Рушду такомули ҷумҳурӣ пайваста ба саъю кӯшиши насли созандаву эҷодкор вобастагӣ  дорад. Вобаста  ба ин роҳбарият ва кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ кушиш ба он доранд, ки ҳар як омӯзгор вазифаи худро дар назди халқу ватан софдилона иҷро намуда, ба тарбияи ворисони соҳибмаърифату донишманд ва содиқи миллату ватани хеш бо масъулият машғул шаванд ва дар ояндаи дурахшони Ватан саҳмгузор бошанд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо гузашти ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва ба итмом расидани таътили баҳории хонандагон дар доираи ҳамкориҳо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои миёнаи умумии таълимии ноҳияи Фирдавсии шаҳри  Душабе ба Шуъбаи маорифи ноҳия ташриф овард. Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ Саодат Шукурова моро хуш пазироӣ намуда, иброз дошт, ки шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ (22.12.2019) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, қарору қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактубҳои дастурии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҷаҳду талош намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, дониши хонандагон, тарбияи насли солиму ояндасози миллат кушиш ба харҷ медиҳанд.

Маълумоти умумӣ

Дар шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 29 муассисаи таҳсилоти умумӣ (21 муассисаи буҷҷавӣ), аз ҷумла, 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 литсей, 5 гимназия, 1 мактаб-кӯдакистон, 1 мактаб-интернати ёрирасон (кӯдакони ақлан носолим), 1 мактаб-  интернати мусиқӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо  51242  нафар хонанда ба таълиму тарбия  фаро гирифта шуда, аз ин шумора 46076  нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Соли 2019 3437  нафар аз он ҷумла, 1994 духтарон   муассисаҳои таълимии қаламрави ноҳия- синфи  9-ро хатм намуданд.

Синфи 11-ро бошад 2453 нафар хатм намуда, ҳуҷҷатҳои худро ба муассисаҳои олӣ, колеҷҳои касбӣ, литсейҳои кишвар супорида, 95 дар сади хонандагон қабул шуданд, ки ин фоизи хеле баланд мебошад. Аз ҷумла, хатмкардаи МТМУ №42 Забиров Шоҳрухро номбар кардан ба маврид аст, ки дар соли таҳсили 2018-2019 мактабро бо медали тилло хатм намуда, дар ММТ ҳангоми қабул холҳои аз ҳама баландро низ дар ҷумҳурӣ соҳиб шуд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 2115 нафар омӯзгорон кору фаъолият намуда истодаанд, ки аз ин шумора 1596 нафарашон дар муассисаҳои таълимии буҷҷавӣ ва 321 нафар дар муассисаҳои таълимии ғайрибуҷҷавӣ ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд.

Таҳсилоти томактабӣ

Соҳаи  томактабӣ- зинаи аввали таълиму тарбияи кӯдакон ба шумор меравад, зеро хишти аввали дониш ва маърифат дар бинои муҳташами маънавиёти инсон маҳз дар ин макон гузошта мешавад.  Айни замон дар   ҳудуди ноҳия 29 муассисаи томактабӣ фаъолият менамояд, ки аз инҳо 23 ададаш аз ҳисоби  буҷҷаи давлат маблағгузорӣ карда мешавад.

Ҳоло дар муассисаҳои томактабии буҷавӣ 6589 нафар кӯдакон ва 316 нафар омӯзгорон фаъолият мекунанд, ки 150 нафар бо маълумоти олӣ, 44 нафар бо маълумоти олии педагогӣ ва 122 нафар бо маълумоти миёнаи педагогӣ мебошанд.

Омӯзиши мо нишон дод, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайридавлатии «Здоровье»,  дар муассисаҳои томактабии ноҳия 151 гуруҳҳои  махсус барои кӯдакони аз ҷиҳати саломатӣ нуқсдошта ва носолим кушода шудааст. Ин гуруҳҳои махсус дар давоми фаъолияти худ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд. Бояд қайд намуд, ки тарбиятгирандагоне, ки дар ин барнома фаро гирифта шудааст, баъдан дар муассисаҳои  таълимии рақами № 3 ва рақами 24 ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Дар давоми  соли ҷорӣ барои баланд бардоштани дониши касбии худ 20 нафар мураббиён ва 6 нафар мудир аз курсҳои  такмили ихтисос   гузаштанд.

Дар муассисаҳои томактабии №52, 53, 117, 119, 134 омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

Маркази рӯшди истеъдодҳо

Дар робита ба фаъолияти омӯзгорони ноҳия қайд намудан ба маврид аст, ки имрӯз дар ноҳия муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсей, гимназия ва муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ фаъолият карда, омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор кам нестанд. Ба ин хотир дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 барои хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии ноҳия «Маркази рушди истеъдодҳо барои хонандагони болаёқат» ташкил карда шудааст.

Дар ин марказ хонандагони болаёқат ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии ноҳия ҷалб карда шудаанд, ки ба онҳо мувофиқи хоҳиш ва майлу истеъдодашон муаллимони соҳибтаҷриба дарсҳои иловагӣ  тариқи ройгон мегузаронанд. Марказ аз 7 синфхона, 1 утоқи кории мутахассисон ва утоқи кории роҳбар иборат мебошад. Аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ барои марказ 3 синфхона (биология, химия ва физика), инчунин таҷҳизотҳои утоқи кории роҳбар ва мутахассисон харидорӣ карда шуданд.

Мониторинг

Мониторинг яке аз унсурҳоест, ки дар ҷараёни таълим мавқеи хоси худро дорост. Ташкил ва гузаронидани ин чорабинии таълимӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба маъмурияти муассисаҳо имконияти хуб барои назорати махсуси раванди таълим фароҳам меоварад.

Дар асоси нақшаи кори солонаи шуъбаи маориф гуруҳи корӣ дар муассисаҳои таълимӣ аз фанҳои гуногун санҷишҳо гузаронида, сатҳи аз худкунии фанҳо омӯхта ва баҳогузорӣ икарда мешавад. Аз ҷумла, чунин санҷишҳо соли равон аз фанни биология дар синфҳои нуҳум, даҳум ва ёздаҳум дар гимназияи №74 гузаронида шуда, муайян карда шуд, ки дар гимназияи №74 азхудкунии барномаи давлатӣ 90.2 %- ро ташкил медиҳад.

Дар ҳама синфҳои муассисаҳои мактаби пайваста чунин санҷишҳо гузаронида мешаванд, ки ин масъулияти омӯзгоронро боз ҳам бештар мекунад. Гуруҳи корӣ аз рӯйи  натиҷаи корҳои санҷишӣ дар кадом сатҳ қарор доштани сатҳу сифати дониши хонандагон дар муассисаҳои талимии санҷидашуда аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, инчунин метематика омӯхта, аз рӯйи холҳои соҳибгашта рейтинги  МТМУ   рақамҳои 42,51,77 — ро чунин муайян намуд:

МТМУ  № 42 ҷойи якум;

МТМУ  № 51 ҷойи дуюм;

МТМУ  №77  ҷойи сеюм.

Иштирок дар олимпиадаҳо

Дар давраи сеюми (шаҳрӣ) олипиадаҳои фаннии мактаббачагон, ки соли 2019 баргузор гардид, аз муассисаҳои таълимии ноҳия 239 нафар хонандагон иштирок намуданд.

Аз шумораи умумии иштирокчиён дар давраи сеюм (шаҳрӣ) 132 нафар  ҷойи намоёнро ишғол намуданд. Аз ин шумора 18 нафарашон синфи 11 мебошанд, ки ба даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) олимпиадаи фаннии мактаббачагон роҳхат гирифтаанд.

Дар омода намудани хонандагон ба олимпиадаи фаннии мактаббачагон саҳми маъмурияти муассисаҳои таълимии  №24, №51, №42, гимназияи №74, ЛБХБИ литсеи Душанбе  назаррас аст.

Дастовардҳо

Дар соли сипаригардида шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ бо як қатор дастовардҳо ноил гардид. Аз он ҷумла, дар озмуни шаҳрии «Омӯзгори сол 2019» муаллимаи фанни  таърих Шоева Дилбар ширкат варзида, сазовори ҷои аввал гардид.

Моҳи октябри соли 2019  озмунҳои касбӣ даври ноҳиявӣ аз он ҷумла,  озмуни “Мураббии  сол 2019” мураббии ширхоргоҳ-кӯдакистони №72 Қудратова Марҳабо Маҳмадюсуповна, озмуни  “Хонандаи сол” хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии Гимназияи  хусусии “Ҳиммат” Одиназода Меҳроб ва озмуни “Омузгори сол-2019 омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумаии №45 Нуралиева Моҳинав сазовори ҷойи якум гардида, ба даври сеюми озмуни шаҳрӣ  пешниҳод гардиданд.

Дастовардҳои варзишӣ ва озмунҳо аз фанҳои таълимӣ

Якчанд нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар  соли нави таҳсили 2019 -2020 дар мусобиқаҳои байналмилалии  варзишӣ  иштирок намуда, соҳиби медали тилло, нуқра ва биринҷӣ  гардиданд. Аз ҷумла, аввали моҳи январи соли ҷорӣ  даври сеюми Олимпиадаи фаннии (шаҳрӣ)-и хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор гардид, ки дар он 132 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи мазкур  аз 13 фанни таълимӣ иштирок  намуданд.
Натиҷа нишон дод, ки хонандагони муассисаҳои таълимии  ноҳияи Фирдавсӣ дар соли таҳсили 2018-2019 дар олимпиадаи Ҷумҳуриявӣ 18 нафар соҳиби  ҷойҳои 1,2,3  гардиданд.

Инчунин даври чоруми Олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ байни наврасон дар мактаби байналмилалии Президентии ноҳияи Ҳисор рӯзҳои 8.06.2019 баргузор гардид. Дар Олимпиада 20 нафар хонандагони синфҳои 5 то 8-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Фирдавсӣ ширкат варзида, 13 нафар ҷойҳои  намоёнро ишғол намуданд.

Аз ҷумла: ЛБХБИ-9 нафар, литсейи иноватсионӣ-2 нафар, МТМУ №42-1 нафар,МТМУ №57-1 нафар,(65 %-ро ташкил дод). Аз ҳисоби ҷойҳои ишғолкардашуда дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни наврасон чунин натиҷагирӣ карда шудааст. Дар ҷойи якум-4 нафар, ҷойи дуюм-3 нафар, ҷойи сеюм-6 нафар ғолиб дониста шуданд.

Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”

Дар асоси иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02.2019, №АП-1165, супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.02.2019, №16/10-43 ва Протоколи ҷаласаи комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” аз 13.02.2019, №16/10-43 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” гузаронида шуд, ки дар озмуни мазкур зиёда 50 нафар хонандагони муассисаҳои ноҳия ширкат варзида 10-нафарашон ба озмуни даври ноҳиявӣ роҳхат ёфтанд.

Кадбонуи беҳтарин

Дар муассисаҳои таълимии №№3,5,17,22,30,40,57,58,72 ва 78 аз ҷониби раисони духтарон ва омӯзгорони фанни технология (касбу ҳунар), озмун дар мавзӯи “Кани духтарон” ва “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид, ки дар озмун, духтарон тарзи омода намудани хӯришҳои гуногун, тайёр намудани ширинӣ, оро додани дастархон, мӯйбофӣ, байтбаракро пешкаши ҳамагон намуданд. Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, тарбияи тарзи ҳаёти солим ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Аттестатсия

Яке аз омилҳои тақвиятбахши раванди таълим муайянкунии  сифати таҳсилот ва баҳодиҳӣ ба дониши хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва кормандон аз аттестатсия маҳсуб ёфта, соли равон аз тарафи   бахши  Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф 4 муассисаи таълимӣ (№76,49, 40, 17) ва 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ (№135, 151, 117, 76)  аз аттестатсияи давлатӣ   гузаронида шуд.

Бунёдкориҳо

Дар шубаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ бунёдкориҳо зиёд ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, бо ташаббус ва дастгирии  Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ дар тамоми маҳаллаҳои пойтахт майдончаҳои варзишии ба талаботи замона ҷавобгӯй сохта ба истифода дода шудаанд, ки боиси хушнудии волидон ва тамоми насли наврас гардида, барои боло рафтани сатҳи таълиму тарбияи хонандагон заминаи хуб мегузорад.

Инчунин дар соли  ҷорӣ сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 барои 780 ҷои нишаст ва кӯдакистони №131 барои 110 ҷои нишаст  дар маҳаллаи Гулбутта сохта ба истифода дода шуд. Дар заминаи гимназияи №74 бинои иловагӣ барои 640 ҷойи нишаст дар як баст дар моҳи сентябр ба истифода дода шуд.

Маркази наврасону кӯдакон

Зикр бояд кард, ки Маркази наврасону кӯдакон дар ноҳия бо мақсади фориғ аз дарс ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон корҳои назарррасро ба анҷом расонид. Дар маркази мазкур 38  маҳфили гуногун аз қабили омӯзиши технологияи иттилоотӣ, забонҳои русӣ ва англисӣ, мусиқӣ, дӯзандагӣ, варзиш ва ғайра фаъолият карда, зиёда аз 1497  нафар хонандагон ба таҳсилоти иловагӣ фаро гирифта шудаанд.

Омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ

Аз тарафи Шуъбаи маорифи ноҳия оид ба иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим  ва  омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» нақша чорабиниҳо, тартиб дода, дастраси ҳамаи массисаҳои таълими гардонида шуд. Дар соли таҳсили 2019-2020 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия аз фанни забони русӣ аз синфи 2 то 11 ба микдори 1392 синф ба таҳсили фанни забони русӣ ва англисӣ фаро гирифта шуданд. Барномаи таълимии фанни забони русӣ ва англисӣ дар  муассисаҳои таълимӣ бо зергуруҳҳо таълим дода мешавад.

Аз рӯи нақшаи муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» 13- нафар омӯзгорои фанни забони русӣ ва омӯзгори фанни забони англисӣ аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштанд. Аз рӯйи ҳисоботҳои пешниҳодкардаи омории муассисаҳои таълимӣ то ба имрӯз зиёда аз 14 муассисаи таълимӣ бо кабинетҳои лингафонии ҳозиразамон  таъмин ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Тибқи нақша то соли 2020 муассисаҳои таълимии боқимонда ба кабинетҳои лингафонӣ баҳри иҷрои Барнома таъмин карда мешаванд.

Маркази «Ирода»

Дар муассисаҳои таълимии   №72  маркази  “Ирода” кушода шудааст, ки он 120 нафар ва дар муассисаи таълимии №28, 30 нафар, дар умум  151  нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки назар ба соли гузашта 1,5 %  зиёд мебошад. Аз якуми январи соли 2019 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №24 ва  № 40 ду синф барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд, ки бо лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд.

Таъминоти кабинетҳои фаннӣ

Баҳри иҷрои  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми майи соли 2010, №-223 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ»  харидории кабинетҳои фанни аз тарафи муассисаҳои  таълимӣ идома дошта, то ба имрӯз  213 адад кабинетҳои фаннӣ  ва 18 кабинети лингафонӣ харидорӣ карда шудааст.

Дар соли 2019 бо ташаббуси шуъбаи маориф 9 кабинети фаннӣ дар бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 ва 7 кабинети фаннӣ дар бинои иловагии гимназияи №74  таъмин карда шуд. Айни ҳол дар 21 муассисаҳои таълимӣ 174 кабинети фаннӣ 2-физика, 25-химия, 19-биология, 14-география, 21-математика, 45-технологияи иттилоотӣ, 18-суруд ва мусиқӣ, 10-лингафонӣ  фаъолият карда истодааст. Айни ҳол дар 21 муассисаи таълимӣ омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ таъмин мебошанд.

Синфхонаҳои компютерӣ

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Фирдавсӣ 40 адад синфхонаи компютерӣ ва 1274 адад компютерҳо тибқи барномаи таълимӣ мавҷуд аст. 25306 нафар хонандагони синфи 5-11 аз фанни технологияи иттилоотӣ дарс мехонанд.

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо 73 адад компютерҳои ҳозиразамон ва 41-адад тахтаи электронӣ таъмин мебошанд.  Бо мақсади такмил додан ва баланд бардоштани фаъолияти иноватсионии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва истифодаи мақсадноки компютерҳо дар муассисаҳои таълимӣ моҳи ноябри соли ҷорӣ курси омӯзишии тарзи истифодабарии компютер, кор бо тахтаи электронӣ, видео-проектрҳо, тарзи кор бо барномаи   MS  WORD, MS  Excel, сохтани презентатсия бо омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ гузаронида шуд.

Муқовимат бо экстримизм

Дар бораи иҷроиши  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №776 аз 12 ноябри соли 2016 Дар бораи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид бамуқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» Шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баҳри пешгири намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва наврасон, бар зидди экстремизм ва терроризм, аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳия, директорон ва муовинони директор, кормандони ҳифзи ҳуқуқ корҳои тарбиявӣ  дар ин самт мунтазам бурда  мешаванд.

Аз авали соли таҳсили  2019 то ба имрӯз зиёда аз 20 вохӯриҳо бо ҷавонону ноболиғон, саркардаҳо (лидер), падар ва модарони хонандагон  гузаронида шудаанд.

“Ҳафтаи илм,технология, натоқи беҳтарин, эҷодкори ҷавон”

Масъулини шуъба дар суҳбат бо мо қайд намуданд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо зиёиёни эҷодкор 20 марти соли 2019 дар назди устодон гузошта шуд, нақша- чорабиниҳо тартиб дода шуда, дар муассисаҳои таълимии ноҳия озмунҳои “Ҳафтаи илм,технология, натоқи беҳтарин, эҷодкори ҷавон” гузаронида  шуд. Дар натиҷа хонандаи гимназияи №74 ва хонандаи муассисаи таълимии №24 нисбати барномасозӣ дар шаҳр  ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Озмунҳои расмкашӣ ва конференсияҳо

Ҳар як муассисаи таълимии ноҳия  аз рӯи нақша чорабиниҳои худ оид ба тарбияи экологӣ озмунҳои расмкашӣ  ва конференсияҳо зери унвони «Об сарчашмаи ҳаёт», озмуни «Тарзи тоза нигоҳ доштани синфи худ», «Мактаби худ», иншои беҳтарин, баргузор намудани барномаҳои маърифатӣ ва шанбегиҳо мегузаронанд.

5- июн ҳамасола дар кишвари мо Рӯзи байналмилалии муҳити зист ҷашн гирифта мешавад. Дар қатори дигар муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳо  гимназияи №74 дар ин чорабинӣ бо дастоварду корҳои эҷодии хонандагон фаъолона иштирок намуданд

Даври ҷамъбастии конференсияи ноҳиявӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77 баргузор гардид, ки дар он тамоми роҳбарони муассисаҳои таҳилоти миёнаи умумии ноҳия, мутахассисони шуъбаи маорифи ноҳия, муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ Маҳмадова Н.Қ. ширкат варзиданд.

Такмили ихтисос

Дар шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ баҳри амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» давра ба давра амалӣ  карда шуда истодааст.

Аз моҳи январи соли 2019 мувофиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 06 декабри соли 2018 №7753 260 нафар омӯзгорон мураббиён, инчунин дар моҳи октябр бо фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 4 октябри соли 2019 №94-а 31 нафар омӯзгорону мураббиён барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва малакаи педогогӣ беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ба филиали ДҶТИКСМ фиристонида шуданд.

Истироҳатгоҳҳо

Бо мақсади иҷрои  Қарори Раиси шаҳри Душанбе  «Оид ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2019»  ва   фароҳам овардани шароити мусоид баҳри беҳдошти саломатии  хонандагони  муассисаҳои таълимӣ дар истироҳатгоҳи берун аз шаҳрии  «Орзу»  ва майдончаҳои солимгардонии назди мактаби  ноҳия  дар давраи истироҳати тобистона, ки аз буҷети   ноҳия маблағгузорӣ карда мешаванд, ҷалби онҳо ба корҳои сайёҳиву кишваршиносӣ, тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,  моддаи 35  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф»,  баҳри истироҳату фароғати  кӯдакон ва  наврасони  муассисаҳои таълимии ноҳия дар мавсими таътили тобистонаи соли 2019 дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Орзу» ва майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ амал намуданд, ки  дар истироҳатгоҳи тобистонаи беруназшаҳрии «Орзу») ва дар  майдончаҳои тандурустии наздимактабии муассисаҳои таълимии   № 5, 24, 28, 30, 42, 49, 74,76, 77, 78 аз ҳисоби маблағҳои озоди Раиси ноҳия  маблағҳои муайян ҷудо карда, равона гардид. Инчунин соли равон барои омода намудан ва сабзкорӣ намудани истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Орзу” 1500 дона гули садбарг шинонида шуд.

Дар муассисаҳои таълимӣ бошад баҳри иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе бошад, аз 12 октябри соли 2019 таҳти №551 “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани дарахту буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар мавсими тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020” 4272 бех дарахту буттаҳо ва 4735 гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида шуд.

Стипендияҳо

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани наврасону ҷавонони фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимӣ озмуни такрориро барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе эълон намуд. Дар озмуни мазкур 549 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Фирдавсӣ ширкат варзиданд, ки 359 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии буҷавӣ ва 190 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии ғайрибуҷавӣ мебошанд.

Ба ҷои хулоса

Омӯзиши мо нишон дод, ки дар ҳама муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ таълим бо сифати баланд ба роҳ монда шуда, роҳбари Шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ Шукурова С.Н. дар сӯҳбат бо мо иброз дошт, ки “Мо —  аҳли маориф рисолати худро дар назди миллат ва таърих бояд бе нуқсон иҷро намоем ва дар рушди неруи инсонӣ ҳамчун арзиши муҳимтарини давлат ва ҷомеа саҳмгузор бошем. Ин, мо кормандони соҳаи маорифро вазифадор менамояд, ки барои татбики барномаҳои давлатии рушди маориф диди нав ва масъулияти баланди касбӣ зоҳир намоем».

Холиқи Муҳаммадназар,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here