Тибқи анъанаҳои неки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳар чорабиниҳои сатҳи гуногун дар саҳни донишгоҳ дастовардҳои ин боргоҳи илм намоиш дода мешавад. Гӯшае аз ин намоишгоҳ инъикосгари эълон гаштани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мебошад, ки дар он дастовардҳои бонуи пурҳунар Аспармо Мавлоназарова гирдоварӣ мешаванд. Мо тасмим гирифтем, ки дар партави эълон гаштани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо бонуи пурҳунар, модари мушфиқ ва роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Назира», инчунин, сармутахассиси Осорхонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аспармо Мавлоназарова ҳамсуҳбат шавем.

 — Муаллимаи азиз, мегӯянд, ки ҳунар зевари инсон аст. Мехостем дар мавриди мавқеи зан дар ҷомеа ва ҳунару ҳунармандӣ миёни бонувон назари Шуморо бифаҳмем.

— Қаблан ман ифтихор аз он дорам,  ки дар кишвари соҳибистиқлол зиндагӣ дорему сарварии онро фарзанди фарзонаи миллат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш доранд. Ифтихор аз он дорам, ки Пешвои миллат нисбат ба зан — модар эҳтироми хоса доранд. Фикр мекунам, маҳз ғамхорию кӯшишҳои Пешвои миллат аст, ки мавқею мартабаи бонувони мо дар радифи бонувони кишварҳои пешрафтаи дунё қарор доранд. Пешвои миллат зимни ҳар як вохӯриашон бо бонувони ҷумҳурӣ диққати тамоми ҷомеаро ба баланд  бардоштани манзалати зан дар ҷомеа ҷалб намуда, дар самти фаъолияти онҳо тадбирҳои муҳимеро роҳандозӣ менамояд.

Имрӯз барои занон дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо дар фатҳи қуллаҳои илму маърифат, ҳунару истеъдод ва дигар самтҳои фаъолият ягон монеае нест. Зани тоҷик имрӯз сиёсатмадору ходими давлатӣ олимаву шоира, дӯзандаву бофанда, омӯзгору табиб ва аз ҳама муҳимаш тарбиятгари насле мебошад, ки ояндаи кишварамон дар дасти онҳост.

Хушбахтона, дар кишвари офтобрӯяи мо баробарҳуқуқи занон ва мардон таъмин гардида, Пешвои миллат ҳар чи бештар равона намудани нерӯ ва хиради азалии модари тоҷикро барои пешбурди инкишофи  диёри зебоямон тақозо менамоянд. Бо рӯй овардани бонувон ба ҳунармандӣ, пеш аз ҳама, сатҳу сифати зиндагӣ беҳтар мегардаду ҳисси зебопарастӣ миёни мардум зиёда мешавад, ки дар натиҷа сатҳи зиндагии мардум ранги дигарро касб мекунад.

— Шумо роҳбарии Ташкилоти ҷамъиятии «Назира»-ро бар дӯш доред. Фикр мекунам, ки роҷеъ ба таърих ва фаъолияти ташкилоти мазкур ба хонандгогони нашрияи «Самак» маълумот додан аз аҳамият холӣ нест.

— Ташкилоти ҷамъиятии «Назира» соли 2003 таъсис ёфта, занон ва  ҷавондухтаронро ба ҳунаромӯзӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, муҳрасозӣ ҳидоят менамояд. Он то имрӯз дар барқарор кардани суннатҳои  мардумӣ ва такмили донишҳои ҳуқуқиву ҳунаромӯзии бонувон саҳми муносиб дорад.

Мутобиқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ман бо як зумра бонувони  ҳунарманд Ташкилоти мазкурро таъсис додам. Хушбахтона, имрӯз маҳсулоти дастии бонувони ҳунарманди мо хеле зиёданд ва ин ба буҷаи хонаводаи бонувони ҳунарманд даромади хубе меорад. Маҳсулоти дастии бонувони мо дар намоишҳои ватанию хориҷӣ баҳои баланд  мегиранд. Масалан, маҳсулоти ташкилот дар баробари дигар ҳунармандони тоҷик дар шаҳрҳои Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон, Оши Ҷумҳурии Қирғизистон, дар «Корвони ҳунар»-и Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба маърази тамошо гузошта шуда, диққати хориҷиёнро ба худ ҷалб кардаасту харидорони зиёдеро пайдо намудааст. Илова бар ин, бояд махсус зикр кунам, ки маҳсули дастам, яъне эҷоди сарпӯши нави бадахшонӣ, ки он бо рангҳои сафед, сиёҳ ва хокистаранг бофта мешавад, соли 2012 сазовори нишони «Сифат» аз ҷониби созмони ЮНЕСКО гардид. Имрӯз маҳсулоти мо омодааст ва ба харидорон пешниҳод шудааст. Хоҳишмандон метавонанд дастрас кунанд.

— Муаллимаи азиз, ба андешаи Шумо ҳунар чист?

— Фикр мекунам ба ин савол бузургони сухан хуб посух гуфтаанд. Чунончи:

Ҳунар шерозаву ҷузъи саодат ҳаст инсонро,

Бувад бе қадр ноқобил агар фарзанди Ҷамшед аст.

Ва ё ин:

Аз баҳри ҳуқуқи хеш мекӯш, эй зан,

Бинмой зи иффату шараф ҷома ба тан.

Аз илму ҳунар вуҷуди худ зиннат кун,

То марди накӯ бипарварӣ дар доман.

— Вақте ба маҳсули дастони Шумо назар мекунем, бештар намуди ҷӯробҳои бадахшонӣ ба чашм мерасад. Хуб мешуд, ки оид ба тарзи омода ва бофтани онҳо чанд сухане мегуфтед.

— Маврид ба зикри хос аст, ки Тоҷикистон аз растаниҳои гуногун бой аст. Растанӣ ва дарахтҳои рангдиҳанда, ки ба воситаи онҳо пашм — ресмон ранг карда мешавад, дар ҳар як минтақаи ҷумҳурӣ, хусусан дар куҳҳои Бадахшон зиёд ба чашм мерасанд. Масалан, арча як навъи дарахт ё буттаи ҳамешасабз мебошад. Меваи буттагии пухта нарасидаи арча ба абрешим ранги сафедчаи баланд ва ранги зарди гандумӣ медиҳад. Баргаш бошад ба пашм ранги асалӣ, гулобӣ, ҷигарӣ ва чормағзӣ медиҳад. Барги чормағз бошад, ба пашм ва абрешим рангҳои регчатоб, қаҳваранг, қаҳваранги сиёҳро медиҳад. Барг ва решаи дарахти тут бошад, ба пашму абрешим ранги зардро медиҳад. Мағзи дарахт (дилаки  дарахт)-и тут рангҳои зард, зарди сабзачатоб, зайтунӣ, қаҳваранг, зарди қаҳварангро медиҳад.

Дар рангкунии пахта растаниҳо зиёд истифода мешавад. Ба ин мисол шуда метавонад: барги чукрӣ-рангҳои гулобӣ, сиёҳ, решаи кавар — ранги сабзи тирагун, испанд — тобишҳои гуногуни ҷиллодори рангҳои зард, ҷигарӣ, гулобӣ, ғурии писта — ранги сиёҳтоб, (малиновый) сурхи тира,  ҳино — ранги сурхи ҷигарӣ, гандум — ранги сурхи баланд ва ғайра.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҷӯробҳои бадахшонӣ таърихи қадима дорад, аз қадим дар 3 намуд бофта мешавад: ҷӯроби кӯтоҳ, ҷӯроби то зону ва ҷӯроби аз зону боло. Гулҳои ҷӯроби бадахшонӣ ба худ ному намуд доранд, аз қабили кузагул, шамшод, пари товус, алов, синаи боз, чангак, чапдузӣ, гандумак, лола, камонак, дарахтак, нохуни паланг, пайи гаждумак, қолингулак, катагул, ошиқу маъшуқ, муслим, холхолак ва ғ. Дар умум, мутахассисони соҳа 45 намуди гулҳои чӯробҳои бадахшониро муайян кардаанд.

— Муаллимаи азиз, аз нигоҳи Шумо зан бояд чӣ гуна бошад? Ҳамчун як зани корозмуда, маслиҳати Шумо ба бонувони кишвар чист? 

Ба духтарон, ки модарони оянда мешаванд, ҳунарманд буданро орзу дорам. Беҳуда нагуфтаанд: «Ҳунар зевари инсон бувад…». Бузургон занро беҳуда шаҳсутуни хона нагуфтаанд. Зан бояд ҳунарманд бошад, зеро он дар оила мақоми махсусеро доро мебошад. Маслиҳат ва ё таманниёти ман ба бонувон ин аст, ки ҳамеша зебо бошанд. Бо малоҳати занӣ дар худ асрореро нигоҳ доранд, ки маҳбуб хоҳони кашфи он бошад. Зан — модаре бошед, ки дар тӯфони зиндагӣ барои маҳбуб ва фарзандон  паноҳгоҳи орому дилхоҳ бошед. Ҳамеша ботамкин бошанду зебоӣ, навозишу меҳрубониро хислати худ гардонанд. Ба ҳунару ҳунармандӣ завқ банданд, зеро зани ҳунарманд фозил аст ва ӯ метавонад маҳбубро шефтаи худ гардонад.

— Муаллимаи гиромӣ, сипоси фаровон барои суҳбати пурмуҳтаво!

— Саломат бошед!

 Суҳбаторо: Нигора ХУДОЙДОДОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here