Дар ин бора Парлумони Ӯзбекистон қарори ниҳоии худро эълон кард. Гуфта мешавад, Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷамъи 132 депутат масъалаи ширкати ин кишвар дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ намуд.

Аз ин шумори депутатҳои парлумон 86 нафар ба тарафдорииин  қарор овоз доданд. Мувофиқи он Ӯзбекистон ба ҳайси нозир дар ин иттиҳодия иштирок мекунад. 32 нафар муқобил ва 14 нафар депутат аз овоздиҳии мусбат ё манфӣ ба ин қарор худдорӣ карданд.

Акнун мувофиқи регламент Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ин қарорро бояд ба тасвиб расонад. Дар пайи он Ӯзбекистон ба ИИАО дар муддати як моҳ бо ариза муроҷиат мекунад, ки ба ҳайси нозир дар он ширкат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё соли 2015 арзи вуҷуд намудааст. Ташаббускори асосии таъсиси он Федератсиюни Русия мебошад. Дар ин иттиҳод Белорус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон шомиланд. Молдова ба ҳайси нозир дар он мушорикат дорад.

Дар ҳамин ҳол, як идда намояндагони доираҳои сиёсии ин кишвар бар ин назаранд, ки агар Ӯзбекистон ба ИИАО ҳамчун узви комили он шомил шавад, дубора зери таъсири Русия қарор хоҳад гирифт. Он гоҳ истиқлолияти Ӯзбекистон низ зери суол мемонад.

Аммо назари дигар низ вуҷуд дорад. Тибқи он Ӯзбекистон бояд ба иттиҳодияи мазкур на ба сифати нозир, балки ҳамчун узви комили он шомил шавад. Аз ҷумла, роҳбари ҳизби сиёсии “Эҳёи миллӣ” Алишер Қодиров аз зумраи тарафдорони ҳамин назар мебошад. Гуфта мешавад, ки ҷиноҳи ин ҳизб дар парлумон аз он тафдорӣ кардааст, ки Ӯзбекистон бо давлатҳои аъзои ин иттиҳодия муносибатҳои дуҷонибаро тавсеъа диҳад. Яке аз омилҳои тавсеаи ин ҳамкориҳо шомил шудани Ӯзбекистон ба ИИАО хоҳад буд.

Зикри он нукта низ ҷоиз аст, ки аксари тарафдорони шомилшавии Ӯзбекистон мегӯянд, агар кишварашон ба ҳайси узви комили ин иттифоқ пазируфта шавад, муҳоҷирони корӣ дар Русия мавриди камситоиҳо қарор нахоҳанд гирифт.

— Ман ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё пайвастани кишварамонро ба он далел мусбат арзёбӣ мекунам, ки дар Русия ва Қазоқистон теъдоди зиёди муҳоҷирони кории мо мавҷуданд. Онҳо аз ҳамон қишри ҷомеаи мо маҳсуб меёбанд, ки солона ба Ӯзбекистон аз 2 миллард доллар бештар маблағ ирсол мекунанд. Хонаводаҳои зиёди мо маҳз аз ҳамин маблағҳо рӯз мегузаронанд, яъне ба ибораи дигар таъмини маишати хонаводагишон аз ҳамин ҳисоб мебошад, — мегӯяд коршиноси масоили минтақавӣ Камолиддин Азизов.

Ба таъкиди мавсуф ҳатто аъзои хонаводаи ӯ низ аз ин ҳисоб манфиатдоранд. Камолиддин Азизов мегӯяд, ба даст овардани иҷозаномаи кор яке аз мушкилоти умдатарини муҳоҷирони кории ӯзбекистониҳо дар Русия мебошад. Интизор меравад, ки баъди ба ИИАО пайвастани Ӯзбекистон ин худ аз худ аз байн бардошта мешавад.

— Ҳоло як муаммо ё мушкилоти ҷиддиеро арз карданиам. Агар хато накунам, беш аз бисту панҷ соли охир аз ҳар як хонаводаи ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона як ё ду нафарӣ барои кор ба Русия рафта меоянд. Муҳоҷирон ним сол ё як сол кор мекунанд ва ба хона бармегарданд. Дар ин рӯзҳо аксари онҳо ба иллати эълон шудани карантин ва баста будани роҳҳо дар Сӯх банд мондаанд. Мутаассифона, аксарияти ба истилоҳ муҳоҷирон  маблағеро, ки дар Русия ба даст оварда буданд, тӯли чанд моҳ ба ин сӯ харҷ мекунанд. Дар ноҳия барои ба шуғл фаро гирифтани  ҳамаи онҳо имконият вуҷуд надорад. Роҳбарони ноҳия ва вилоятро лозим меояд, ки дар ин маврид майна об кунанд, — изҳор кард Камолиддин Азизов.

Ба таъкиди ин коршинос баъди пайвастани Ӯзбекистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё худ аз худ ҳувайдост, ки рақобати байни истеҳсолкунандагони маҳсулоти гуногун ҷиҳати ишғоли бозорҳои фазои ин созмон тезутунд мешавад. Дар он сурат ба вартаи нестӣ ё банкрот шудани баъзе корхонаҳои рақобатнопазир аз эҳтимол холӣ нест.

Перомуни ин масъала ба суханронии президент Шавкат Мирзиёев таваҷҷӯҳ мекунем. Ҳанӯз 21 июни соли сипаришуда оқои Мирзиёев зимни суханронӣ дар ҷамъомади Сенати Олий Маҷлиси кишвараш эълом дошт, ки “Истеҳсолкунандагони маҳсулоти мо барои дастрасӣ ба бозорҳои содиротии суннатии худ ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ ҳастанд ва яке аз роҳҳои раҳоӣ аз ин бумбаст ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бастагӣ дорад”.

— Ҷои шубҳа нест, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз нигоҳи рушди иқтисодиёт хеле пешрафтҳо кардааст. Зимнан, маводи содиротии ин кишвар низ беш аз пеш меафзояд. Ба ин аз мошинҳои гуногунтамғаи сабуку боркашон ва техникаҳои сақилу ашёи маишӣ то молҳои саноати дигари сабукро мисол овардан мумкин аст. Маҳз ана ҳамин пешрафту тараққиёт тақозо менамояд, ки Ӯзбекистон яке аз аъзои фаъоли Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бошад, — мегӯяд коршиноси ҷавони масоили иқтисодӣ Ҷамшед Исматуллоев.

Мавсуф меафзояд, ба наздикӣ шоҳиди суҳбати яке аз депутатҳои Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси Ӯзбекистон дар ҳамин мавзуъ шудааст. Ба гуфтаи ӯ депутатҳои ҷиноҳои аҳзоби сиёсии парлумон перомуни ҳамин мавзӯъ баҳс мекарданд.

— Депутат мегуфт, ки агар Ӯзбекистон ба ин созмони иқтисодӣ пайвандад, бурди калон хоҳад кард. Яке аз ин бурди Ӯзбекистон ба садҳо ҳазор муҳоҷирони корие марбут аст, ки дар кунҷу канори Русия машғули кор ҳастанд. Ҳамаи онҳо аз ҷониби кормандони умури интизомии Русия мавриди таъқибу тавҳин қарор мегиранд. Ин ҳолат маҳз ба гирифтани иҷозаи расмии кор дар Русия вобастагии қавӣ дорад, — иброз дошт Ҷамшед Исматуллоев.

Ба таъкиди ин манбаъ, яке аз омилҳои асосие, ки ба мақомоти Ӯзбекистон барои пайвастани он ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё монеъа эҷод намудааст, тахминҳо дар бораи нақзи ҳимояи манфиатҳои ин кишвар мебошад. Ҷамшед Исматуллоев мегӯяд, ҳамеша наметавон манфиатҳои як кишварро мадди назар дошт ва танҳо аз ҳамон равзана кор гирифт. Давлатҳои дигари узви ин созмон ҳақ доранд баъзе пешниҳодҳои худро дар ин росто арза доранд, ки шояд ба манфиатҳои Ӯзбекистон ҳаргиз рост наоянд.

— Дар ҳамин гуна вазъият мебояд манфиатҳои кишварҳои дигари аъзои созмони мазкур ба назари эътибор гирифта шаванд. Нуктаи дигар ин аст, ки танҳо ба ҳайси нозир ё узви комил ширкат кардани Ӯзбекистон дар ИИАО метавонад ба иззати нафси мақомоти мамолики дигар, аз ҷумла, Федератсиюни Русия ё Белорус бирасад, — тазаккур дод коршиноси ҷавони масоили иқтисодӣ Ҷамшед Исматуллоев.

Баҳсу мунозираҳо дар мавриди пайвастани Ӯзбекистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба ҳайси нозир ё узви ҳақиқӣ беш аз пеш доман фарох намудааст, аммо интизор меравад, ки дар ояндаи наздик Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳамаи саволҳо нуқта гузорад.

Ёдовар мешавем, ки қисмати аъзами депутатҳои Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайвастани ин кишвар ба ҳайси нозирро пазируфтаанд ва ба тарафдории он овоз додаанд.

Бисёриҳо бар ин ақидаанд, ки  зимни ташрифи расмии президент Шавкат Мирзиёев ба Федератсияи Русия вай узвияти кишварашро ба ҳайси нозир дар ин созмон расман эълом хоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол баъзе намояндагони доираҳои сиёсии Ӯзбекистон бар ин назаранд, ки зимни қабули ҳар гуна қарор бояд дурнамои кишвар ва наслҳои баъдии он низ мадди назар дошта шавад. Гуфта мешавад, ки дар сурати вуруди Ӯзбекистон ба ИИАО зарурати коҳиш додани боҷҳои гумрукӣ ба миён меояд ва маводи зиёди истеъмолӣ аз берун ба Ӯзбекистон ворид мегарданд. Ин хилофи манфиатҳои соҳибкорони ӯзбекистонӣ хоҳад буд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here