Сару садоҳоро атофи аз коронавирус ба ҳалокат расидани марди 60-сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, ки субҳи имрӯз баҳси шадидеро дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба бор овард, аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар рад карда шуд.

Роҳбари дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ дар суҳбат бо хабарнигори вебгоҳи хабарии Faraj.tj гуфт, “дар ҳақиқат, фавти як марди 60-сола дар беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар пайи ташхиси илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шудааст, аммо пеш аз фавт аз ин мард таҳхиси коронавирус гирифта шуд, ки натиҷаи он манфӣ баромад”.

Дар ҳамин ҳол, Дарвешзода Бибихонум, ҳолати вазнини муовини сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи мазкурро бепоя хонд. Ӯ аз ваъзи табибон ва Алишер Абдукаримов чунин гуфт:

“Ба қарантин фаро гирифтани муовиини сардухтур ва дигар табибон на танҳо аз он сабаб аст, ки онҳо ба ин  марди фавтида сару кор  доштанд, балки тибқи қоида ҳар нафаре, ки ба  нафарони дар қарантин буда сару  кор доранд, низ 14  рӯз ба қарантин мешаванд”.

То санаи 6-уми апрел, хушбахтона, дар кишвар ягон  ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, гуфтанд аз Вазорати тандурустӣ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here