Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳиму пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, баҳри рушди он дар тамоми шаҳру навоҳии кишвари азизамон нақшаву чорабиниҳои зиёд амалӣ мегарданд. Хусусан, шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ зарурияти ҳар як тадбиру вазифаи дар ин самт ба миён гузоштаро хуб дарк намуда, пайи иҷрои онҳо тамоми имкониятҳоро амалӣ месозад. Дар ин раванд дастуру  супоришҳои ба миён гузоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун «Дар бораи маориф», барномаҳои давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси вилояти Хатлон, раиси ноҳия, фармону дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва дигар санаду ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардида истодаанд.

Маълумоти мухтасар

Тибқи маълумоти омории соли 2019, дар ноҳияи Панҷ 52 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 5 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 литсейи давлатӣ, 1 гимназия, 6 муассисаи томактабӣ, маркази рушди истеъдодҳо, маркази таҳсилоти иловагӣ, маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ самарабахш фаъолият менамоянд. Дар 17 муассисаи таълимӣ 18 гуруҳи маркази инкишофи кӯдак ба миқдори 356 нафар амал мекунанд, ки ба онҳо омӯзгорони ботаҷриба дарс мегӯянд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 26788 нафар хонандагон, аз инҳо 13095 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 1922 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд. Дар соҳаи маориф 1120 нафар омӯзгорон дорои маълумоти олӣ буда, 59 фоизи шумораи омӯзгоронро ташкил менамоянд. Аз ин шумора 1276 нафар ё 66 фоизи онҳоро занҳо ташкил медиҳанд. 532 нафар омӯзгорон дорои маълумоти миёнаи омӯзгорӣ буда, 440 нафар ё ки 34 фоизашонро занҳо ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, 216 нафар омӯзгорон ғоибхони мактаби олӣ (185 нафарашон занҳо) ва 54 нафар занон ғоибхони коллеҷи омӯзгорӣ мебошанд.

Қадрдонии омӯзгорон

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия даҳҳо нафар устодони мушфиқу ботаҷриба, омӯзгорони моҳири касб фаъолият дошта, тавассути меҳнати самарабахш байни шогирдону волидон ва аҳли ҷомеа соҳибэҳтиром гардидаанд. Дар ин қатор номи омӯзгорони шинохта Ҳакимов Раҳмон, Якубов Нуралӣ, Шарипов Раҳмоналӣ, Ёғиев Нағзибек, Исломов Абдувалӣ, Холиқова Гулсанам, Салимова Мағфират, Ибрагимов Эшмат, Холов Мусо, Азизов Мирзоалӣ, Мусулмонов Бахтиёр, Чотова Холбегим, Файзиева Зарина, Солиҳова Лутфия, Маҳмадов Маҳмадулло, Султонов Ҳусейн, Бобоалимов Алиҷон, Холиқов Юсуф ва боз чандин нафари дигарро метавон бо ифтихор ба забон овард, ки бо меҳнати шоистаи худ байни мардум эҳтирому иззати хоса доранд.

Заҳмати 120 нафар чунин омӯзгорони иззатманд бо ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишнок қадр гардида, 58 нафар ба курорту осоишгоҳҳо барои истироҳату фароғат равон карда шудаанд.

Ғолибият дар озмуну олимпиадаҳо

Иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои мактаббачагон қобили қайд аст. Дар даври ноҳиявӣ натиҷаҳои ба даст овардаи муассисаҳои таълимӣ хуб буда, дар даври сеюми олимпиадаи вилоятӣ дар минтақаи Бохтар аз фанҳои таълимӣ 384 нафар хонандагони синфҳои 8, 9, 10 ва 11 иштирок карда, 58 нафари онҳо сазовори ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ гардидаанд.

Дар озмунҳои фаннии вилоятии хонандагони синфҳои 11 дар шаҳри Бохтар 11 нафар иштирок карда, 6 нафар ғолибият ба даст оварда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд. Дар ҷамъбасти даври ниҳоӣ хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 Муродов Қурбоналӣ аз фанни биология дониши баланд нишон дода, сазовори ҷойи сеюм гардидааст. Хонандаи синфи 8-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 Сафарова Манижа дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни наврасон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ҷойи 3-юмро ишғол намуда, сазовори медали нуқра гардидааст. Дар олимпиадаи соли таҳсили 2019-2020 бошад, дар даври вилоятӣ аллакай 6 нафар хонандаи синфи 10 аз фанни забонҳо, физика ва математика сазовори ҷойҳои якум, сеюм ва ду нафар соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардидаанд.

Дар давоми соли 2019 байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ гузаронидани озмуну мусобиқаҳои зеҳнӣ, фарҳангӣ, фаннӣ, варзишӣ ва ғайра анъана гардида, он чун воситаи тақвияти дониш, ҷаҳонбинӣ ва маҳорати онҳо арзёбӣ мешавад. Аз ҷумла, озмунҳои «Тирамоҳи заррин», «Маликаи Наврӯз», «Ихтироъкорони ҷавон», «Дастони моҳир» ва ғайра дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуда, даври ҷамъбастии он дар шуъбаи маориф васеъ ва шаффоф ҷамъбаст гардидааст. Дар баробари ин, ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бахшида ба ҷашну идҳои «Сада», «Меҳргон», «Наврӯз», «Ҷашни ғалаба», «Рӯзи Артиши миллӣ», «Иди модарон», «Рӯзи ҷавонон», «Дави миллӣ», «Рӯзи кӯдакон» чорабиниҳои моҳияти тарбиявӣ доштаро дар сатҳи баланд ташкил кардаву гузаронидаанд.

Соли 2019 хонандагон дар озмунҳои ҷудогона дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ низ фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардидаанд. Аз ҷумла, дар озмуни вилоятии «Тирамоҳи заррин» хонандагони маркази таҳсилоти иловагӣ дар байни 25 шаҳру ноҳияи вилоят сазовори ҷойи аввал гардидаанд.

Сохтмон, навсозӣ ва таъмир

Фаъолияти шуъба баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми июни соли 2012, №331 «Дар бораи стратегияи рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2020», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми ноябри соли 2016, №504 «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» равона гардида, ҳамкории неку судбахши шуъбаи маориф бо шӯроҳои маҳаллӣ, Асосиатсияҳои волидону омӯзгорон бобати навсозӣ ва таъмири биноҳои муассисаҳои таълимӣ вусъати тоза ёфтааст.

Соли гузашта дар муассисаи миёнаи асосии №43 бо саҳмгирии аҳли деҳа ва соҳибкорон 4 синфхона сохта, муассиса аз мушкилоти таълими себаста раҳо ёфтааст. Инчунин, сохтмони 3 синфхона дар назди муассисаи таълими №29 воқеъ дар деҳаи Ҷамъияти ҷамоати деҳоти Меҳвар барои 150 ҷойи нишаст сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи №38 чор сифхона аз хонаи шахсӣ бароварда шудааст. Дар назди муассисаи таълимии №50 се синфхона сохта ба истифода дода шуда, муассисаи ибтидоӣ ба муассисаи миёнаи умумӣ табдил ёфтааст. Дар деҳаи Сангпушттепаи ҷамоати деҳоти Озодагон 4 синфхонаи филиали муассисаи таълимии №27 ба истифода дода шудааст.

Сохтмони бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти асосии №44 иборат аз 10 синфхона барои 450 хонанда дар ҷамоати деҳоти Намуна, сохтмони 2 синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ҳамин ҷамоат ва дар муассисаи таълимии №32 чор синфхона дар ҷамоати деҳоти Меҳвар, дар назди муассисаи таълимии №27-и ҷамоати деҳоти Озодагон 4 синфхона, дар назди муассисаи №43 ду синфхона идома ёфта истодааст. Тибқи нақша, соли 2020 дар назди муассисаҳои таълимии №31 чор синфхона, №37 — чор синфхона, №36 — чор синфхона ва дар назди муассисаи таълимии №19 чор синфхона сохта ба истифода дода мешавад. Дар шаш муассисаи таълимӣ 34 синфхонаҳои иловагӣ сохта шуда истода, дар чор муассисаи дигар 16 синфхона ба нақша гирифта шудааст.

Рушди муассисаҳои томактабӣ

Дар ноҳия 6 адад муассисаҳои томактабӣ мавҷуд буда, 3 адад дар маркази шаҳраки Панҷ ва боқӣ дар деҳаҳои Сафедорон ва Турдишайхи ҷамоати деҳоти Озодагон, деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат ва деҳаи Пешқадами ҷамоати деҳоти Намуна ҷой гирифта, дар онҳо ҷамъ дар 31 гуруҳи кӯдакони синни томактабӣ 770 нафар кӯдакон фаро гирифта шудаанд.

Бояд афзуд, ки дар ноҳия ҳамчунин дигар шаклҳои алтернативии фарогирии бачаҳо ба таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла маркази инкишофи кӯдак, гуруҳҳои тайёрӣ ба мактаб ва хониши оилавӣ мавҷуд буда, онҳо дар 17 муассисаи таълимӣ таъсис дода шудаанд, ки дар 18 гуруҳ ҷамъ 321 нафар кӯдакон таълиму тарбия мегиранд.

Дар ин бобат ҳимматбаландии соҳибкори инфиродӣ аз деҳаи Турдишайх Хушвахтов Раҷаб лоиқи зикр аст. Ин шахси олиҳиммат ба муассисаи томактабии №6 дар ҷамоати деҳоти Озодагон 25 рахти хоби кӯдакона тақдим намудааст.

Компютеркунонии таълимгоҳҳо

Татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2017, №443 «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2022», ки даври сеюми компютеркунонии таълимгоҳҳо маҳсуб меёбад, дар доираи таваҷҷуҳи умум қарор дорад.

Таълимгоҳҳои ноҳияи Панҷ дорои 783 адад компютер, 106 принтер, 8 тахтаи электронӣ, 10 дастгоҳи сканер, 22 видеопроектор, 105 мизу курсии махсус буда, дар 26 муассисаи таълимӣ 122 адад камераҳои назоратӣ ҷорӣ шудааст. Соли 2019 аз ҳисоби кумитаи падару модарон ва соҳибкорон 25 адад компютер, ки 22 % иҷрои барномаро ташкил медиҳад, 2 адад тахтаи электронӣ, 2 адад проектор харидорӣ шудааст, ки 11 ададашро вазири рушди иқтисод ва савдо Ҳикматуллозода Неъматулло ҳамчун як кабинети фанни компютерӣ ба муассисаи таълимии №21 тақдим намудааст.

Таълими забонҳои хориҷӣ

Дар ҳамаи 52 муассисаи таҳсилоти умумӣ омӯзиши забони русӣ тавассути 133 нафар омӯзгор роҳандозӣ гардида, омӯзгорон ба иттиҳодия ва семинарҳои методӣ фаро гирифта шудаанд. Дар давоми соли 2019-ум 26 нафар омӯзгори фанни забони русӣ ба курсҳои бозомӯзӣ равона карда шуда, маҳорати касбии худро сайқал додаанд. Дараҷаи савияи ихтисоси онҳо низ хеле боло рафта, ҳоло 99 нафар ё 73 фоизашон дорои маълумоти олӣ, 17 нафар миёнаи педагогӣ буда, 13 нафар ғоибхони мактаби олӣ мебошанд.

Омӯзгорони забони англисӣ бошанд, 112 нафар буда, 89 нафар, ё 80 фоизашон маълумоти олӣ доранд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ташкили кабинетҳои фаннӣ, маҳфилҳои фаннӣ, баровардани рӯзномаҳои деворӣ расмӣ гардида, дар маркази ноҳия курси омӯзиши забони англисӣ бо фарогирии 30 нафар хонанда ташкил карда шудааст.

Дар якҷоягӣ омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ аз семинар-омӯзиши салоҳиятнокӣ гузашта, дорои сертификати махсус мебошанд.

Дар озмунҳои фаннии вилоятӣ дониши баланди хонандагони ҷудогона, аз ҷумла Усмонов Маҳмадраҳим — хонандаи синфи 8-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6, Қарақулова Асия — хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 аз фанни забони русӣ ва Давлатова Муҳайё — хонандаи синфи 9-и Гимназияи давлатӣ аз забони англисӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Идомаи таҳсили хонандагон

Яке аз падидаҳои гуворои ислоҳоти соҳа ва бо арзишҳои умумибашарӣ пайвастани соҳаи маориф гузаронидани санҷиши дониши хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва тавассути Маркази миллии тестӣ ба сафи донишҷӯёни мактабҳои олӣ пайвастани довталабон мебошад. Шуъбаи маориф дар ҳамбастагӣ бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ робитаро бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, бо роҳи фаҳмондадиҳии моҳияти масъала, интихоби дурусти ихтисосҳо аксари хатмкунандагонро барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ҷалб намудааст.

Соли таҳсили 2019 аз шумораи умумии хатмкунандагон, ки 1876 нафарро  ташкил медоданд, 1416 нафар аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаштаанд, ки ин 70,5 фоизро ташкил дода, аз ин шумора 45% ба донишкадаҳои олӣ ва касбӣ дохил шудаанд.

Тибқи квотаи Президентӣ соли 2016 ҳамагӣ 19 нафар, ғайри омӯзгорӣ 12 нафар, соли 2017-ум 22 нафар, ғайри омӯзгорӣ 11 нафар, соли 2018-ум 20 нафар, ғайри омӯзгорӣ 7 нафар, соли 2019 бошад, 21 нафар, ғайри омӯзгорӣ 5 нафар дохил шудаанд.

Таъминот бо либоси мактабӣ

Масъалаи бо сарулибоси мактабӣ таъмин кардани мактаббачагон дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ қарор дошта, дастаҷамъона ба амал бароварда шудааст. Ин кор асосан бо мақсади таъмини иҷрои мактуби Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 13-уми январи соли 2015, №32 ва талаботи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми феврали соли 2015, №07/1-33 «Оид ба ташаккул додани саноати миллии рақобатпазиру самаранок ва дастгирӣ намудани истеҳсолкунандагони ватанӣ» тақвият ёфта, тибқи нақша соли 2019 барои 13105 нафар хонандагон бо корхонаи дӯзандагии шаҳри Бохтар 10 ҳазор ҷуфт, бо ташкилоти ҷамъиятии «Бонувони Панҷ» 1000 ҷуфт ва бо сехи дӯзандагии «Азиза» 2105 ҷуфт сарулибоси мактабӣ шартнома баста шуда, иҷрои он пурра таъмин гардидааст.

Истироҳати тобистона

Бо мақсади ташкили самарабахши истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар мавсими истироҳатии соли 2019 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2019, №103 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019” ва дар ин замина қарори раиси вилояти Хатлон аз 29-уми марти 2019, №91 ва қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 4-уми июни соли 2019, №740, инчунин қарори шӯрои шуъбаи маориф як қатор корҳо иҷро карда шудаанд.

Дар 42 муассисаи таълимӣ ва 3 муассисаи томактабӣ майдончаҳои истироҳатии тобистонаи кӯдакон дар се давр гузаронида шудааст. Дар мавсими истироҳатӣ умуман зиёда аз 4200 нафар кӯдакону наврасон ба фароғатгоҳҳои наздимактабӣ қабул гардида, истироҳат кардаанд. Бо дасгирии шуъбаи маориф ва иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф кӯдакони ятим, нимятим ва фарзандони омӯзгорон, дар умум 41 нафар ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, 25 нафар ба “Файзи Истиқлол”, 12 нафар ба “Шифобахши Вахш” ва 4 нафар ба “Офтобаки Норак” равон карда шудаанд.

Фурӯғи субҳи доноӣ…

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ даври якуми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…»-ро мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми феврали соли 2019, №АП-165 ва Тартиби баргузории Озмун дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия то 10-уми майи соли 2019 пурра ҷамъбаст карда, ғолибон аз ҳар муассисаи таҳсилоти умумӣ ба даври ноҳиявии озмун пешниҳод гардидаанд.

Рӯзи 16-уми июни соли гузашта дар шуъбаи маориф даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» миёни хонандагони ғолиби муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия баргузор ва ҷамъбаст карда шудааст. Дар озмун аз 52 муассисаи таҳсилоти умумӣ 93 нафар ғолибони даври якум ба даври дуюми озмун миёни хонандагон дар шуъбаи маориф иштирок намудаанд. Дар даври ниҳоии озмун 10 нафар омӯзгорону хонандагон аз рӯи 4 номинатсия ғолибони ҷойҳои 1, 2, 3 гардида, 6 нафари онҳо дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» фаъолона иштирок намуда, маҳорати баланд нишон додаанд.

Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ғолибони даври ноҳиявӣ ду нафар омӯзгор ва чор нафар хонандагони муассисаҳои таълимии №12 — Мусофирова Басонат, хонандаи муассисаи №21 Ҷамшед, аз гимназия Сидиқов Мумин ва Асомидини Шарофидин ва омӯзгори муассисаи таълимии №12 Холиқова Гулсанам фаъолона иштирок намуда, ба гирифтани ифтихорномаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф ва омӯзгори муассисаи таълимии №19 Гулаева Санавбар ба унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардидаанд. Ҳамчунин, хонандаи синфи 11-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 Мустафоева Басонат ва омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 Гулаева Санавбар ҳамчун ғолиб дар озмуни вилоятӣ ба гирифтани ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон ва мукофоти пулӣ сазовор гардидаанд.

Мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ, муҳтарам Мавлуда Боймуротзода мегӯяд, ки “маҷмӯи тадбирҳои муҳими ободонию созандагӣ, бунёдкориву навгониҳо, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадааст, имрӯз қалби ҳар як сокини баору номус ва хайрхоҳу ватандӯсти асилро сидқан фаро гирифта, аз он сарсабзию шукуфоии фардои Ватан ҳувайдо мегардад”.

— Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ бо мақсади иҷрои пурраи вазифаҳои дар наздаш истода ва рушди ҳаматарафаи соҳа ҷаҳду талош намуда, бо ин мақсад тамоми имконияту шароити мусоидро муҳайё месозад,- меафзояд ӯ.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here