Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод кардааст, ки коргузориҳо дар ин кишвар танҳо ба забони давлатӣ, яъне ӯзбекӣ, сурат гиранд. Гуфта мешавад, роҳбарони идораҳое, ки дар он коргузорӣ ба забонҳои ғайридавлатӣ сурат мегирад, ба ҷаримаи маъмурӣ кашида шаванд.

Миқдори ҷарима низ пешниҳод гардидааст. Он аз ду то панҷ воҳиди арзиши ҳисобу китоби базавӣ муқаррар хоҳад шуд. Дар айни ҳол як воҳиди арзиши ҳисобу китоби базавӣ дар Ӯзбекистон 286 ҳазору 300 сӯм, ё муодули 28-30 доллари амрикоиро ташкил мекунад.

Мувофиқи моддаи 4-уми Қонуни асосии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин мамлакат забони давлатӣ забони ӯзбекист.

Дар моддаи 9-уми Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон” қайд шудааст, ки дар ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ ва идорӣ кордорӣ ба забони давлатӣ бурда мешавад ва ҳангоми зарурат тарҷумаи он ба забонҳои дигар таъмин мегардад.

Аммо дар қонунгузориҳои ин кишвар нишон дода нашудааст, ки вайронкунандагони ин моддаҳои Қонуни асосӣ ва Қонуни забони давлатӣ ба ҷазои маъмурӣ кашида мешаванд.

Бино ба Вазорати адлияи Ӯзбекистон бо вуҷуди мавҷудияти қонунҳои мутазаккира дар баъзе идораву муассисаҳои давлатӣ коргузорӣ ба забонҳои дигар низ сурат мегирад. Ин тарзи коргузорӣ эҳтиром ва таваҷҷӯҳ ба забони давлатиро коҳиш медиҳад.

Бар асоси дастури Ҳукумати ҷумҳурӣ дар лоиҳаи нави Кодекс “Дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ” пешбинӣ шудааст, ки шахсони масъули идораву муассисаҳо бояд зимни коргузорӣ риояи забони давлатиро таъмин кунанд.

Гуфта мешавад, дар акси ҳол онҳо аз ду то панҷ воҳиди арзиши ҳисобу китоби базавӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Дар моддаи 4-уми Қонуни “Забони давлатӣ” чунин омадааст: “Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар қаламрави он сукунат доранд, шароити омӯзиши забони давлатӣ фароҳам оварда шуда, эҳтиром нисбати забони миллатҳову қавмҳо таъмин мегардад, барои рушди ин забонҳо низ мусоидат мешавад”.

Ҳамзамон, дар банди дуюми моддаи 8-уми ин қонун омадааст, ки дар ҷойҳои зиндагии дастаҷамъонаи миллатҳои алоҳида ҳуҷҷатҳои ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва идорӣ ба забони давлатӣ ва забони ҳамон миллат пазируфта ва эълон карда мешавад.

Дар айни ҳол маълум нест, ки зимни қабули лоиҳаи нави Кодекс дар мавриди миллатҳои дигари маскуни ин кишвар ва коргузорӣ ба забони онҳо, аз ҷумла тоҷикӣ, чи иқдоми тоза сурат хоҳад гирифт.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here