Рӯзҳои 14-15-уми сентябри соли равон дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе фестивали ҳарсолаи Go Viral баргузор гардид.
Go Viral фестивали байналмилалиест, ки навоварони ВАО, бизнес ва технологияҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои омӯхтани навтарин тамоюлҳо ва ғояҳои олии мутафаккирони соҳаҳои гуногун муттаҳид мекунад.
Дар фестивали мазкур беш аз 34 нафар сухангӯён аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Осиёи Марказӣ иштирок намуда, дар бораи монетизатсияи бизнес, эҷоди мавод бо мавзую мундариҷаи тиҷоратӣ, василаҳои нави ВАО, гузориш, таҳлил ва коркарди маълумот, соҳибкорӣ ва оғози он баромад карданд.
Фестивали Go Viral бо ибтикори сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон аввалин маротиба баргузор гардида, тӯли 2 рӯз ҷавонон имконият пайдо карданд, то оид ба равандҳои замонавӣ ва идеяҳои ҷолиб маълумот бигиранд.

Добавить комментарий