Тибқи иттилои хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон субҳи рӯзи 7-уми апрел шумораи тасдиқшудаи сироятёфтагон ба коронавирус дар ин кишвар 15 нафар зиёд шуда, 472 нафарро ташкил додааст.
Kun.uz хабар дод, ки аз 6-уми апрел дар Тошканд ва марказҳои вилоятӣ режими мустақили ҳатмӣ ҷорӣ карда шудааст. Тибқи муқарарот вайронкунандагони қарантин аз 470 то 700 доллар ҷарима карда мешудаанд.
Дар ин кишвар 30 нафар аз COVID-19 шифо ёфтанд, ду нафар фавтидаанд. Зиёда аз 88 ҳазор нафар ба қарантин фаро гирифта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки сирояти ин беморӣ бори аввал дар Ӯзбекистон 15-уми март ба қайд гирифта шуд.