Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба мақоми муовини вазири хоҷагии оби кишвараш Воҳидҷон Муҳаммадҷонович Аҳмадҷоновро таъйин кард. Вай то ба ин мақом таъйин шудан роҳбари маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва захираҳои Вазорати хоҷагии обро бар ӯҳда дошт.

Гуфта мешавад, мувофиқи қарори раёсатиҷумҳур  “Дар бораи чорабиниҳои минбаъд такмил додани системаи идоракунии захираҳои об” аз 9 октябри соли 2019 ҷонишини нави вазир масъулияти бахши рушди инноватсионии обёриро бар дӯш хоҳад дошт.

Ҳамчунин, дар амал татбиқ намудани натиҷаи пажуҳишҳои илмӣ, усулҳои пешқадами идоракунӣ ва баҳрабардорӣ аз иншоотҳои бахши обёрӣ аз масъулиятҳои бевоситаи ҷонишини нави вазири обёрии Ҷумҳурии Ӯзбекистон арзёбӣ мегардад.

Моҳи феврали соли 2018 бо амри Шавкат Мирзиёев Вазорати кишварзиву обёрӣ  ба ду идора  тақсим шуд. Аз ҳамон вақт Вазорати кишоварзӣ ва Вазорати обёрӣ минбаъд ҳамчун ду бахши алоҳида ба фаъолият шурӯъ кардаанд.

Қобил ба ёдоварист, ки Воҳидҷон Аҳмадҷонов соли 1979 дар деҳаи Демирсади ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби деҳа дар Донишгоҳи ирригатсия ва мелиоратсияи Тошканд таҳсил кардааст.

Баъди таҳсил ӯ ба Вазорати обёрӣ барои кор ҷалб шудааст. Чанд сол дар Бунёди байналмилалии наҷоти Арал, мақараш дар Тошканд, яке аз вазифаҳои масъулро низ бар дӯш доштааст.

Дар ҳамин ҳол раёсати Ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон ва Ӯзбекистон”-ро вазири обёрии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев бар дӯш дорад. Воҳидҷон Аҳмадҷонов узви раёсати ин ҷамъияти дӯстӣ мебошад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here