Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсати тандурустии вилояти Хатлон маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ расонида шуд.

Тибқи маълумоти сардори Раёсати тандурустии вилоят дар минтақаи Кӯлоб Садриддин Ғаюров, рӯзи 5-уми май, ба раёсат маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ барои тақсим кардан ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ворид шуд.

Манбаъ иброз намуд, ки тибқи нақша ва рӯйхат ин мавод ба беморхонаҳою муассисаҳои КАТС-и шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб тақсим карда мешавад. Ин мавод аз 45 номгӯи доруворӣ ва маҳлули антисептикӣ иборат буда, барои пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ равона шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here