Огоҳ будан аз осори бузургони тоҷик, гиромӣ доштани забони давлатӣ, бедору устувор намудани ҳуввияти миллӣ, ҳисси ватанпарастӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон аз муҳимтарин масъалаи имрӯзи кишвар аст.

Таъриху маданияти тоҷик як қатор олимону адибони забардасту шуҳрати ҷаҳонидоштаро ба фарҳанги ҷаҳонӣ ҳадя кардааст, ки онҳо бо заковати ақлонӣ ва фаросати беназир ба хазинаи афкори умумиинсонӣ ҳиссаи арзанда гузоштаанд.

 Миллати мо аз он ифтихор дорад, ки имрӯзҳо осори пурғановати донишмандони тоҷик дар системаи таълимии як қатор донишгоҳу донишкадаҳои ҷаҳон ворид ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Ҳусусан, осоре, ки бештар ҷанбаи ахлоқию маърифатӣ доранд, аз онҳо метавон шуҷоат, ҷасорат ва ватанпарастию худшиносиро омӯхт. Аз ҷумла, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Шифо”-и Сино, “Наводир-ул-вақоеъ”-и А.Дониш, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Румӣ, “Сиёсатнома”-и Низомулмулк, “Қобуснома”-и У.Кайковус, “Бӯстон”-у “Гулистон”-и Саъдӣ, эҷодиёти Ҳофиз, Бедил, Хайём, Иқбол, Закариёи Розӣ ва дигарон. Ин осорҳо бо лаҳну гуфтори ширини тоҷикӣ таълиф шудаанд.

Маънавияти олӣ ва забони иқтидорманд дар таърихи баъзе халқҳо ҳамеша ё дар баъзе марҳилаҳои муҳим омили сарнавиштсоз будааст.

Хусусан агар аз саргузашти таърихии мардуми тоҷик хулоса бароварем, бояд бигӯем, ки асоси ҳастии миллат забон ва маънавият аст. Ҳастии миллат пеш аз ҳама дар маънавияту фарҳанг ифода меёбад.

Фақат мавҷудияти моддӣ ва ҷисмонӣ нишони ҳастии инсон ва шахсе, халқеву миллате нест. Забон аст, ки нишонаҳои ҳастии мардумонро ба ҷилва меорад, ба худи онҳо ва дигарон намоиш медиҳад, барои устуворӣ ва ривоҷу равнақи ҳар кадоме аз он замина тайёр мекунад.

Иқтидору имконоти забон, масалан баёни нозук ва барҷастаи мафҳумҳои мураккаби фарҳангӣ, илмию фалсафӣ, адабию ҳунарӣ дар навбати худ боз барои густариши маънавият роҳ ҳамвор мекунад. Ин аст, ки инкишофи забон ва маънавият сахт ҳамбастаи якдигар буда, ҳар ду чун ойинае ҳолати якдигар, ҳолати шахс ва миллатро таҷассум мекунанд. Он чӣ халқеро аз халқҳои дигар тафовут медиҳад, ҳамин вижагии маънавӣ ва забон аст. Маънавияти мардуми тоҷик чунин нерӯи бузург дошт ва ҳанӯз дорад. Забони тоҷикӣ ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ, шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллати моро пеш аз ҳама ба воситаи он мешиносанд.

Баъди пош хӯрдани Ҳокимияти Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолият, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳуҷҷатузорӣ дар тамоми муассисаву корхонаҳо пурра ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуд. Аз ин хотир, бояд ҳар яки мо пайваста барои беолоиш нигоҳ доштани он ва равнақи забони тоҷикӣ талош варзем ва онро ҳифз намоем. Қобили зикр аст, ки ҳифзу ҳимоя ва нигаҳдории он на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аст.

Боиси хушнудист, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолии кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди забони давлатӣ, мақом ва истифодаи ҳамаҷонибаи он диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Мамлакат МИРЗОЕВА, омӯзгори МТМУ №76-и ноҳияи Фирдавсӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here