Натиҷаи имтиҳонҳои ММТ шаби 6-уми август бояд аниқ мешуд. Ман ва ҳамсинфонам бесаброна ин рӯзро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, рӯзи шашум низ фаро расид ва мо ҳамсинфон маслиҳат кардем, ки шаб якҷо натиҷаҳоро мебинем.

Шаб соати 00:00 натиҷаҳои тақсимот аз кабинети инфиродӣ муайян мешуд. Мо шаб соати 21:30 ҷамъ шудем, аммо 4 нафар — Муҳибҷон, Шамс, Абдувосит ва банда — Фаридун. Дигар ҳамсинфонамон баъзеҳо аз хеш боварӣ надоштанд ва баъзеи дигар баҳонаро пеш гирифтанд. Мо 4 нафар ба саҳни мактаб ва истгоҳ рафта, бо суҳбатҳоямон қариб соат 23:45 шуд ва вақт низ наздик шуда буд. Ба кӯчаамон баргашем, соат 23:50 шуда буд ва вақти боқимондаро намедонем, ки чи гуна сипарӣ шуд.

Ниҳоят, соат 00:00 сараввал Муҳибҷон ба кабинети инфиродӣ даромада, натиҷаи хешро дид, ки аз 12 ихтисоси қабулкардааш аз рӯи интихоби аввал ба ДМТ дохил шудааст. Ӯ бениҳоят хурсанд буд. Абдувосит, ки мехост оянда дар ДДТТ таҳсил намояд, ба филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе (МГУ) аз рӯи интихоби 5 дохил шудааст. Ниҳоят, ман худам соати 00:03 ба кабинети инфиродии хеш ворид шуда, натиҷаро диданӣ будам, ки ҳамсинфам Фирӯз занг зад. Аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид. Ӯ ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дохил шудааст. Ман саросема ӯро табрик кардам. Ӯ аз рӯи интихоби 7 гузашта буд. Ман худам бошам, аз рӯи интихоби аввалам, ихтисоси рӯзноманигорӣ ба ДМТ дохил шуда будаам, ки бисёр хурсанд будам.

Акнун ман ва ҳамсинфам Муҳибҷон дар як донишгоҳ боз таҳсилро идома медиҳем. Шамс бошад, ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент дохил шудааст, аммо мутаассифона, аз рӯи интихоби 6 ва боз шартномавӣ. Мо бошем, буҷавӣ қабул шуда будем. Ӯ низ хурсанд буд. Баъдан мо ба дигар ҳамсинфонамон занг задем ва фаҳмидем, ки онҳо низ қабул шудаанд. Шоҳрух — ҳамсинфамон ва Фирӯз аз рӯи як ихтисос қабул шудаанд ва дақиқтараш, боз ҳамкурсанд.

Ҳама он шаб хурсанд будем, чунки ҳама ҳамсинфонамон қабул шудаанд. Он шаб шаби фаромӯшнашавандае барои мо буд.

Ниҳоят, мо ҳамсинфон барои ҳуҷҷатсупорӣ санаи 10-уми август ба Душанбешаҳр ташриф овардем. Ҳама ҳамон рӯз ҳуҷҷатҳояшонро супориданд ва аз донишгоҳҳо дидан кардем. Боз шаҳрро тамошо кардем. Дар ин вақт боз дар хиёбони Рӯдакӣ дар барномаи “Пурсуков” дар кӯча иштирок кардем. Ёдовар мешавем, ки ин барномаи ТВ “Сафина” буд. Ман ки акнун оянда журналист мешудам, ин аввалин маротиба иштирокам дар барнома буд ва мо хурсандонаву бо руҳияи болида ҳамон бегоҳ аз Душанбе ба зодгоҳамон, яъне шаҳраки Ревад соати расо 21:45 баргаштем.

Ниҳоят, мо ҳамсинфон боз санаи 28-уми август ба Душанбе омадем. Рӯзи 1-уми сентябр ман ба дарс рафтам. Дар он ҷо, ки вақти ҳуҷҷатсупорӣ бо як ҳамкурсам шинос шуда будем, ӯро вохӯрдам ва хешро муааррифӣ кардам. Ӯ низ маро шинохт ва худро муааррифӣ кард. Ӯ Қувватзода Комрон буд. Мо дар донишгоҳ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо иштироки устодон ва  донишҷӯён аз оинаи нилгун тамошо кардем, ки ин дарси сулҳ буд бароямон. Баъд аз анҷоми Паём ба синфхона рафтем ва ба мо муаллима Мирзоева Моҳира аз фанни забони адабии ҳозираи тоҷик дарс гузаштанд, ки рӯзи фаромӯшнавандае барои мо донишҷӯён ба шумор мерафт. Баъдан, дар дарси профессор Нуралиев Абдусаттор якдигарро муаррифӣ кардем ва бо ҳамин рӯзи аввали таҳсиламон ба анҷом расид, ки ин рӯз ҳеҷ вақт фаромӯш карда наметавонам.

Фаридун САФАРОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here