Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон имрӯз дар шаҳри Тошканд вохӯрии навбатии вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар шакли “С5+1” баргузор мегардад.

Дар вохӯрӣ вазирони хориҷаи Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин, Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков,  Ҷумҳурии Туркманистон Рашид Мередов, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ва Котиби давлатии ИМА Майкл Помпео ширкат мекунанд.

Бино иттилои ин манбаъ, интизор меравад, ки сарварони вазоратҳои хориҷа масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро таҳти баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here