Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26.12.2019 бори дигар иброз намуданд, ки «бе рушди соҳаи маориф пешравӣ ва тараққиёти ҷомеаро тасаввур намудан ғайриимкон аст». Сарвари давлат соҳаи маорифро яке аз самтҳои рушд ва пешравии ҷомеа эълон намуда, даъват ба амал оварданд, ки баҳри инкишофи соҳаи маориф қишри бештаре аз аҳли ҷомеа, хусусан бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷалб карда шаванд.

Омори мухтасар

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо маорифчиёни тамоми бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо баҳри амалӣ сохтани дастуру пешниҳодоти дар Паёми Пешвои муаззами миллат зикргардида камари ҳиммат бастаанд. Мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор муҳтарам Муқимзода Наргис Насимӣ мегӯяд, ки дар соли 2019 дар асоси талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», супоришу нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору амрҳои раиси шаҳри Ҳисор фаъолият намуда, баҳри пешбурди кори таълиму тарбия, рушду нумӯи ҳамаҷонибаи соҳаи маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гаштаанд.

Соли 2019 дар шаҳри Ҳисор 124 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, гимназия, литсей, маркази санъат ва эҷодии кӯдакон, муассисаи ғоибонаи калонсолон ва наврасон, 1 маркази инкишофи кӯдакон, 7 муассисаи томктабии давлатӣ ва 3 муассисаи мактаб-кӯдакистони хусусӣ фаъолият карда, дар муассисаҳои таҳсилотӣ 67698 нафар кӯдакону наврасон, ки аз ин 31853 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар самти таъмини таълимгоҳҳо бо омӯзгорони фаннӣ соли гузашта дар таълимгоҳҳои шаҳр 4136 нафар омӯзгорон (2396 нафар занон) ба кори таълиму тарбия машғул буданд, ки зиёда аз 65 %-ро омӯзгорони соҳибмаълумоти варзида ташкил дода, 735 нафарашон омӯзгорони дараҷаи тахассуси олӣ мебошанд ва дар самаранокии кори таълиму тарбия, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» саҳми зиёд доранд.

Соли 2019 нисбати таъмини таълимгоҳҳои шаҳр бо кадрҳои омӯзгорӣ аз тарафи шуъбаи маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зиёд андешида шуда, 122 нафар мутахассисони ҷавон тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 127 нафар собиқ омӯзгорон ба кори таълиму тарбия дар таълимгоҳҳои шаҳр ба кори омӯзгорӣ ҷалб карда шудаанд.

Санҷиши кадрҳо

Зикр бояд намуд, ки оид ба аз аттестатсияи кадрҳо дар соли 2019 фармоиш ва нақшаи чорабиниҳои мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор аз 12.02.2019, №33 ба тасвиб расида, ба диққати директорони муассисаҳои таҳсилотии шаҳр баррасӣ карда шудааст. Ҳамзамон, дастур оид ба аттестатсияи кадрҳои омӯзгорӣ дар семинарҳои роҳбарони таълимгоҳҳо мавриди баррасӣ қарор дода, тибқи тартиб рӯзи 14.03.2019 тавассути комиссияи аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 46 нафар директорони муассисаҳои таҳсилотӣ аз аттестатсия гузаронида шудаанд. Дар ҳамин баробар, моҳи март ва апрели соли гузашта аттестатсияи кадрҳои соҳаи маориф баргузор гардида, комиссияи аттестатсионӣ ба фаъолияти 211 нафар омӯзгорони таълимгоҳҳо тахассуси дараҷаи олиро сазовар дониста, ба 611 нафар тахассуси дараҷаи якум ва ба 436 нафар тахассуси дараҷаи дуюм лоиқ дониста шудааст.

Рушди муассисаҳои томактабӣ

Соли 2019 дар шаҳри Ҳисор 10 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, дар 43 гуруҳ 1353 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бинобар сабаби зиёд гаштани талабот танҳо дар соли 2019-ум 35 нафар кӯдакон дар кӯдакистонҳои шаҳр ба навбат гирифта шудаанд.

Шумораи умумии мураббиён дар кӯдакистонҳо 43 нафарро ташкил дода, аз ин 6 нафар бо маълумоти олӣ, 4 нафар бо маълумоти олии нопурра, 33 нафар бо маълумоти миёнаи педагогӣ фаъолият доранд.

Дар соли 2019 тибқи нақша ҳолати кори таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабии шаҳр моҳҳои январ ва марти соли гузашта санҷида шуда, дар маҷлиси назоратии назди мудири шуъбаи маориф баррасӣ гардидааст. Рафти санҷиш нишон додааст, ки дар боғчаҳои рақамҳои 3, 4, 8 ба корҳои таълиму тарбия, ҳолати гигиенӣ, таъмин бо маводи хӯрока эътибори асосӣ дода, боғчаҳои номбурда ба таври хуб ҷиҳозонида шудаанд.

Омӯзиши таҷрибаҳои пешқадам

Соли 2019 дар 12 Шӯрои шуъбаи маориф, 10 шӯрои бахши ХДНСМ, 11 маҷлиси назоратии назди мудири шуъба, 10 маҷлиси назоратии назди муовини мудири шуъба 141 масъалаҳои таълимию тарбиявӣ, рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амру фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору амрҳои раиси шаҳр мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шудаанд.

Ҳамзамон, дар ин сол аз тарафи маркази таълимию методии назди шуъбаи маорифи шаҳр вобаста ба нақшаи корӣ ба маъмурият ва ҳайати омӯзгорони 70 муассисаҳои таълимии шаҳр ёрии методӣ расонида шуда, таҷрибаи пешқадами 10 нафар омӯзгорони таълимгоҳҳои шаҳр омӯхта, дастраси омӯзгорон гардонида шудааст.

Бояд зикр намуд, ки дар самти расонидани ёрии методӣ саҳми кормандон, хусусан кӯшишҳои сармутахассиси кабинети методии шуъбаи маорифи МИҲД-и шаҳри Ҳисор Қосимов Ҳамза Юсуфович лоиқи ситоиш аст.

Заминаҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ

Хотиррасон бояд намуд, ки соли 2019 тибқи талабот рафти иҷрои «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» ва «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар муассисаҳои таҳсилотии шаҳр зери назорати шуъбаи маориф қарор дорад ва алҳол дар 114 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1744 адад компютерҳои замонавӣ, 387 адад принтер, 111 адад генераторҳои барқдиҳанда, 35 адад тахтаҳои электронӣ ва 57 адад проекторҳо мавриди истифода қарор дошта, компютерҳои 27 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ба шабакаи интернет пайваст карда шудааст.

Таваҷҷуҳ ба забонҳои русӣ ва англисӣ

Соли 2019 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12.2003 №508 «Оид ба Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд.

Соли 2019 дар муассисаҳои таҳсилотии шаҳр 390 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ, 223 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ кор ва фаъолият намуда, дар 89 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 36 кабинети забони русӣ ва 34 кабинети забони англисӣ фаъолият доранд ва ин кабинетҳо дорои маводҳои зиёди илмию методӣ мебошанд.

Оид ба рафти иҷрои «Барномаи давлатии такмили забони русӣ ва англисӣ дар таълимгоҳҳои шаҳр» соли гузашта дар шӯрои маориф масъала баррасӣ карда шудааст.

Зикр бояд кард, ки ҳамасола ба барномаҳои таълимии фанҳои забони англисӣ ва русӣ дар таълимгоҳҳои шаҳр эътибори асосӣ дода шуда, дар муассисаҳо ҳафтаҳои фаннӣ аз фанҳои забони англисӣ ва русӣ гузаронида мешаванд. Инчунин, дар таълимгоҳҳо шабнишинию конкурсҳо гузаронидаву рӯзномаҳои фаннӣ бароварда шуда, маҳфилҳои гуногун амал мекунанд.

Соли гузашта таҷрибаи як нафар омӯзгори фанни забони англисӣ ва як нафар омӯзгори фанни забони русӣ омӯхта, дастраси муаллимони таълимгоҳҳои шаҳр гардонида шуда, ин имконият дода истодааст, ки сифати таълими фанҳои забони англисӣ ва русӣ дар муассисаҳои шаҳр рӯз аз рӯз баланд гардад.

Моҳи ноябри соли гузашта тибқи Протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.08.2019, №8 дар шаҳри Ҳисор озмуни омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ гузаронида шуда, дар озмуни даври аввал 12 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 10 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ, ки малака ва дониши баланди касбӣ доштанд, сазовори ҷойҳои якум гашта, барои иштирок дар даври шаҳрӣ роҳхат гирифтаанд.

Ҳамкориҳои судманд

Соли 2019 дар асоси нақша ва фаъолияти бахши хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф муассисаҳои таҳсилоти умумии №№19, 24, 109, 28, 89, 102, 22, 85, 136, 2, 92, 116, 127, 14, 45, 76, 98, 71, 72, 5, 60, 78, 110, 63, 66, 132, 20, 33, 96, Гимназияи №1, муассисаи таҳсилоти томактабии №8 «Лола», Маркази санъат ва эҷодии кӯдакон аз аттестатсияи давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилотии №№21, 36, 9, 4, 105, 102,  19, 24, 109, 28, 89, 102, 22, 85, 136, 2, 92, 116, 127, 14, 45, 76, 98, 71, 72, 5, 60, 78, 110, Гимназияи №1ва муассисаи таҳсилоти томактабии №8 «Лола» аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида шудаанд. Натиҷаи аттестатсия нишон додааст, ки ҳолати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилотии №№5, 19, 89, 92, 109, 71, Гимназияи №1 вобаста ба талабот хуб ба роҳ монда шуда, омӯзгорон ба машғулиятҳои ҳаррӯза бо тайёрии пешакӣ меоянд ва малакаю маҳорати хонандагон аз аксари фанҳои таълимӣ хуб буда, дар ин муассисаҳо назорати дохилимуассисавӣ хуб ба роҳ монда шуда, барои хонандагону омӯзгорон шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.

Пешравии дигари кори ин муассисаҳо дар он аст, ки маъмурияти таълимгоҳҳо ва омӯзгорон бо кумитаҳои маҳаллӣ, падару модарони хонандагон ва масъулини мақомоти худидораи маҳаллӣ, роҳбарони корхонаву хоҷагиҳо ҳамкорӣ доранд.

Аз тарафи дигар, соли 2019 тибқи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати таълиму тарбия, дар таълимгоҳҳои шаҳр бо маводҳои таълимӣ ёрии методӣ расонида, ба мутахассисони ҷавон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, фаъолияти меҳнатии 1 нафар корманди соҳа бо медали Хизмати шоста, 12 нафар бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», 14 нафар бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 нафар бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва 72 нафар бо «Ифтихорнома»-и шуъбаи маориф сарфароз гардонида шудаанд.

Дарёфти истеъдодҳо

Ҳамзамон, зикр бояд кард, ки ҳамасола бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав ва баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилотии ҷумҳурӣ олимпиадаҳои фаннӣ гузаронида мешаванд. Дар ҳамин раванд дар муассисаҳои таҳсилотии шаҳри Ҳисор низ даври аввали олимпиадаҳои фаннӣ гузаронида шуда, моҳи январи соли 2019 ғолибони даври дуюми олимпиадаи фаннӣ, ки 280 нафарро ташкил медоданд, дар даври сеюм (минтақавӣ) иштирок намуда, 165 нафарашон сазовари ҷойҳои намоён гаштаанд. Аз 42 нафар хонандагон, ки ғолибони даври минтақавии олимпиада гаштаанд, дар даври ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, 20 нафар ғолиб омада, соҳиби медал гаштаанд, ки ин нисбат ба соли 2018-ум 5 нафар зиёд аст.

Инчунин, моҳи ноябри соли гузашта дар даври шаҳрии олимпиадаи фаннӣ аз рӯи 11 фанни таълимӣ 2084 нафар хонандагони синфҳои 9-11 ва 871 нафар хонандагони синфҳои 5-8 ширкат намудаанд, ки нисбат ба соли 2018-ум 311нафар хонанда зиёд буда, 259 нафар хонандагони синфҳои 9-11 ва 70 нафар хонандагони синфҳои 5-8 сазовори ҷойҳои намоён гашта, ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтаанд. Аз ин бармеояд, ки дар муассисаҳои таҳсилотии шаҳр хонандагоне, ки дониши хуб, истеъдод ва қобилияти баланди илмомузӣ доранд, кам нестанд.

Квотаи Президентӣ

Солҳои зиёд аст, ки ба воситаи квотаи Президентӣ ҳамасола 20 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Ҳисор барои таҳсил ба муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд. Дар самти интихобу тавсия додан барои таҳсил дар асоси квота нисбати солҳои гузашта корҳо хеле хуб ба роҳ монда шуда, шумораи довталабон сол аз сол афзуда истодааст.

Соли гузашта оид ба ин масъала барои иштирок ба даври дуюм зиёда аз 318 довталабон ариза пешниҳод намудаанд, ки ин нисбати соли 2018-ум 77 нафар зиёд буда, ба ҳар як ҷой 15-16 нафар довталаб рост меояд.

Комиссия баъди баргузорӣ ва натиҷагирии даври 2-юми озмун ҳуҷҷатҳои 78 нафар довталабонро ҷиҳати иштирок дар даври ниҳоӣ ба  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз ин шумора 20/10 нафар довталабон, ки дониш ва малакаи баланд доштанд, ба номи ифтихории донишҷӯ мушарраф гаштаанд.

Аттестатсияҳои гузариш ва хатм

Соли 2019 аттестатсияҳои давлатии гузариш ва хатм дар муассисаҳои таҳсилотии шаҳр мутобиқ ба талаботи дастурамали Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, 3268/1324 нафар хатмкунандагони синфи 11-ум бо Аттестат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 4841/2317 нафар хатмкунандагони синфи 9-ум бо Аттестат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ таъмин карда шудаанд. Аз ин теъдод 2470/1016 нафар хатмкунандагони синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилотии шаҳр ҷиҳати дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд.

Дар имтиҳонҳои марказонидашудаи тестӣ 2393/998 нафар иштирок карда, 2133/872 нафарашон холи гузаришро соҳиб гаштаанд. Аз ин 1737/718 нафар сазовори номи донишҷӯ гардидаанд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2018-ум 109 нафар зиёд мебошад.

Ҳамчунин, 315/248 нафар хатмкунандагони синфи 9-уми муассисаҳои таҳсилотии шаҳр ба воситаи Маркази миллии тестӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуҷҷат супоридаанд. Дар имтиҳонҳои марказонидаи тестӣ 297/177 нафар иштирок карда, 223/177 нафар холи гузариш гирифта, 167/124 нафар сазовори номи донишҷӯ гардидаанд.

Мусобиқаҳо ва иншооти ҷашнӣ

Рӯзи 23.02.2019 бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ мусобиқаҳои варзишӣ дар байни дастаҳои муассисаҳо гузаронида шудааст. Дар ин бозӣ дастаҳои варзишии муассисаҳои №№3, 47, 53, 26, 11, 51, 52, 56, 7, 8, 19, 15, 9 ғолиб дониста шудаанд.

Моҳи марти соли 2019 бахшида ба иди Наврӯз аз рӯи 10 намуди варзиш Спартакиадаи мактаббачагон гузаронида шудааст. Дастаҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 3, 5, 19, 17, 26, 46, 47, 57, 7, 15, 56, 40, 58, 61, 65, гимназияи №1, ки ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштаанд, бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо қадр карда шудаанд.

Моҳи март иди байналмилалии Наврӯз, рӯзи 9-уми сентябр 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи Ҷавонӣ бо иштироки омӯзгорон ва хонандагон дар сатҳи баланд таҷлил карда шудааст. Ҳамзамон, қайд бояд намуд, ки моҳи октябри соли 2019 Рӯзи омӯзгор, ҷашни Меҳргон дар сатҳи баланд таҷлил карда шуда, дар моҳи ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президент, 27-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ дар сатҳи хуб таҷлил карда шудаанд.

Соли 2019 бахшида «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба эълон шудани солҳои 2019-2021 тавассути дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия дар назди 19 муассиса сохтмони 89 синфхонаи иловагӣ ва дар назди таълимгоҳҳое, ки ба синфхонаҳои иловагӣ эҳтиёҷ доштанд, сохмони 70 синфхонаи иловагӣ ба нақша гирифта шуда, тавассути соҳибкорон, шахсони саховатпеша, инчунин падару модарон дар ин иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ оғоз гашта, то ба имрӯз 55 синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуда, дар 104 синфхона ва 3 толори варзишӣ корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд.

Истироҳати тобистона

Тибқи Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.02.2018, №2 “Дар бораи дар сатҳи зарурӣ ташкил кардани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019” фармоиши мудири шуъбаи маориф ва нақшаи чорабиниҳо таҳия гашта, мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида дар давраи таътили соли 2019-ум 3380 нафар кӯдакону наврасон дар лагерҳои фароғатӣ-таълимии назди таълимгоҳҳо ва 720 нафар наврасон дар 3 баст дар лагери “Чангоб” фаро гирифта шудааанд.

Ифтихор ва умедворӣ аз оянда

Ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор муҳтарам Муқимзода Наргис Насимӣ, «соли 2019 барои кормандони соҳаи маориф соли таърихӣ, соли ободонӣ ва соли пешравиҳо буд. Дар ин сол дар шуъбаи маориф қабули шаҳрвандон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар давоми сол ба шуъбаи маориф 468 мактуб, 42 дархост, 60 аризаи марбут ба соҳа ворид гаштанд, ки дар муҳлатҳои муайян баррасӣ гардида, ба онҳо ҷавоб гардонида шуд».

— Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 26.12.2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид ва солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиши фанҳои дақиқ” эълон карда шуд, мо — кормандони соҳаи маорифро вазифадор менамояд, ки дар таълими фанҳои дақиқ, таъсиси озмоишгоҳҳои фаннӣ ва таъмини таълимгоҳҳо бо омӯзгорони фанҳои математика, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ ва табиатшиносӣ эътибори асосӣ дода, дар баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон саҳмгузор бошем. Дар ин самт, маорифчиёни шаҳри Ҳисор аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат ифтихор доранду кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сазовори боварии Сардори давлат гарданд,- афзуд ӯ.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here