“Зарур аст, ки Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба яке аз марказҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ табдил ёфта, дар сафи пеши раванди дигаргунсозиҳои кишвар қадам занад.”

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодӣ соҳибкорӣ аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, омода намудани захираҳои кадрии босифат яке аз вазифаҳои афзалиятноки муассисаҳои таълимии кишвар ба шумор меравад. Маҳз бо мақсади рушди соҳаи саноат ва соҳибкории ватанӣ, ки заминаҳои он дар асоси се ҳадафи умумимиллӣ фароҳам оварда шудаанд, Ҳукумати Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чорум эълон намуд. Татбиқи ин вазифаи муҳим аз бисёр ҷиҳат ба муассисаҳои олии касбӣ вобастагӣ дорад.

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, ки ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз аст, ҷиҳати тақвияти неруи кадрии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафи чорум – рушди босуръати саноатикунонии мамлакат дар садри ин ҷадвал қарор дорад.

Тавре зимни суҳбат ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон профессор Обидов Фозил Саидович иброз намуд, Раёсати Донишкада бо мақсади дастгирии ҳамешагии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, рушди равобити хориҷӣ, инчунин фаъолияти инноватсионӣ дар самтҳои гуногун ба як қатор дастовардҳо ноил гардид.

Барои омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-моҳаи соли 2019 давраи хотирмон ба ҳисоб меравад, зеро он бо ҳодисаҳои муҳими иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ, аз ҷумла оғози “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” (2019-2021), таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ – 2019, баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ифтитоҳи агрегати дуюми НБО “Роғун”, таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳодисаҳо алоқаманд мебошад.

Дар идомаи суҳбат Фозил Обидов аз дастовардҳои дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 ноилгардидаи устодону донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат нақл намуда, ҳамзамон афзуд:

— Аз тарафи раёсати донишкада бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатияшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 –уми декабри соли 2018, аз вохӯрии рӯзи 26-уми июни соли 2019 дар ноҳияи Рашт ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ ва инчунин, аз вохӯрӣ бо донишҷӯёну устодони Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Рӯзи дониш”  анҷом додаашон бармеоянд, нақшаҳои иловагӣ қабул карда шуда, маҷмӯи корҳои ташкилӣ, илмӣ–методӣ барои пешрафти таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тадқиқоти илмӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ ва инноватсионӣ, густариши равобити хориҷӣ ва ободониву созандагӣ амалӣ карда шуданд.

Фаъолияти таълимӣ

Бо мақсади хубтар ба роҳ мондани раванди таълим ва ҷиҳати таъмини сифати таҳсилот дар 9-моҳаи соли 2019 тағйиротҳои назаррас ба амал омаданд. Аз ҷумла:

— дар ин давра стандартҳои давлатии таълимии ихтисосҳо аз рӯи 23 ихтисос аз ташхиси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ гузаронда шуда, ба Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардиданд;

— дар нимаи аввали соли 2019 донишкада дар асоси қарори мусбии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 5 соли минбаъда аз аттестатсияи давлатӣ бомуваффақият гузашт;

— бо дарназардошти эълон гардидани “Солҳои 2019-2021 — cолҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва зарурати омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ, инчунин бинобар сабаби зиёд гардидани талаботи довталабон ва бозори меҳнат ба иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимии донишкада тағйирот ворид карда шуд;

— теъдоди омӯзгорони соҳиби унвон ва дараҷаи илмӣ ба 67 нафар (12 доктори илм, профессор, 55 номзади илм, дотсент) расонида шуд. Танҳо дар соли 2019 ду доктор ва чор номзади илм ба донишкада ба кори доимӣ ҷалб карда шуданд;

— бо намояндагони Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон (NAAR) гуфтушунид анҷом дода шуд ва айни замон корҳои омодагӣ ҷиҳати гузаронидани худбаҳодиҳии дохилӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои аккредитатсияи байналмилалӣ сурат гирифта истодаанд;

— бо қарори Шӯрои олимони донишкада аз 2-юми июни соли 2019 (таҳти №12/6.1) ба муносибати эълон гардидани “Солҳои 2019-2021 — cолҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» факултети нав бо номи “Факултети сайёҳӣ” таъсис дода шуд;

— нақшаи аз аттестатсия гузаронидани кормандон ва омӯзгорони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат барои солҳои 2019-2020 таҳия гардида, тибқи он дар соли 2019 аз 125 нафар кормандони доимии донишкада 73 нафар аз аттестатсия гузаронида шуданд;

— дараҷаи азхудкунии донишҷуён дар даври фаъоли сессияи имтиҳонотии тобистонаи соли таҳсили 2018-2019 дар донишкада ҳамагӣ 76,9 % -ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 1,7% боло рафтааст;

— тибқи тақвими академӣ аттестатсияи хатми соли 2019 моҳҳои май — июни соли 2019 баргузор гардид. Натиҷаҳои ҷамъбастии аттестатсияи хатм дар зинаи бакалавриат, магистратура, низоми анъанавии таҳсилот ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ чунин аст: аз 589 нафар хатмкунанда, донишкадаро 565 нафар хатм кард, аз он ҷумла  бо дипломи “Аъло” – 15 нафар (соли гузашта 4 нафар). Дар соли 2019 дар таҳсили рӯзонаи зинаи бакалавриат рӯи 17 ихтисос 394 нафар донишҷӯ зинаи бакалаври таҳсилоти олии касбиро хатм намуданд, ки аз онҳо бо баҳои аъло 89 нафар ё 22,2% , бо баҳои хуб – 181 нафар ё 45,1%, хубу аъло – 60 нафар ё 15,0%, бо баҳои қаноатбахш – 8 нафар ё 2%, бо баҳои омехта – 56 нафар 14,0% имтиҳонҳоро супорида, 11 нафар (соли гузашта 1 нафар) сазовори дипломи “Аъло” гардиданд;

— соли ҷорӣ бо мақсади мустаҳкамсозии пойгоҳи моддию техникии раванди таълим 80 адад компютерҳои муосири рӯимизӣ (моноблок) харидорӣ карда шуд;

— Дар ин давра пайваста мониторинги сифати таҳсилот дар курсҳои алоҳида аз фанҳои тахассусӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, тибқи натиҷаи мониторинги сифати таҳсилот, ки аз 7-ум то 18-уми марти соли 2019 дар курсҳои сеюми ҳамаи ихтисосҳои донишкада гузаронида шуд, сатҳи азхудкунӣ 80,7% — ро ташкил дод;

— дар соли таҳсили 2019-2020 низ чун солҳои қаблӣ дар ду гурӯҳи магистрӣ аз рӯи ихтисоси “Иқтисодиёти ҷаҳон” таҳсил бо забони англисӣ ба роҳ монда шуд;

— боиси хушнудии ҳайати профессорӣ-омӯзгории донишкада аст, ки дар ин давра хатмкардаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Мирзосаид Султонов мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Тоҳоку Коекии шаҳри Саката, яке аз донишгоҳҳои муътабари Ҷопон таъин гардид;

— донишҷӯёни риштаи сайёҳии донишкада дар мулоқот бо кормандони ширкатҳои сайёҳӣ ва мехмонхонаҳо, дар меҳмонхонаҳои “Ҳилтон — Душанбе” ва “Ҳаятт Ридженси Душанбе” иштирок намуданд. Ҳамзамон, вобаста ба ҷалби донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ ҷиҳати ошноӣ бо фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ гурӯҳҳои алоҳидаи волонтёрии назди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, донишҷӯён мунтазам дар чорабиниҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат иштирок намуда, малакаву дониши тахассусии худро сайқал дода истодаанд;

— бо ҳадафи рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ оид ба туризм, меҳмондорӣ ва сервис, ки дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шудааст, тақвият бахшида шуд. Нақш ва саҳми Маркази мазкур дар самти таҳияи дастурҳои методӣ, васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, инчунин муҳокимаи масоили мубрами сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва хизматрасонӣ бо ҷалби коршиносону мутахассисони ватаниву хориҷӣ босазо арзёбӣ мегардад;

— нақшаи қабули довтабон ба донишкада то андозае иҷро гардида, дар шакли таҳсили рӯзона дар зинаи бакалавриат 830 нафар ва дар низоми таҳсилоти фосилавӣ 90 нафар донишҷӯён ба ихтисосҳои донишкада дохил гардиданд. Ҳамчунин, дар зинаи магистратура 135 нафар магистрантон ва дар зинаи докторантура (PhD) 22 нафар докторнтон қабул карда шуданд.

Ҳамин тавр, раёсат ва кормандони донишкада дар ин давра тамоми ғайрату маҳорати худро ба он равона намуданд, ки сифати таҳсилот беҳтар гардад. Барои иҷрои ин вазифа на танҳо пойгоҳи устувори моддӣ-техникӣ ба вуҷуд оварда шудааст, балки маҷмӯи чорабиниҳои ташкилӣ, методӣ, кадрӣ амалӣ гардидаст, ки дар натиҷа ба болоравии сифати таълим мусоидат намудааст.

Фаъолияти илмӣ — тадқиқотӣ ва инноватсионӣ

Соли ҷорӣ дар самти фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва фаъолияти инноватсионӣ олимон ва устодони донишкада нисбат ба дигар солҳо дар гузаронидани тадқиқоти илмӣ, таълифи монографияҳо ва иштирок дар чорабиниҳои илмии сатҳҳои мухталиф нақши назаррас гузоштанд. Чунончӣ:

— дар ин давра 11 монографияи илмӣ, 4 китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, 2 китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 васоити таълимӣ, 32 дастури методӣ, 262 мақолаи илмӣ (аз ҷумла, 28 мақолаи илмии дар маҷаллаҳои илмии аз ҷониби КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақризшаванда) ва дар маҷмӯъ 302 номгӯй мавод нашр гардид;

— тайи 9 моҳи соли 2019 дар донишкада 1 конфаронси байналмилалӣ, 6 конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, 1 конфронси донишкадавӣ, 1 ҳамоиши илмӣ, 8 семинари илмӣ-назариявӣ, 6 мизи мудаввар  ва 5 чорабинии гуногуншакли илмӣ баргузор шуд. Конфронсу семинарҳои баргузоршуда ба мавзуъҳои мубрами иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҳадафи чоруми миллӣ – “Саноатикунонии босуръат” ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида шуда буданд, ки аз рӯи натиҷаҳои онҳо пешниҳодоти олимону муҳаққиқони донишкада ба ниҳодҳои дахлдори ҳукуматӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудан манзур карда шуданд. Инчунин, тамоми маводҳои конфронсҳои доиргардида, дар шакли маҷмуаи алоҳида аз нашр баромаданд;

— аз ҷамъи омӯзгорони донишкада, ки ба тадқиқоти илмӣ машғуланд, 2 нафар устодони донишкада дар ин давра рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд. Инчунин, 7 нафар устодони донишкада муҳокимаи кафедравиро гузашта, ба Шӯроҳои диссертатсионӣ рисолаҳои илмии худро барои ҳимоя пешниҳод намуданд. Дар баробари ин, 4 нафар устодони донишкада унвонҳои илмии дотсенти кафедраро соҳиб гардиданд. Аз тарафи 5 нафар устоди донишкада ҳуҷҷатҳо барои баррасӣ ва сазовор гардидан ба унвони дотсенти кафедра ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуд;

— бори нахуст теъдоди зиёди омӯзгорон (36 нафар) аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаштанд, ки нишондиҳандаи мазкур 28,8 %-ро ташкил медиҳад;

— бо мақсади амалисозии нақшаи дурнамои тадқиқоти илмӣ дар донишкада ба масъалаи татбиқи амалии нақшаҳои дурнамо ва омода кардани кадрҳои илмӣ — педагогӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Маҳз ҳамин гуна таваҷҷуҳ зоҳир карданҳо буд, ки дар ин давра 2 нафар докторант аз рӯи ихтисос ва 104 нафар магистрант (2 нафар бо дипломи аъло) донишкадаро хатм намуданд;

— тибқи иҷозатномаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, теъдоди қабули докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) дар донишкада барои соли таҳсили 2019-2020 ба 40 нафар расонида шуд;

— дар даври хотимавии олимпиадаи фаннии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки 3-4-уми майи соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид, 1 нафар сазовори ҷойи сеюм ва 2 нафар сазавори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд;

— Олимону муҳаққиқони донишкада пешниҳодоти илман асосноки хешро барои таҳияи барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ, аз ҷумла лоиҳаи “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи  солҳои 2020-2025” таҳия карда, ба мақомоти дахлдори давлатӣ манзур намуданд;

— ҳамчунин, дар баробари ду лоиҳаи маблағгузоришаванда дар мавзуъҳои “Ҳалшавандагии масъалаҳои канорӣ ва омехта барои баъзе синфҳои муодилаҳои дифференсиалӣ” (роҳбари лоиҳа профессор М. Исматӣ) ва “Омода намудани кадрҳо бо мақсади рушди устувори туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (менеҷери лоиҳа, дотсент Қодирова М. И.) боз як лоиҳаи дигар дар чорчӯбаи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон” таҳти унвони “Баланд бардоштани сифати таҳсилот дар асоси истифодабарии муҳити иттилоотию таҳсилотии электронӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат” бо маблағгузории ҳудуди 3 млн. сомонӣ тибқи натоиҷи арзёбии дархостҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба даври дуюм роҳ ёфт;

— қобили тазаккур аст, ки парки инноватсионию технологии донишкада таҷдид гардида, имрӯз бо фарогирии курсҳои кӯтоҳмудати омӯзишӣ аз рӯи самтҳои адрасбофӣ, атласбофӣ, қолинбофӣ, дузандагӣ, қаннодӣ, заргарӣ, кошонаи ҳусн, ҳунарҳои бадеии халқӣ, курсҳои компютерӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Фаъолияти ташкилӣ – тарбиявӣ

Роҳбарияти донишкада баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ватандустӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори шаҳрвандии ҷавонон диққати ҷиддӣ дода, дар нуҳмоҳаи соли 2019 барои тақвияти корҳои тарбиявӣ як қатор чорабиниҳои ташкилӣ-тарбиявӣ ва фарҳангӣ-маърифатӣ гузаронид.

Ин аст, ки дар донишкада 28 маротиба вохӯрии кормандон, донишҷӯён ва устодони донишкада бо намояндагони Вазорату идораҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ин вохӯриҳо масъалаҳои тарбиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамаи чорабиниҳои банақшагирифташуда барои тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи ватанпарастӣ, эҳё намудани анъана ва арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, шомил нашудан ба гурӯҳҳои ифротӣ, тарбияи меҳнатӣ ва зебопарастӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо, аз ҷумла тарбияи занону духтарон барои тарзи ҳаёти солим, танзими оилаю рӯзгордорӣ ва ба камол расонидани фарзандони солим мусоидат менамоянд.

Қисми тарбияи донишкада кори созмонҳои ҷамъиятиро таҳти роҳбарии худ гирифта, барои дуруст ба роҳ мондани кори онҳо ҳаматарафа мусоидат намуд. Шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада, Шӯрои бонувон ва ҳам Иттифоқи касабаи донишкада дар ҳама чорабиниҳои номбаршуда фаъолона саҳми худро гузоштанд.

Равобити хориҷӣ

Робитаҳои хориҷии донишкада низ дар ин давра бо донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанию хориҷӣ густариш ёфтанд. Танҳо дар соли ҷорӣ донишкада бо 22 муассисаи хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, роҳбарияти донишкада барои сафарбар намудани омӯзгорону донишҷӯён дар чорабиниҳои гуногуни хориҷӣ ва ватанӣ саҳми хешро гузошт. Аз ҷумла:

— дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо макотиби олӣ ва муассисаҳои илмӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 дар баробари ширкат варзидани аксар омӯзгорону олимони донишкада дар конфронсҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон, инчунин ба кишварҳои Федератсияи Россия,  Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳиндустон сафари корӣ ва илмӣ анҷом дода, дар курсҳои такмили ихтисос, форумҳо, конфронсу симпозиумҳо иштирок ва маърӯза намуданд;

— дар ин давра 11 нафар омӯзгори донишкада 15 маротиба сафарҳои хориҷӣ анҷом дода, ҷиҳати иҷроиши муқаррароти созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ бо шарикони хориҷии донишкада саҳми худро гузоштанд;

— моҳи апрели соли 2019 ҳайати омӯзгорони донишкада ҷиҳати табодули таҷриба ба Донишгоҳи давлатии туризм ва сервиси Россия (РГУТиС) ташриф оварданд ва дар доираи ҳамкориҳои устувору гуногунҷанбаи ҷонибҳо, бо қарори роҳбарияти муассисаи мазкур Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба ҳайси шарики стратегии ин мактаби олии риштаи сайёҳӣ ва сервиси Федератсияи Россия пазируфта шуд;

— дар доираи созишномаи ҳамкорӣ, инчунин шартномаҳои иловагӣ ба созишномаи мазкур гурӯҳи 15 нафараи омӯзгорону донишҷӯён барои иштирок дар Лагери тобистонаи омӯзишии Донишгоҳи давлатии туризм ва сервиси Россия ба шаҳри Маскав фиристода шуда, айни замон дар он ҷо қарор доранд. Мақсад аз иштирок дар чорабиниҳои Лагери тобистонаи омӯзишии мазкур, ки махсус барои устодону донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат тарҳрезӣ гардидааст, такмили донишу малака ва ошноӣ бо таҷрибаи ташкили раванди таҳсилоти касбии соҳаи сайёҳӣ дар ин донишгоҳи бонуфузи соҳавии Федератсияи Россия мебошад;

— аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии хориҷи дуру наздик бо мақсади таҷрибаивазкунӣ ва хондани лексия олимон ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат даъват гардиданд. Дар ин доира тайи нимсолаи аввали соли ҷорӣ 6 нафар олимон аз муассисаҳои таълимии хориҷӣ ба донишкада ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон табодули таҷриба ва маҳорати касбӣ намуданд, ки директори Институти технологияҳои муҳандисии Донишгоҳи давлатии Кемерово профессор Бородулин Д.М., намояндагони Донишгоҳи соҳибкорӣ ва маъмурият дар шаҳри Люблини Полша Виктория Левчук ва Ҳанна Узефович, профессори Донишгоҳи Бредаи Нидерланд Тео ван де Лаар, профессори Донишгоҳи Портои Португалия Педро Бритто ва омӯзгори Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Қазоқистон Рушан Мухамеджанова аз ин зумра мебошанд.

Идомаи бунёдкориҳо

Дар партави сиёсати бунёдкорӣ ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада як қатор корҳои ободонӣ, таҷдиду сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, дар самти фаъолияти иқтисодию хоҷагидорӣ ва молиявии донишкада низ пешравиҳо ба назар мерасанд.

Дар ин давра барои сохтмони толори варзишии замонавӣ аз мақомоти дахлдори давлатӣ иҷозат гирифта шуд ва дар давраи наздиктарин ба сохтмони он оғоз бахшида мешавад. Ҳамчунин, аз тарафи роҳбарияти донишкада сохтмони ду бинои 4 — ошёнаи таълимӣ барои 1300 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст, ки мактуби донишкада ҷиҳати гирифтани иҷозати сохтмон ва маблағгузории он дар баррасии кумитаву вазоратҳои дахлдори ҳукуматӣ қарор дорад.

Дар доираи имконоти мавҷуда ва бо мақсади дастгирии муҳассилин донишкада дар арафаи ҷашни “Ҳафтаи соҳибкор” ошхонаи “Ҷавонон” -ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон профессор Фозил Обидов дар фароварди суҳбат бо зикри ин нуктаҳои муҳими фаъолияти донишкада ҳамчунин иброз дошт, ки “бо назардошти он ки сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар ба ислоҳоти соҳаи маориф ва сол аз сол афзудани маблағгузорӣ ба он нигаронида шудааст, мо низ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боло бурдани сатҳу сифати таълим ва омодасозии кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат созгор таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем. Дар ин раванд, мо минбаъд низ маҳз роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи амали худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор ва фаъолиятамонро идома медиҳем ва барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи неруҳои зеҳнии кишвари азизамон ҳамеша ҷащду талош менамоем. Зеро, ҳар як кишвари олам барои рушду нумӯ ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ҳифзи неруҳои зеҳнии сокинонаш такя намуда, ояндаи дурахшони хешро таъмин менамояд. Фардои неки Тоҷикистони азизи мо бошад, дар дасти ҳар як сокини бошараф ва дилсӯзи он аст, ки он бешак аз захираҳои кадрии миллат сарчашма мегирад. Ва захираҳои кадрии миллат бошад, ин ганҷи ноёби давлат аст.

М. Мақсадуллоҳ

Добавить комментарий