(Мусоҳибаи ихтисосии хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Холиқи Муҳаммадназар бо муовини якуми Вазири маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон Мирбобоев Раҳматулло Мадаюбович)
— Саволи нахустинро мехоҳам аз дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намоям. Пешвои миллат дар Паёми худ ба Парлумон ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон иброз доштанд, ки “Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар”. Лутфан бигӯед, ки вазорат барои ҳалли мушкилоти мазкур чӣ иқдомҳоеро рӯи даст дорад ва масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар соли нави таҳсил то чӣ андоза ҳалли худро ёфтанд?
— Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи маориф ва дастрас гардидани таҳсилоти босифат ба шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон тадбирҳои муҳим меандешад. Дар иртибот ба ин, заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаро таҳким бахшида, амалишавии онро зери назорати доимӣ қарор медиҳад. Аз ҷумла, бо мақсади татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовара, фармоишу дастурҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон мунтазам дар раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ санҷиш гузаронида, натиҷаи онро дар мушовараҳои ҷорӣ ва сайёр баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта масъулинро муваззаф менамояд. Натиҷаи санҷишҳо ба шакли маълумотнома ҷамъбаст гардида, рафти иҷрои он назорат карда мешавад.
Инчунин, яке аз омилҳои беҳ гардидани сатҳу сифати дониши хонандагон таҳким бахшидан ба вусъати ҳаракати олимпӣ мебошад. Бо ин мақсад, аз ҷониби вазорат намудҳои гуногуни олимпиадаҳои фаннӣ ва зеҳнӣ гузаронида мешавад, ки он майлу рағбати хонандагонро ба омӯзиши амиқи фанҳо зиёд менамояд. Таҳлили олимпиадаи ҷумҳуриявӣ нишон дод, ки соли ҷорӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ 2370 нафар хонанда иштирок намуда, 654 нафар, аз ҷумла 123 нафар бо медали тилло (ҷойи якум), 203 нафар бо медали нуқра (ҷойи дуюм) ва 328 нафар бо медали биринҷӣ (ҷойи сеюм) сарфароз гардонида шуд. Аз аввали соли 2019 хонандагони кишвар дар 14 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Беларус, Тайланд, Россия, Малайзия, Руминия, Италия, Ҳиндустон, Латвия ва ИМА баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 198 медал, аз ҷумла 49 медали тилло, 55 медали нуқра ва 94 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 медал зиёд мебошад.
Дар баробари ин, ҷиҳати беҳтар гардонидани сифати таҳсилот тамоми омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ мутаносибан ба фанҳо аз курсҳои бозомӯзию такмили ихтисос вобаста ба низоми таҳсилоти босалоҳият гузашта истодаанд…
Ҳамзамон, омили дигари баланд бардоштани сифати таҳсилот — ин фароҳам овардани шароити мусоиди таълим мебошад. Вобаста ба ин, таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2017, №544 тасдиқ гардидани «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» маҳз ба ин мақсад равона гардидааст. Гузашта аз ин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон аз фанҳои дақиқ дар Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 дар як ҳафта барои фанҳои математика 50 соат, табиӣ (табиатшиносӣ, химия, физика, биология, экология, география ва асосҳои иқтисодиёт) 51 соат ва технологияи иттилоотӣ (синфҳои 7-11) 7 соат, дар маҷмуъ 108 соат ё худ 36,0%-и ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ҷудо гардидааст, ки ба амалӣ гардидани Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.10.2010, №89) мусоидат менамояд. Яъне, татбиқи барномаҳо дар муассисаҳо боис ба он мегардад, ки сифати таҳсилот боло равад.
Илова бар ин, таҷдиди барномаҳои таълимию стандартҳои фаннӣ, таҳияи китобҳои нави дарсӣ аз зумраи дигар тадбирҳоест, ки аз ҷониби масъулини вазорат андешида шуда истодааст.
Яке аз омилҳои дигари баланд гардидани сатҳу сифати дониши хонандагон таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ маҳсуб гардида, он ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия мусоидат менамояд.
Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ дар асоси “Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон”(бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2017, №262) дар 12 муассисаи таҳсилоти олӣ ва 17 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ, ки аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ мутахассис тайёр менамоянд, вобаста ба эҳтиёҷоти кадрӣ ҳамасола тақсимоти мутахассисони ҷавон гузаронида мешавад.
Бояд зикр намуд, ки ҳамасола раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ барои соли нави таҳсил оид ба эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ вобаста ба фанҳои таълимӣ ба Вазорати маориф ва илм дархост пешниҳод менамоянд ва мувофиқи дархости пешниҳодшуда вазорат донишҷӯёнро тибқи роҳхат ба муассисаҳои таълимӣ мефиристад.
Дар соли таҳсили 2019-2020 ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 4500 нафар мутахассиси ҷавон (равияи омӯзгорӣ) бо роҳхати Вазорати маориф ва илм сафарбар карда шуданд, ки аз соли нави таҳсил кору фаъолиятро дар муассисаҳои таълимӣ шуруъ менамоянд.
Тазаккур бояд дод, ки масъалаи ба кадрҳои омӯзгорӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зери назорати доимии Вазорати маориф ва илм қарор дорад.
Тадбирҳои андешидашуда ҳанӯз ҳам моро қаноатманд намесозад ва ҷиҳати татбиқи пурраи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат чораҳои дахлдор андешида мешавад.
— Дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ва муассисаҳои олии таълимӣ ба таври умумӣ чанд нафар омӯзгор аз кадом фан ва ихтисосҳо намерасанд?
— Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 123256 нафар омӯзгор, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 5775 нафар омӯзгор ва 221 нафар корманд, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 2508 нафар омӯзгор ва устоҳои техникии таълимию истеҳсолӣ ва 1307 нафар корманд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 11693 нафар омӯзгор ва 2069 нафар корманд, дар умум, 146829 нафар ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Тибқи ҳисоботи оморӣ, шумораи умумии магистрантон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ 6595 ва докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) 798 нафарро ташкил медиҳанд, ки 40%-и онҳо дар бахши илмҳои дақиқ, техникию технологӣ ва инноватсионӣ ба таҳсил ва илмомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Масъалаи тақсимот, ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ва таъмину бартараф намудани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ҳамасола дар ҷаласаҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм, маҷлисҳои назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода мешавад. Аз ин ҷост, ки масъалаи мазкур рӯз аз рӯз ҳалли мусбати худро пайдо намуда истодааст ва табиист, ки ин омил ба болоравии сатҳу сифати дониши хонандагон мусоидат менамояд.
Дар соли хониши 2018-2019 тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 5225 нафар омӯзгорони ҷавон ба ҷойи кор фиристода шуданд ва дар баробари ин,то анҷоми соли таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба 2692 нафар эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ ба миён омад. Вобаста ба эҳтиёҷоти бамиёномада барои соли таҳсили 2019-2020 тибқи роҳхати вазорат 4197 нафар хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои кор дар муассисаҳои таълимӣ ба шуъбаҳои маориф фиристода шуданд. Дар сурати ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисиони ҷавон эҳтиёҷоти кадрӣ бартараф мегардад.
— Ҷаноби Олӣ дар Паёми худ, инчунин, ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш доданд, ки “дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд”. Оё чунин лоиҳае омода шуд ва ё хайр? Вазорати маориф ва илми ҶТ бо мақсади иҷрои дастури Пешвои миллат ва барои баланд бардоштани сатҳи забономӯзии хонандагон, таълимоти забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ ва русӣ чӣ нақшаеро пиёда кардан мехоҳад?
— Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илм лоиҳаи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард. Инчунин, бо мақсади муайян намудани сатҳу сифати дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз фанҳои забони русӣ ва забони англисӣ моҳи марти соли 2019 гуруҳи корӣ таъсис дода, ба муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар намуд. Аз ҷониби гуруҳи корӣ дар 3803 синф (1865 синфи русӣ, 1938 синфи англисӣ) бо иштироки 78454 нафар (39166 нафар дар дарсҳои забони русӣ, 39288 нафар дар дарсҳои забони англисӣ) хонанда корҳои хаттӣ гирифта шуд.
Аз ҷамъбасти натиҷаи корҳои хаттӣ маълум гардид, ки дар синфҳои 9 ва 11 баҳои 4 ва 5 аз фанни забони русӣ 43,5% ва аз фанни забони англисӣ 35,7%, азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз фанни забони русӣ 75,8% ва аз фанни забони русӣ 76,2%-ро ташкил медиҳад, ки ин ҳанӯз моро қонеъ намесозад. Аз ин рӯ, бовар аст, ки бо қабуд гардидани барномаи мазкур сатҳу сифтаи таҳсил дар фанҳои зикршуда боло меравад.
— Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми ноябри соли 2018 озмуни муштаракеро бо се номинатсия — «Беҳтарин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ», «Беҳтарин муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ” ва “Беҳтарин муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» доир намуд, ки дар арафаи ҷамъбастшавӣ аст. Шумо рафти иштироки муассисаҳо дар озмуни мазкур ва муаррифии ҳаматарафаи муассисаҳоро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
— Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз ноябри соли 2018 озмуни беҳтарин муассисаи таҳсилоти олии касбиро роҳандозӣ намуд.
Ҷиҳати иштирок дар озмуни “Беҳтарин муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ” Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро огоҳ сохта, раванди гузаронидани озмунро ҳам назорат менамояд. Ин иқдоми Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон лоиқи дастгирӣ буда, дар баланд бардоштани обрӯю мақоми ин намуди муассисаҳои таълимӣ метавонад нақши хуберо дошта бошад.
Муассисаҳои таълимӣ ҳам муваззаф буданд, ки ба хотири тарғибу ташвиқи худашон миёни ҷомеа ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани сатҳи сифати дониш кӯшишу ғайрати бештаре намоянд, ҷиҳати ободу зебо намудан ва ба талаботи имрӯзи ҷомеа созгор намудани таълиму тарбия ва биноҳои таълимию хобгоҳҳо чораҳои зарурӣ андешанд. Раванди гузаронидан ва иштироки муассисаҳои таълимӣ моро қаноатманд намояд ҳам, вале дар заминаи ободсозӣ, сабзу хуррамгардонӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо технологияи ҳозиразамон корҳои зиёдеро бояд муассисаҳои таълимӣ анҷом диҳанд.
— Ба назари Шумо, оё сатҳу сифати таълим, ки алъон дар муассисаҳои олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ вуҷуд дорад, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра қонеъ мекунад ё ҳанӯз камбудиҳое вуҷуд доранд, ки бояд ислоҳ шаванд? Ба андешаи шахсии Шумо, мушкилии асосии соҳаи маориф айни замон кадом аст?
— Дар боло ҳам ишора шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагону донишҷӯён дар муассисаҳои таълимӣ меандешад, назорати сифати таҳсилотро ба роҳ мемонад ва вобаста ба он рейтинги муассисаро доир менамояд. Вале бояд таъкид намуд, ки сатҳи дониши хонандагону донишҷӯён дар доираи талаботе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, нигоҳ накарда ба он ҳама муваффақияту пешравиҳо, моро қонеъ карда наметавонад. Аниқтараш, сатҳи дониши хонанда ва донишҷӯи мо имрӯз бояд ба сатҳи боз ҳам баландтар ва ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳон ҷавобгӯ гардонида шавад. Ё худ, дар доираи таъкид ва дастуру ҳидоятҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа медоранд, хонанда ва донишҷӯ бояд бо технологияи ҳозиразамон пурра ошно бошад, якчанд забони хориҷиро донад ва баъд аз хатми коллеҷ ва ё донишгоҳ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷ аз он ҳам ҳамчун мутахассиси варзида фаъолият карда тавонанд.
Аз ин хотир, тамоми чораҳо андешида мешавад, ки сифати таҳсилот баланд ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони боз ҳам варзидаю дорои тафаккури баланд дар баробари дигар муассисаҳои таълимии кишвар нақши қавитарро гузоранд.
Дар баробари ин сатҳу сифати таҳсилоти касбӣ ва тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнати дохилу хориҷи кишвар дар меҳвари таваҷҷуҳи Вазорати маориф ва илм қарор дошта, пайваста баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳу усулҳои нави пешқадами муосири таълим, мустаҳкам ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани пояи моддию техникӣ, фарҳанги истифодаи технологияҳои иттилоотиву иртиботии муосир дар раванди таълим, ҷорӣ намудани ихтисосҳои нави вобаста ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва роҳ ёфтан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ қарор дорад.
Дар ин раванд, ҷиҳати ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздик кардани сифати таҳсилоти касбӣ, ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо субъектҳои бозори меҳнат, беҳтар гардонидани дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ дар онҳо, барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир зарурати сифатан рушд намудани низоми тайёр намудани онҳо пеш омадааст, ки он дар навбати худ аз ҷаҳонишавии низоми таҳсилот вобастагии амиқ дорад.
Таъмини таҳсилоти босифат дар шароити ҷаҳонишавӣ ва воридшавӣ ба фазои байналмилалии таҳсилот аҳамияти махсус дорад, зеро маориф ба вазифаи стратегӣ табдил ёфта, ҳалли он сатҳи устувории рушди иқтисоди миллӣ ва рақобатпазирии кишварро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян мекунад.
— Дар аксар муассисаҳои миёна дар рафти суҳбат муаллимон бештар аз ҳама аз кам будани маош ва бо таъхир дода шудани он шикоят карданд.
Масалан, директори Коллеҷи муҳандисии техникии Роғун Яъқубов Самараддин ба мо — рӯзноманигорон эрод гирифтанд, ки мушкилоти маоши омӯзгоронро инъикос намекунем. Эшон иброз доштанд, ки маоши омӯзгорони шаҳри Роғун баъзан то 5-6 моҳ тӯл мекашад ва касеро парвое нест. Ин мушкил роҳи ҳал дорад?
— Андозаи музди меҳнат ва зиёд шудани маош аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Коллеҷи муҳандисии техникии шаҳри Роғун муассисаи зертобеи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, маблағгузории ин муассиса аз тарафи вазорати мазкур пешбинӣ мегардад.
Бояд қайд кард, ки дарёфти маблағ, баланд бардоштани музди меҳнат, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани ҳолати физикии муассисаҳо ва чанд паҳлуи дигари вобаста ба маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, аз роҳбари худи муассиса вобастагӣ дорад. Роҳбари оқилу доно дар дилхоҳ муассиса танҳо маблағгузории буҷаро нигоҳ накарда, ҷиҳати дарёфти маблағ аз дигар сарчашмаҳо чора меандешад. Таҷрибаи дигар муассисаҳо нишон медиҳад, ки таъсиси паркҳои технологӣ, таҳияи лоиҳаҳои грантӣ, ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз роҳҳои дигари дарёфти маблағ барои муассисаи таълимӣ ба ҳисоб меравад.
— Вақте мо аз Донишгоҳи тиббии Хатлон дидан мекардем, бо донишҷӯёни зиёде ҳамсуҳбат шудем. Дар суҳбат бо мо чанд нафар аз донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Хатлон иброз доштанд, ки хеле мехоҳанд ба Донишгоҳи тиббии ба номи А. Сино интиқол ёфта, таҳсилашонро дар пойтахт идома диҳанд, вале Вазорати маориф ва илм ҳама гуна интиқолро аз Донишгоҳи тиббии Хатлон ба донишгоҳҳои дигар манъ кардааст. Лутфан мегуфтед, ки сабаби манъи интиқоли донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Хатлон ба донишгоҳҳои дигар чист?
— Тибқи талаботи банди 18-и Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (формоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.07.2016, №2122) «Интиқоли донишҷӯён дар курсҳои 2-5 аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар, ки ихтисосҳои (самтҳои) дар назди онҳо амалкунанда ба як гуруҳ (кластер) мансубанд, бо розигии ректорони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ» ба роҳ монда мешавад. Ҳоҷати ба унвонии Вазорати маориф ва илм муроҷиат намудан нест. Ҳолатҳои рад намудани интиқоли донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар низ дар вазорат ба қайд гирифта нашудааст.
— Баъзе донишҷӯёни соли сеюми ДДТХ, ки аввалин қабулшавандагонанд, иброз доштанд, ки шароити таҷрибаомузӣ дар муассиса ба талабот ҷавобгӯ нест ва онҳо бовар надоранд, ки бо чунин усули таҷрибаомӯзӣ дар оянда чун мутахассиси хуби соҳаи тиб ба воя расанд. Оё чунин имконияте вуҷуд дорад, ки дарсҳои амалии донишҷӯёни тиббии Хатлон дар ДДТТ ба номи А. Сино ва ё шифохонаҳои шаҳри Душанбе гузаронида шаванд? Вазорат барои баланд бардоштани сатҳи таълим ва дарсҳои амалӣ дар Донишгоҳи тиббии Хатлон дар оянда чӣ иқдомҳоро пиёда карданист?
— Бояд тазаккур дод, пеш аз он, ки дар ноҳияи Данғара Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис дода шавад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия беморхонаҳои бо техникаю технологияи муосир муҷаҳҳазгардонида ва мутахассисон — табибони варзида таъминкарда сохта ба истифода дода шуда буд. Яъне, вобаста ба стандартҳои муайяншуда барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён имрӯзҳо тамоми шароит муҳайё гардидааст.
Таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар давраи соли таҳсили 2018-2019 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оиинномаи ДДТХ», «Низомномаи таҷрибаомӯзӣ дар ДДТХ» ва нақшаҳои таълимӣ ташкил карда шудааст. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён қисми асосии таълим буда, барои тайёр кардани кадрҳои тиббии баландихтисос нақши муҳимро мебозад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи вохӯриҳояшон бо ҷавонон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доимо таъкид менамоянд, ки ба сифати таълим ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён диққати махсус дода шуда, барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён пойгоҳҳои беҳтарин ҷудо карда шавад.
Раёсати муассисаи таълимӣ таъкидҳои Президенти кишварро ба назар гирифта, ба раванди таҷрибаомӯзӣ ва иҷроиши малакаҳои амалии донишҷӯён дар донишгоҳ ва баланд бардоштани сифати он диққати махсус медиҳад. Раванди таҷрибаомӯзӣ доимо зери назорати роҳбарияти донишгоҳ қарор дорад.
Аз ин рӯ, таъкид менамоем, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯёни донишгоҳ дар беморхонаҳои марказии ноҳияи Данғара бо истифода аз техникаю технологияи муосири тиббӣ, ки муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, баргузор карда мешавад. Инчунин, назардошти омӯзиши фанҳои тахассусӣ дар муассисаи таълимӣ ба таври сиклӣ гузаронида мешаванд, аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино омӯзгорон-табибони дараҷа ва унвони илмидошта ва пуртаҷриба низ даъват карда мешаванд. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён тибқи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
— 24-уми январи соли ҷорӣ ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Одиназода Ҳайдар дар нишасти матбуотӣ аз он нигаронӣ кард, донишҷӯёне, ки тариқи квота донишгоҳро хатм кардаанд, аз ҷойи кор танқисӣ мекашанд. “Дар давоми 5 соли охир барои 54 нафар тариқи квота хатмкардагон мактуби раддияи ҳукумати ноҳия ба донишгоҳ ворид шудааст, ки аз онҳо 18 мактуб ба соли 2018 рост меояд, ки ташвишовар аст”. Оё эроди ректори ДТТ ва мушкилоти бо ҷои кор таъминшавии онҳое, ки тариқи квота қабул мешаванд, воқеан вуҷуд дорад? Умуман, масъалаи ба кор таъминшавии донишҷуёни квотавӣ дар чӣ сатҳ қарор дорад?
— Дар асоси банди 19-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2015, №428 «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки бо довталабони ба квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ноилгашта шартномаи сеҷониба (байни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, донишҷӯ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ) ба имзо расонанд ва дар асоси ин шартнома донишҷӯ бояд аз ҷониби ноҳияе, ки барои таҳсил фиристода шудааст, бо роҳхати вазорату кумитаҳо баъди хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сафарбар гардидаанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ се моҳ пеш аз хатми таҳсил ҷои кори онҳоро муайян намуда, онҳоро бо ҷойи кор таъмин намоянд.
Чунин ҳолатҳо ба чашм мерасад, ки раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин карда натавонистани хатмкардагони квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ба вазорату кумитаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мефиристанд, ки ин бар хилофи банди 19-и қарори мазкур мебошад. Бояд қайд намуд, ки квотаҳои мазкур бо мақсади таъмини муассисаҳои давлатӣ бо кадрҳои баландихтисос дар асоси дархости мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо мегарданд.
Дар умум, бояд гуфт, ки тамоми хатмкунандагони квотаҳои Президентӣ ва гуруҳҳои буҷавӣ бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.
— Ба ақидаи ректори ДТТ, вазорату корхонаҳое, ки бо квота сарукор доранд, оид ба тайёр намудани квота ба минтакаҳои гуногуни кишвар бояд аз рӯи мантиқ кор баранд. “Масалан он ихтисосе, ки дар он ноҳия ё минтақа ба кор намеравад, квота ҷудо накунанд. Сари ин масъала, хусусан, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Вазорати маориф ва илми кишвар андешаи дуруст кунанд”. Манзури ректор аз «аз рӯи мантиқ кор гирифтан» дар чист?
— Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ яке аз донишгоҳҳои базавии кишвар ба ҳисоб меравад, ки аз рӯи ихтисосҳои соҳаи техникӣ барои иқтисоиёти миллии кишвар мутахассис тайёр мекунад. Тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи танзимкунандаи муносибатҳои соҳаи маорифи кишвар ҳамасола аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллӣ нақшаи қабули донишҷӯёни тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эҳтиёҷоти минтақаҳо таҳия ва тасдиқ мегардад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи қонунгузорӣ қабули довталабонро барои соҳиб шудан ба квотаи Президентӣ дар шакли суҳбат гузаронида, беҳтаринҳо сазовори квотаи Президентӣ мегарданд.
Баъзан ба назар мерасад, ки баъзе аз шаҳру ноҳияҳо номгӯи ихтисосҳоеро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод менамоянд, ки эҳтиёҷ ба мутахассиси он ихтисос дар ҳамон шаҳру ноҳия нест.
Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм низ пайваста ба мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мактуб ирсол намуда, дархост менамояд, ки танҳо бо назардошти дурнамои эҳтиёҷи кадрӣ номгӯйи ихтисосоҳоро аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо дархост намоянд.
— Одиназода Ҳайдар ҳатто иброз дошт, ки вазорату корхонаҳои дахлдори соҳаи саноат ва технологияи навин ва Вазорати маориф ва илм барои ба ҷои кор таъмин кардани кадрҳои ин донишгоҳ беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Ин гуфтаҳо то чӣ андоза воқеиянд?
— Ба иттилои Шумо мерасонем, ки тибқи талаботи банди 4-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2015, №708 «Дар бораи Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1-уми декабр бо дарназардошти талаботи минтақаҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисон, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли таҳсили оянда аз рӯи ихтисосҳо тибқи тартиби муқарраргардида таҳия карда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Дар вақти таҳияи лоиҳаи нақшаи қабул Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо лоиҳаи нақшаи қабули ихтисосҳои соҳаи маорифро бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа мекунад ва ихтисосҳои соҳаҳои дигарро бо вазорату идораҳои соҳавӣ мувофиқа мекунад.
Тибқи Тартиби тақсимот ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо хатмкунандаи ихтисосҳои омӯзгориро тибқи роҳхат бо кор таъмин менамояд, ки дар боло ишора кардем.
— Коршиносони Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон се ихтисоси амалкунандаи ДДҲБСТ-и Хуҷандро мавриди баррасӣ қарор дода, барои дарёфти аккредитатсия ё шаҳодатномаи мақоми байналмиллалӣ эътироф намудаанд. Минбаъд дипломҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар тамоми дунё эътироф хоҳанд шуд. Боз дипломҳои кадом донишгоҳҳои мо шаҳодатномаи мақоми байналмилалиро доранд?
— Гузаштани муассисаи таълимӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ василаи воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ буда, ба муассисаи таълимӣ имкон медиҳад, ки дар феҳрасти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта роҳ ёбад ва дорои сертификати байналмилалӣ гардад. Аккредитатсияи байналмилалӣ яке аз роҳҳои мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ, ихтисосҳои муассисаи таълимӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани мақом ва рақобатпазирии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба шумор меравад.
Дар соли 2019 ба 3 ихтисос — ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки аз аккредитатсияи Муассисаи ғайритиҷоратии “Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг”-и Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронида шуда буд, санаи 22-юми июни соли 2019 дар Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз ҷониби намояндагони агентии мазкур ба ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Сертификат супорида шуд.
Гузашта аз ин, раванди аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар доираи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии назорати сифати таҳсилоти Эстония (ЕККА) амалӣ гашта истодааст.
Дар баробари ин, дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар низ дорои сертификати байналмилалӣ мебошанд.
— Оё рост аст, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ аз 1-уми сентябри соли 2019 ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ табдил дода мешавад?
— Тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда табдил додани Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидааст. Дар сурати табдили ном ва дигар кардани мақоми донишкада Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ чораандешӣ хоҳад намуд.
— Шариф Раҳимзода — вакили порлумон иброз дошт, ки “замоне фаро расидааст, ки ба фанҳои дақиқ бояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем”. Ҳоло таносуби таълими фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ дар макотиби Тоҷикистон чӣ гуна аст? Оё дониши толибилмони тоҷик аз фанҳои дақиқ Шуморо қонеъ мекунад?
— Воқеан, масъалаи ишоракардаи Шариф Раҳимзода бамаврид ва муҳим аст. Аслан нуктае, ки Ш. Раҳимзода ба миён гузоштааст, нав нест. Агар тамоми Паёму баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бодиққат хонем, мебинем, ки «Омӯзиши илмҳои муосир (табиӣ — риёзӣ), забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои нав» ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари кишварамон аст. Дар робита ба ин, Ҷаноби Олӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур ҳам додаанд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро андешида истодааст, ки масъалаи мазкурро ҳал намояд ва вобаста ба амалӣ кардани ин нукта тадбирҳои мушаххас андешад. Kop аз ташкили равияҳо оғоз гардидааст, ки Вазорати маориф ва илм дар нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иловаи равияҳои ҷамъиятӣ — гуманитарӣ равияҳои табиӣ — математикӣ барои соҳаи физикаю математика, табиӣ-математикӣ барои соҳаи биология ва география, табиӣ-математика барои соҳаи химия ва биология, технология ва ғайраҳоро пешниҳод намудааст. Яъне, заминаи ҳуқуқиро муҳайё сохтааст, ки таълим бо назардошти бартарии фанҳои дақиқ сурат гирад. Масъалаи ба илмҳои дақиқ ҳавасманд гардонидан ба сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маориф ва сарварони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояту шаҳру ноҳияҳои кишвар марбут аст. Заминаи асосии бедор кардани шавқи хонандагон ба фанҳои дақиқ асосан дар мактабҳо гузошта мешавад. Бояд дар мактабҳо кӯшиш кунанд, ки равияи табиию математикӣ бештар ташкил карда шавад.
Тавре ишора карда шуд, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии муқаррарӣ таносуби соатҳо қариб баробар аст. Таносубро ба ҳисоб гирифтан асосан дар равияҳои таълим амалӣ мегардад ва ин кор дар равияи табиӣ-математикӣ пурра ба ҳисоб гирифта шудааст (масалан, дар равияи табиӣ-математикӣ ба фанҳои гуманитарӣ 11 соат ва ба фанҳои табиӣ-математикӣ 18 соат бахшида шудааст).
— Mo бо нафаре ҳамсуҳбат шудем, ки Донишкадаи забонҳоро бо дипломи аъло бо ихтисоси тарҷумони забони англисӣ хатм кардааст, вале ӯро чун омӯзгор ба кор нагирифтаанд. Зеро, агарчи ӯ тарҷумони хуби забони англисӣ аст, маълумоти педагогӣ надорад. Оё хуб нест, ки ба фаъолияти чунин нафарон дар мактабҳои миёна иҷозат дода шавад?
— Бо мақсади ба кадрҳои ихтисосманди омӯзгорӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамасола дар муассаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (равияи омӯзгорӣ) тақсимоти хаткунандагон гузаронида мешавад, ки хатмкардагон бо роҳхати Вазорати маориф ва илм аз рӯи ихтисос ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои кору фаъолият фиристода мешаванд. Мақсади асосӣ — ин сол ба сол бо кадрҳои баландихтсоси омӯзгорӣ таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ буда, дар тамоми муассисаҳо омӯзгорон на аз рӯи теъдод, балки вобаста ба қобилияту сатҳи дониш ба кор қабул карда мешаванд. Яъне, мақсад — ин кам намудани омӯзгорони ғайриихтисос ва ғайриомӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Пешаи омӯзгорӣ бисёр пешаи ҳассос ва мушкил аст. Омӯзгорро табиби руҳи инсон меноманд. Барои фаъолият кардан дар ин пеша касро зарур меояд, ки пеш аз ҳама педагогикаю психологияи мактабиро хонад ва бо кӯдак кор карда тавонад.
— Аз деҳаи Бӯстон, ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент ба редаксияи «Фараж» мактуб омад, ки 25 сол боз деҳаи онҳо бемактаб аст ва муроҷиатҳои пайвастаи онҳо ба мақомоти дахлдор натиҷае намедиҳад. Лутфан бигӯед, ки дар ояндаи наздик оё нақшаи бунёди мактаб дар ин деҳа ба нақша гирифта шудааст ё хайр? Умуман, дар миқёси ҷумҳурӣ, дар соли равон чанд мактаби нав сохта ба истифода дода шуд?
— Аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ҷиҳати сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва кам намудани теъдоди иншооти нотамоми соҳаи маориф рӯйхати пешакии иншооти сохташаванда таҳия гардидааст ва сохтмони мактаб аз ҳисоби Фонди Кyвайтӣ дар деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент ба рӯйхати болозикр ворид карда шудааст.
Агар ба раванди сохтмони муассисаҳои талимӣ ва таъмини хонандагон ба ҷойи нишаст дар солҳои соҳибистиқлолӣ назар андозем, маълум мегардад, ки тӯли солҳои 1991-2018 дар қаламрави ҷумҳурӣ 2736 бинои мактаб ва бинои иловагӣ дар назди мактабҳо барои 580410 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст. Соли равон бошад, тибқи омори раёсату шуъбаҳои маориф дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 27 бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 5783 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуд. Инчунин, дар назар дошта шудааст, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 56 бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинои иловагӣ барои 11974 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шавад. Ҳамзамон, тибқи нақша то охири соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 124 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимӣ барои 27101 ҷойи нишаст дар як баст дар назар дошта шудааст.
— Таманниёти Шумо ба ҳаводорони илму адаб ва хонандагони нашрияҳои мо чист?
— Имрӯз, ки мо дар остонаи оғози соли нави таҳсил — «Рӯзи дониш», таҷлили «Рӯзи китоб» ва истиқбол аз солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон қарор дорем, ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, хусусан, кормандону омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён ва умуман, алоқамандони соҳа, инчунин, хонандагони нашрия таманнои онро дорам, ки Тоҷикистони азизу биҳиштосои мо ҳамеша ободу гулафшон, Истиқлолияти давлатӣ безавол бошад ва ҳамбастагиву таваҷҷуҳи сокинонаш бо маърифату донишу хирад ҳарчи бештар гардад. Ба кулли мардуми кишвар тани сиҳат, хотири ҷамъ, хонаи обод ва муваффақиятҳои нав ба навро дар кору рӯзгорашон орзумандам.