Боёд зикр намоем, ки дар ин мақола мо дар хусуси толеъномаи наврӯзии Ҳаким Тирмизӣ ва Туғрали Аҳрорӣ пажуҳиш анҷом додаем. Ва пеш аз он, ки ба мутолиаи мақола оғозед, тибқи маълумоти наврӯзномаҳои зикргардида, Наврӯзи имсол дар кадом рӯз меояд ва ин сол чи хосияте дорад, маълумоти мухтасар дар иштирок мегузорем.
Тибқи нишондоди илми нуҷум “Наврӯзи имсол замони таҳвил, ё ба бурҷи Ҳамал ворид шудани Офтоб, яъне фарорасии Наврӯз ба вақти Тоҷикистон рӯзи 20-уми март,(рӯзи ҷумъа) соати 08:50 (саҳар), сурат мегирад”. Ва инак, мувофиқи фармудаи Тирмизӣ ва Туғрал хосияти имсол, ки Наврӯз дар рӯзи ҷумъа омаданаш рост меояд, чунин аст:
Тирмизӣ:
«Агар Наврӯз рӯзи ҷумъа бувад, дар он рӯз салтанат Зӯҳраро бувад. Дар он сол фарохии неъмат бувад. Ҳоли малик (подшоҳон) дар низоъ бувад. Борон беҳангом бувад, сармо сахт шавад. Аммо туҷҷорро(тоҷирон) нафъ бувад. Ғалларо дар фарохӣ набояд нигоҳ дошт. Ҳар фарзанде, ки дар ин сол таваллуд шавад, ошиқ ва маҷнун ва лоубол ва нафъу баракат дар қадами ӯ бувад. Хуштабъ ва хушовоз бувад».
Туғрал:
Агар дар ҷумъа ояд рӯзи Наврӯз,
Зи ҳайронӣ шунав, ин назм омӯз!
Зи ғалла баҳрае гиранд мардум,
Зи ҳар ҷинс аз ҳама беҳтар зи гандум.
Шавад дар мардумон кам мева хӯрдан,
Шавад бо кӯдакон бас маргу мурдан.
Дар мақола нахустин бор аз нигоҳи фалсафию фарҳангшиносӣ муқоисаи матнҳои “Наврӯзнома” -и Ҳаким Тирмизӣ (IX) ва “Наврӯзнома” -и шоири шаҳири тоҷик, Туғрали Аҳрорӣ (ХХ) ба риштаи таҳқиқ омадааст. Термизӣ дар наср ва Туғрал дар манзума “Наврузнома ” — ҳои худро таълиф кардаанд. Вале аз рӯи мазмун ва гузориш ин асарҳо ба мисли “Наврӯзнома” -е, ки ба қалами Хайём мансуб медонанд, умумиятҳои зиёд доранд. Бахусус, ин дар таваҷҷуҳи онҳо ба толеъномаи наврӯзӣ зоҳир мегардад, ки яке аз анъанаҳои қадимаи наврӯзӣ будааст ва чи гуна омадани соли навро фолбинӣ мекардаанд. Ҳамин хусусияти суннати ҷашни Наврӯзи пешинаро, ки муҳаққиқини имрӯзаи Наврӯз эътибори ҷиддӣ надодаанд, мавриди муҳокима қарор дода шудааст.
Ҷашни Наврӯз дар асл фарҳанги талфиқиву синкретӣ ё намунаи ба истилоҳ мултифарҳангӣ аст, ки он якбора тавлид нашудааст. Дар он ҳар замону давр таъсири мусбиву манфии худро расондааст. Аз ин ваҷҳ фарҳанги Наврӯз фатири қабатиро мемонад, ки дар он нишонаҳои ҳар давру замонҳои гузашта, осоре аз худ боқӣ мондаанд. Дар ин росто, чун замони қадим буду марди кишоварз, чорводор, косиб тибқи таҷоруби шинохти ҳастӣ, такроршавии қонуни табиатро мушоҳида мекард, барои худ толеънома ё таъбироте эҷод мекард, ки дар замонҳои хеле қадим як унсури ҷудонашавандаи фарҳанги тавъамонаи наврӯзӣ будааст. Ва толеъномае, ки ба ҳар шакле донишварони порсу тоҷик дар заминаи ҷашни Наврӯз таълиф намудаанд ва ба вижа Тирмизӣ ва Туғрал таъкид кардаанд, аз ҳамин гуногунии таркибии фарҳанги наврӯзӣ дарак медиҳанд. Ин падида дар «Наврӯзнома»-ҳои дигар низ мушоҳида мешавад. Ҳамчун яке аз унсурҳои мултифарҳангии қадимаи наврӯзӣ- ин нишонабинӣ, фолбинӣ будааст. Ин чиз дар «Наврӯзнома»-е, ки ба қалами Хайём мансуб медонанд, возеҳ мушоҳида мешавад. Чунончӣ, дар «Наврӯзнома»-и Хайём андар ёд кардани зар зикр мегардад: «Аз хосиятҳои зар яке он аст, ки дидори вай (зар) чашмро равшан кунаду дилро шодмон гардонад. Ва дигар он ки мардро диловар кунаду донишро қувват диҳад». Ва дар боби дигар роҷеъ ба хавид (ҷав) ёд шудааст: «Некиву бадии сол андар ҷав падид ояд, ки чун ҷав рост барояду ҳамвор, далел кунад, ки он сол фарохсол бувад ва чун печидаву ноҳамвор барояд, тангсол бувад». Ва бад-ин минвол дар «Наврӯзнома»-и Хайём вобаста ба рӯи некуву парандаи хушфоли Боз ва Аспу дигар чизҳои ба суннати ҷашни Наврӯз тааллуқ дошта, андешаҳо ва боварҳои пешиниён зикр гардидааст, чи гунае, ки дар боло изҳор доштем, толеъномаҳо қисми таркибии фарҳанги ногусастании Наврӯз ҳастанд ва далели ёд шудани онҳо дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ҳам ҳамин аст. Фарзияҳо ва толеъномаҳои наврӯзӣ чунон маъмулу машҳур будаанд, ки агар дар боби Наврӯз зикре биравад, наметавон бидуни он толеъномаҳо суханро ҳусни анҷом бахшид. Дар аксарияти сарчашмаҳои мавҷуда, аз толеъномаҳо ё шугунҳои наврӯзӣ ёд шудааст. Чи тавре ки Абурайҳони Берунӣ низ менависад: «… ва асҳоби найрангҳо гуфтаанд: ҳар кас дар бомдоди ин рӯз пеш аз он, ки сухан гӯяд, шакар бичашад ва бо равғани зайтун тани худро чарб кунад, дар ҳама сол аз анвои балоҳо солим хоҳад монд». Фолбинӣ ба ҳамин тариқ яке аз суннатҳои қадиму маъмули замони устуравӣ будааст. Азбаски илмҳои ҳастишиносӣ ва табииёт ҳанӯз дастоварди беш надошт, ҳамчун падидаи пешоилмӣ (преднаука) буд, толеънома ҷои онро ишғол мекард. Ҳамин падидаро «Наврӯзнома»-ҳои Тирмизӣ ва Туғрал дубора собит месозанд. Аз ин лиҳоз, толеънома, таъкиди нишонаҳои Наврӯзи ҳарсолоянда дар замонҳои қадим аз суннатҳои маъмули мардум будааст, ки нишонаҳояш то кунун дар байни мардум мушоҳида мешавад. Толеъномаҳо аз сабаби набудани ташхиси дақиқи илмӣ, фарҳанги мушоҳидакории мардумро муаррифӣ мекарданд, ки таъбири он на ҳама вақт дар воқеият татбиқ мешуд. Аҳли кишоварз, мардуме, ки бо замину чорводориву косибӣ ва ғайра машғул буд, барои худ дастуре мехост, ки ояндаи соли меҳнати худро пешбинӣ намояд.
Толеънома дар асл ҳамон астрология ҳаст, ки таъбирҳояш тахминӣ, фарзӣ аст ва дар мавриди муқоисаи пешгӯии илмӣ бартарияте надорад. Аммо ин фарҳангест, нишона аз фарҳанги қадими наврӯзӣ. Дар ин толеънома нафақат ҳадс аз Наврӯзи ҳарсолоянда дида мешавад, балки боз тахайюлу армонҳои мардум нисбати тақдиру қисматашон низ мушоҳида мешавад. Толеънома — дар маҷмӯъ аз сатҳи тафаккури одии мардуми замони гузашта, аз қадамҳои нахустини ояндабинӣ, ки дар баробари шакли устуравӣ доштанаш, асоси таҷрибиро низ дар худ меғунҷонд, дарак медиҳад…
Ҳадаф ва мақсади мо ҳам дар ин мақола роҷеъ ба сурату сирати «Наврӯзнома»-ҳои ду донишвар — Ҳаким Тирмизӣ (755/56-869) ва Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919), ки яке мансуру дигаре манзум иншо намудаанд, баҳс оростан аст, ки то имрӯз ҳатто ба таври бояду шояд таҳқиқу баррасӣ ба ин ду «Наврӯзнома» аз ҷониби олимону пажуҳишгарони соҳа, анҷом дода нашудааст. Матлаби мазкур таваҷҷуҳ ва қиёс кардан аст, ки ин ду донишманд дар «Наврӯзнома»-и таълифдодаи хеш (ки як ҷабҳаи фалсафии Наврӯзро дарбар мегирад) чи тавр назарпардозӣ намудаанд.
Дар масири таърих нисбати соири халқиятҳо ва миллатҳои дигар эронитаборон бештар шиканҷаи равониву ҷисмонӣ дидаанд, ки албатта, ин дар равону маънавиёташон бетаъсир намондааст. Вале бо вуҷуди инҳама, эронитаборон аз фарҳангу илм, анъаноту маросимҳову суннатҳои хеш нагусастаанд, балки торҳои гусастаашонро мустаҳкамтар мегардонданд ва агар ҳар аҷнабие бар эронитаборон чира мешуду нерӯи сиёсии эшонро ба даст мегирифт, дар он баробар эронитаборон ғосибонро водор менамуданд, ки фарҳангу суннатҳояшонро бипазиранд ва дар ин замина, забону тамаддуни хешро то андозаи тавоноӣ густариш медоданд. Масалан, академик Акбари Турсон дар пешгуфтори «Наврӯзнома»-и Ҳаким Умари Хайём ба қалам медиҳад: «ҳақиқатан дар замоне, ки мардуми эронитабор ҳеҷ қудрати низомӣ ва сиёсӣ надошт, халифаҳои аббосиро кӣ маҷбур карда метавонист, ки ба танашон либоси эронӣ пӯшанду ба сарашон кулоҳи эронӣ ниҳанд ва ё ба дарборашон шеъру адаб ва мусиқии эрониро роҳ диҳанд ва низ маросимҳои онҳо, махсусан ҷашни Наврӯзро, ки аз суннатҳои сирф ориёисту ба ҷаҳонбинии ақвоми сомӣ рост намеояд, зинда намояд». Ва эронитаборонро се рукни абадзинда, забону осори ғанӣ ва ҷашни Наврӯз номдору поянда, дар байни ҳама бурду бохт нигаҳ дошт, ки имрӯз ҳамчун шиноснома ба ҳар кадом эронитабор хидмат мекунанд.
Чунонки ҷашни Наврӯзро рӯзи тавлиди сайёраи Замин ва Хуршеди Ховарон медонанд ва ин пиндорро дар «Наврӯзнома»-ҳои Ҳаким Тирмизӣ ва Туғрали Аҳрорӣ низ ба хубӣ дармеёбем, ки Наврӯзро меҳвари чархи гарданда медонанд. Додгустарӣ, адолат ва қомуси илму маърифат, реша аз Наврӯз доранд ва рушду таназзулашон низ алоқамандии зич бар Наврӯз аст. Инсон ҷузъи ҷудоинопазири табиат ба ҳисоб меравад ва ҳар ҳодисае, ки дар табиат рух медиҳад, бевосита аввалдараҷа ба инсон аҳамияти калон дорад. Ҳаким Тирмизӣ ва Туғрали Аҳрорӣ беҳуда ин паҳлӯи ба Наврӯз таалуқманд бударо таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд. Пеш аз ҳама ин бузургони илму адаб ҳаёти иҷтимоӣ, қишрбандии иҷтимоӣ, равоншиносии иҷтимоӣ, муҳитшиносии иҷтимоӣ, фалсафаи иҷтимоӣ, инсонмеҳварӣ ва дигар равандҳои иҷтимоиву кайҳониро дар маркази рисолаи худ гузоштаанд. Ҳарчанд мухтасар гуфтаанд, аммо рӯшан афкори фалсафии наврӯзиро баён доштаанд. Аз ин фарзияҳо ва толеъномаҳои наврӯзӣ метавон тахмин намуд, ки гузаштагони аҳди қадим ва асри миёнагии ориёӣ бо табиату коинот хеле амиқ ошноӣ доштаанд. Бинобар-ин эшон дар оғози растохезии табиат бо боварӣ давоми солро чи гуна хоҳад буд, тахмин менамуданд ва мувофиқи он нишондод амал мекарданд.
Суоле ба миён меоянд, ки Ҳаким Тирмизӣ чаро навиштани чунин як рисоларо муҳим донистааст? Қавонин ва қавоиди дину мазҳаб ва вазъи сиёсиву иҷтимоии тозиён чунин ақидаҳо ва пешбиниҳои идрокиро куфру бидъат ва ҷодугарӣ донистаанд. Аз ин лиҳоз, Хаким Тирмизӣ манфиате дар эҷоди чунин рисола намегирифт, балки хатарҳо ба ҷонаш буд. Фаразан иншои рисолаи «Наврӯзнома»-и Ҳаким Тирмизӣ чанд омил дорад. Азбаски эронитаборон аз илмҳои табиатшиносӣ, ҳисобу китоб, нуҷумшиносӣ (астрология), фалсафа ва биология хеле пештар огаҳӣ доштанд. Аз ин рӯ, Ҳаким Тирмизӣ бидуни он ки диндорон чи назар доранд, рисолаашро эҷод намуд. Омили дигар ин буда метавонад, ки худи Тирмизӣ аз илмҳои дақиқ, фарҳангию антропология ва соири илмҳои ҷомеашиносиву табиатшиносии замони худ бархурдор буд, хуб медонист, ки Наврӯз эҳёгар ва ҳаётбахшандаи ҳамаи мавҷудоти рӯи замин аст ва ин суннат бетардид то ҷое ҳақиқат ва ҳикмат дорад, эҷоди онро зарур донист. Барҳақ академик Акбари Турсон дар ин хусус менависад: «Наврӯз қадимтарин дар таърихи ҷаҳон ҷашни соли нав; решаи маънавии онро дар қаъри ҳазорсолаҳо ҷустан мебояд. Аз ин рӯ, боиси тааҷҷуб нест, ки ҳатто Абӯрайҳони Берунӣ ва Умари Хайём барин ахтарони осмони баланди илмҳойи дақиқ ҳангоми маънидод кардани пайдоиши Наврӯз ба забони устураю ривояти динӣ ҳарф задаанд». Файласуф Акбари Турсон сабаби ба ҷашни Наврӯз бештар мароқ зоҳир намудани олимон ва адибонро дар идомаи мақолаи илмии хеш жарфтар изҳор медорад: «Наврӯз бар пояи суннати фарҳангие такя мекунад, ки барояш худбинии ифротӣ, нодида гирифтан, иқрор намудан ва ё инкор кардани арзишҳои маънавии дигар халқҳо тамоман бегона мебошад». “Наврӯзнома”-и Тирмизӣ аз аввалин рисолаҳоест, ки баъди истилои араб дар қарни IX эҷод гардидааст. Рисолаи мазкур то замони мо бо нусхаҳои гуногун омада расидааст ва ҳатто бархе аз муҳаққиқон шубҳа низ кардаанд, ки рисолаи “Наврӯзнома”-ро Тирмизӣ таълиф дода бошад. Вале худи Тирмизӣ дар дебочаи рисолааш чунин тавзеҳот медиҳад: «Ман 125 сол умр ёфтам ва таҷрибаи бисёр кардам то илми нуҷумро дарёфтам ва аҳкоми афлокро бишнохтаму манзили офтобу моҳро маълум кардам ва соъату замон ва дараҷоту дақоиқро дарёфтам. Ва таҷрибаи кулли солро аз саъду наҳс ва хайру шар ва нафъу зар берун овардам. Ва ин китобро “Наврӯзнома” ном ниҳодам. Ва истихроҷи ҳар рӯз, ки Наврӯз шуд, дар он сол чӣ бошад ва чӣ далел кунад, навиштам. Ва ин китоб муштамил аст бар айёми сабъа, аз якшанбе то шанбе. Гуфта шавад, ки дар ҳар сол, аз ҳаводиси дурр чӣ ҳодис шаваду дар олами сифлӣ аз воқеаи подшоҳону бузургон ва олимону умаро ва даҳоқину ғалла ва фолезу кишту ҳоли вуҳушу тивар ва мардону занон ва хидматкорону корфармоён ва меҳтарону кеҳтарон ва бозоргонҳову ҳоли шаҳрҳо ва вилотятҳову бару баҳр ва ғайра ин ҳама гуфта шавад…».
Ҳарчанд гумон меравад, ки ин гуфтор баъид аст, ки Тирмизӣ гуфта бошад, аммо бармало аст, ки рисола муҷмал набуда, балки баркамолу арзишмандест. Ва аз рӯи гуфтаи Ҳаким метавон тахмин зад, ки рисолаи мазкурро дар охирҳои ҳаёти хеш иншо намудааст. Ва далели дигаре, ки ба қалами Тирмизӣ тааллуқ доштани ин рисоларо ишора мекунад, он аст, ки Тирмизӣ аз илмҳои нуҷум (астрология), мардумшиносӣ (этнография) ва амсол аз ин илмҳои дақиқ ба таври кофӣ бархурдор буд. Ва дар рӯзгори хеш Тирмизӣ ҳам мисли дигар орифону файласуфону олимони замонаш ва силсилаи баъдинаҳо, аз ҳуҷуму таъқибҳои диндорон канор намонда буд ва аз фишори эшон аз шаҳре ба шаҳре рафтааст.
Ғояи асарҳои илмиву бадеии бузургони илму адаби форсу тоҷик, гуманистӣ ва инсонсолориро бештар дарбар мегирад ва бесабаб нест, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳон ба эҷоду офаридаҳои онон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд ва роҷеъ ба осори адабиву илмии эшон тадвину таҳқиқотҳои зиёде намудаанд.
Шоири шаҳир Нақибхони Туғрал низ дар маснавии «Наврӯзнома»-и худ суннати пешини наврӯзиро ба шакли манзума таълиф додааст. Шоир номгӯи рӯзҳои ҳафтаро, ки агар Наврӯз дар он рост ояд, чи хосиятро дар пай дорад, хеле рӯшан ифода менамояд. Вале на аз ҷониби туғралшиносон ва на дигар манбаъҳое, ки осори шоир дар онҳо оварда шудаанд, зикр нагардидааст, ки Туғрал «Наврӯзнома»-и хешро дар асоси кадом сарчашмаҳо иншо намудааст. Саволи матраҳ ин аст, ки оё Нақибхони Туғрал ба вижа «Наврӯзнома»-и Ҳаким Тирмизиро хондааст ё аз вуҷуди рисолаи мазкур воқиф буд? Касе аз адабиётшиносон ва муҳаққиқони ҷашни Наврӯз то имрӯз ба ин масъала таваҷҷуҳ накардааст. Дар пажуҳишҳои хеш мекӯшем, ин мавзуъро пайгирӣ ва баррасӣ намоем.
Ҳоло метавон аз ин ду «Наврӯзнома» (яке мансур дигаре манзум) ёд кард, ки дар асрҳои гуногун (IX, XIX) навишта шудаанд ва дар маҷмуъ ҳар ду як чизро ба шакли мутафарриқ мегӯянд.
Ҳаким Тирмизӣ дар “Наврӯзнома”-и худ бо нишон додани ба чӣ вақт рост омадани рӯзи Наврӯз, ба кадом сайёра тааллуқ доштани он рӯз, чӣ гуна хосият доштани он солро шаҳр медиҳад ва пешгӯӣ мекунад. Ин шарҳу пешгӯиҳо хулосаи таҷрибаву таҳқиқи санҷидашудаи гардиши сайёраи Замин ва Коинот мебошад. Дар ин шарҳи фарзия ва толеъномаи наврӯзӣ метавон дарёфт, ки хулосаҳои тоилмии ситорашиносӣ ва дигар шохаҳои илми марбут ба шинохти коинот ва табииёт ҷамъоварӣ шудааст. Дар ин рисолаи мухтасар, вале пурҳикмати Ҳаким Тирмизӣ метавон бисёр паҳлуҳои ҳаёти инсониро инъикосгардида баршумурд, зеро ҳаким нуктаҳои муҳими вобаста ба ҳастишиносӣ ва муҳитшиносии замону макон, ки бар Наврӯз пайванди ногусастанӣ доранд, ифода намудааст.
Кунун ба шабоҳат ва тафовутҳои ин ду “Наврӯзнома” таваҷҷуҳ карда, хоҳем дид, ки аз давраи Ҳаким Тирмизӣ то давраи Туғрали Аҳрорӣ дар ин шохаи шарҳ ва пешгӯиҳои суннатии наврӯзӣ чӣ тайғиротҳо, назарияҳо ворид шудаанд.
Ҳаким Тирмизӣ менависад: “Агар Наврӯзи олам рӯзи якшанбе бувад, он рӯз султонӣ ба Офтоб бувад. Он сол бағоят пурнеъмат бувад. Аммо мухолифат ва норост дар миёнаи халоиқ пайдо шавад. Пунба бисёр бувад, валекин гиёҳ кам рӯяд, полизҳо беҳу некӯ шаванд. Аммо охири сол андак тангӣ шавад ва зуд бигузарад. Ва марг дар миёни мардумон бувад. Ҳар фарзанде, ки дар ин сол таваллуд ёбад, нек бувад, аммо бесаранҷом ва бенафъ бувад”.
Туғрали Аҳрорӣ мегӯяд:
Ало, эй он, ки шуд иқбол ёвар,
Ба суккони дарат алтоф бовар!
Туӣ пушту паноҳи халқи олам,
Ба дилрешон туӣ пайваста марҳам.
Ба расми тӯҳфа кардам нусхае чанд,
Ба номат аз камоли лутф бинанд.
Ба ҳад соле зи ҷумъа то душанбе(ҳ)
Қиёсе кун аз он солаш баду беҳ…
Агар Наврӯз дар якшанбе ояд,
Ба назми ин сухан фикре биёяд.
Зимистон тангу сармо саҳл бошад,
Ба сарҳо кай ситези ҷаҳл бошад?!
Шавад борони бисёре баҳорон,
Шавад тағйири пунба, ғалла арзон.
Валекин мевааш бисёр гардад,
Баҳори хуб, пур анбор гардад.
Аз Ҳаким Тирмизӣ: “Агар рӯзи Наврӯз душанбе бувад, он рӯз тааллуқ ба Моҳ дорад. Дар он сол фарохии неъмат бошад ва борон бисёр борад. Аммо гиёҳ кам рӯяд ва полез некӯ бувад. Кори Султон заиф бувад. Баъзе турконро тангдастӣ бувад, валекин зуд бигзарад. Пунба некӯ бувад. Аз зироат сабзӣ нек бувад, дурдона ғанӣ бувад ва полизро офат расад, кунҷид нек бувад. Аммо гандум дар маҳал ва зироат аз сармо дар амон бувад. Барф дар охири сол борад, сари сол тангӣ шавад, таом ширин шавад. Аммо (сол) зуд бигзарад, ҳар фарзанде, ки дар ин сол таваллуд шавад, дарозумр бувад, аммо камфаҳм ва дурбин ва хушовоз бувад”.
Аз Туғрал:
Агар душанбе ояд рӯзи Наврӯз,
Ба некиҳои ғалла чашмро дӯз.
Зимистон хушку сармо сахт ояд,
Зимистон пӯстин пуррахт бояд.
Шавад он сол дахли ғалла некӯ,
Вале султон ба лашкар оварад рӯ.
Шавад он сол нархи ғалла арзон,
Агарчи мешавад дар ғалла нуқсон.
Намедонад касе онро, ба ҳар ҳол,
Шавад ғалла гарон дар охири сол.
Аз овардани шарҳи ду рӯзи ҳакимон иктифо мекунем, зеро муроди мо аз таълифи ин мақола ташхис ва муайян намудани толеъномаи наврӯзӣ буд. Инак, миёни назариёти ин ду «Наврӯзнома» тафовути ҷиддие намебинем. Ҳар ду муаллиф кӯшидаанд, ки гардиши обу ҳаво ва ҳаёти иҷтимоии мардумро инъикос намоянд. Вале Туғрал дар оғоз Наврӯзро васф намуда ва пушту паноҳи халқи олам буданашро зикр намудааст. Ҳамчун армони зиндагӣ будани Наврӯзро шоир дар манзумаи нодири хеш бозтоб додааст.
Наврӯзро малҳами дилрешону захми онҳо донистани шоир худ ин гувоҳӣ он аст, ки ҷашни Наврӯз на фақат ба унвони “пешонии сол”, қосиди баҳор, мабдаи эҳё ва растохези табиат ва сароғози фасли зоишҳо, балки ҳамчунин як падидаи паёмовари зебоиҳо, сарсабзиҳо, тароватҳо, аз банди яъсу ноумедиҳо раҳо гардидан, ботинан ва зоҳиран бадал кардани армонҳо ва тару тозагиҳо ва мазҳари якпорчагӣ ва ҳамдилию ҳамфикрии одамонро низ дарбар мегирад, зеро мардум ақида доштанд, ки Наврӯз бо умедҳо ва орзуҳои фаровон ҳамроҳ буда, инсонро ба ояндаи фараҳбахш дилгарм ва раҳнамун месозад, шавқи ӯро нисбат ба зиндагии босаодату пурсамар ва кору фаъолиятҳои судманд афзун мегардонад. Бо ҳамин далоил, Ҳаким Тирмизӣ ва Нақибхони Туғрал аз суннатҳои ин ҷашни куҳан бо назари нек нигариста ва барои шинохтани ин ҷашни ҳаётбахш қалам фарсудаанд. Ин бузургон дарёфтаанд, ки Наврӯз ҳамчун намод аст, намоди росткориҳо ва раҳоӣ аз банди ҳар чӣ, ки зишт ба назар мерасад.
Дар фарҳанги пешина ва анъанавии ҳозира тафаккури устуворе арзи вуҷуд дошту дорад, ки мутобиқи он рӯйдодҳои кайҳонӣ, табиат, иҷтимоиёт, иқтисодиёт ва ғайра ҳамчун падидаҳои такроршаванда арзёбӣ мешаванд. Ин рӯйдодро дар илм одатан ҳамчун назарияи сиклӣ (теория цикличности) муаррифӣ шуданд. Мувофиқи ин назария дар табиат ва ҷамеа падидаҳои ҳаракати сиклӣ ва замони сиклӣ ғолибан ҳукмрон мебошад ва зимнан замони гузашта бар оянда бартарӣ дорад. Яъне сиклизм ё такроршавандагӣ — маҷмӯи падида ва тамоюлҳое мебошад, ки гардишу такроршавии онҳо дар вақту замонҳои муайян дубора ба вуҷуд меояд.
Ҳамин дидгоҳ, азбаски Наврӯз аввали соли форсигӯёну мардуми ҳавзаи Наврӯз шинохта шудаасту одатан ҳар соли пешоянд фол мекушоянд, аз замонҳои қадим ба унвони толеънома хеле маъруф будааст.
Мутаассифона, муҳаққини муосир ба толеъномаи наврӯзӣ кам аҳамият додаанд. Ҳол он ки толеъномаи наврӯзӣ яке аз бахшҳои муҳими фарҳанги наврӯзӣ будааст. Албатта, фарҳанги муосир бештар ба дастовардҳои илмӣ такия мекунад ва толеъномаи наврӯзӣ қариб ки аз байн рафтааст. Вале таҳқиқи он барои пурра тасаввур кардани модели суннатҳои наврӯзии қадима аз фоида холӣ нест.
Дар мақолаи мазкур дар мисоли муқоисаи «Наврӯзнома»-ҳои Термизӣ ва Туғрали Аҳрорӣ ба баъзе хусусиятҳои типикии толеъномаи наврӯзӣ рушанӣ андохтем.
Аз дидгоҳи ниёкон аввали ҳар сол бо кадом як хусусияте дар тӯли ҳазорсолаҳо такрор мешавад.
Ва ин такроршавӣ ҳар дафъа аломате ё нишонае дорад, ки солорсолон намоди онро аз нишонаҳои пештар такроршуда, пай мебурданд. Як сол бештар сербориш, соли дигар камбориш, як сол серҳосил, солидигар камҳосил мешудааст ва ин нишонаҳои хоси худро доштааст. Аз чунин вазъият нишонаҳои сари сол дарак медодаанд. Маҳз бо шинохт ва табақабандии ин нишонаҳо ситорашиносон ва табиатшиносон машғул мешудаанд. Бештари мутахассисони чунин система, таълимоти хоси пешгӯиҳоро ихтироъ кардаанд. Табиатшиносон аз рӯи нишонаҳои табиат, ситорашиносон аз рӯи нишонаҳои кайҳонӣ таълимотҳо ва дастгоҳҳои пешгӯиро ба вуҷуд овардаанд.
Мо имрӯз агар ба толеъномаҳо назари манфӣ ҳам надошта бошем, лекин бовар ҳам кам мекунем, шояд баъзан бо сабаби ҳисси кунҷковӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоему халос. Аммо марди солори кишоварз, ки бо замину табиат сару кор дорад, то ба ҳанӯз аз рӯи он нишонаҳои такроршавада, хусисияти соли пешояндро муайян месозад. Ба ин филми “Ҷӯра Саркор” (“Тоҷикфилм”, соли 1969) мисоли равшан аст. Пирамарди солхӯрда аз рӯи мушоҳидаҳои чандинсолаи худ бар табиат яқин мекунад, ки кишту корро кай шурӯъ кардан мумкин аст. Ӯ ба илми аграномӣ, ки умумӣ асту ба ин мушоҳидаҳо иртиботе надорад, бовар намекард…
Агар ба рӯзгори гузаштаҳои дур бо назари илмӣ назар афканем ба чунин хулоса хоҳем расид, ки аҷдодони гузашта, ҳанӯз то замони асотирӣ бо тақвими пеш аз илмӣ умр ба сар мебурданд, ба чунин толеъномаҳо ниёз доштанд. Азбаски он толеъномаи наврӯзӣ буд ва ин дар навбати худ масъулияти муносибат ба замину табиатро дошт, мардум ба он эътимод ва онро қабул доштанд. Ва аҷиб он буд, ки ин нишонаҳо дар бисёр ҳолатҳо дуруст мебаромаданд. Дар ҳамин асос бешак фарҳанги толеънома тавлид ёфта ва дар наврӯзномаҳо инъикос гардида ва мақоми худро пайдо кард буд. Вале дар толеъномаҳо дар баробари дуруст баромадани бисёр пешгӯиҳо, ҳаводиси тасодуфӣ ҳам дида мешуд.
Кор то ба ин ҳад ҳам расида буд, ки аз эътиқоди мардум ба толеъномаҳо, ашхоси авомфиреб сӯиистифода карда, ба хотири бештар музд рӯёндан аз мардум, дурӯғи маҳз ҳам мегуфтанд. Аз сабаби мубрам будани пешгӯиҳои соли дар пеш истода, байни мутахассисони воқеӣ, ки бештар фолашон рост мебаромад, фолбинҳои қалбакӣ низ ёфт мешуданд бо баҳонаи мистификатсия ва гӯё алоқа даштани онҳо бо нерӯҳои кайҳонӣ, чизҳои бардурӯғро мебофтанду бо ҳамин корашон ба пешгӯиҳои асоснок ноэътимодӣ эҷод менамуданд… Ё ин ки ҳамон нишонае падид меомад, нишонаи асл набуд ва воқеа ранги дигар мегирифт.
Вале маҷмуан, таври ки гуфтем, дар замони тоилмӣ толеънома мавқеи аввалиндараҷа дошт. Ва хусусан толеъномаи Наврӯз дар ин кор саҳми беназири хешро гузоштааст.
Ҳанӯз ҳам мардуми имрӯза, гоҳе ба толеънома таваҷҷуҳ мекунанд. Фарҳанги толеънома ё ин ки астрологияи наврӯзӣ пеш аз ҳама вазъи замини корам, вазъи умумии табиат, боду ҳаво ва амсоли инҳоро мушаххас мекард. Вале дар баробари ин ба мавзӯъҳои дигар, аз ҷумла, ҳолати равонӣ ва иҷтимоии инсон, нишонаҳои пайдо кардани амонати зери замин гӯршуда, фоли неки дидани чеҳраи зебо ва амсоли инро низ дар бар мегирифт…
Хулоса, толеъномаи бостонии наврӯзӣ ба ворисони имрӯзаи ориётабор дар мисоли толеънома, пешбинии оянда нишон медиҳад, ки аҷдодони пешин чӣ гуна аз матраҳи устуравӣ ба сатҳи пешгӯии таҷрибӣ мерасанд ва оҳиста-оҳиста бо инкишофу тараққии илму техника ба фаҳмишу пешбиниҳои дақиқи тақвимию илмӣ меоянд. Диди толеъномаҳои наврузӣ боз тарафдори ақидаи тақвимӣ доштани табиатро доранд. Яъне падидаҳо мисли худи Наврӯз хусусияти даврӣ доранд. Мусаллам аст, ки шуури ҳама гуна ақвоми дарозумри таърихӣ ба мисли ориётаборон хусусияти таҳаввулӣ дошта, хатти аз нуктаи устуравӣ ба тафаккури пешазилмии таҷрибӣ ва аз тафаккури оддии омиёна ба нуктаи илмӣ расиданро ба мо ворисони имрӯз собит месозад. Мутаассифона, ҳамин гуна тадқиқотҳо дар риштаи рушди унсурҳои фарҳанги наврӯзӣ кам ба назар мерасанд. Боястӣ ҳамин хусусияти мултифарҳангӣ, даврӣ ва таҳаввулӣ доштани унсурҳои мухталифи тафаккури наврӯзиро хубтару дақиқтар бо истифодаи методологияи нави пажӯҳиш бо далелҳои раднашаванда таҳқиқу баррасӣ намоем.
Адабиёти истифодашуда:
Умари Хайём. Наврӯзнома,- Душанбе: Адиб, 2012.
АбурайҳонБерунӣ. Осор-улбоқия.-Душанбе: Ирфон, 1990, с. 235
Акбар Турсон. «Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст…». / Умари Хайём. Наврӯзнома. – Душанбе: Адиб, 2012, 352 с.
Дувоздаҳ рисола наврӯзӣ «Наврӯзнома». Душанбе: Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсу тоҷик – 2012.- с. 105.
Ҳаким Тирмизӣ. Наврӯзнома. — Душанбе: Дониш, 2016.
Девони ашъори Туғрали Аҳрорӣ. — Душанбе: Адиб, 2011.
Зоҳири Сайфулло