Чанд рӯзи охир сару садоҳо дар бораи аз Дубай ба Душанбе истирдод шудани Каримов Хӯҷа, ки бо лақаби Хӯҷа-командир дар солҳои норомӣ ва баъди он ном бароварда буд, зиёд ба гӯш мерасид ва инак, Вазорати корҳои дохилӣ аз ба Душанбе овардани ин нафар расман хабар дод.

Соли гузашта низ хабарҳо дар бораи дастгир шудани Хӯҷа Каримов зиёд паҳн шуданд, аммо ӯро ба Душанбе наоварданд. Гуфта шуд, ки ӯ баъди се рӯзи боздошташ дар Дубай ба шарти берун нарафтан аз ин кишвар озод карда шудааст. Сипас, сару садоҳо хомӯш шуданд ва инак, дубора дар ин бора хабарҳо нашр шуданду дирӯз ВКД аз боздошт ва истирдоди Хӯҷа-командир ба Душанбе иттилоъ дод.

Дар иттилоияи ВКД гуфта мешавад: «Шаҳрванд Каримов Худжа Рахимович (Хуҷа-командир) 1-уми октябри соли 1960 дар деҳаи Қизил-қалъа, ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон таваллуд шудааст, дар содир кардани ҷиноятҳои бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон дар кофтукови расмӣ қарор дошт.

Дар натиҷаи ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо субъектони хориҷӣ шаҳрванд Худжа Каримов дар шаҳри Дубайи Аморати муттаҳидаи Араб дастгир карда шуда, 16-уми феврали соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод гардид.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар муроҷиат ва хоҳиш менамояд, ки агар вобаста ба ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрванд Каримов Худжа Рахимович маълумот ва далеле доред ва ё мавриди амалҳои ҷинояткоронаи ӯ қарор гирифтаед, метавонед тавассути телефони боварии вазири корҳои дохилӣ 221-21-21, тариқи рақамҳои 227-10-07, 93-992-01-96  ба Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД муроҷиат намоед».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here