Имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баробари мардон занони шуҷоъу далер, заноне, ки дили мардона доранд ва дар ҳифзи Ватан ҳамеша омодаанд, хеле зиёд шудаанд. Яке аз чунин шахсиятҳо зани низомӣ, хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, подполковники Гвардияи миллӣ Қурбонова Маҳрамбӣ ба шумор меравад. Оид ба кору фаъолияти ин хизматчии ҳарбӣ суҳбате доштем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

– Лутфан, бигӯед, ки интихоби касби хизматчии ҳарбӣ амри дил буд ё тасодуф?

– Ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки як зани низомӣ, як зане мешавам, ки ба даст силоҳ гирифта, барои ҳимояи марзу бум бармехезад. Дар ҳаёти мо лаҳзаҳое ҳастанд, ки интизораш нестем. Орзуи духтури ҳарбӣ шуданро мекардам ва фикр мекардам духтури ҳарбӣ шудан, ин танҳо духтур шудан асту халос. Ман соли 1999 тибқи квотаи президентӣ ба ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино дохил шудам ва онро соли 2007 хатм кардам. Баъди хатми донишгоҳ маблағ барои гирифтани билети ҳарбӣ надоштам, барои ҳамин «ҳафтаи оянда омада мегирам» гуфтам. Тасмим гирифтам, ки ҳуҷҷатҳоямро дар роҳи оҳан супорам. Ҳафтаи оянда барои гирифтани билети ҳарбӣ омадам. Мудири кафедраи ҳарбӣ Холов гуфтанд, ки «ҷойи кор пайдо намудӣ? Агар пайдо накарда бошӣ, дар шаҳр беморхонаи ҳарбӣ мекушоянд, ҳамаи шароитҳояш фароҳам, пешниҳод мекунам, ки дар он ҷо кор кунед». Ман «фикр мекунам» гуфтаму рафтам. Тақдирро бинед, аз роҳи оҳан омадам, сардухтури он ҷо аз сактаи дил вафот карда буд. Ҳуҷҷатҳоямро гирифта пеши Холов омадам. Суроғаи беморхонаро ба ман доданд. Ҳуҷҷатҳоямро гирифта, ба он ҷо супоридам ва хушбахтона, қабул шудам. Аз 7-уми марти соли 2007 то ин ҷониб дар Гвардияи миллӣ кору фаъолият дорам.

– Лаҳзае шудааст, ки аз касби интихобнамудаатон пушаймон шуда бошед?

– Вақте аввалин бор ба беморхонаи ҳарбӣ ба кор омадам, хеле ҷавон будам, таҷрибаи корӣ надоштам. Аз уҳдаи ҳуҷҷатгузорӣ намебаромадам. Роҳбарамон шахси ҷиддӣ ва хоксор буданд. Аз як-ду ҳамкорам кӯмак пурсидам, вале ҳама дар фикри худ буданд. Кам одаме ёфт мешуд, ки ба каси дигар кӯмак кунад. Хуллас, ҳуҷҷатҳоямро ба таври худам, ҳар он чизе, ки медонистам, навиштам ва ба назди роҳбарам даромадам. Қабул накарданд. Дубора рафтам. Ин дафъа низ қабул накарданд. Ҳуҷҷатҳоро дарронда ба сарам партофтанд. “Аз ин ҷо рав, ин ҷо ҷойи ту нест” гуфтанд. Рафтам ва дар пештоқи бино ин мисраҳоро хондам, ки ба дубора кор омадани ман боис гардид:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавли Рум,

То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Танҳо дар ҳамин лаҳза мехостам тарки касб кунам.

– Аввалин боре, ки либоси ҳарбӣ ба бар кардед, чӣ гуна эҳсосе Шуморо фаро гирифта буд?

– Вақте ки духтар либоси ҳарбиро ба тан мекунан, оҷизу нотавон буданро фаромӯш месозад. Дар он лаҳза ҳисси миллии ҳар хизматчии ҳарбӣ баланд мешавад. Силоҳро, ки ба даст гирифтӣ, «ман ҳимоятгари ватанам, ватан ба умеди ман аст» мегӯӣ. Ҳар шахс наметавонад либоси ҳарбиро ба тан кунад ва аз уҳдаи масъулияти ба дӯш гирифтааш барояд. Падару бобоҳоямон мегуфтанд, ки “дарахт дар як ҷо сабз мешавад”. Дарахтро, ки дар як ҷо парвариш кардӣ, ҳосили фаровон медиҳад.

– Аз тарафи давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба Шумо чӣ ғамхориҳо зоҳир карда шудааст?

– Имрӯзҳо нисбати хизматчиёни ҳарбӣ ғамхориҳо хеле зиёд аст. Яке аз иқдомҳои шоистаи Пешвои миллат – ин бо хонаи истиқоматӣ таъмин намудани мо ба шумор меравад. Аз тарафи Пешвои миллат соли 2014 ба мо хонаи истиқоматӣ тақдим карданд.

Ҳамчун хизматчии ҳарбӣ сабаби аз хизмат даст кашидани ҷавононро дар чӣ мебинед?

– Пештар ҷавононро бодабдаба ва суруру шодмонӣ ба хизмат гусел мекарданд. Гов мекуштанд, тӯй мекарданд. Ҷавон як лаби нонро мегазиду ба модар медод. Модар онро то омадани писараш нигоҳ медошт. Таваҷҷуҳи духтарон ба писари хизмати модар – Ватан карда зиёд буд. Саркашӣ намудани ҷавонони имрӯза аз хизмати ҳарбӣ дар он аст, ки онҳо хизматро дигар хел тасаввур мекунанд. Яке аз сабабҳои саркаш намудани ҷавонон шабакаҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ фикру ақидаҳои бардурӯғ боиси рӯй гардонидани ҷавонон аз хизмат мешавад. Имрӯзҳо дар тамоми қисмҳои низомӣ барои ҷавонон ҳама шароитҳо муҳайё мебошад.

– Барои рафъи ин мушкилот ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ чӣ пешниҳод доред?

– Бисёр хуб мешуд, ки хизмати ҳарбӣ яксола шавад, яъне тамоми ҷавонон баъд аз хатми мактаб хизматро анҷом дода, баъд ба донишгоҳҳои олии кишвар ва хориҷ дохил шаванд.

Мусоҳиб:

Мижгона ШАРИФОВА

Добавить комментарий