Аслан намедонам чаро мехоҳам дар ин бора нависам. Шояд аз он бошад, ки як ҳамватани мо дар дуюмин даври озмуни “Голос дети” ширкат кард ва бо вуҷуди он ки ҳамаро ҳайратзада кард, боз ҳам ба даври финалӣ роҳ наёфт. Вале дар матбуоти кишвар ин бозтоби чандоне надошт. Шояд ин ҳам муҳим набошад, вале ман аз рӯзи аввале, ки таронаи “Трава у дома” дар иҷрои Манижа Аминова ва Лара Базикина садо дод, ин қазияро пайгирӣ мекунам. Ман дида будам, ки навори аввал ва асосии он ки Шабакаи якуми телевизиони Русия дар Ютуб гузошт, дар се рӯз наздик 3 миллион бинанда пайдо кард ва на саду дусад, балки ҳазорон нафар зери он шарҳ навиштанд. Ин шарҳҳо баёнгари он буданд, ки мардум аз зуҳури ситораҳои ҷавон табли шодӣ мезаданд. Тарона беҳтар аз асл суруда шуд ва ҳамаро ба ваҷд овард. Одамон наметавонистанд шодиҳои худро пинҳон доранд, бо вуҷуди он ки Манижа ва Валерия аслан барои аксарият ношинос буданд, вале аз ҳунару садояшон мафтун шуда буданд.
Аммо аз қазо дар рӯзи чаҳорум он нусхаи асл аз Ютуб руфта шуд, бо ҳама шарҳҳояш, бо ҳама навиштаҳо. Ва ин ҳамагонро ба ғазаб ҳам овард. Куҷо шуд нусхаи асле, ки миллионҳо бинанда дошту ҳазорон шарҳ? Посухи суол баъдҳо пайдо шуд. Маълум гардид, ки оҳангсози пире бо номи Эдуард Артёмов даъво кардаву хостори аз шабака бурун андохтани навор шудааст. Ин оҳангсоз даъво мекунад, ки дар оғози ҳунарнамоӣ зимни бандубасту навохтан дар пианино қисмате аз оҳангаш истифода гардидааст. Аммо гуфт, ки тасодуф ин наворро тамошо кард ва оҳангашро шинохт. Вай гуфт: “Оташин шудам, ки оҳангро медузданд. Чунин ҳолат бо ман хеле зиёд рух медиҳад ва дигар тоби тоқати онро надорам. Бигузор барои корашон ҷавоб диҳанд. Ба ман пул даркор нест”.
Пул даркор нест, вале оҳангсоз омода буд ин ду навниҳоли боғи санъатро дар ин синну сол бишканад. Ва ҳатто дар суҳбат бо шабакаи телевизионии “360”, ки ин қазияро таҳқиқ кард, гуфт, ки аз даъвояш намегардад.
Ва ҷолиб он аст, ки дар таҳқиқи шабакаи “360” Сергей Скачков, овозхони гуруҳи “Земляне” даст доштанаш дар масдудсозии навори Манижа ва Валерияро рад кард ва ҳатто иброз дошт, ки аз ин ҳунарнамоӣ хушаш омадааст ва наворро дар саҳифаи худ бознашр кардааст. Ҳамсари оҳангсоз Владимир Мигуля Марина низ гуфт, ки чун меросхӯри оҳангсоз таронаро писандид ва ҳеч даъвое ҷойе накардааст.
Ҳамин тариқ навор бо ҳамон ҳудудан 3 миллион бинанда ва шарҳҳои зераш ғайб зад. Шабакаи якум низ даъвои муаллифи оҳангро баҳона пеш овард ва дигар дунболи барқарор кардани навор дар Ютуб нашуд. Албатта варианти дигари он ҳоло ҳам дар гардиш аст, вале оне, ки мардумро саропо тасхир карда буд, дигар нест.
Интрига бар зидди Валерия Базикина ва Манижа Аминова аз ҳамин шуруъ гардид ва ҳарчанд ба даври дуюм роҳ ёфта буданд, вале ҳадс зада мешуд, ки онҳо то даври сеюм намерасанд. Чунин ҳам шуд.
Дар даври сеюм чор нафар — Олеся Казачинка, Ксения Шиплико, Валерия Базикина ва Манижа Аминова ин бор бо ҳам як таронаи машҳур — Eye of the Tiger, ки қаблан гурӯҳи Survivor иҷро мекард, суруданд. Ин таронаи басо машҳур сингли албоми ҳамноми он буд, ки соли 1982 нашр шуд ва он суруди асосӣ дар филми машҳури амрикоии “Рокки 3” буд. Ин тарона бо дархости шахсии Селвистер Сталоне навишта шуда буд. Дар ИМА аз ҷумлаи машҳуртарин таронаҳои замон буд, ба ҷоизаи «Оскар» пешниҳод шуда буд ва сазовори ҷоизаи «Грэмми» низ шуд. Гуруҳе, ки ин таронаро месароид, борҳо бо сиёсатмадорони амрикоӣ дастбагиребон шудааст. Онҳо бидуни пурсиш ин таронаро дар маъракаҳои интихоботии худ истифода мекарданд.
Сурудаи аввали Манижа ва Валерия ба сегонаи сертамошобинтарин таронаҳо дар раддабандии олам дохил шуда буд. Баъдан он ба даҳгонаи беҳтарин сурудҳои Голос Дети низ шомил шуд. Роскосмос, ки таронаи “Трава у дома”-ро гимни ғайрирасмии кайҳонавардон медонад, қаблан Валерия ва Манижаро расман даъват кард, ки рӯзи 12 апрел дар ҷаласаи тантанавии бахшида ба Рӯзи кайҳонавардон бо ин барноматашриф оранд. Вале карантин ҳама нақшаҳоро барҳам зад, на он ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд ва на онҳо дар он ширкат карданд.
Хулоса, атрофи ин ду овозхони ҷавон ҳоло ҳам гӯмагӯҳо зиёданд. Ҳоло ҳам бинандагон дар шарҳҳои худ менависанд, ки Валерия ва Манижа бидуни шак ғолибони ин озмунанд, ҳарчанд сарвари гуруҳ Баста ширкат дар даври ниҳоиро ба каси дигар вогузор намуд. Ҷолиб он аст, ки ҳунарнамоии хотимавии Манижа ва Валерияро аксари бинандагон рафтани шарафмандонаву пирӯзмандона аз саҳнаи озмуни Голос дети донистнд. Бинандагон мегӯянд, ки онҳо интихоби худро кардаву Манижа ва Валерияро пирӯзи ин озмун медонанд. Лаҳзаи хайрбод бо озмун хеле муассир буд ва инро ҳар касе тамошо кард, дарк намуд. Ба назар мерасид ҳам Валерия ва ҳам Манижа ҳамин интригаро интизор буданд, дар чеҳраи онҳо нишони ғусса дида намешуд. Онҳо табассум мекарданд, лабханд мезаданд. Лабханд ба интригаи калонсолон ба ҳунари ду наврасе, ки мехоҳанд ба саҳнаи бузург роҳ ёбанд.
Аммо ин озмун бо ҳама саҳнаҳои пуштипардагии худ бори дигар ноҳақиву фасодзада будани масъулинашро ба намоиш гузошт. Валерия ва Манижа ду наврасе, ки пеши ақли интригабозон ҳоло кӯдаканд. Вале аз ҳоло ҷунбишҳое эҳсос мешавад, ки баъзе блогнависон талош доранд аз Норвеж чун сармоягузори Голос дети талаб кунад, ки муоҳадаи худ бо Шабакаи аввалро лағв кунад ва баргузории ин озмунро ба ширкати телевизионии дигар супорад. Зеро он чи бо духтари Алсу гузашт ва он чи бо Валерия ва Манижа гузашт, ду саҳнаи ғайриқобили мулоҳиза аст. Ҳунарманд Алсу иқрор шуда буд, ки барои пирӯзии духтараш доваронро харид. Аммо дар мисоли Манжижа ва Валерия чизи дигар дида мешавад: ин ду танро ошкор хостанд бишкананд. Вале оё метавон ҳунари асилро надид ва ҳунарманди асилро шикаст? Таърих шоҳиди рӯйдодҳои зиёдест, аммо ҳамеша ва дар ниҳоят ҳунарманди асил монеъаҳоро мешиканад.
Дар посух ба як шарҳи корбари Фейсбук Валерия Базикина навишт: Ба пеш, ба сӯи ситораҳо! Набояд таслим шуд ва руҳан шикаста!
Ман на ҳунармандам ва на мунаққиди ҳунар. Он чи навиштам, бардошти як журналист буд. Намедонам дигарон чӣ андеша доранд…
Бобоҷон ШАФЕЪ