Таваҷҷуҳ ва рушд бахшидани соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо ба шумор меравад. Бо назардошти ҳамин омил Ҳукумати Тоҷикистон низ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун маҳаки асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил идома медиҳад. Зеро ин иқдом дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад. Тибқи омори расмӣ танҳо дар соли 2019 дар шаҳру навоҳии кишвар ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуда, ин раванд дар кулли бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат рӯз то рӯз рӯ ба афзоиш аст. Чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат дар навбати худ роҳбарону масъулони соҳаи маорифи кишварро водор менамояд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагон тадбирҳои иловагии судмандро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, баҳри амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.
Пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешво
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар пайваста таъкид менамоянд, “… барои расидан ба ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона аз устодону омӯзгорон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо мешавад, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.
Шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ дар пайравӣ аз сиёсати созандаву дурбинонаи Ҳукумати мамлакат, бахусус, аз ҳидояту иқдомҳои наҷибонаву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат талош бар он меварзад, то дар омода кардани кадрҳои лаёқатманду соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу хештаншинос ва содиқ ба Ватан ва миллат боз ҳам бештар саҳмгузор бошад.
Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Камолов Маҳмадшариф Аҳлиддинович иброз дошт, “бешак, қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат ва билхосса, Пешвои муаззами миллат мо- аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиб ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ ва ба ин восита дар замири насли наврас таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда дошта бошем. Аз ин лиҳоз, тарбияи хонандагони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки бояд ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорон қарор гиранд”.
Маҳмадшариф Камолов дар идомаи суҳбат афзуд, ки Шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ фаъолияти худро дар давоми соли 2019 баҳри иҷрои талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳо, дастурҳои ҳидоятбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус, Паёми барномавии ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу мактубҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ равона намуда, корҳои назаррасро ба сомон расонид.
Нишондиҳандаҳои оморӣ
Айни ҳол теъдоди муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва томактабии ноҳияи Дӯстӣ 51 ададро ташкил медиҳад, ки дар онҳо 25681 нафар хонанда (аз ҷумла, 12316 нафар духтар) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба таълиму тарбияи онҳо бошад, 1548 омӯзгор вобаста гардидаанд.
Қобили тазаккур аст, ки дар давоми соли 2019-ум 12 Шӯрои маориф ва 12 ҷаласаи назди мудири шуъбаи маориф бо баррасии 168 масъалаи таълимию тарбиявӣ, гузаронида шуд, ки дар онҳо 168 масъалаи таълимию тарбиявӣ, 94 мактуб ва қарорҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, 189 мактубу қарорҳо аз шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ содирот шуда, ба 113 аризаи шаҳрвандон ҷавоб гардонида шудааст.
Дар ноҳия ду муассисаи томактабӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 322 нафар кӯдакони то 6- сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва ба онҳо 14 нафар муррабияҳо, 14 нафар ёрдамчиёни мураббияҳо вобаста мебошанд.
Дар соли таҳсили 2019-2020 дар назди 18 муассисаҳои таълимӣ 24 гуруҳи марказҳои инкишофи кӯдак бо ҷалби 531 нафар кӯдакони синни 6 — сола ташкил гардид.
Бояд қайд намуд, ки соли таҳсили 2019-2020 ба таҳсили инклюзивӣ (таҳсил дар хона) 5 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ҷалб шуданд. Феълан бошад, дар муассисаҳои таълимии ноҳия 16 нафар хонандагони ятими кулл, 484 нафар бепадар, 192 нафар бемодар ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳамчунин, дар муассисаҳои таълимии ноҳия 124 нафар (аз ҷумла, 56 нафар духтар) хонандагони имконияташон маҳдуд дар қайд қарор дошта, аз ҷониби мақомот таҳти ғамхорӣ қарор доранд.
Дастгирии мутахассисони ҷавон
Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон” аз 3-юми майи соли 2006, 197, 1 нафар омӯзгор бо замини наздиҳавлигӣ ва 4 нафар омӯзгор бо қарзи имтиёзнок таъмин гардиданд. Инчунин, ба 53 нафар омӯзгори ҷавон ҳар моҳ 10% ба маошашон иловапулӣ дода мешавад.
Дар баробари ин, дар соли таҳсили 2019 — 2020 бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Дӯстӣ барои кор 45 нафар мутахассисони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ фиристода шудаанд, ки 36 нафари онҳо ба ҷойи кор ҳозир шуданд. Аз ҷумла, 10 нафари онҳо хатмкардагони Квотаи Президентӣ мебошанд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар соли таҳсили 2019-2020 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи Маркази миллии тестӣ 681 нафар, бидуни Маркази миллии тестӣ 37 нафар, тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 нафар, ва инчунин, 305 нафар ба коллеҷҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, касбӣ- техникӣ ва 33 нафар ба литсейҳои касбии техникӣ шомил гардиданд.
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии хориҷи кишвар бошад, 18 нафар хатмкардагони синфҳои 11 ва 1 нафар хатмкардаи синфи 9 дохил шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбатан беҳтар аст.
Идомаи ободкориву созандагиҳо
Шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12-уми майи соли 2018 дар бораи сохтмон ва азнавсозии биноҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ тадбирҳо андешида истодаанд.
Айни замон сохтмони 15 синфхонаи иловагӣ ва 1 толори маҷлисӣ дар назди муассисаҳои таълимии №5, 34, 35, 42, 43, 44 идома доранд. Ҳамзамон корҳои ҳуҷҷатгузории бинои нави маъмурии шуъбаи маориф, муассисаи таълимии №6, 14 ва муассисаи таълимии №33 ба охир расида, корҳои сохтмонӣ дар арафаи оғозёбист.
Дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл аз тарафи соҳибкори ватанӣ 4 синфхона бо тамоми шароитҳои лозима барои таҳсил сохта шуда, 6-уми сентябри соли 2019 мавриди истифода қарор дода шуд.
Ин дар ҳолест, ки соли 2018 таъмир ва азнавсозии ошхонаҳои замонавии муассисаҳои таълимии №10, 11, 23 ва 25 бо дастгирии Пажуҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Русия оғоз гардид, ки аз аввали соли таҳсили 2019-2020 мавриди истифода қарор гирифт.
Хишти аввали таълиму тарбия
Баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ва ҷиҳати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбия намудани хонандагон дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, барои мустаҳкам намудани робитаи байни падару модарон бо муассисаҳои таълимӣ, барои фарогирӣ ва ҷалби бештари духтарон барои идомаи таҳсил дар синфи 10-ум, ҷалби бештари хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар ҳамкорӣ бо муовини соҳавии раиси ноҳия Шарифзода З, раиси Суди ноҳия Л. Ҷаъфарзода вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ, падару модарон ва фаъолони деҳа ташкил шуда, дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Ҳамзамон санаи 30-юми ноябри соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳия бо хонандагон ва омӯзгорон адиби шинохтаи адабиёти муосири тоҷик Зариф Ғулом вохӯрӣ гузаронид.
Дар ин замина бо мақсади иҷрои нақшаи кори солонаи кабинети методӣ, муаррифӣ намудани шахсиятҳои таърихӣ, бархурдорӣ аз мероси ғании фарҳангӣ ва адабии онон, тарбияи насли наврас дар руҳияи арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, тарғибу ташвиқи мероси бойи фарҳангӣ перомуни ҳаёт ва эҷодиёти пурғановати Сардафтари адабиёти классикии тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ озмунҳои минтақавӣ ва ноҳиявӣ гузаронида шуд.
Таҳсили сифатнок бо фароғат хуш аст
Айни замон дар 46 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 14256 нафар хонандагони синфҳои 5-11 аз фанни технологияи иттилоотӣ таълим мегиранд, ки ба онҳо аз фанни номбурда 46 нафар омӯзгор дарс мегӯянд. Дар ҳисоби шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳия 745 адад компютер, 148 адад принтер, 15 адад проектор, 7 адад тахтаи электронӣ ва 38 адад генератор мавҷуд аст, ки иҷрои барномаи компютеркунонӣ дар ноҳия 78,2%-ро ташкил медиҳад. Ба ҳар сари 19 нафар хонандаи синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1 компютер рост меояд.
Бо мақсади баланд бардоштани малакаю маҳорати хонандагон ба муассисаҳои таълимии ноҳия китобҳои электронӣ (дар шакли фитта), аз ҷумла китобҳои дарсӣ, дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, истифодаи почтаи электронӣ, видеопроектерҳо, тахтаи электронӣ ва китобҳои дарсӣ дастрас гардиданд. Иҷроиши маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводҳои таълимӣ то имрӯз 97%-и нақшаро ташкил менамояд.
Дар баробари фарогирӣ ба таҳсил инчунин, аз тарафи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Дӯстӣ барои истироҳати тобистонаи наврасон ва кӯдакони омӯзгорон, кормандон ва хонандагони болаёқат ба лагери берун аз ноҳия 31 нафар хонанда, ба истироҳатгоҳи “Файзи истиқлол” аз ҳисоби маблағи 1,4% ба маблағи 27900 сомонӣ фиристода шуд. Инчунин, аз тарафи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Дӯстӣ барои барқарор намудани саломатӣ ва истироҳат 64 нафар аъзои иттифоқи касаба аз ҳисоби омӯзгорон ба осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ фиристода шуданд.
Дурахши истеъдодҳо
Тибқи нақшаи кории Шуъбаи маориф ва Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳия дар давраи ҳисоботӣ озмунҳои “Офарин”, “Рассомони беҳтарин”, «Армуғонҳо», ҳамчунин, озмунҳои ҷумҳуриявии «Суруди алла», бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таҳти унвони «Тоҷикистон — Ватани азизи ман” байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия гузаронида шуд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки санаи 22-юми феврал дастаи «Ватанпарвар»-и Гимназияи давлатии №1 миёни шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар озмуни вилоятии «Ватанпарвар» иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардида, бо ифтихорнома ва мукофотҳои таъсиснамудаи бахши кор бо ҷавонони вилоят сарфароз гардонида шуд.
Санаи 21-юми майи соли 2019 бошад, бо мақсади пешбурди сиёсати давлатии экологии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат баҳри амалӣ гаштани «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байнамилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018- 2028», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ҳамчунин, омодагиҳо ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Қасри фарҳанги ноҳия озмуни «Ҳифзи табиат– асоси рушди сайёҳӣ» дар байни хонандагони синфҳои 1-4, 5-8, 9- 11 -и муассисаҳои таълимии ноҳия аз рӯи номенатсияҳои расми беҳтарин, шеъри беҳтарин, мақолаи беҳтарин, ҳикояи беҳтарин, видеоролики беҳтарин ва кори меъмории беҳтарин гузаронида шуд. Дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ҷои якум насиби Ибронова Гулрафтор- хонандаи синфи 11-и Гимназияи давлатии №1, ҷои дуюм насиби Амангелдиева Сафаргул — хонандаи синфи 10-и МТМУ №7 ва ҷойи сеюм насиби Дӯстова Фариштамоҳ- хонандаи синфи 7-и МТУА №43 гардид. Ҳамаи ғолибон бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Бахши хифзи муҳити зисти ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Санаи 13. 11. 2019 дар толори Маркази ҷавонони ноҳия озмуни иншои беҳтарин таҳти унвони «Пешвои миллат- бунёдгузори давлати навин» бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва ҳавасмандгардонии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронида шуд ва бо баҳои холисонаи ҳакамон Иброҳимова Сафия — хонандаи синфи 11-и Гимназияи №1 сазовори ҷойи аввал, Шарифова Суман — хонандаи синфи 10 — и МТМУ №20 сазовори ҷойи дуюм ва Ҷумаева Юлдуз — хонандаи синфи 11- и МТМУ №8 сазовори ҷойи сеюм ва бо Ифтихорномаи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Дӯстӣ қадрдонӣ шуданд.
Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Шуъбаи маориф бо ҳафт воҳиди корӣ фаъолияташро пеш бурда истодааст. Маркази номурда мустақилияти молиявӣ дошта, дар 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия аз фанҳои биология, забони англисӣ, технологияи иттилоотӣ, химия ва экология маҳфил дорад.
Ҳамзамон дар даври вилоятии озмуни “Хонандаи сол — 2019” Моҳираи Мансур — хонандаи синфи 3-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳия ғолиб ва соҳиби унвони “Хонандаи сол- 2019” гардид.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия даври якуми олимпиадаи фаннӣ баргузор ва даври ноҳиявӣ низ ҷамъбаст гардид, ки дар он 747 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамчунин, мавриди зикр аст, ки хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия дар се даври озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” бо фаъолияти назаррас иштирок намуда, дар даври вилоятӣ омӯзгорон Назаров Н. аз МТМУ №6, Назарова М. аз МТМУ №13 барои мукофоти нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод гардиданд. Хонандагон Наимова Н. аз МТМУ №6, Худойбердиева У. МТМУ №33 бошанд, бо Ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон, 1000 сомонӣ мукофотпулӣ ва сазовори роҳхат ба даври чоруми ҷумҳуриявӣ дар номинатсияи бачагона ва классикӣ гардиданд. Инчунин, барои иштироки фаъолонаашон хонандагон Бобокалонова Ф. аз МТМУ №39, Очилова М. аз МТМУ №18 бо сипосномаи раиси вилояти Хатлон ва 500 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардиданд.
Дар маҷмуъ, соли таҳсили 2018-2019 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои фаннии 18 ҷой дар сатҳи вилоятӣ, 2 ҷой дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ишғол намуданд.
Фарҳанг — бақои миллат
Зикри ин нукта бамаврид аст, ки санаи 14 майи соли 2019 дар толори Маркази ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои сиёсиву зеҳнии хонандагон ва баланд бардоштани одоби суханварӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, Коллеҷи тиббӣ ва Литсейи касбии техникии ноҳия озмуни «Санъати сухан» баргузор гардид. Дар байни 25 нафар хонандагон ва донишҷӯён хонандаи синфи 9Б— и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 Муволасенова Бону ҷои якумро ишғол намуда, бо ифтихорномаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия сарфароз гардида, барои иштирок дар озмуни вилоятӣ роҳхат гирифт.
23 майи соли 2019 бошад, ҷиҳати баланд бардоштани неруи зеҳнии хонандагон ва баланд бардоштани ҳунари сарояндагии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар толори Маркази ҷавонон озмуни «Суруди ҷавонӣ — 2019» гузаронида шуд, ки аз тарафи аъзои ҳакамон Сангакова Дилноза- хонандаи синфи 10-и МТМУ №14, Ҳафизов Раҷабмурод — хонандаи синфи 9-и МТМУ №2, Тағоймуродов Анушервон- хонандаи синфи 10-и МТМУ №27 ғолиб омаданд ва мутаносибан ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуданд. Ғолибони озмун бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Дӯстӣ сарфароз гардиданд.
Инчунин, феълан дар муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Дӯстӣ як воҳиди кории маҳфили «Чакандӯзӣ» бо роҳбарии Зоирова Аслия фаъолият намуда истодааст, ки дар он 40 нафар хонандагон ҳунари қадимаи халқи тоҷик — чакандӯзиро омӯхта истодаанд.
Қобили тазаккур аст, ки дар соли 2019 дастовардҳо ва муваффақиятҳои Муассисаи таҳсилоти иловагӣ назаррасанд. Аз ҷумла, аъзои маҳфил 17 январи соли 2019 дар якҷоягӣ бо намояндагони маҳфили «Бофандагӣ» дар озмуни вилоятии «Дастони моҳир» иштирок намуда, Юлдошева Гулзор -хонандаи синфи 11-и МТМУ № 7 дар бахши «Қолинбофӣ» сазовори ҷои аввал гардида, бо ифтихорнома ва туҳфаи муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд ва барои иштирок ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
Истиқбол аз истиқлол
Дар фароварди суҳбат мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ бо ризоиятмандӣ аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва бо қаноатмандӣ аз иҷроиши марҳила ба марҳилаи дастуру супоришҳо ва ҳидояту паёмҳои раҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки “дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Паёми ба тозагӣ ироанамудаи Президенти мамлакат мо — кормандони соҳаи маорифро вазифадор кард, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта, ба тарбияи насли наврас диққати бештар диҳем. Дар баробари ин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро вусъат бахшида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намуда, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшида ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Дар ин раванд мо маҳз роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, амру фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Нурмаҳмад Хол сармашқи фаъолияти худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор мекунем ва фаъолиятамонро идома дода, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, некӯаҳволии мардуми кишвар ҳамеша ҷаҳду талош намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем”.
МТЖТ