Як видео, ки ғолибан дар Русия наворбардорӣ шудаасту дар он саҳнаи латкӯби як муҳоҷири тоҷик аз сӯйи шаҳрвандони ин кишвар ба ҷурми «тоҷик» будан озор мебинад, корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоиро барошуфта кардаааст.

Корбарон аз мақомоти дахлдори Федератсияи Русияву Ҷумҳурии Тоҷикистон хостаанд, ки ин навор таҳқиқ шавад ва гунаҳкорон ошкору ҷазо дода шаванд.

Дар робита ба ин, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикитон хабар дод, ки қазия зери назари мақомот аст. Дар изҳороти ВКД гуфта мешавад: «Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро вобаста ба ҳодисаи лату кӯби бераҳмонаи ҷавони тоҷик аз ҷониби скинхедҳои Русия (гурӯҳи миллатгароёни рус) худи ҳамон рӯз ба вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия генерали политсия Колоколтсев В.А. барқия ирсол намуда, хоҳиш кард, ки барои сари вақт ошкор кардани ҷинояти мазкур, ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон ва таҳти назорати қатъӣ гирифтани тафтиши ин ҷинояти мудҳиш мусоидат намояд.

Инчунин, сохторҳои дахлдори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ машғуланд, вазифадор карда шуданд, ки бо ҳамтоёни худ дар Федератсияи Русия дар алоқа бошанд ва барои ошкор кардани ин ҷиноят ёрӣ расонанд.

Намояндаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса огоҳонида шуд».

Добавить комментарий