Умед Ҳикоятов ба кӣ умед бандад?

Ҳоло беш аз 3 ҳафта мешавад, ки латукӯби шадиди ҷисмонии  Умед Ҳикоятов дар Интернет баҳси доғеро ба вуҷуд овардааст. Умед Ҳикоятов, ҷавони 38 — сола барои қазои ҳоҷат дар лаби дарё аз ҷониби маъмурони милисаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Зубайд Сангинмуродзода ва Додаров  С.  дарси «адаб» гирифт.

Шиканҷаи милисаҳо ҳаёташро ба як фоҷияи даҳшатнок мубаддал гардонд. Умед низ мисли дигар шаҳрвандони кишварамон қутти лоямуташро аз ҳисоби пулҳои бедарду миён пайдо намекунад. Аз ҳисоби муҳоҷират аробаи зиндагиашро мекашад. Дар вақти кори давлат мисли баъзе «холявщик»-ҳо дар саунаҳои Тоҷикистон ва истироҳатгоҳҳои Дубаю Қрим ва Туркия дам намегирад. Мошини модели охирро дар «гонка» намеронад,  писари тиллоиву хуштолеъ ва «ботарбия» ҳам нест, то камераҳои назоратӣ, ки бо чандин миллионҳо харидорӣ шудаанд,  ӯро сабт накунанд (ҳатто камера аз сабташ метарсад), падараш аз ҳисоби «маош»- аш ба ӯ хонаҳои бо арзишҳои дандоншикан  тӯҳфа накардааст. Хизматгор дар хонааш надорад. Дар Донишгоҳҳои пурнуфузи Англияву Америка таҳсил намекунад.

Як нафари одист ва бо сад мушкили рӯзгор умр ба сар мебарад. Умедро пас аз «силаву навозиш»-и Зубайд Сангинмуродзода ва Додаров  С.  барои «кафидани мояҳои чапу рост» ва «осеби пӯшидаи моядон» фавран ба бемористон интиқол медиҳанд. Боздошти ӯ барои нӯшидани оби ҷав будааст. Хайрият, мисли писарони баъзе мансабдорон аз дискоклуб набаромадаасту Russo-Baltique, Diva ё Lordanov нанӯшидаасту одамро пахш  карда, ба ҳалокат расонда,  нагурехтааст. Ба ҷойи адои ҷазо дар истироҳатгоҳҳои Мариетаи Мексика ва ҷазираи Мидл-Айоенди Австралия (то кӣ бечора баъди ҳодиса каме ба худ биёяд) фиристода нашудааст.

Ин ду нафар корманди мақомоти дохила, ки ба номи милисаи тоҷик иснод овардаанд, баръакс пас аз шикоят аз болои онҳо, бо таҳдид аз ӯ талаб доранд, ки аз даъвояш даст кашад. Ва ҳатто мехостанд, бо харидани 2 ҳаб доруву 1 кӯрпа дили ӯро ёбанд. Ин нафароне, ки кафолати волоияти қонунро барои мо таъмин мекунанд, бори дигар нишон доданӣ мешаванд, ки қонун танҳо барои қишри алоҳидаи аҳолӣ қабул карда шудаасту халос.

Ҳоло дар баҳсҳо аксарии мардум танҳо барои рафтори ноҷои ин ду нафар милиса волоияти Сарқонунро зери суол мебаранд. Ва маҳз бо «шарофат»- и онҳо вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода ва сардори Раёсати кадрҳо Сӯҳроб Рамазонзода, ба қавле, дар азоби виҷдон мондаанд. «Милисаҳои қаҳрамон» барои сафед кардани худ аз тамоми роҳу воситаҳо истифода мекунанд.

Бараъло эҳсос мешавад, ки гуё онҳо ба касе пора доданиянду корашонро сад мекунанд. Вале ба кӣ? Дар пушти ин милисаҳои «пуркору сермаҳсул» кӣ меистад?

… Се сол пеш бо супориши редаксия ва шикояти чанд тан аз сокинони шаҳри Кӯлоб барои омода намудани шиносномаҳои хориҷӣ бо талаби пора гузориш омода мекардем. Он замон сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ҶТ- ро  Рамазонзода Сӯҳроб ба зимма доштанд. Мушкили ҷойдоштаро ба ӯ расондем. Пас аз 3 рӯз аз роҳбари онро вазифаи «равғанӣ» озод кард, бо далели ҷой додан ба баъзе камбудиҳо. Ин кадри ҷавон, ки таҷрибаи хуб дар мақомотро дорад ва то дараҷаи генерал-майори милитсия расиду ҳоло сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД- ро ба зимма дорад, аслан бовар надорам, ки пас аз чунин ҳодиса онҳоро аз сафи мақомот хориҷ накунад. Дар ин масъала ӯ хеле ҷиддист ва наздикони Зубайд Сангинмуродзода ва Додаров  С.  ба ӯ таъсир расондан наметавонанд.

Ба ҳар сурат, мавзӯъро пайгирӣ хоҳем кард.

Дар акси ҳол беҷазо мондани онҳоро ҷомеаи демократии Тоҷикистон риоя нагардидани адолату ҳақиқат унвон хоҳанд кард.

Ҷамила Мирбозхонова

1 бинависед

  1. Ту эй ягона умедам, умеди ман мебош, Гузораномаи роҳи сафеди ман мебош. Тамоми умр агарчанд иди қисмат нест, Ту ҳар дақиқаю ҳар лаҳза иди ман мебош….

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here