Пайвандони шоир ва сардабири маҷаллаи «Паёми Суғд» Озарахш (Толиб Карим) гуфтанд, ки ӯ сиҳат шудааст ва умед доранд, пас аз адои давраи қарантин ба хона бармегардад.  Шоҳона, фарзанди калонии Озарахшу Фарзона, рӯзи 28-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтааст, «ин хабари хушро расонед, падарам шифо ёфтанд».

Вай ба ин манбаъ гуфтааст, модараш, адиби шинохта Фарзона, ҳеч бемор набуд, балки барои нигоҳубини падараш дар бемористон меистод.

«Фардо, 29-уми апрел, аз замони дар бемористон будани онҳо 14 рӯз мегузарад. Умед дорем, ки онҳоро ба хона ҷавоб медиҳанд», — гуфтааст ӯ.

Озарахшро ҳамроҳи Фарзона 15-уми апрел ба бемористони ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои табобат бурда буданд.

Қаблан мақомоти тандурустӣ дар вилояти Суғд зикр карданд, ки Озарахш, шоири тоҷикро бо нишонаҳои бемории роҳҳои нафас бистарӣ карданд ва ба ҳамсараш Фарзона, адибаи маъруф иҷоза додаанд, ки ҳамроҳаш дар шифохона бимонад.

Шоҳона гуфтааст: «Ҳоло пизишкон маълум карданд, ки модарам аслан бемор набуданд. Падарам сармо хӯрда буданд ва модарамро барои нигоҳубини он кас ҳамроҳ бурданд».

Озарахш 57-сола аст ва аз соли 2015 ба ин тараф сардабири маҷаллаи расмии «Паёми Суғд» мебошад. Соли 1999 узви Иттиҳоди адибони Тоҷикистон шуда, соли 2019 унвони шоири халқии Тоҷикистонро гирифтааст. Муаллифи маҷмӯи шеърҳои «Аз чашмасор омадам», «Намози мусофир», «Чархболи Офтоб», “Девони Ишқ” ва “Ватаннома” аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here