттифоқи нависандагон» таъсис доданд, яъне политсияи ахлоқи ин даргоҳ. Шояд раиси он Абдулҳамид Самад бо пойбанду қамчини бобоӣ мусаллаҳ гардонда шавад.
Умед аст, ки дар съезди ғайринавбатӣ масъалаи истифодаи истилоҳҳои ғалати Садорат, Раёсат, Бахши очерк ва публисистика низ муҳокима гардида, ислоҳи худро меёбанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here