Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба парлумон ва мардуми шарифи Тоҷикистон иброз доштанд, ки «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд». Маъмурият ва кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо такя ба дастури мазкур тамоми кӯшиши худро ба он равона карда истодаанд, ки назорати аз худкунии донишҳои замонавиро пурзӯр намуда, қобилияти эҷодии хонандагонро тақвият бахшанд ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ тарбия намоянд, то ин ки шогирдони онҳо дар оянда чун кадрҳои болаёқат ба воя расида, дар оянда дар рушду равнақи кишвари азизамон саҳми арзанда гузоранд.

Омӯзиши мо нишон дод, ки дар тобеияти шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 27 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 19 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, як муассисаи таълимии шабонаи №10, гимназияи № 9 ба номи Низомии Ганҷавӣ, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маблағгузорӣ карда мешавад, гимназияи хусусии «Донишвар», 4 литсей (литсейи хусусии «Роҳнамо», литсейҳои №1 ва №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ва литсейи назди филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов, муассисаи таҳсилоти умумии №14 назди Донишгоҳи славянии Русия — Тоҷикистон, Маркази рушди истеъдодҳо барои хонандагони лаёқатманд, ки мақоми шаҳрӣ дорад, Маркази кӯдакону наврасони ноҳия, Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе фаъолият доранд.

Аз суҳбат бо мудири маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Одилбекова Лола Қиёбековна маълум шуд, ки дар маҷмӯъ дар 27 муассисаи таҳсилоти умумии ҳудуди ноҳия, сарфи назар аз шакли идоравӣ ва тобеъияташон 31400 нафар хонанда, аз ҷумла 14452 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 3178 нафари онҳо хонандагони синфи якум мебошанд.

Соли 2019 аз шумораи умумии хатмкардагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҳудуди ноҳия 1470 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дохил гардидаанд, ки 83,19 %-ро ташкил медиҳад.

Муассисаҳои томактабӣ

Дар ноҳия 30 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 16 муассисаи буҷавӣ, 2 идоравӣ ва 12 хусусӣ фаъолият намуда истодаанд, ки дар онҳо дар маҷмӯъ 3895 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд ва дар онҳо 232 нафар корманд фаъолият доранд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия тибқи нақшаҳои тасдиқшуда машғулиятҳои варзишию табобатӣ, эстетикӣ, экологӣ баргузор мешавад ва бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши мураббиён ва дигар кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ онҳо мунтазам ба курсҳои такмили ихтисос равона карда мешаванд.

Роҳбарияти шуъбаи маориф ҳамаи кӯшишро ба он харҷ намуда истодааст, ки дар баробари кӯдакони солим кӯдакони имконияташон маҳдуд низ пурра ба таълим фаро гирифта шаванд. Бо ин мақсад дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар соли таҳсили 2019-2020 бинобар имконияти маҳдуд доштанашон 38 нафар хонанда ба таълими инфиродӣ (хонагӣ) ва 5 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар умум дар муассисаҳои ноҳия дар соли таҳсили 2019-2020 121 нафар хонандагон ҳамчун кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки аз таълиму тарбия пурра бархурдоранд.

Кабинетҳои фаннӣ ва компюётерӣ

Аз суҳбат бо мудири шуъбаи маорифи ноҳия маълум шуд, ки дар доираи талаботи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 ва нақшаи харидорӣ барои соли 2019 бо дастгирӣ ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 1 адад кабинетҳои фаннии физика, 3 адад химия, 3 адад биология, 1 адад география, 4 адад суруд ва мусиқӣ, 1 адад технологияи иттилоотӣ харидорӣ карда шуда, дастраси муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия гардонида шудааст.

Дар 20 муассисаҳои таҳсилоти умумии буҷетии ноҳия 1394 адад компютер, 129 адад принтер, 75 адад ноутбук мавҷуд аст, ки 1 компютер ба 11 нафар хонанда рост меояд. Аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар моҳи марти соли 2019 барои муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 186 адад мизи компютерӣ, 109 адад мизи омӯзгорӣ  ҷудо карда шудааст.

Корҳои методӣ

Кабинети методӣ соли 1918 таъсис ёфта, дар он 3 нафар фаъолият доранд ва роҳбарии онро Беҳбудов Ҷ. Ба ӯҳда доранд. Дар асоси фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 13-уми декабри соли 2019, №203/2-2 «Оид ба ташкил ва баргузории семинар — машваратҳои январии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе», фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 16-уми декабри соли 2019, №137-А « Оид ба ташкил ва баргузории машваратҳои январии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ» ба тасвиб расида, рӯзҳои 06- 07 январи соли 2020 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 машваратҳои январии кормандони соҳаи маорифи ноҳия баргузор шуд.

Дар машварати директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз ҷониби мудири шуъбаи маориф оид бамасъалаҳои мухталифи раванди таълиму тарбияи ноҳия ибрози андеша карда шуда, ба масъулон дастурҳои мушаххас дода шуд.

Директори муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 Мухташева С.Н. дар мавзӯи «Иҷроиши Барномаҳои давлатӣ дар муассисаи таълимӣ», Боронов А. МТМУ №34 дар мавзӯи «Омӯзиши роҳҳои фаъолгардонии хонандагон дар ҷараёни дарс», Аминзода А МТМУ №4 «Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 ва татбиқи он дар самти омӯзиши забонҳои русию англисӣ», мудири муассисаи таҳсилоти томактабии №41 Мегнеева Р. дар мавзӯи «Ташкили фаъолияти таълимии кӯдакони синни томактабӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» маърӯзаҳои худро пешниҳод намуданд. Муовини директор оид ба таълими муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 Давлатов С оид ба «Назорати дохилимактабӣ — омили асосии такмили раванди таълиму тарбия» баромад намуд.

Дар маҷмӯъ дар кори семинари январ кормандони соҳаи маорифи ноҳия зиёда аз 1225 нафар омӯзгорони фанҳои гуногун, муовинони директор оид ба таълим ва тарбия, ва муовинон дар синфҳои ибтидоӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои дар ҳудуди ноҳия ҷойгирифта, мудирон ва мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, роҳбарони Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, равоншиносон, роҳбарони синф, роҳбарони гуруҳҳои идоракунии сифати таҳсилот, китобдорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Семинарҳо ва озмунҳои касбӣ — фаннӣ

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия пайваста семинару озмунҳои гуногун гузаронида мешаванд. Аз ҷумла 31-уми январи соли 2020 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 бо иштироки олимону устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», семинар — машварати омӯзгорони фанҳои мазкур ташкил ва гузаронида шуд. Инчунин санаи 10-уми марти соли 2020 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 семинари омӯзишӣ бо равоншиносони муассисаҳои таълимӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он мутахассисони варзида аз ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол- 2019» омӯзгори фанни биология аз литсейи хусусии «Раҳнамо» Мамадҷонова Лочин сазовори ҷойи дуюм, инчунин Валиева Бустоной мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №3 дар даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол- 2019» сазовори ҷойи сеюм гардид.

28.03.2020 Семинар-машварати омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, тарбияи ҷисмонӣ, роҳбарони сифнҳои муассисаҳои томактабӣ дар МТМУ №11 баргузор гардид. Аз тарафи омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ бозиҳои шавқовари варзишӣ аз қабили футбол, давидан, ҷаҳидан, турниккашӣ гузаронида, маҳфилҳои шоҳмот ташкил шудааст.

Олимпиадаҳо

Рӯзҳои 02-юм то 04-уми январи соли 2020 тибқи фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе даври сеюми Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шҳри Душанбе баргузор гардид. Аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 367 нафар ғолибони даври дуюми олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар даври сеюми олимпиада фаъолона ширкат намуданд. Дар натиҷа, аз муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар даври сеюми олимпиадаи фаннии хонандагон 87 нафар аз синфҳои 5-11 ғолиб дониста шудаанд.

Рӯзи 22-юми январи соли 2020 дар Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» даври сеюми Олимпиадаи даставӣ байни хонандагони синфҳои 9-10 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он аз муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 57 нафар хонандагон иштирок намуданд. Дар натиҷа 3 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ғолиби олимпиада гардиданд ва ба даври чоруми Олимпиадаи даставӣ роҳхат гирифтанд.

24 -уми январи соли равон дар даври сеюми Олимпиадаи «Spelling Bee», ки дар  муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» баргузор гардид, 2 нафар хонандагони МТМУ №1 Зарипова Андина, хонандаи синфи 7, Музаффаров Эҳсон-хонандаи синфи 6 ғолиби Олимпиада гашта, ба даври чоруми олимпиада роҳхат гирифтанд.

Инчунин Олимпиадаи шоҳмот дар байни муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанберо номбар кардан мумкин аст, ки 25-уми январи соли 2020 баргузор гардид ва дар он ду даста: И.Сомонӣ-1 ва И.Сомонӣ-2 бо рақибони худ қувваозмоӣ намуда дар натиҷа дастаи И.Сомонӣ-1 ғолиби даври сеюми Олимпиадаи шоҳмот дониста шуд. Дастаи шаҳмотбозони ноҳия ду сол боз пешсафиро дар шаҳр нигоҳ медоранд.

Иштирок ва ғолибият дар олимпиадаҳои берун аз кишвар

Ба назар чунин мерасад, ки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия на танҳо дар олимпиадаҳои дохилӣ, балки берун аз кишвар низ ширкат карда, ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд. Масалан аз 1-ум то 3-юми марти соли 2019 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи лоиҳавӣ аз фанни математика баргузор гардид, ки дар он ду нафар хонандагони МТУ №8 Ҷалилзода Хосиятбону ва Ниёзова Ситора аз гимназияи №53 иширок намуда, сазовори ҷойи сеюм гаштанд.

Инчунин 20-уми марти соли 2019 ҳафт нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар олимпиадаи минтақавӣ аз фанни забони англисӣ, ки дар шаҳри Маскови ФР баргузор гардид,  фаълона иштирок намуда, натиҷаҳои хуб ба даст оварданд.

Аз рӯи маълумоти Директори Маркази рушди истеъдодҳо Сафаров Рустам Мақсудшоевич аз 19-ум то 26-уми майи соли 2019 инчунин 2 нафар хонандагони МТМУ №8 дар олимпиада дар шаҳри Ноидаи Ҷумҳурии Ҳиндустон ширкат варзида, ҷойи намоёнро соҳиб шудаанд.

Мудири маориф Одилбекова барои иштироки хонандагон дар олимпиадаи хориҷ аз кишвар бевосита аз раиси ноҳия Самӣ Шариф миннатдоранд, ки ҳама бо сарпарастии мақомоти иҷроияи ноҳия сурат гирифтааст.

Корҳои тарбиявӣ, кор бо ноболиғон

Ҷиҳати иҷрои талаботҳои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020», баҳри пешгирии ҳолатҳои номатлуб, бо мақсади коҳиш додани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, арҷу эҳтиром ба муқаддасот ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо иштироки намояндагони суд, прократура, ХПҲНҶ, Бахши ҷавонон ва варзиш, Хадамоти муҳоҷират дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуданд. Бо ибтикори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба гузаронидани вохӯрии кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо хонандагон, падару модар ва омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ҷадвали махсус тартиб дода шудааст.

Фурӯғи субҳи доноӣ

Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фӯруғи субҳи доноӣ» 8 нафар иштирок намуда, 6 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6,8,11,53 ва як нафар омӯзгор аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 ғолиб баромада, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома ва мукофотҳои пулию молӣ қадрдонӣ гардиданд.

Гирандагони стипендияҳои махсус

Аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 9 нафар сазовори стипендияи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, 21 нафар гирандаи стипендияи Раиси шаҳриДушанбе, 30 нафар гирандаи стипендияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар соли 2019 мебошанд, соли равон бо ташаббуси бевоситаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ  шумораи гирандагони стипендияи Раиси ноҳия ба 40 нафар расонида шуд.

 Ҳамкорӣ бо волидайн

Тамоми мактбаҳои ноҳия дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамкориҳои мутақбиларо ба роҳ монда, тибқи нақша пайваста вохӯрии ҳайати омӯзгорону хонандагон ва волидайн бо кормандони мақомотҳои дахлдор, маҷлисҳои умумӣ ва ҷаласаҳои кории ҳайати комиссияи татбиқи Қонуни номбруда баргузор мегардад. Натиҷаи ин гуна вохӯриҳо ва маҷлисҳо нишон медиҳад, ки имрӯзҳо падару модарон талаботи қонунгузориҳоро дарк намуда, барои риояи сару либоси ягонаи мактабӣ, беҳтар шудани давомот ва баланд гардидани сатҳу сифати саводи хонандагон масъулияти худро дарк мекунанд.

Гузаронидан аз аттестатсия

Дар асоси нақшаи солонаи шуъбаи маорифи  ноҳия,  нақшаи солона ва нақшаи панҷсолаи аз аттестатсияи навбатии давлатӣ гузаронидани муассисаҳои таълимӣ таҳия шуда, соли 2019 аз тарафи Бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №44, 1,7,53  ва муассисаи таълимии томактабии №4,59,40, 110, Маркази рушди истеъдодҳои ноҳия аз аттестатсияи навбатӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44,1,7,53 аз аккредитатсия гузаронида шуданд.

Соли равон бошад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 аз аттестатсияи навбатӣ гузаронида шуд.

Таълими салоҳиятнок

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани низоми таълими салоҳиятнок дар моҳҳои январ ва марти соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ва гимназияи №9 курсҳои омӯзишӣ барои омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва забони англисӣ ташкил карда шуд. Дар ин марҳила 117 нафар омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисии муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба ин курсҳо фаро гирифта шуданд. Омӯзгорон аз тарафи филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе бо сертификат таъмин гардонида шуданд.

Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 8-уми августи соли 2018, №225 таъсис ёфта, дар нимсолаи аввали соли 2019 фаъолияти худро тибқи нақшаи солонаи шуъбаи маорифи ноҳия, нақшаи солонаи Маркази рушди истеъдодҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва нақшаи солонаи Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба роҳ монд.

Айни ҳол бинои Марказ дар дохили муассисаи таҳсилоти умумии №8-и ноҳия ҷойгир шуда, дорои ду утоқи корӣ барои маъмурият ва 4 синфхона мебошад. Дар Марказ 20 нафар корманд фаъолият дорад, ки аз он 4 нафар маъмурият, 13 нафар омӯзгорон ва 7 нафарашон кормандони техникиро ташкил медиҳанд. Аксарияти устодони фаннӣ мутахассисони ҷавон буда, дорои маълумотӣ олӣ (бакалавр ва магистр) ҳастанд. Ҳамаи устодон тибқи озмун ва ба тариқи шартнома ба кор қабул карда шудаанд.

Дар Марказ фанҳои математика, физика, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, химия, биология, шоҳмоту шашка ва технологияи информатсионӣ (барномасозӣ) таълим дода мешавад.

Тибқи рӯйхати бақайдгирӣ дар Марказ ба санаи 20-уми марти соли 2020 251 нафар хонандагон дар машғулиятҳо фаъолона иштирок доранд.

Такмили ихтисос

Шуъбаи маорифи ноҳия ба масъалаи такмили ихтисоси омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Танҳо дар соли 2019 баҳри баланд бардоштани маҳорати касбии тахассус 396 нафар омӯзгор ва дар се моҳи аввали соли 2020 137 нафар омӯзгорон аз фанҳои гуногун ба курсҳои такмили ихтисос фиристода шуданд. Шумораи умумии омӯзгороне, ки аз курси таълими салоҳиятнок гузаштаанд, 140 нафарро ташкил медиҳад.

Таъминот бо китобҳои иҷоравӣ ва дастурҳои методӣ

Дар давраи соли 2019 ба шуъбаи маориф ба миқдори  40181 адад, соли 2020 7941 адад китобҳо ва 53 адад раҳнамои фанни забони русӣ барои синфҳои 11 аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия тақсим  карда шудааст. Инчунин, 173 адад китобҳои бадеӣ, 1115 адад Барнома ва маводи таълими фаннӣ, 32 адад Дастури либосҳои тавсиявӣ барои хонандагон ва омӯзгорон ворид карда шуда, ба муассисаҳои таълимӣ тақсим карда шудааст.

Фаъолияти Маркази кӯдакону наврасон

Дар Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 35 маҳфил — ба монанди маҳфилҳои забони англисӣ, забони русӣ, филологони ҷавон, компютер, маҳфили ҳуқуқшиносони ҷавон, маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”, журналистони ҷавон, бофандагӣ, дӯзандагӣ, зардӯзӣ, дабал, доира, кадбону, маҳфили таблак, карнай, кларнет, рубоб, сарояндагӣ, химикони ҷавон, математикони ҷавон ва ғайраҳо дар ду баст фаъолият намуда истодааст. Марказ дорои 126 гуруҳ ва фарогирии зиёда аз 1107 аъзоҳо дар маҳфилҳо мебошад, ки аъзоёни маҳфилҳо пурра ба таври ройгон дар ин ҷо ба омӯхтани дарсҳо ва аз худ намудани касбҳои дилписанд машғуланд.

Сохтмон ва бунёдкориҳо

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 20-уми апрели соли 2019 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва №30 августи соли 2019 дар кӯчаи Маҳмадулло Холов муассисаи давлатии таълимии “Литсейи №3” барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” ба таври тантанавӣ ба истифода дода шуданд.

30-юми августи соли 2019 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави МТМУ №11-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳриДушанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Санаи 9-уми августи соли 2019, таҳти №237 қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе “Дар бораи таъсис додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ” ба тасвиб расида, тибқи он дар кӯчаи Раҳимӣ 40 корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба сохтмони мактабҳо ва тармиму таъмири онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Корҳои сохтмонӣ барои бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди ДСРТ №14, инчунин муассисаи таҳсилоти томактабии №40 идома дорад.

Истироҳатгоҳи тобистона

Шуъбаи маорифи ноҳия дорои  истироҳатгоҳи беруни шаҳрии “Шарора” буда, дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз буҷети ноҳияи Исмоили Сомонӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Дар давраи таътили тобистонаи соли 2019 дар солимгардонии назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №8,10,26,44,52,62 ташкил ва гузаронида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи замимаи 2-и қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 2-юми  майи соли 2019,№260 дар ҳар як басти истироҳатгоҳи берунишаҳрии “Шарора” 212 нафарӣ, аз ҷумла 20 нафарӣ хонанда  аз мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе ва 30 нафарӣ ҳайати омӯзгорӣ ва техникӣ фаро гирифта шуданд, ки дар чор баст 848 нафаррро ташкил медиҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар навбати аввал кӯдакону наврасони  болаёқат, ятим, нимаятим, аз оилаҳои камбизоат ва хонандагони душвортарбия барои истироҳати тобистона дар истироҳатгоҳи “Шарора” ва майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ сафарбар карда шудаанд.

Ба ҷои хулоса

Аз суҳбат бо мудири маорифи ноҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Одилбекова Лола Қиёбековна маълум шуд, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии ноҳия ва раванди таълиму тарбия тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ, дигар санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии соҳавӣ, аз ҷумла «Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» ба роҳ монда шудааст ва масъулин барои татбиқи санадҳои номбурда ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои Миллат, дастуру ҳидоятҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳама дониш ва малакаи худро истифода бурда, кӯшиш ба он доранд, ки бо тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст дар ояндаи дурахшони кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.

Холиқи Муҳаммадназар,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here