Аз 25-уми март сокинони Ӯзбекистон барои рафтуомади бидуни ниқоб ҷарима пардохт мекунанд. Ин қарорро комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус қабул кардааст.
Ёдовар мешавем, ки аз 23-уми март дар тамоми Узбакистон ҳаракат бидуни таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ (ниқоб) манъ карда шудааст. Огоҳӣ ба одамоне дода мешавад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятии Тошканд ва марказҳои вилоятӣ дида мешаванд.
Ба иттилои Kun.uz аз соати 6:00-и субҳи 25-уми март, барои вайрон кардани ин қоида, ба андозаи 1 андозаи ҳисобот 223 ҳазор сӯм ҷарима, барои қонуншикании такрорӣ 669 ҳазор сӯм ҷарима муқарар шудааст.
Тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, узбекҳое, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоб ҳаракат мекунанд, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва Гвардияи миллӣ ба назди нозири пешгирикунанда бурда мешаванд.
Он ҷо нозир протоколи дахлдорро мебарорад. Пас аз ин парванда ба суди маъмурӣ фиристода мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ӯзбекистон то санаи 24-уми март, шумораи ҳолатҳои гузоришшудаи COVID-19 дар Ӯзбекистон ба 50 расидааст.
Ёдовар мешавем,ки рӯзи 15-уми март дар лабораторияи Пажӯҳишгоҳи вирусологияи Ӯзбекистон нахустин ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда буд.