Раиси Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон Мирзоулуғбек Абдусаломов рӯзи душанбе дар ҷараёни як брифинг натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ ва ниҳодҳои маҳаллии кишварашро эълон кард.
Мувофиқи гуфтаи ӯ, рӯзи якшанбеи гузашта, яъне 5-уми январи соли равон, дар 1730 ҳавзаи марбути 25 қитъаи интихоботӣ барои интихоби депутатҳо ба Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ниҳодҳои маҳаллӣ овоздиҳии такрорӣ гузаронида шуд. Дар он ба ҷои 3 миллиону 147 ҳазору 70 нафар 1 миллиону 978 ҳазору 48 нафар овоздиҳанда ба назди қуттиҳои овоздиҳӣ ҳозир шуданд.
Гуфта мешавад, ки ин шумори райъдиҳандагон 62 дарсади рақами умумиро ташкил мекунад. Ҳамчунин, барои интихоби депутатҳои шӯрои вилоятӣ дар 1 ҳазору 104 ҳавзаи марбути 95 қитъаи интихоботӣ низ овоздиҳии такрорӣ баргузор карда шуд.
— Дар овоздиҳии такрорӣ номзадҳои панҷ ҳизби сиёсӣ ширкат карданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти умумии овоздиҳии интихоботи 22-юми декабр ва овоздиҳии такрорӣ Ҳизби либерал-демократ 53 курсӣ, Ҳизби демократии “Эҳёи миллӣ” 36 курсӣ, Ҳизби сотсиал-демократи “Адолат” 24 курсӣ, Ҳизби халқӣ-демократӣ 22 курсӣ ва Ҳизби экологӣ 15 курсии Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ишғол карданд, — гуфт Мирзоулуғбек Абдусаломов.
Дар миёни 150 нафар депутати Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар ду давраи овоздиҳӣ ба ин мақом интихоб шуданд, танҳо 3 нафарро шаҳрвандони тоҷиктабори Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил медиҳанд. Аз шумори умумӣ 130 ё 87 дарсади умумии депутатҳои парлумон аз намояндагони миллати ӯзбек иборатанд. Русҳо ва қароқалпоқҳо 5 нафарӣ, қазоқҳо 3 нафар, корейиҳо 2 нафар, туркманҳо 1 нафар ва қирғизҳо 1 нафар намояндаи худро дар Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон соҳиб мебошанд.
Синни депутатҳои ба парлумон интихобшуда аз 26 то 71-соларо ташкил мекунад. 18 курсии пурлумон насиби занҳо шуд. Ба депутатҳои интихобшуда дар рӯзҳои наздик нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи депутатӣ супурда хоҳад шуд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд