Барои мо муҳим нест, ки чӣ, дар куҷо, барои кӣ, барои чӣ менависем, балки муҳим он аст, ки номамонро реклама кунем, рекламаи сиёҳ!

Имрӯз, дар мавриди хосиятҳои «коммент»-ҳои тоҷикӣ мегӯем ва итминон дорем, ки пас аз ин «коммент»-ҳои то имрӯз навиштаамонро нест карда, завқи «коммент»-нависиро дар худ мекушем, ба гуноҳи худ иқрор мешавем ва куллан ҳам набошад, фикру нияти «коммент»-нависиро аз худ дур мекунем.

Мо бисёр дер ба «тори анкабут»-и ҷаҳонӣ ворид шудем. Мо хеле чизҳои муҳимро дар бораи фазои маҷозӣ намедонем. Мо нав даҳ сол шуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа дорем. Дар ин баробар, «коммент» дар мо танҳо даҳ соли охир шинохта шудааст ва мутаассифона, ин ҳам нодуруст. «Коммент» ба предмете табсира, шарҳ додан аст, на ин ки барои дарди дил кардан, савдо кардан, зориву тавалло кардани касе барои чизе ва ё дигару дигарҳо. Ва ин аст, ки мо дар бораи «коммент» шинохти нодуруст дорем. Барои тасдиқи гуфтаҳои боло ду «коммент»-ро ин ҷо меорем:

Як духтари ҷавон аз рафти тӯйе як акс гирифта, ба саҳифаи Instagram гузоштааст. Тақвим рӯзи шанбе аст. Дар зери сурат муаллиф навиштааст: “Имрӯз тӯйи дугонаи аз ҳама наздики ман аст ва барои ман ҳам беҳтарин рӯз аст”. Пас аз 4 дақиқаи нашри сурат дӯсти маҷозияш дар поёни акс чунин «коммент» навиштааст: “Дилик, ман имрӯз дар дарс набудам, устод ба ман “нб” монд ё бал?”. Мо доир ба ин чизе намегӯем. Қазоват бар худи шумост. 

Рӯзе нест, ки дар бораи шабакаи иҷтимоии Facebook чизе нашр нашавад. Аксарияти матолиб танқидиянд. Дар ин росто мо ҳам хостгори навиштани чизе доир ба ин шабака набудем, вале як «коммент»-и аҷиб пайдо кардем, ки ин ҷо оварданашро лозим мешуморем. Як ҷавон дар назди Баҳри Тоҷик сурат гирифтаву онро ба саҳифааш мондааст. Пас аз чанд дақиқа дӯсти фейсбукиаш ба он чунин «коммент» навиштааст: “Созӣ, хубӣ бародар, ҳамон iPhone X-та арзонтар намекунӣ?”.

Аз бархе ҳаҷвнигорони мо дида, «коммент»-нависони шабакаҳои иҷтимоӣ бисёртар механдонанд. Ба мисле, ки Стив Ҷобс 

iPhone-ро дар Баҳри Тоҷик ихтироъ карда бошад ва бо диданаш «коммент»-нависи мо аз он ёдовар шудааст. Мо ба куҷо равонаем бо ин гуна «коммент»-ҳо ва фикрҳоямон? Барои дар майдони холӣ, ки гуфтору навиштор озод аст, хомӯшона гузашта рафтан пеш аз ҳама ирода даркор. Пеш аз чизе навиштан навиштаи ман ба кӣ лозим аст? Чаро инро менависам? Пас аз навиштани ин «коммент» чӣ хоҳад шуд?… Бояд ҷавоб дошт. Мақсади чунин «коммент»-нависон маълум аст, яъне “ради галочка” чизе навиштан ва ба дигарон нишон додани он, ки онҳо ҳам мегабайт доранду кам-кам дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳастанд.

Ва аз ҳама охир, боз ҳастанд нафарони “муҳтарам”-е, ки «пост» мегузоранд ва сипас ба шиносҳову зертобеонашон “амр” медиҳанд, ки дар поёни «пост»-ашон «коммент» нависанд. Барои онҳо муҳим нест, ки кӣ чӣ менависад, балки муҳим он аст, ки дар зери «пост»-ашон «коммент» бошад.

Ва саволи беҷавоб ин аст, ки мо то кай «комментдӯст» мемонем?

 

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here