Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар як қатор минтақаҳое, ки сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва вазъи эпидемиологӣ мӯътадил мебошад, маҳдудиятҳои қарантинро лағв мекунад. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои ин манбаъ Шавкат Мирзиёев гуфтааст, дар шароити дунёгиршавии коронавирус табиист, ки сафи бекорон меафзояд ва мардуми зиёд ба ёрии молӣ эҳтиёҷи бештар пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, барои фароҳам овардани ҷойи кор ва ҷилавгирӣ аз бӯҳрони иқтисодии мамлакат дар баъзе минтақаҳои аз сирояти коронавирус холӣ, ҳамчунин бо дарназардошти риояи сахти қоидаҳои гигиенӣ, корҳои сохтмонӣ аз сар гирифта мешаванд.

— Мо дорои захираҳо ва имкониятҳои фаровон мебошем. Барои ҳамин метавонем аз ҳар нигоҳ мардуми худро дастгирӣ кунем ва иқтисодиётамонро аз вартаи бӯҳрон наҷот диҳем, — гуфтааст Шавкат Мирзиёев.

Интизор меравад, ки дар баъзе минтақаҳои холӣ аз коронавирус дубора ҳаёт ба маҷрои қаблии худ бармегардад ва иддае аз аҳолии ин кишвар дубора машғули кору зиндагии худ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Ӯзбекистон дар давраи қарантин аз Бунёди зиддибӯҳронии худ барои иҷрои корҳои сохтмони инфрасохторҳои муҳандисӣ-коммуникатсионӣ 1,5 триллион сӯм ихтисос додааст. Гуфта мешавад, ин маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои обрасонӣ ва сохтмони роҳҳо масраф хоҳанд шуд.

Чун кишварҳои дигари мусалмонӣ дар Ӯзбекистон низ 24-уми апрел моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад. Президент Мирзиёев дар ин робита гуфтааст, ки дар ин моҳи муқаддас пуштибонӣ аз оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд кори хайру савоб аст.

Вай пешниҳод кардааст, ки як созмони ҷамъиятӣ таҳти номи Ҷунбиши умумимардумии “Меҳрубонӣ ва пуштибонӣ” таъсис дода шавад, ки  маҳз дар моҳи шарифи Рамазон ба хонаводаҳои ниёзманд дасти ёриву саховат дароз кунад.

— Месазад, ки ҳар як соҳибкор барои дастгирии чанд хонаводаи камбизоату эҳтиёҷманди ҳудуди фаъолияташ ӯҳдадор шавад, — изҳор кардааст президенти Ӯзбекистон.

Ба гуфтаи ӯ, ин кумакҳо аз ҳисоби маблағҳое анҷом дода хоҳанд шуд, ки соҳибкорон онро барои баргузории ифторҳо ихтисос доданианд. Дар он сурат давлат низ ба ин соҳибкорон ҷиҳати пардохти андозҳо, гирифтани қарзҳо ва дастрасии онҳо ба захираҳои зарурӣ як қатор имтиёзҳо фароҳам меорад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустии Ӯзбекистон теъдоди ба коронавирус сироятшудагонро дар ин кишвар 1657 нафар арзёбӣ кардааст, ки аз онҳо 261 нафар саломатии худро барқарор кардаанд. Гуфта мешавад, ки то ин замон панҷ нафари сироятшудаи коронавирус дар Ӯзбекистон вафот кардаанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here