Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шоеаҳо атрофи баста шудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҷумҳуриро рад карда, гуфтааст, ки дар ҳамаи макотиби кишвар дарсҳо аз рӯйи ҷадвал ҷараён дорад.
Ин вокуниши вазорат дар ҳоле аст, ки дирӯз волидони хонандагони литсейи №1-и шаҳри Душанбе гуфта буданд, ки бо сабаби фавти омӯзгоре хонандагонрро аз литсей ба хона ҷавоб додаанд.
Сухангӯйи Вазорати маориф Эҳсони Хушбахт хабар медиҳад, ки дарс дар литсейи №1-и шаҳри Душанбе дар як баст сурат гирифта, баъд аз нисфирӯзӣ ҷараён намегирад.
— Овозаи он, ки бо баҳонаи фавти омӯзгор литсейро қарантин кардаанду гӯё хонандагонро аз дарсҳо ҷавоб додаанд, асос надорад, — мегӯяд Эҳсони Хушбахт.