Дар ин рӯзҳо, ки коронавирус ҷомеаи ҷаҳониро ба нигаронии сахт мувоҷеҳ кардааст, даҳҳо саховатмардони деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона, ки дар минтақаҳои мухталифи Русия ба кору тиҷорат машғуланд, ба ваҳдат омадаву барои дастгирии мардуми эҳтиёҷманди зодгоҳашон камари ҳиммат бастаанд.
Гуфта мешавад, ки мақсаду мароми асосии ин муҳоҷирони корӣ расонидани кумакҳои молӣ ба аъзои хонаводаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд мебошад.
Муҳоҷирон барои амалӣ намудани ин иқдоми наҷиб дар телеграм “Хайр дар роҳи Аллоҳ” ном гурӯҳи вижа таъсис додаанд. Маблағҳое, ки аз муҳоҷирони ҳушёрии кунҷу канори Русия ба корти махсуси яке аз дастандаркорони ин гурӯҳ интиқол меёбад, ба ҳисоби нақд ба деҳа ирсол мегардад.
— Дар айни ҳол, ду-се нафар фаъоли деҳ барои тақсими орду равған ва маҳсулоти дигари мавриди зарурати одамони эҳтиёҷманд масъул интихоб шудаанд. Аллакай аз ин иқдоми неки фарзандони деҳ одамони зиёд баҳраманд шуданд. Деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯх дар баробари орифону уламоҳои зиёд “Баҳодури тоҷик” — ҳамон Тешабой Одилови қаҳрамонро зодаву парвардааст, ки дар васфаш адибони зиёд асарҳо эҷод кардаанд. Вай ҳамеша мояи ифтихори мардуми Ӯзбекистону Тоҷикистон мебошад, — мегӯяд яке аз омӯзгорони бознишастаи деҳаи Ҳушёр Қодирбек Амирбеков.
Ба гуфтаи мавсуф дар айни ҳол маблағҳои хоси ирсолнамудаи муҳоҷирони ҳушёрӣ даҳҳо ҳазор рубли русиро ташкил мекунад. Қодирбек Амирбеков мегӯяд, дар ивази ин маблағҳои ирсолгашта даҳҳо халта орд ва ба миқдори зиёд равған, ҳамчунин, маҳсулоти дигари мавриди эҳтиёҷи шахсони ниёзманд дастрас карда шуд.
Интизор меравад, ки иттиҳод бастани муҳоҷирони корӣ танҳо дар ин давраи мушкил ва пурмашаққат ба охир нахоҳад расид. Гуфта мешавад, ки бо ба эътидол омадани вазъияти кунунӣ ва рафъи офати коронавирус муҳоҷирони кории деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯх барои аз зери замин кашидани оби нӯшиданӣ, ободии деҳа ва дастгирии ҳамешагии ниёзмандон дар Русия маблағ ҷамъоварӣ ва ба деҳа ирсол хоҳанд кард.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд