Агарчи калонсолон аввали солҳои ба даст овардани Истиқлолиятро “заҳрчашӣ” гуфта ба ёд оваранд ҳам, бовар кунед, ман танҳо шириниҳои ин давронро дидам, чашидам, хӯрдам, гаштам ва ҳоло ҳам давом дода истодаам.
Истиқлолият. Зери ин мафҳум ман чанд чизро омӯхтам. Сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ, оромиву суботи кишвар, осмони софу беғубори Ватан ва оби мусаффое, ки аз пеши хонаамон убур мекунад.
Истиқлолиятро дар хандаи кӯдакон, ҷавонии ҷавонон, шукргузории пирон дарёфтам. Аз оне, ки ман ҳамчун як ҷинси латиф, қодирам таҳсил кунам, омӯзам ва фаъолият намоям, хушбахтам. Ман куллан озодам ва касе наметавонад озодии маро маҳдуд кунад. Он девори азиме, ки солҳои тӯлонӣ садди роҳи занону духтарони тоҷик буд, аллакай бардошта шуд. Ман метавонам, ки мустақилона зиндагии худро созам ва он ҳам аз файзи Истиқлол аст. Ин ҳама воситаву имконоте, ки ба мо ҷавонон муҳайё кардаанду барои муваффақияту пешравиамон кӯмак мекунанд, гувоҳи соҳибистиқлолӣ ва пешрафти Ватан аст.
Баъди он ҳама ҳарбу зарби халқи тоҷик дар солҳои навадум, ки бар хуни ҳам зомин шуданд, давлату миллати мо аз ҳам напошид ва душманони миллату халқ ба ҳадафҳои разилонаи худ расида натавонистанду мағлуб шуданд. Бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату халқи парокандаи мо тавонист сарҷамъ шаваду аз нав эҳё гардад.
Нуҳуми сентябри соли 1991 бо кӯшишу талошҳои ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти бохиради он давлати мо соҳибистиқлол гашт. Тӯли 29 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азиз зеботару шукуфонтар шуд. Дар ҳамаи соҳаҳо: илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, иқтисод, сиёсат ва техникаву технология ба комёбиҳои бузургу назаррас ноил гардид. Имрӯз қисми зиёди ҷомеаи мо соҳибмаълумоту таҳсилдида ва соҳиби кори шахсии хешанд. 34 ҳазор ҷавонони болаёқат ва соҳиби донишу забондонии баланд дар хориҷ аз кишвар таҳсилу фаъолият мекунанд.
Акнун халқи тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ беш аз пеш мешиносанд ва фарҳангу ҳунар, бузургии милллату ёдгории ниёгонамонро эътироф намудаанд. Ташаббусҳои Сарвари давлат низ дар бисёр масъалаҳои муҳим, ки дар арсаи ҷаҳонӣ матраҳ мешаванд, қадрдонӣ шудаанд. Ҳар рӯз ҳукумати мамлакат ба ободонии шаҳру навоҳӣ ва гулгашту хиёбонҳо машғуланд. Шаҳрҳо рӯз аз рӯз ба худ ҳусну таровати дигар мебахшанд.
Саволҳое ба миён меоянд, ки оё мо ҷавонон аз ин неъмати бузург ба дурустӣ истифода мебарем? Ва оё аз сулҳу субот шукргузорем? Оё Ватандӯст ҳастем ва софдилона хизмати Ватан — Модарро мекунем? Оё талошҳои Сарвари миллатро қадр мекунем ва ё барои беҳбудиву ташаккулёбии меҳан мекӯшем? Бояд ҳар ҷавони соҳибхирад бар худ суол диҳаду посух биҷӯяд.
Қаблан бархе аз ҷавонони миллат ҳамеша манфӣ андеша меронданд, танҳо як фикр доштанд ва он ҳам ин, ки мо наметавонем дар Ватан зиста, ҳаёти хубу осуда ва пур аз фароғат дошта бошем ва тарки диёр мекарданд. Вале бо гузашти вақт ва дарк кардани иштибоҳи худ фаҳмиданд, ки ин фикри эшон ғалат аст. Яъне нафаре, ки кору фаъолият ва меҳнат карданро дӯст медорад, ҳама ҷо, чӣ дар меҳан ва чӣ дар хориҷ аз он метавонад ҳаёти худро созад. Баъд аз хатм бояд аз пайи кору фаъолият шавад, на рӯ ҷониби муҳоҷират.
Албатта, дар баробари пешравиҳо камбудиҳо низ зиёданд, вазъи зиндагии бархе аз деҳотиён хеле душвор аст. Мушкилии ҷои кору надоштани даромаде аз ягон ҷониб. Шаҳрҳо низ дар навбати худ бе мушкилот нестанд, вале ҳамааш гузаранда аст. Бо умеди беҳшавии вазъ падарону бародарони мо боз ҳам шукрона мегӯянду аз пайи ризқу рӯзии хешанд. Ин, ки дар фазои ором дар паҳлуи ҳамдигар як бурда нон мехӯранду оби зулоли Ватан нӯши ҷон мекунанд, худ кифоя аст, зеро озоданд ва побанди касеву чизе нестанд.
Ба қадри ин фазои орому осоишта ва неъматҳои додаи Парвардигор бояд расид.
Оламбегим НЕКҚАДАМОВА