Аз соати 6-и субҳи 30-юми март то соати 1-и шаби 20-уми апрел дар саросари Ӯзбекистон истифода аз нақлиёти шахсӣ мамнӯъ аст. Дар ин бора Комиссияи махсуси ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавируси Ҷумҳурии Ӯзбекистон иттилоъ дод.

Тибқи тасмими Комиссияи махсус онҳое метавонанд аз нақлиёт истифода баранд, ки дар шишаҳои пешу паси мошинҳои онҳо варақаи хоси иҷозатнома мавҷуд бошад. Ин иҷозатномаро Марказҳои хизмати давлатӣ медиҳанд.

Ба ин мошинҳо гирифтани иҷозанома мумкин аст:

-мошинҳои хизматии ташкилоту муассисаҳое, ки ба фурӯш ва ҳамлу нақли маводи хӯрокворӣ, дорувор ва маҳсулоти дигари тиббӣ машғуланд. Ба роҳбарони ин ташкилоту муассисаҳо иҷоза дода мешавад, ки аз мошинҳои шахсии худ низ истифода кунанд.

-мошинҳои шахсони юридикӣ ва воқеии машғул ба фаъолияти доруфурӯшӣ, ҳамчунин истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти гигиенӣ-санитарӣ (воситаҳои ҳимоя ва дезинфексия).

-воситаҳои нақлиёти ашхосе, ки дар корҳои сохтмони шифохонаҳои махсус барои сироятшудагони коронавирус дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд мушорикат доранд.

Ҳамчунин ин воситаҳои нақлиёт метавонанд бидуни варақаи иҷозатномаи хос ҳаракат кунанд:

— мошинҳои кормандони хадамоти дипломатӣ ва аъзои ҳайатҳои созмонҳои байналмилалӣ;

— воситаҳои нақлиёти хадамоти коммуналӣ;

— мошинҳои хизматӣ ва махсуси почтаҳо ва хизмати алоқа;

— мошинҳои бонкҳо

— мошинҳои тиббӣ ва ширкату идораҳои эпидемиологӣ;

— мошинҳои хадамоти интизомӣ ва Вазорати вазъи изтирорӣ;

— мошинҳои ҳокимони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ва муовинони онҳо;

— воситаҳои нақлиётии ғайрихатти сайре, ки барои кашонидани мусофирон муқаррар шудаанд, вале танҳо барои анҷоми амалҳои махсус истифода хоҳанд шуд;

— воситаҳои нақлиётие, ки барои ҳамлу нақли маводи кишоварзӣ (танҳо бо як мусофир) машғуланд;

— воситаҳои нақлиёте, ки барои маросимҳои фавт муқаррар шудаанд;

Дар ин миён мошинҳои шахсие низ имтиёзи интиқоли мусофиронеро дар суратҳои зарурӣ доранд, аз ҷумла, ҳангоми интиқоли зани ҳомила ба таваллудхона, одамони латхӯрда ва ҳолатҳои дигаре, ки вазъи изтирориро ба бор овардаанд.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз ду нафар шаҳрванди Ӯзбекистон аз сирояти коронавирус ба шаҳодат расиданд.

Дар айни ҳол теъдоди ба ин вирус сироятшудагорн дар Ӯзбекистон 145 нафарро ташкил мекунад. Афзоиши теъдоди сироятшудагони ин вирус мақомоти Ӯзбекистонро хеле нигарон сохтааст, барои ҳамин чораҷӯиҳои бештар пиёда мешаванд ва аз мардум низ тақозо шудааст, ки дар хонаҳо шинанд ва бидуни зарурате ба кӯчаҳо набароянд.

Гуфта мешавад, ки яке аз фавтидагон пизишкест, ки 39 сол дошта, ба мутахассисон муроҷиат накардааст ва хостааст  худсарона худро муолиҷа кунад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here