Ин бунёд таҳти роҳбарии хонуми аввали Ӯзбекистон Зироат Маҳмудовна Мирзиёева таъсис ёфтааст, ки созмони ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратии хайриявӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки Бунёди хайрияи “Замин” бар асоси лоиҳаҳои муҳими дарозмуддат, стратегӣ ва устувор фаъолиятҳояшро роҳандозӣ хоҳад кард.
Яке аз иқдомоти наҷиб ва нахустини Шӯрои васигии Бунёди хайриявии “Замин” таҳти раёсати хонуми аввали Ӯзбекистон расонидани кумакҳои молӣ ба қишри ниёзманди ин кишвар мебошад.
Сарчашмаҳои асосӣ, ки мунҷар ба таъсиси ин Бунёди хайриявӣ шудаанд, хайру эҳсони шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, ҳамчунин грантҳои созмонҳои байналмилалӣ арзёбӣ шудаанд.
Аллакай теъдоди зиёди одамон дар рӯзҳое, ки мардуми олам аз шароити ногувори зуҳури дунёгир шудани коронавирус азият мекашанд, ихтисос дода шудани панҷ миллиард сӯм аз тарафи Шӯрои васигии Бунёди хайриявии “Замин”-ро фоли нек ва қобили ситоиш маънидод мекунанд.
Гуфта мешавад, ин миқдор маблағ ба занону оилаҳои ниёзманде тақдим шудааст, ки аз зумраи сокинони соири шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон мебошанд.
Тавре дар вебгоҳи Бунёди хайриявии “Замин” қайд шудааст, он дар идомаи фаъолиятҳои худ татбиқи чанд лоиҳаро барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии оилаҳои шароиташон вазнин, ҳифзи муҳити зист, рушди таълим барои кӯдаконе, ки ношунавоӣ доранд, ворид намудани технологияҳои навовар дар бахши иҷтимоӣ низ барномарезӣ кардааст.
— Бигзор ин кумаки бехатар ва саривақт орзуву ормонҳои онҳоеро бароварда созад, ки ба шароити ногувору сахт рӯ ба рӯ шудаанд. Дар ин рӯзҳои фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва иди тамоми мардуми мусалмон кумаки Бунёд ба аъзои оилаҳои зиёд ва пайвандони онҳо дилгармӣ, хушҳолӣ ва табассум ато намояд, -гуфтааст Зироат Маҳмудовна Мирзиёева.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд